Ба аввал

Тартиби таъйини директорон ва гузаронидани озмуни қабули муовинони директор, муаллимон, сармураббӣ, мураббиён ва кормандони ёрирасон ба литсейҳои (мактабҳо, гимназияҳои) Президентии хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон



Тартиби таъйини директорон ва гузаронидани озмуни қабули муовинони директор, муаллимон, сармураббӣ, мураббиён ва кормандони ёрирасон ба литсейҳои (мактабҳо, гимназияҳои) Президентии хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон    

ТАРТИБИ

таъйини директорон ва гузаронидани озмуни Қабули муовинони директор, муаллимон, сармураббӣ, мураббиён ва кормандони ёрирасон ба литсейҳои (мактабҳо, гимназияҳои) Президентии хонандагони болаёҚати ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1.МуҚаррароти умумӣ

 

1.    Тартиби таъйини директорон ва ё гузаронидани озмуни Қабули муовинони директор, муаллимон, сармураббӣ, мураббиён ва кормандони ёрирасон ба литсейҳо (мактабҳо, гимназияҳои) Президентии хонандагони болаёҚати ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мактаби хонандагони лаёҚатманд) дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёҚати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиб ва меъёрҳои ба тариҚи озмун интихоб намудани муаллимонро ба мактабҳои хонандагони болаёҚат ба танзим медарорад.

2.    Озмун барои интихоб намудани муовинони директор, муаллимон, сармураббӣ ва мураббиён ба литсейҳои (мактабҳо, гимназияҳои) хонандагони болаёҚати ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҚсади таъмини муассисаҳои мазкур бо муовинон, муаллимон, сармураббӣ ва мураббиёни масъулу кордон, баландихтсос ва салоҳиятноку навовар гузаронида шуда, ба амалӣ гардонидани таълиму тарбияи босифат, ҷалби хонандагон барои асосҳои илмӣ, машѓул шудан ба ихтироъкорӣ, аз худ кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, мукаммал ва васеъ омўхтани фанҳои алоҳида, аз худ намудани асосҳои технологияи информатсионӣ, истифода аз интернет ва веб-сайтҳо мусоидат менамояд.

3.    Директорони мактабҳои хонандагони болаёҚати Президентӣ, литсей ва гимназияҳои Президентӣ (минбаъд директори мактаб) тибҚи тобеияти идорӣ ва ҳолати ҳуҚуҚӣ бо пешниҳоди маҚомоти дахлдор аз тарафи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби омўзгорони ташаббускору масъулиятнок ва босалоҳияту донишманд, ки на камтар аз 10 сол таҷрибаи бетанаффуси кори омўзгорӣ доранд, ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

 

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи озмунӣ

 

4.    Комиссияи озмунӣ оид ба интихоби муаллимон, сармураббӣ ва мураббиён ба мактабҳои хонандагони болаёҚати бо фармони директорони мактаби мазкур, ки ҳуҚуҚи ба кор Қабул кардан ва аз кор озод карданро дорад дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссияи озмунӣ иборат аз 5 то 7 нафар таъсис дода шуда, доимӣ амал менамояд.

Директори мактаб метавонад ба ҳайати комиссияи озмунӣ таѓйирот ворид намояд.

5.    Ба ҳайати комиссияи озмунӣ директори мактаб, намояндаи маҚомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи иттифоҚҳои касаба, муаллимони баландихтисос ва таҷрибадор аз мактаби мазкур ва ё дигар мактабҳои ҷумҳурӣ (дар мувофиҚа) ворид карда мешаванд.

Ба комиссияи озмунӣ директори мактаб раисӣ менамояд.

6.    Иштироки намояндаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани сўҳбат бо довталабони мактабҳои хонандагони болаёҚати дорои маҚоми ҷумҳуриявӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар озмуни Қабули муаллимон мактабҳои хонандагони болаёҚати дорои маҚоми маҳаллӣ иштироки намояндаи Раёсати маорифи вилоятҳо ҳатмӣ аст.

7.    Намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ҳуҚуҚи овоз доданро доранд. Дар бораи гузаронидани сўҳбат бо довталабон Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе на дертар аз 5 рўз пеш аз гузаронидани сўҳбат ба таври хаттӣ хабардор карда мешавад.

8.    Агар аъзои комиссия довталаби Қабул шудан ба мактаби мазкур бошад, ҳангоми гузаронидани озмун ба ҷое, ки ў довталаб аст, аз ҳайати комиссияи озмунӣ хориҷ карда мешавад.

9.    Комиссияи озмунӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-     муайян намудани ваҚт ва маҳалли баррасии ҳуҷҷатҳо ва гузаронидани сўҳбат бо довталабон ;

-     баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон барои муофиҚати он ба талаботи муҚарраршуда;

-     тартиб додани рўйихати довталабон ва тавсияи онҳо бо сўҳбат;

-     гузаронидани сўҳбат бо довталабон дар ваҚт ва маҳалли муайяншуда;

-     ҷамъбасти натиҷаи озмун ва пешниҳоди он ба шахси ваколатдор (директори мактаб);

3. Эълон барои гузаронидани озмун

 

10.    Таҳияи эълон дар бораи гузаронидани озмун, нашри эълон дар рўзномаҳо ва дигар васоити ахбори омма аз тарафи маъмурияти мактабҳои хонандагони болаёҚат дар мувофиҚа бо муассис, анҷом дода мешавад.

11.    Эълон дар бораи озмун маълумоти зеринро дар бар мегирад:

-     номи муассиса;

-     номи вазифаи холӣ;

-     талаботи асосӣ нисбат ба довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд;

-     мўҳлати Қабули ҳуҷҷатҳо (на камтар аз 10 рўз пас аз нашри эълон);

-     нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, суроѓа, раҚами телефон, суроѓаи электронӣ ва факси муассиса.

4. Қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳо

 

12.    Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

-     ариза ба унвони директори мактаб;

-     вараҚаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона акси андозааш 4х6);

-     тарҷумаи ҳол (дастӣ навишта мешавад);

-     нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-     нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-     маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 86 УЕ);

-     нусхаи вараҚаи аттестатсионӣ;

-     маълумотнома оид ба сарбории таълимӣ;

-     нусхаи шиноснома;

-     маълумотнома оиди надоштани ҷазои интизомӣ;

13.    Довталабон ҳамчунин метавонанд маълумотҳои иловагиро оид ба сатҳи касбии худ пешниҳод намоянд (нусхаи мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, унвони илмӣ, хислатнома, тавсиянома ва ѓ.)

14.    Барои Қабули ҳуҷҷатҳо аз тарафи директори мактаб бо фармон шахсии масъул таъйин карда мешавад.

15.    Ариза ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталабон бояд дар мўҳлатҳои муҚарраршуда пешниҳод гарданд.

16.    Рўйихати умумии довталабон аз тарафи шахсӣ масъул таҳия карда шуда, ба директори мактаб пешниҳод карда мешавад.

Директори мактаб рўйихат, ариза ва ҳуҷҷатҳоро барои баррасӣ ба комиссияи озмунӣ пешниҳод менамояд.

17.    Комиссияи озмунӣ дар мўҳлати 4-рўз ҳуҷҷатҳои пешни-ҳодшударо баррасӣ намуда, мувофиҚати довталабонро ба талаботи муҚарраргардида муайян ва барои ба сўҳбат иҷозат додан ё надодани онҳо Қарор Қабул мекунад.

Қарори комиссияи озмунӣ дар шакли протокол ба расмият даро-варда шуда, аз тарафи раис, аъзо ва котиби комиссия имзо карда мешавад.

Довталабони ба сўҳбат тавсияшуда на дертар аз 2-рўз пас аз тартиб додани протокол хабардор карда мешаванд.

 

5. Талаботҳои тахассуси нисбати довталабон

 

18.    Барои иштирок дар озмун ҷиҳати Қабул шудан ба кор дар мактаби хонандагони болаёҚати Президентӣ, литсей ва гимназияҳои Президентӣ, нисбати довталабон талаботи зерин муҚаррар карда мешавад:

а) директори мактаби Президентӣ (литсейҳо ва гимназияҳои Президентӣ):

-     донистани Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуҚуҚие, ки соҳаи маорифро ба танзим медароранд,

-     таҳсилоти олии омўзгорӣ;

-     дараҷаи олӣ, якуми тахассусӣ номзад ва ё доктори илм;

-     собиҚаи на камтар аз 10-солаи таҷрибаи кори бетанафуси омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-     таҷрибаи на камтар аз 5-солаи кори роҳбарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва ё олии касбӣ;

-     ҷои кори асосӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-     дар муассисаи таълимӣ ба кори педагогӣ низ машѓул бошад;

-     дар кори таълиму тарби натиҷаҳои хуб ба даст оварда бошад;

-     таҷрибаи пешҚадами педагогиаш мавриди омўзиш ва истифода Қарор гирифта бошад;

-     маҚолаҳои илмию методӣ ва таҳлилӣ ба табъ расонида бошад;

-     аз барномаҳои компютерӣ озодона истифода карда тавонад.

-     забони тоҷикиро аъло ва забонҳои русию англисиро хуб донад;

б) муовинони директори мактаби Президентӣ (литсей ва гимназияҳои Президентӣ):

-        донистани Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуҚуҚие, ки соҳаи маорифро ба танзим медароранд,

-        таҳсилоти олии омўзгорӣ;

-        дараҷаи олӣ, якуми тахассусӣ номзад ва ё доктори илм;

-        собиҚаи на камтар аз 7-солаи таҷрибаи кори бетанаффуси омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-        ҷои кори асосӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-        дар муассисаи таълимӣ на камтар аз 18-соат сарбории таълимӣ дошта бошад;

-        дар кори таълиму тарби натиҷаҳои хуб ба даст оварда бошад;

-        маҚолаҳои илмию методӣ ва таҳлилӣ ба табъ расонида бошад;

-        аз барномаҳои компютерии озодона истифода карда тавонад;

-        забони тоҷикиро аъло ва забонҳои русию англисиро хуб донад;

 

в) сармураббӣ

-        донистани Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуҚуҚие, ки соҳаи маорифро ба танзим медароранд,

-        таҳсилоти олии омўзгорӣ;

-        дараҷаи олӣ ва якуми тахассусӣ;

-        собиҚаи на камтар аз 5-солаи таҷрибаи кори бетанафуси омузгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-        ҷои кори асосӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-        дар муассисаи таълимӣ на камтар аз 18-соат сарбории таълимӣ дошта бошад;

-        иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

-        таҷрибаи пешҚадами педагогиаш мавриди омўзиш ва истифода Қарор гирифта бошад;

-        ба ҳамкорон, хонандагон ва кормандони ёрирасон одоби хуби муошират дошта бошад:

-        забони тоҷикиро аъло донад. Ба шахсоне, ки ду ва ё се забони хориҷиро медонанд, афзалият дода мешавад.

 

г) муаллимон ва мураббиён:

-        донистани Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуҚуҚие, ки соҳаи маорифро ба танзим медароранд,

-        таҳсилоти олии омўзгорӣ;

-        дараҷаи олӣ ва якуми тахассусӣ;

-        собиҚаи на камтар аз 5-солаи таҷрибаи кори бетанаффуси омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-        ҷои кори асосӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-        дар муассисаи таълимӣ на камтар аз 18-соат сарбории таълимӣ дошта бошад;

-        иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

-        таҷрибаи пешҚадами педагогиаш мавриди омўзиш ва истифода Қарор гирифта бошад;

-        дар таҳияи китоб, барномаҳои таълимӣ, маводҳои методӣ ва дигар воситаҳои ёрирасонӣ таълим саҳм дошта бошад;

-        маҚолаҳои илмию методӣ ва таҳлилиаш дар матбуоти даврӣ ба табъ расонида бошад;

-        ба ҳамкорон, хонандагон ва кормандони ёрирасон одоби хуби муошират дошта бошад:

-        забони тоҷикиро аъло донад. Ба шахсоне, ки ду ва ё се забони хориҷиро медонанд, афзалият дода мешавад.

-        бо компютер кор карда тавонад.

6. Сўҳбат бо довталабон

19.    Сўҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронида мешавад. Дар рафти сўҳбат сатҳи дониши касбӣ, муҳокимаронӣ, донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, нутҚи хаттӣ ва шифоҳии довталаб муайян карда мешавад.

20.    Дар сурати ба сўҳбат ҳозир нашудани довталаб ў аз сўҳбат нагузашта ҳисобида мешавад.

21.    Тартиб ва меъёри баҳодиҳӣ дониши довталабон аз тарафи комиссияи озмунӣ муайян карда мешавад.

 

7. ҷамъбасти озмун

 

22.    Пас аз ҷамъбасти сўҳбат бо довталабон ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмунӣ баргузор мегардад. Комиссияи озмунӣ дар асоси ҷамъбасти баҳои аз ҷониби аъзоёни комиссия гузошташуда ѓолибони озмунро муайян намуда, барои Қабул ба кор тавсия менамояд.

23.    ҷаласаи комиссияи озмунӣ ҳамон ваҚт босалоҳият дониста мешавад, ки аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссияи озмунӣ дар кори комиссия иштирок дошта бошад.

24.    Қарори комиссияи озмунӣ дар ѓоибии довталаб бо овоздиҳии кушода Қабул карда мешавад.

25.    Довталаб дар ҳолате аз озмун гузашта ҳисобида мешавад, ки холҳои бештареро соҳиб шуда бошад ва ба тарафдории ў аксарияти аъзои комиссия овоз дода бошад. ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раис ҳалкунанда мебошад. Рафти сўҳбат бо довталабон дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, аз тарафи раис. аъзо ва ҳайати комиссияи озмунӣ имзо карда мешавад.

26.    Қарори комиссияи озмунӣ ба директории мактаб пешниҳод карда мешавад, ки он барои Қабул ба кор асос мегардад.

27.    Директори мактаб на дертар аз 5-рўзи пас аз пешниҳоди комиссияи озмунӣ фармонро дар бораи ба кор Қабул намудан ба имзо мерасонад.

ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки ба сўҳбат иҷозат дода нашудаанд ва ё аз озмун нагузаштаанд бо гирифтани забонхат баргардонида мешавад.

28-    Дар ҳолати ошкор гардидани маълумоти нодуруст пешниҳоднамудаи довталаб, ки боиси тавсияи мусбии комиссияи озмунӣ гардидааст, фармон оид ба кор Қабул намудани ў бекор карда шуда, озмуни такрорӣ гузаронида мешавад.

29-    Озмуни такрорӣ пас аз 3 рўзи бекор кардани фармон бе эълон тибҚи муҚаррароти тартиби мазкур гузаронада мешавад.

 

8. МуҚаррароти хотимавӣ

 

30-    Гузаронидани озмун бо риояи Қатъии талаботи санадҳои меъёрию ҳуҚуҚии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур амалӣ мегардад.

31-    Довталаб ҳуҚуҚ дорад, ки бо Қарори комиссияи озмунӣ дар Қисме, ки ба ў дахл дорад шинос шавад ва дар ҳолати розӣ набудан аз Қарори комиссияи озмунӣ ба маҚомоти ваколатдори болоӣ ё суд шикоят намояд.

 

 

.