Ба аввал

НИЗОМНОМАИ ОЛИМПИАДАИ НОМИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ



НИЗОМНОМАИ ОЛИМПИАДАИ НОМИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ    

 

Бо қарори мушовараи 
Вазорати маорифи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 29 02 соли 2012, № 3/23

тасдиқ гардидааст.

Низомномаи Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

I. Қоидаҳои умумӣ

1.1. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии-ҳуқуқӣ таҳия шудаааст

2. Мақсади асосии Олимпиада

2.1. Дарёфт ва ташаккули малакаҳои эҷодӣ, бедор намудани шавқу ҳавас ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

- фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои дастгирии хонандагони болаёқат;

- дар байни хонандагон тарғиб ва паҳн намудани донишҳои илмӣ;

- раҳнамоӣ ба хонандагон дар интихоби касб ва ҷалб намудани онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва берун аз он.

 

3. Ташкилкунандагони Олимпиада

3.1. Олимпиада дар асоси фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста таҳти роҳбарии Кумитаи тадорукоти он доир мегардад.

Олимпиадаи номӣ ба ифтихори олимон, шоирони классику муосир, нависандагон, ходимони давлатӣ ва илм, рӯзноманигорон, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистон ва муаррифии миллат саҳми босазо гузоштаанд, бахшида мешавад.

3.2. Олимпиада аз олимпиадаҳои алоҳидаи фаннӣ (маҷмӯи фанҳо) иборат аст: математика, физика, химия ва биология.

3.3. Супоришҳои олимпиада дар асоси барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  тартиб дода мешаванд.

3.4. Забони кории Олимпиада забони тоҷикӣ ва русӣ аст.

3.5. Таъминоти молиявии ташкил ва гузаронидани Олимпиада дар асоси маблағҳои пешбиникардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

 

4. Тартиби гузаронидани Олимпиада

4.1. Олимпиада дар ду давр доир карда мешавад:

Даври аввали олимпиада моҳи ноябр дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мегардад;

- давраи дуюм (ниҳоӣ) аввали моҳи феврал гузаронида мешавад.

4.2. Дар Олимпиада хонандагоне, ки барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумиро аз худ кардаанд, иштирок карда метавонанд.

4.3. Барои иштирок дар даври дуюми Олимпиада хонандагоне, ки дар даври аввал ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуда, ҳамчун ғолиб ба қайд гирифта шудаанд, роҳ дода мешаванд. Аз ҳар як вилоят ва минтақа 3-нафарӣ ғолибони даври аввал аз ҳар як фанни таълимӣ иштирок менамоянд.

4.4. Даври ниҳоии Олимпиада дар асоси натиҷаи ҷавобҳои шахсӣ (фардӣ) ҷамъбаст карда мешавад. Пеш аз эълони натиҷаҳои ҳар як давр иштирокчиёни Олимпиада метавонанд бо натиҷаи баҳои доварон шинос шаванд.

5. Вазифаҳои Кумитаи тадорукоти Олимпиада

5.1. Роҳбарӣ ташкил ва гузаронидани Олимпиадаро Кумитаи тадорукоти он ба ӯҳда дорад, ки он тибқи фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва тасдиқ карда мешавад.

5.2 Ҳайати кумитаи тадорукот ҳар сол бо фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

5.3 Кумитаи тадорукоти Олимпиада:

- чорабиниҳо ва тартиби гузаронидани Олимпиадаро тасдиқ мекунад;

- ҳайати комиссияи координатсионӣ ва доварони Олимпиадаро таъсис медиҳад;

- ҳисоботи ҳайати доваронро аз рӯи фанҳо (маҷмӯи фанҳо) муҳокима ва қабул мекунад;

- дар якҷоягӣ бо ҳайати доварон аппелятсияҳои иштирокчиёнро меомӯзад ва оид ба натиҷаи онҳо қарори ниҳоиро қабул мекунад;

- рӯйхати ғолибони Олимпиадаро аз рӯи фанҳо (маҷмӯи фанҳо) тасдиқ мекунад;

- ғолибони Олимпиадаро ҳавасманд мегардонад;

- дигар фаъолиятҳоро дар асоси Низомномаи мазкур амалӣ месозад.

6. Ҳайати доварони олимпиада

6.1. Ба ҳайати доварони фаннӣ (маҷмӯи фанҳо) профессорон, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мутахассисони фанҳои алоҳида шомил мешаванд:

- супоришҳои олимпиадаро таҳия ва дигар шаклҳои санҷиши дониши иштирокчиёни олимпиадаро  мегузаронад;

- ба корҳои иҷрокардаи хонандагон баҳогузорӣ менамоянд;

- аппелятсияи хонандагонро қонеъ мегардонанд;

- оид ба беҳтар намудани фаъолияти ташкилии Олимпиада дастуру пешниҳод медиҳанд;

- дигар фаъолиятҳоро дар асоси Низомномаи мазкур амалӣ месозад.

7. Ҷамъбасти Олимпиада

7.1.Ғолибони даврҳои Олимпиада дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи иштирокчиён муайян карда мешаванд.

Шумораи ғолибони даври ниҳоӣ аз рӯи фанҳо (маҷмӯи фанҳо) аз ҳисоби шумораи умумии иштирокчиён, 1 ҷойи 1, 1 ҷойи 2 ва 1 ҷойи 3 муайян карда мешавад.

Ғолибони Олимпиада бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 мукофотонида мешаванд. Дипломҳои ғолибон аз тарафи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, он бо медали рамзӣ ва туҳфаи хотиравӣ супорида мешавад.

7.2. Рӯйхати ғолибони Олимпиада ва иттилоот дар бораи ғолибон тавассути ВАО дарҷ мегардад.

7.3. Имтиёзҳои ғолибони олимпиадаро вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи мазкур муайян месозанд.

7.4 Маблағгузории даври аввали Олимпиада аз ҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, даври ниҳоӣ аз ҳисоби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сметаи хароҷот, ки онро Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста пешниҳод менамояд, сурат мегирад.

 

.