Ба аввал

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон



Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуљљати меъёрии ҳуқуқӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин менамояд. Он муайянкунандаи маљмўи мақсад ва вазифаҳо, мазмуни таҳсилоти заминавӣ (базавӣ), ҳаљми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии хонандагон, принсипҳои асосии ташкили љараёни таълим ва сифати дониши хонандагон, натиљаҳои таълим буда, дараљаи дониши хонандагон ва қоидаҳои назорати давлатии сифати таҳсилотро муайян мекунад.

Субъектҳои раванди таълиму тарбия, аз љумла роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омўзгорон, хонандагон ва падару модарон вазифадоранд, ки амалӣ гардидани талаботи Стандарти давлатии таҳсилотро таъмин намоянд.

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Љумҳурии Тољикистон (минбаъд Стандарт) дар асоси қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумот дар Љумҳурии Тољикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Љумҳурии Тољикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, ки он ҳадди ақали дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон, ҳамчунин сифати таълимро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот муқаррар менамояд.

Сифати таҳсилот яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва иљтимоӣ буда, рақобатпазирии онро дар љаҳони муосир таъмин менамояд.

 

Мафҳуми сифати таҳсилот љанбаҳои зеринро фаро мегирад:

-      кўшиш барои гирифтани дониш ва таҳсилот;

-      қобилияти хонандагон оид ба фаъолияти мустақилона дар шароити ѓайримуқаррарӣ;

-      ташаккули тафаккури эљодии хонандагон барои рушди нерўҳои зеҳнии љомеа;

-      комёбиҳои хонандагон дар таълим ва љараёни таҳсилоти иловагӣ;

-      ташаккули худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва муҳаббат ба Ватан.

Стандарт дар заминаи эҳтиёљоти хонанда талаботи умумиро ба зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, принсипҳои асосии ташкили љараёни таълим, мўҳлат, намудҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мазмуни ҳатмии таҳсилот муайян мекунад.

Стандарт таъмин менамояд:

-      мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва натиљабахшии он, ҳаљми сарбории таълимии хонандагон;

-      танзими муносибатҳои байниҳамдигарии иштирокчиёни раванди таълим љиҳати ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда;

-      ҳамгироии назария ва амалия дар љараёни таҳсилот;

-      баланд бардоштани сифати таҳсилот ва қонеъ гардонидани эҳтиёљи хонандагон;

-      фароҳам овардани шароит дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ибтидоӣ, асосӣ, умумӣ) барои ташаккули ҳаматарафаи шахсият;

-      татбиқ намудани усулҳои таълиму тарбияи ҳамгиро дар љараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

-      равиянокии таълим ва муносибати инфиродӣ ҳангоми муайян намудани меъёри муошират;

-      ташаккули фаъолнокии хонандагон дар љомеа;

-      мутобиқати сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дар назардошти хусусиятҳои қобилияти психофизиологии хонандагон;

-      баробарҳуқуқии гендерӣ дар таҳсилот.

 

Принсипҳои таҳияи Стандарт

 

ҳангоми таҳия намудани Стандарти давлатии таҳсилот принсипҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:

-      мувофиқати талаботи Стандарт ба ташаккули қобилияти зеҳнӣ, љисмонӣ ва малакаи хонандагон;

-      мувофиқати талаботи Стандарт ба рушди љомеа ва эҳтиёљоти таълимии шахс;

-      мувофиқати Стандарт бо муқаррарот ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

-      мақсаднокии Стандарт ва самарабахшии он;

-      мувофиқати мазмуни маводи таълим ба пешрафти иљтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва талаботи ташаккули шахс;

-      мувофиқати Стандарт бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

-      ташаккули принципҳои башардўстӣ дар љомеа;

-      ягонагӣ ва умумияти Стандарт барои ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакл ва намуди моликият;

-      ба назар гирифтани анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ;

-      мушаххас будани самти истифодаи Стандарт.

 

Вазифаҳои асосӣ ва таъиноти Стандарт

 

Зарурати қабул ва аҳамияти истифодаи Стандарт дар вазифаҳои асосии он ифода меёбад.

Вазифаҳои меъёрию баҳодиҳӣ. Стандарт санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, меъёри мазмуни таълими ҳар як фан, масруфияти хонандагон, аттестатсияи муаллимон, роҳбарони муассисаҳои таълимиро дар бар гирифта, ба самарабахшӣ ва натиљаи таълим баҳои воқеӣ медиҳад.

Таъмин ва риояи ҳуқуқи хонандагон љиҳати дарёфти таҳсилоти самарабахш ва босифат. Стандарт ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандро љиҳати дарёфти таҳсилоти арзишманд ва босифат, ки барои рушди шахс ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот, аз љумла таҳсилоти касбӣ, зарур аст, кафолат медиҳад.

ҳимоя ва нигаҳдории фазои ягонаи таҳсилот. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва системаҳои гуногуни хадамоти хизматрасонии таълимӣ дар Љумҳурии Тољикистон роҳҳои ҳимоя ва нигаҳдории фазои ягонагии таҳсилотро бояд амалӣ намоянд. Нақши чунин механизмро Стандарт иљро менамояд. Бартарии ҳуљљати мазкур дар он аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ташаббуси муаллимон, шахсони эљодкорро дар такмили барнома ва таҳияи воситаҳои таълимию методӣ маҳдуд намесозад. Мураттибон ва муаллифон метавонанд бо дарназардошти риояи принсипҳои ягонагӣ ва умумияти меъёри таҳсилот барномаҳои алтернативӣ пешниҳод намоянд. Фазои ягонаи таҳсилот ба ҳалли масъалаҳои иљтимоӣ ва демографӣ мухолифат намекунад ва ҳангоми таѓйири љойи сукунат ва муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ барои гирифтани ҳуљљати баробарарзишии (эквивалентии) барои таҳсилот таъсир намерасонад.

Вазифаҳои таҳсилот. Стандарт ба хонандагон дар интихоби муассисаи таълимӣ, интихоби муаллим, равияи тахассусӣ вобаста ба истеъдоду имконот, барои дарёфти таҳсилоти иловагӣ ва аз худ кардани касб имконият медиҳад.

Вазифаҳои ҳамкории мактаб бо љомеа ва падару модар. Аҳли љомеа, ки ба он падару модар низ дохил мешаванд, дар љалби хонандагон ба мактаб, баландбардории сатҳи дониш ва тарбияи насли наврас саҳми муҳим мебозанд.

Вазифаҳои идора ва назорат ба сифати таҳсилот. Дарёфти таҳсилоти самарабахш ва босифат ҳуқуқи конститутсионӣ ва талаботи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад. Вазифаи асосии роҳбарон, муаллимон, кормандони соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ таъмини сифати таҳсилот мебошад. Барои ба даст овардани ин мақсадҳо муносибатҳои нав дар роҳбарӣ, истифода аз технологияи навин ва усулҳои навоварӣ дар таълим, такмили ихтисоси муаллимон, корҳои инфиродӣ бо хонандагон ва ѓайра истифода бурда мешаванд.

Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф мувофиқи талаботи Стандарт назорати фаъолияти муассисаҳои таълимиро амалӣ менамояд.

Таъиноти Стандарт ҳамчун ҳуљљати давлатӣ иборат аст аз:

-      муайян намудани мазмуни фанҳои таълимӣ ва дурнамои онҳо;

-      риояи сифат ва самарабахшии таҳсилот дар асоси талаботи љомеаи муосир;

-      навгони (модернизатсия)-и таҳсилот ҳамзамон бо рушди илм, техника ва љомеи муосир;

-      баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон, мувофиқати таълим ба зинаҳои таҳсилот;

-      таъмини самарабахшии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи назария ва амалияи таҳсилот;

-      ноил гардидан ба мутобиқати раванди таълиму тарбия ба талаботи замони муосир;

-      ташаккули тафаккури таҳлилии субъектҳои раванди таълиму тарбия;

-      самарабахшии ташкили кори хадамоти иттилоотӣ;

-      ташкили хадамоти мустақили ташхис (экспертӣ)-ӣ доир ба баробарарзишӣ (нострификация) ва эътирофи (эквивалентии) ҳуљљатҳои таҳсилот;

-      таҳияи самтҳои асосии аттестатсия ва аккредитатсияи шаклҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ;

-      таҳияи намунаҳои ҳуљљатҳои давлатии таҳсилот;

-      ташкили шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва зеҳнии муаллимон;

-      ба низом овардани назорати сифати таҳсилот;

-      љорӣ намудани принсип ва усулҳои башардўстона дар раванди таълим;

-      ворид намудани усулҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

-      ташкили шўроҳои љамъиятӣ бо мақсади љалби падару модарон ва аҳли љомеа ба раванди таълиму тарбия ва идораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

-      таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омўзгорӣ, дар таљҳизонидан ва дигар маводи зарурии таълимӣ.

 

Муқаррароти асосӣ ва умумии Стандарт

 

Соҳаи татбиқ

Стандарт меъёрҳои мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳаљми сарбории таълимӣ, маводи таълимӣ барои мустақилона аз худ кардани хонандагон, ташаккули онҳо ва самарабахшии фаъолияти муаллимонро муайян менамояд.

Стандарт дар маљмўи ҳуљљатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои истифода дар сохторҳои давлатии идораи соҳаи маориф, ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз намуд ва шакли моликият, ҳатмӣ мебошад:

-      дар муассисаҳое, ки дарёфти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро таъмин мекунанд;

-      дар муассисаҳое, ки дар онҳо такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои омўзгорӣ ба роҳ монда мешавад.

 

ҳадафҳои татбиқ:

-      таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилот;

-      рушди робитаҳои байналмилалии Љумҳурии Тољикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи маориф;

-      мувофиқати сохтор ва зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба ташаккули хусусиятҳои синну соли хонандагон;

-      фарогирии умумӣ ба таҳсилот;

-      баланд бардоштани сифати таҳсилот дар робита бо эҳтиёљоти љомеа;

-      такмили системаи арзёбии сифати таҳсилот, ҳавасмандгардонии фаъолиятнокии хонандагон, самарабахшии кори муаллимон ва хадамоти иттилоотӣ;

-      таъмини ҳуқуқи конститутсионӣ ва риояи ўҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;

-      таъмини шароити мусоид барои ташаккули ҳаматарафаи хонандагон ва қонеъ намудани талаботи онҳо ба таҳсилоти иловагӣ;

-      таъмини таҳсилоти самарабахши ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ дар ҳама намуд ва шаклҳои муассисаҳои таълимӣ (дар доираи ҳадди ақали ҳатмӣ);

-      истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблаѓҳои давлатии молиявӣ ва техникие, ки барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ људо шудаанд.

 

қоидаҳои умумӣ

 

Стандарт љиҳати қонеъ кардани талаботи шахс, љомеа ва давлат барои дарёфти таҳсилоти босифат равона карда шудааст.

Стандарт ҳамчун ҳуљљати асосии давлатӣ муқаррар мекунад:

-      системаи арзёбии дониш, қобилият ва малакаи хонандагон;

-      салоҳияти муаллимон, сифати назорат ва роҳбарӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

-      талаботи ягона дар истифодаи воситаҳои моддию техникӣ ва лабораторӣ дар раванди таълим.

 

Маблаѓгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки мутобиқи Стандарт фаъолият мекунанд, аз буљети давлатӣ амалӣ карда мешавад (дар доираи ҳаљм ва мазмуни муқаррарнамудаи Стандарт).

ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва ѓайридавлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият вазифадоранд иљрои талаботи Стандартро таъмин намоянд.

Бо мақсади иљрои талаботи Стандарт муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз технологияи нав ва усулҳои навгонии (инноватсионии) таълиму тарбия истифода мебаранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, вобаста ба талабот ва имконият, шаклҳои таълими ѓоибона ва шабона ба роҳ монда мешавад.

Хонандагон бо мақсади иљрои талаботи Стандарт метавонанд шакл ва усулҳои гуногуни таълим, мактаб ва омўзгори сазоворро интихоб намоянд.

 

Мақсад ва вазифаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

 

Мақсад ва вазифаҳои таҳсилот дар ҳуљљатҳои муҳими давлатӣ, ки дар онҳо суннат, арзишҳои миллию таърихӣ ва умумибашарӣ ба назар гирифта шудаанд, муайян гардидаанд.

Мақсад ва вазифаҳои таҳсилот дар ташаккули шахсият, дарки волои ватандўстӣ, принсипи гуманистӣ, мафҳумҳои ваҳдат ва ифтихори миллӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ ифода меёбанд.

Омилҳои афзалиятноки таҳсилот иборатанд аз:

-      тарбияи дўстдори Ватан- Тољикистон;

-      ташаккули фарҳанги воло ва таҳаммулпазирӣ;

-      ташаккули шахсияти фаъол, масъул, созандаю эљодкор, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муносибати эҳтиромона дорад;

-      тарбияи шаҳрванди аз љиҳати зеҳнӣ ташаккулёфта, дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, ки дар тулӣ зиндагӣ барои аз худ кардани донишҳои нав кўшиш менамояд;

-      ташаккули шахсияти аз нигоҳи иљтимоӣ хушахлоқ, озодандеш, донишманд, ки барои амали худ дар оила, коллектив ва љомеа масъул аст;

-      тарбияи шахсе, ки ба ҳаёт ва муҳити атроф муносибати эҳтиёткорона дорад.

 

Талаботи умумӣ ба мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ.

Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) љузъи таркибии Стандарт

 

Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ҳамчун љузъи таркибии Стандарт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.

Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳаљми сарбории ниҳоии таълимро муайян менамояд.

Принсипҳои асосии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) аз яклухтӣ, алоқамандӣ, пайдарҳамӣ ва мутобиқат иборатанд.

Яклухтии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ба хонандагон барои аз нигоҳи илмӣ асоснок дарк намудани предметҳои муҳити атроф имконият медиҳад.

Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) донишҳои бадастомадаро бо омўзиши фанҳо алоқаманд менамояд.

Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) пайдарҳамии доимиро дар омўзиши фанҳо барои тақвияти пешрафти хонандагон таъмин менамояд.

Мутобиқати Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ҳамоҳангии миқдори соатҳои људошударо ба равияҳои таълимӣ дар назар дорад.

Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) барои таҳияи нақшаҳои намунавии таълимӣ, нақшаҳои корӣ, ҳамчунин барои ҳисоби харољоти молиявии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун асос истифода мешавад.

Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) асоси нақшаҳои таълимии мактабҳои ақаллиятҳои миллиро ташкил медиҳад.

Дар асоси Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароит, вазифа ва хусусиятҳояшон метавонанд нақшаи таълимии худро тартиб диҳанд.

Миқдори соатҳои таълимӣ, ки барои ин ё он фан људо шудаанд, набояд аз миқдори соатҳои дар Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) нишондодашуда кам бошанд.

Дар Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) соатҳо чунин тақсим шудаанд:

а) Бахши давлатӣ: соатҳои барои фанҳои таълимӣ људошуда ҳатмӣ мебошанд. Кам ва зиёд кардани соатҳо бе мувофиқа бо Вазорати маорифи Љумҳурии Тољикистон манъ аст.

б) Бахши мактабӣ: соатҳои барои омўзиши таълими фанҳои алоҳида људошуда. Шўрои педагогӣ ин соатҳоро бо дарназардошти шавқ ва қобилияти хонандагон, имкониятҳои кадрӣ ва моддию техникӣ тақсим мекунад. Тақсимоти соатҳои дар нақшаҳои корӣ нишондодашуда ва иљрои онҳо аз љониби шўъбаҳои маориф, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф назорат карда мешаванд.

в) Бахши соатҳои фардии хонанда- соатҳои људошуда барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ ва мустаҳкамкунии мавзўъҳои гузашта.

Соатҳои бахши давлатӣ ва мактабӣ, ки дар нақшаи таълимии мактаб пешниҳод шудаанд, мутобиқи миқдори соатҳои Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ва Нақшаи таълимии намунавӣ аз ҳисоби давлат маблаѓгузорӣ мешаванд.

Таълими фанҳои интихобӣ аз ҳисоби муассисон ва падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) маблаѓгузорӣ мешаванд.

Дар асоси Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ: муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия ва литсей омўзиши фанҳои забони модарӣ ва адабиёт, забони тољикӣ (давлатӣ), забони русӣ, забонҳои хориљӣ, табиатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, таърих (таърихи халқи тољик ва таърихи умумӣ), география, љомеашиносӣ, тарбияи љисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад.

 

Мундариљаи фанҳои таълимӣ дар зинаҳои гуногун

 

Омўзиши фанҳои таълимии заминавӣ барои ҳамаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳатмӣ мебошад.

Мундариљаи фанҳои таълимии бахши давлатии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакл ва намуд ҳадди ақали ҳатмии таълим ба ҳисоб меравад.

Хонандагон метавонанд барои омўзиши амиқ, фанҳои алоҳидаро илова ба ҳадди ақали ҳатмӣ интихоб намоянд. Зарурати омўзиши фанҳои алоҳида иборат аз завқи эљодӣ, љустуљўи хонандагон буда, он бо роҳбарии омўзгорони эљодкор амалӣ карда мешавад.

 

Соҳаи таълим ва таркиби фанҳои таълимӣ

 

Барои беҳтар намудани таносуби мундариљаи таҳсилоти умумӣ бо дарназардошти сохтори объектҳои омўзиш дар системаи «Инсон-табиат-љомеа» тақсимбандӣ ба ин равияҳои асосии таълим амалӣ карда мешавад: «Филология», «Љомеашиносӣ», «Математика», «Табиатшиносӣ», «Санъат», «Тарбияи љисмонӣ», «Технология».

Номгўи равияҳои заминавии таълим барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таѓйирнопазир (инвариативӣ) мебошанд. Бо дарназардошти он номгўи зерини фанҳои таълимӣ вобаста ба равияҳои таҳсилот муқаррар карда мешавад:

-      «Филология»: «Забони тољикӣ», «Забони русӣ», «Адабиёти тољик», «Алифбои ниёгон», «Забони хориљӣ»;

-      «Љомеашиносӣ»; «Таърихи халқи тољик», «Таърихи умумӣ», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «ҳуқуқи инсон», «Таърихи динҳо»,

-      «Математика»: «Математика», «Алгебра», «Геометрия»;

-      «Табиатшиносӣ»: «Табиатшиносӣ», «Ботаника», «Физика», «Нақшакашӣ», «Экология», «Химия», «Биология», «Астрономия», «География»;

-      «Санъат»: «Санъати тасвирӣ», «Суруд ва мусиқӣ»;

-      «Тарбияи љисмонӣ»: «Тарбияи љисмонӣ» ва «Омодагии дифои ҳарбӣ»;

-  «Технология»: «Технология (Таълими меҳнат)», «Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ».

 

Дараља ва зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

 

Таҳсилоти миёнаи умумӣ аз се зина иборат аст:

зинаи 1 таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои I-IV);

зинаи 2 таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои Y-1Х);

зинаи 3 таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои Х-ХI). Мўҳлати таҳсил 11 сол.

Таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтор ва мазмуни он ягонагию алоқамандии се зинаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин мекунад. Зинаи 1 ва 2 сатҳи заминавии (такягоҳӣ) таҳсилоти миёнаи умумии асосиро ташкил медиҳад. Мўҳлати таҳсил 9 сол. Ин ду зинаи таълимӣ ҳатмӣ мебошанд.

Зинаи якуми таҳсилоти умумӣ таҳсилоти ибтидоии умумиро таъмин намуда, барои идомаи таҳсил дар зинаи дуюм замина мегузорад. Љалби кўдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ба синфи як ҳатмӣ мебошад.

Таҳсилоти умумии асосӣ барои таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҳуқ медиҳад.

Таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гузаронидани аттестатсияи давлатии љамъбастӣ анљом меёбад. Таҳсилоти миёнаи умумӣ барои идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳуқуқ медиҳад.

Давомнокии соли таҳсил дар синфи 1 33 ҳафта ва дар синфҳои 2-4 на камтар аз 34 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дар зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ давомнокии соли таҳсил аз 34 то 37 ҳафтаро ташкил медиҳад.

 

Талаботи умумӣ ба зинаи якуми

таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои I-IV)

Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили љараёни

таълим ва тарбия

 

Мақсади асосии таҳсилоти ибтидоӣ аз инҳо иборат аст:

-      муайян намудани лаёқату раѓбат ва рушди кўшишҳои фардии хонандагон;

-      тарбияи сифатҳои маънавию ахлоқӣ, муносибати нек ба муҳити атроф;

-      таълими савод ва ҳисоб, муошират, ташаккули тарзи ҳаёти солим.

 

Вазифаҳои таҳсилоти ибтидоӣ

 

Мутобиқгардонии хонандагон ба муҳити атроф, ҳаёти мактабӣ, ташаккули мақоми хонанда, дарки дурусти қонунҳои табиат ва љамъият, фароҳам овардани шароит барои љалби хонандагон ба намудҳои гуногуни фаъолият (бо таълим, меҳнат ва ѓ).

Дар зинаи якуми таҳсили муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тољикӣ омўхтани фанҳои таълимии зерин ҳатмӣ мебошанд: «Забони модарӣ», «Алифбои ниёгон», «Забони русӣ», «Забони хориљӣ», «Математика» «Табиатшиносӣ», «Санъат ва меҳнат» «Суруд ва мусиқӣ» ва «Тарбияи љисмонӣ». Таълими забони модарӣ (хондан, навиштан, машқи хат, инкишофи нутқ), санъат ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ ба таври ҳамгиро сурат мегирад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ, забони тољикӣ ҳамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад.

Таълими фанни «Забони русӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (таълимашон бо забони тољикӣ) аз синфи дуюм оѓоз меёбад.

Аз синфи сеюм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омўзиши яке аз забонҳои хориљӣ (англисӣ, франсавӣ, немисӣ ва арабӣ (аз рўи интихоби хонанда) ҳамчун фанни таълимии ҳатмӣ омўхта мешавад. ҳамзамон аз синфи як бо қарори муассис аз ҳисоби соатҳои бахши мактабӣ метавонад омўзиши яке аз забонҳои хориљӣ ба роҳ монда шавад.

Талаботе, ки ба ҳаљм ва мазмуни таҳсилот дар сатҳи заминавӣ (такягоҳӣ) (барои омўзиши забонҳои хориљӣ) омўхтани фанҳои таълимӣ, ба дараљаи омодагии хонандагон пешниҳод карда мешаванд, дар стандартҳои фанҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ дарљ мегарданд.

Машѓулиятҳои факултативӣ барои равияи мусиқӣ, бадеӣ, хореографӣ ва театрӣ мувофиқи нишондоди тақсимоти соатҳои таълимии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ташкил карда мешаванд.

Дар зинаи якуми таҳсилоти асосӣ, машѓулиятҳо дар асоси хоҳиши падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) аз рўи майлу раѓбати хонанда ташкил карда мешаванд. Бо ин мақсад дар тавзеҳоти Нақшаи таълимӣ соатҳои бахши мактабӣ пешбинӣ гардида, ҳамчунин соатҳои бахши мактабӣ барои омўзиши бехатарии фаъолият дар синфҳои ду то чор истифода бурда мешаванд.

Талаботе, ки ба ҳаљм ва мазмуни таҳсилоти иловагӣ пешниҳод мегардад, дар барномаҳои таълимии дахлдор инъикос меёбанд.

Дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ мазмун ва ташкили љараёни таълиму тарбия мувофиқи меъёр ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар рељаи 5-рўзаи ҳафтаи таълимӣ муқаррар карда мешавад.

Таълими хонандагони синфи якум дар сурати будани шароит бо қарори мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассис метавонад дар муассисаҳои томактабӣ сурат гирад.

Хонандагоне, ки таълимро дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ анљом додаанд, новобаста аз натиљаҳои фаъолияти таълимӣ, ба зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд.

 

Талаботи умумӣ ба ҳаљми сарбории таълимии

 ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагон

 

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаљми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо рељаи ҳафтаи 5 рўзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) чунин аст:

ҳаљми сарбории таълимии ҳатмӣ (дар як ҳафта):

Синфи 1 то 20 соат

Синфи 2 то 23 соат

Синфи 3 то 23 соат

Синфи 4 то 25 соат

ҳаљми сарбории таълимии ниҳоӣ (дар як ҳафта)

Синфи 1- 21 соат

Синфи 2-24соат

Синфи 3-24 соат

Синфи 4-26 соат

Мувофиқи талаботи тасдиқгардида, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои иљрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 2 то 3 соат, 3 то 3,5 соат ва дар синфҳои 4 то 3,5 соат пешбинӣ шудааст.

 

Талаботи умумӣ ба дараљаи дониши хонандагоне, ки зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд:

-      дар бораи моҳияти мафҳумҳои инсон, шаҳрванд, Ватан, ватандўстӣ, тасаввурот ҳосил намоянд;

-      арзишҳои фарҳангию таърихии халқи тољик ва суннату анъанаҳои халқҳои дигарро эҳтиром намоянд;

-      аҳамияти иљтимоии «субъекти љамъиятӣ» (талаба, ҳамсинф, аъзои коллектив) ва ѓайраро дарк намоянд;

-      меъёрҳои ахлоқии рафторро аз худ намоянд, ба сифатҳои худ баҳо дода тавонанд, боадаб ва хушзеҳн бошанд;

-      моҳият ва мафҳуми ибораҳои «пиндори нек», «гуфтори нек», «рафтори нек» -ро дарк намоянд;

-      матнҳои бадеӣ ва илмию оммавиро бошуурона хонанд, маънои маводи хондашударо дуруст сарфаҳм раванд ва нақл карда тавонанд, вобаста ба матн ба саволҳо љавоб гардонанд, ба саволҳо љавобҳои мушаххас ва мукаммал дода тавонанд, қоидаҳои навиштанро риоя намоянд, ҳисобро донанд, хатти зебо дошта бошанд;

-      доир ба муҳити илмии олам (муҳити атроф ва табиат) тасаввуроти аввалия дошта бошанд;

-      қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тарзи ҳаёти солим ва бехатарии рафторро донанд ва иљро кунанд.

 

Талаботи умумӣ ба зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи

умумӣ (синфҳои V-IX (Х)

 

Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили

љараёни таълим ва тарбия

 

Мақсади асосии таҳсилоти умумии асосӣ дар хонандагон ташаккул додани љаҳонбинии илмӣ, муайян намудани мавқеи худ, меъёрҳои ахлоқию маънавӣ ва фарҳангӣ, мавқеи фаъоли ҳаётӣ, тарзи ҳаёти солим, таљрибаи бехатарии рафтор, маҳорати худмуайкунии фаъолият, меҳнати зеҳнӣ ва љисмонӣ, худмуайянкунии касбӣ ва омада будан ба идомаи таҳсил ба шумор меравад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур аз омўзиши фанҳои табиию риёзӣ ва технологӣ иборат мебошад.

 

Вазифаҳои асосии таҳсилоти умумии асосӣ:

 

-      фароҳам овардани шароити мусоид барои аз худ кардани дониш аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ, табиӣ ва љамъиятӣ;

-      дар хонандагон ташаккул додани мавқеи шаҳрвандӣ, ватандўстӣ, маданияти ахлоқӣ ва муносибатҳои хуби оилавӣ, ақида ва боварӣ;

-       муайян намудани самти љараёни таълим ва тарбия барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва таљрибаи бехатарии рафтори хонандагон;

-      таъмини муттасилӣ дар мазмун, усулҳо ва шакли таълим дар зинаи 1 ва 11 таҳсилоти умумии асосӣ.

 

Дар зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ омўзиши фанҳои таълимии «Забони тољикӣ», «Адабиёти тољик», «Забони русӣ», «Забони хориљӣ», «Таърихи халқи тољик», «Таърихи умумӣ», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «Математика», «Технологияи информатсионӣ», «Физика», «Химия», «Биология», «География», «Технология», «Тарбияи љисмонӣ» ва ѓайра ҳатмӣ мебошанд.

Барои рушди маърифати худшиносии хонандагон, қонеъ гардонидани эҳтиёљоти таълимии онҳо дар синфҳои У-1Х машѓулиятҳои факултативӣ гузаронида мешаванд. Аз ҳисоби соатҳои бахши мактабӣ ва қисман дар доираи хизматрасонии таълимии иловагии пулакӣ, омўзиши амиқи фанҳои алоҳида, ки мазмуни онро стандартҳои фанҳои таълимӣ муайян мекунанд, машѓулиятҳо гузаронида мешаванд.

Зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гузаронидани аттестатсияи љамъбастии хатмкунандагон анљом меёбад.

 

Талаботи умумӣ ба ҳаљми сарбории таълимии

ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагон

 

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаљми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо рељаи ҳафтаи 6 рўзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) чунин аст:

ҳаљми сарбории таълимии ҳатмӣ (дар як ҳафта):

Синфи 5 то 25 соат

Синфи 6 то 26 соат

Синфи 7 то 29 соат

Синфи 8 то 30 соат

Синфи 9 то 31соат

ҳаљми сарбории таълимии ниҳоӣ (дар як ҳафта)

Синфи 5-26 соат

Синфи 6-27 соат

Синфи 7-30 соат

Синфи 8-31 соат

Синфи 9-32 соат

Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои иљрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 5-6 то 3,5 соат, синфи 7 то 4 соат ва синфҳои 8-9 то 4,5 соат пешбинӣ шудааст.

 

Талаботи умумӣ ба сатҳи омодагии хонандагон, ки зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд

 

Хатмкунандагоне, ки зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд, бояд:

-      маданият ва одоби муомила бо ҳамсолонро аз худ намоянд;

-      љаҳонбинии худро васеъ ва мақоми худро дар коллективи ҳамсолон муайян намоянд;

-      -нисбат ба ҳаёти иљтимоию фарҳангӣ мароқ зоҳир намуда, дар ҳаёт мавқеи фаъол дошта, дўстдори Ватан бошанд;

-      асосҳои дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодиро аз худ намоянд, барои риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ омода бошанд;

-      ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ муносибати эҳтиёткорона дошта, муносибати худро ба љомеа, давлат ва табиат мутобиқ намоянд;

-      забони давлатӣ ва забонҳои хориљиро ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам аз худ намоянд;

-      малакаву маҳоратеро, ки барои интихоби касб ва оѓози фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамоянд, аз худ кунанд;

-      барои дарки љаҳони моддӣ ва қонунҳои асосии инкишофи он дар асоси донишҳои азхудкарда, таљрибаи ҳодисаҳои бавуқўъомада ва ҳақиқати муҳити атроф љаҳонбинии илмӣ дошта, қобилияти қабул ва шарҳ доданро дошта бошанд;

-      асосҳои бехатарии фаъолият ва тарзи ҳаёти солимро донанд ва дорои таљриба бошанд.

 

Талаботи умумӣ ба зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои X-XI)

 

Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили љараёни таълим ва тарбия

 

Дар сохтори таҳсилоти миёнаи умумӣ зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ марҳилаи хотимавии таълим мебошад. Таълим дар синфҳои Х-ХI дар давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси љамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва басистемадарории таљрибаи азхудкардаи малакаву дониш ва дарки асосҳои илми муосир, ташаккули маънавӣ ва љаҳонбинии шахсият сурат мегирад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омўзиши фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию љамъиятӣ дониста мешавад.

Дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими равиявӣ ва тахассусӣ (профилӣ) пешбинӣ мегардад, ки ба хонандагон мувофиқи майл ва қобилият имконияти давом додани таҳсилро бо дарназардошти интихоби касб муайян менамояд.

Зарурияти љорӣ кардани таълими равияви тахассусӣ (профилӣ) иборат аст аз:

-      эҳтиёљоти давлат ва љомеа ба шахси фаъол ва ҳаматарафа инкишоёфта;

-      талаботи афзоянда ба муассисаҳои таҳсилоти равиявӣ ва касбӣ;

-      инкишофи қобилияти фардӣ, бо дарназардошти мақсадҳои касбӣ ва талаботи хонандагон ба таълим.

 

Мақсади асосии зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ:

-      дар хонандагон ташаккули худшиносӣ, арзишҳои фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ, инкишофи љаҳонбинии хонандагон;

-      муайян намудани мавқеи шаҳрвандии хонанда ва аз худ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ;

-      омодагӣ ба идомаи таҳсил, иштирок дар раванди меҳнати фоиданоки љамъиятӣ ва ҳаёти оилавӣ;

-      ташаккули лаёқати эљодии хонандагон бо дарназардошти меъёрҳои касбӣ, қонеъгардонии талаботи хонандагон ба таълим.

Дар зинаи сеюми таҳсилот таълими фанҳои «Забони тољикӣ», «Адабиёти тољик», «Забони русӣ», «Забони хориљӣ» «Таърихи халқи тољик», «Таърихи умумӣ», «Таърихи динҳо» « ҳуқуқи инсон», «Алгебра ва ибтидои анализ», «Геометрия» «Физика», «Астрономия», «Химия» «Биология», «Тарбияи љисмонӣ», «Омодагии дифои ҳарбӣ», «Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ» пешниҳод мешавад.

ҳангоми ташкили таълими равиявӣ ва тахассусӣ (профилӣ) гузаронидани дарсҳои љуфт аз баъзе фанҳои таълимӣ иљозат дода мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ соатҳои бахши мактабӣ барои омўзиши амиқи фанҳои алоҳида метавонанд истифода шаванд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) нақшаи таълимии худро тартиб медиҳанд, ки дар он равияҳо ва тахассусҳо ба назар гирифта шудаанд.

Дар нақшаи таълимӣ на камтар аз ду фанни таълимии тахассусиро пешбинӣ кардан мумкин аст. Таълими тахассусӣ бо ворид намудани омўзиши амиқи фанҳо аз рўи равияи интихобгардида гузаронида мешавад.

Дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ диққати асосӣ ба интихоби равия ва касб равона карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки хонандагон қобилият ва мавқеи худро вобаста ба таҳсили минбаъда дуруст муайян намоянд.

Таълими заминавии тахассусӣ (профилӣ) аз рўи равияҳои љамъиятию гуманитарӣ, табию риёзӣ ва техникию технологӣ, агротехникӣ, мусиқӣ, варзишӣ гузаронида мешавад.

Ба хонандагон имконият дода мешавад, ки таълими равиявии интихобнамударо таѓйир диҳанд ё аз синфи таълими равияи тахассусӣ (профилӣ) ба синфи муқаррарӣ гузаранд, агар қобилияти хонанда ё сатҳи дониши ў ба талаботи Оиннома ва Низомномаи амалкунанда мувофиқ набошад.

 

Талаботи умумӣ ба ҳаљми сарбории таълимии

 ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагон

 

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаљми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо рељаи ҳафтаи 6 рўзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) чунин аст:

ҳаљми сарбории таълимии ҳатмӣ (дар як ҳафта):

Синфи X то 34 соат

Синфи XI то 34 соат

ҳаљми сарбории таълимии ниҳоӣ(дар як ҳафта):

Синфи X– 35 соат

Синфи XI – 35 соат

Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои иљрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 10-11 то 4,5 - 5 соат пешбинӣ шудааст.

Талаботи умумӣ ба омодагии хонандагон дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ

 

Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд:

-      арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, қоидаҳои ахлоқ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии халқи худ, фарҳанг, суннату анъанаҳои халқҳои дигарро донанд ва эҳтиром намоянд:

-      риоя намудани қонун ва меъёрҳои ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон, меъёрҳои умумияти эҳтиром ба љомеаро донанд;

-      ҳодисаву воқеаҳои ҳақиқати атрофро дарк намуда, ба онҳо баҳои илмии асоснок дода тавонанд;

-      мавқеи шаҳрвандӣ, ақида ва нуктаи назари худ, манфиати оила, љомеа ва давлатро муайян намоянд, ба зуҳуротии ҳодисаҳои номатлуб дар ҳаёти љомеа муқобилият нишон диҳанд;

-      интихоби бошууронаи касбро барои идомаи таҳсил дар давоми ҳаёт дарк намоянд;

-      ба такмили донишҳои забони давлатӣ ва забонҳои хориљӣ ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам кўшиш намоянд;

-      технологияи муосири иттилоотӣ ва коммуникатсиониро аз худ намоянд;

-      аз усулҳои таҳлил, синтез, љамъбаст, мушаххасгардонӣ, пайдарҳамӣ ва муқоиса истифода намоянд;

-      қобилияти худмуайянкунӣ, зуҳури эҳсос ва ҳиссиёт, ҳамдардӣ ва ѓамхорӣ дошта бошанд;

-      малака ва донишҳои азхудкардаро дар ҳаёти ҳамарўза ва ҳолатҳои ѓайримуқаррарӣ истифода намоянд.

 

 

Талаботи умумӣ ба намуди

 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

 

Ба намуди асосии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мансубанд: мактаби ибтидоӣ, мактаби асосӣ, мактаби миёнаи умумӣ (бастӣ), мактаби шабона, гимназия, литсей, мактаб-интернат, мактаб-интернати шифоӣ, мактаби махсуси шакли пўшида, мактаб-интернати љумҳуриявӣ, литсей–интернати Президентӣ, гимназия–интернати Президентӣ, мактаб-интернати хонандагони болаёқат.

Ба ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ талаботи зерин пешниҳод карда мешаванд:

-      муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шахси ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва молиявию хољагидории мустақилонаро ба роҳ мемонанд;

-       фаъолияти муассисаи таълимӣ дар асоси Оиннома, ки аз љониби муассис тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад;

-      дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омўзиши фанҳои таълимӣ аз рўи мазмун ва меъёр, ки Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) муқаррар кардааст, ҳатмӣ мебошад.

Омўзиши фанҳои таълимӣ мутобиқи талаботи Стандарти мазкур, тибқи нақшаи таълимии индувидуалӣ, ки дар асоси Нақшаи таълимии такягоҳӣ таҳия гардидааст, амалӣ карда мешавад.

-      дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таълимӣ љиҳати таъмини таълими равиявӣ ва тахассусӣ вобаста аз қобилият ва майли касбии хонандагон шароит муҳайё мекунанд;

-      миқдори ҳамарўзаи дарсҳо дар љадвали дарсҳо мутобиқи талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ муайян карда мешавад;

-      дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои гузаронидани корҳои ташкилию тарбиявӣ ва маҳфилӣ, барои фаъолияти ташкилотҳои љамъиятию иттиҳодия, кормандон ва хонандагон шароит муҳайё карда мешавад.

 

Талаботи умумӣ ба аттестатсияи хотимавӣ

дар доираи таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти

 миёнаи умумӣ

 

Дар доираи таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ аттестатсияи даврӣ, мобайнӣ ва хотимавии хонандагон амалӣ карда мешавад. Аттестатсияи хонандагон бо мақсади муайян намудани дараљаи донишҳои азхудкардаи хонандагон мутобиқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Натиљаи аттестатсия (ба истиснои хонандагони синфи 1) тариқи хол (бал) баҳогузорӣ карда мешавад. Аттестатсияи хонандагони синфи 1 дар асоси мазмуни донишҳои андўхта, ки дараљаи муваффақгардии хонандагонро бе гузоштани баҳо нишон медиҳад, амалӣ карда мешавад.

Аттестатсияи хонандагон метавонад дар шакли даҳонӣ, хаттӣ ва амалӣ гузаронида шавад.

Аттестатсияи љамъбастӣ-муайян намудани мувофиқати дараљаи донишҳои азхуднамудаи хонандагон мутобиқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълимӣ, бо гузоштани баҳои солона ва дарназардошти натиљаҳои аттестатсияи мобайнӣ мебошад.

Номгўи фанҳои таълимӣ, ки оид ба онҳо аттестатсияи хатм гузаронида мешаванд ва шакли гузаронидани онҳо ҳамасола аз љониби Вазорати маорифи Љумҳурии Тољикистон то оѓози аттестатсия тариқи раёсатҳои (шўъбаҳо) маорифи мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастраси хонандагон гардонида мешавад.

Дар ҳолати озод намудани хонандагон аз супоридани аттестатсияи хатм дар давраи таҳсил дар зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, аттестатсияи љамъбастӣ дар асоси пешниҳоди Комиссияи назоратии тиббӣ (ВКК) ва мувофиқи баҳоҳои солона гузаронида мешавад.

Номгўи бемориҳое, ки барои озод намудани хонандагон аз аттестатсияи хатм дар давраи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ асос мебошанд, аз љониби Вазорати маорифи Љумҳурии Тољикистон дар мувофиқа бо муассисаҳои тиббӣ муайян карда мешаванд. Дигар ҳолатҳои аз супоридани имтиҳонҳои хатм озод намудани хонандагонро дар давраи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ низ Вазорати маорифи Љумҳурии Тољикистон муайян мекунад.

Тартиби гузаронидани аттестатсияи хонандагонро Вазорати маорифи Љумҳурии Тољикистон муайян менамояд.

 

Талаботи асосӣ ба ҳуљљатҳои таҳсилот

 

Бомуваффақият гузаронидани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ шаҳодатнома гиранд.

Бомуваффақият гузаронидани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ аттестат гиранд.

Барои муваффақиятҳо дар таҳсил ва ахлоқи намунавӣ дар давраи таҳсил хатмкунандагон бо медали тилло ва нуқра сарфароз гардонида, ба онҳо ҳуљљати намунаи махсус дода мешавад. Барои муваффақиятҳои махсус дар омўзиши фанҳои алоҳида хонандагон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Низомнома дар бораи мукофотонидан бо медалҳои тилло ва нуқра аз љониби ҳукумати Љумҳурии Тољикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ба хонандагоне, ки ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз аттестатсияи љамъбастӣ нагузаштаанд, маълумотнома дода мешавад, ки ҳуљљати тасдиқкунандаи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб намеёбад.

 

 

.