Бо фармоиши
Вазири
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30. 08. 2010, № 2084
тасдиҚ шудааст
ТАРТИБИ
нигоҳдорӣ, баҚайдгирӣ
ва супоридани Шаҳодатнома
дар бораи
хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
1) Тартиби мазкур
дар асоси банди 30-и Низомномаи
Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида,
тартиби нигоҳдорӣ, баҚайдгирӣ
ва супоридани Шаҳодатнома
дар бораи хатми муассисаҳои
таҳсилоти умумиро муҚаррар менамояд.
2) Шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии
асосӣ ва Шаҳодатнома
дар бораи таҳсилоти миёнаи
умумӣ (минбаъд - Шаҳодатнома) ҳуҷҷати
намунаи давлатӣ буда,
ҳар сол ба миҚдори зарурӣ
тайёр кардани он танҳо
аз тарафи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
фармоиш дода мешавад. Шаҳодатнома дорои
раҚами пай дар пайи ва
хатҳои ҳимояшаванда буда, ҳуҷҷати
ҳисоботӣ мебошад.
3) Бланкаҳои Шаҳодатнома дар асоси дархости Раёсати маорифи вилоятҳо, шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маҚоми ҷумҳуриявӣ
дошта ва муассисаҳои
таълимие, ки ба онҳо
ҳуҚуҚи супоридани Шаҳодатнома дар асоси Қонунгузории
амалкунандаи ҷумҳурӣ дода шудааст, ба мудирони шўъбаҳои маориф
ва сарварони муассисаҳои
таълимии маҚоми ҷумҳуриявӣ
дошта бо пешниҳод намудани «Боваринома» ва шиноснома аз тарафи Қисми махсуси Раёсати кадрҳо ва корҳои
махсуси Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
супорида мешавад.
4) Шўъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии маҚоми ҷумҳуриявӣ
дошта шаҳодатномаҳоро дар асоси «Борхат» Қабул намуда, дар журнали баҚайдгирӣ
силсила ва раҚами
онҳоро Қайд менамоянд. Дар шўъбаҳои
маориф ҷиҳати баҚайдгирӣ,
нигоҳдорӣ ва таҚсимоти шаҳодатномаҳо бо фармон шахси
масъул вобаста карда мешавад. Директорони муассисаҳои
таълимӣ дар асоси дархост
бо замима намудани протокол ва Қарори
Шўрои педагогӣ оид ба теъдоди хатмкунандагони синфҳои 9 (10) ва 11 (12), «Боваринома» ва шиноснома аз шўъбаҳои
маориф шаҳодатномаҳоро гирифта, маблаѓи онро тибҚи муҚаррароти мавҷуда
пардохт менамоянд.
5) Дар сурати
пайдо шудани дигаргунӣ
дар шумора, раҚамҳо ва ё корношоямии бланкаҳои Шаҳодатномаҳои дар асоси
«Боваринома» Қабул гардида,
дар се нусха санад тартиб дода шуда,
як нусхагӣ ба Вазорати маорифи
ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсат
ё шўъбаи дахлдори маориф ирсол карда шуда, як нусха дар муассисаи таълимӣ
нигоҳ дошта мешавад.
Ба санад Сардори Раёсати маориф, мудири шўъбаи маориф,
роҳбари муассисаи таълимии
дахлдор ва шахси масъул оид
ба нигоҳдорӣ, баҚайдгирӣ ва супоридани Шаҳодатномаҳо
имзо мегузоранд.
6) Бланкаҳои Шаҳодномаҳо ҳамчун ҳуҷҷати
ҳисоботии аниҚ дар Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон,
раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шўъбаҳои
маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Қайд гирифта мешаванд.
7) ҳисоб ва баҚайдгирии Шаҳодатномаҳо
аз тарафи Раёсати маорифи вилоятҳо, шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
дар китобҳои баҚайдгирии бланкаҳои «Шаҳодатнома
дар бораи таҳсилоти умумии
асосӣ» ва
«Шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ» ба Қайд гирифта мешаванд.
8) Дар китобҳои ҳисоботӣ
ва сабти шаҳодатномаҳо
дар бораи таҳсилоти умумии
асосӣ, умумии асосии
аъло ва барои
ҳисоб ва сабти Шаҳодатномаҳо дар бораи
таҳсилоти миёнаи умумӣ, медали тилло ва нуҚрагӣ
дода шуда, намуди Шаҳодатнома дар бораи таҳсилот, ному насаб
ва номи падари
гиранда нишон дода мешавад.
9) ҳамасола дар охири руйхати хатмкунандагони
дар китоб воридкардашуда, имзои гирандагони Шаҳодатнома гузошта мешавад.
10) Дар китобҳо набояд ягон ҷойи ифлосшудаи дастнавис ва тарошидаю ислоҳ
карда бошад. Дар сурати ворид намудани ислоҳ он
бо имзо ва мўҳри мудаввар тасдиҚ карда мешавад.
11) Дар сурати
иваз шудани шахси масъул оид
ба нигоҳдорӣ, баҚайдгирӣ ва супоридани Шаҳодатномаҳо
ва ё роҳбари муассисаи
таълимӣ бланкаҳои Шаҳодатномаҳо, китобҳои
баҚайдгирии бланкаҳои Шаҳоданомаҳо
(борхатҳо, бовариномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани
бланкаҳои Шаҳодатномаҳо асос шудаанд) дар асоси санад бо
нишон додани раҚам
ва ҳолати нигоҳдории бланкаҳои
шаҳодатномаҳо ба шахси масъул ва роҳбари муассисаи таълимии нав таъйиншуда супорида мешавад.
12) Дар ҳолати гум шудани бланкаҳои Шаҳодатномаҳо раёсату
шўъбаҳои маориф
ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ
ўҳдадоранд, ки маҚомоти корҳои
дохилиро бо нишон додани раҚами бланкаи гумшуда огоҳ намуда, на дертар аз 1 сентябр оид ба сабабҳои
гум шудани бланкаҳои Шаҳодатномаҳо (бо
нишон додани раҚам)
ва корҳои дар ин самт
ба сомон расонида ба Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
гузориш пешниҳод намоянд.
13) Муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ нисбати Шаҳодатномаҳое,
ки корношояманд дар ду нусха санад
тартиб дода, дар санад раҚам ва намуди (намунаи оддӣ,
медали тилло, нуҚра ва
ѓ.) Шаҳодатномаро нишон
дода, онро ба Раёсат ва шўъбаҳои маориф бармегардонанд.
14) Бланкаҳои Шаҳодатномаҳои
нодуруст Қайд карда шуда,
корношоям ҳисобида шуда,
иваз карда мешаванд. Шаҳодатномаҳои
корношоямгашта дар асоси тартиби муҚарраргардида нобуд
карда мешаванд.
15) Муассисаи таълимӣ дар асоси аризаи шаҳрвандоне,
ки
Шаҳодатномаашонро гум кардаанд ё ному насабашонро иваз кардаанд, Шаҳодатномаи
такрорӣ медиҳад.
16) Шаҳодатномаҳои
такрорӣ дар китоби баҚайдгирӣ
ва ҳисоб сабт
карда мешаванд.
17) Шаҳодатномаҳои
такрорӣ новобаста аз соли хатмкунии муассисаи таълимӣ
дар асоси китоб оид ба ҳисоб ва сабти ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва ё дар
асоси маълумотҳои бойгонӣ супорида мешавад.
18) Шаҳодатномаи такрорӣ
дар бланкаҳои намунаи муҚаррарӣ
супорида шуда, дар кунҷи
боло аз рост «ТАКРОРӣ» (ДУБЛИКАТ) дарҷ
карда мешавад.
19) Шаҳодатномаи такрорӣ
дар асоси талаботҳои зерин
супорида мешавад:
-
шахси ҳуҷҷат
гумкарда бо ариза ба муассисаи таълимие, ки ба ў ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот додааст,
оид ба гум кардани ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот бо ҳуҷҷатҳои
тасдиҚкунанда (эълон дар нашрияҳои
расмӣ, маълумотнома ва
ѓ.) муроҷиат менамояд;
-
муассисаи таълимӣ дар асоси
аризаи шаҳрванд ва
ҳуҷҷатҳои тасдиҚкунанда оид ба беэътибор донистани Шаҳодатномаи гумшуда ва ё ивазшаванда
фармон ба тасвиб расонида, ба Раёсати маорифи вилоят, шўъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои
дахлдор оид ба ҷудо
намудани Шаҳодатнома
бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои
тасдиҚкунанда муроҷиат менамояд;
-
Шаҳодатномаи
такрори дар бораи таҳсилоти
умумии асосӣ дар мўҳлати 3 (се) рўз ва
Шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мўҳлати 7 (ҳафт)
рўз супорида мешавад.
-
дар
ваҚти супоридани Шаҳодатномаи
такрорӣ дар сатри «имзои
шахси гиранда» бо нишон додани
раҚам навишта мешавад,
ки Шаҳодатномаи такрорӣ ба ивази Шаҳодатномаи гумшуда
супорида шуд;
-
ба Шаҳодатномаи такрорӣ директор ва муовини директор оид ба таълиму тарбия ва омўзгорони
муассисаи таълимӣ (на камтар
аз се нафар) имзо мегузоранд.
20) ҳуҷҷатҳои
такрорӣ оид ба таҳсилот дар
бланкаҳои намунаи
амалкунанда супорида мешаванд. Ба як хатмкунанда навиштани ду Шаҳодатномаи
хатм манъ аст.
21) Дар сурати
азнавташкилдиҳии муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумӣ, ҳуҷҷати
такрорӣ дар бораи таҳсилот бо тавсияи Раёсат
ва шўъбаи маориф
аз тарафи муассисаи таълимии аз нав ташкилшудае, ки дар бойгониаш ҳуҷҷатҳои
собиҚ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуданд дода шуда, аз тарафи
директор, муовини директор оид
ба корҳои таълиму тарбия
ва се нафар аъзоёни Шурои педагогии муассисаи таълимии мазкур ба имзо расида, бо мўҳри муассисаи таълимӣ
тасдиҚ карда мешавад.
22) Дар сурати
барҳам хурдани муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳуҷҷати
такрорӣ дар бораи таҳсилот аз тарафи Раёсат ва
ё шўъбаи маориф дар асоси ҳуҷҷатҳои
бойгонӣ дода шуда,
бо мўҳри
муассиса тасдиҚ карда мешавад.
23) Шаҳодатномаи такрорӣ
оид ба таҳсилот ба арзкунанда
бе замима ба Шаҳодатнома
дода мешавад. Танҳо
пас аз дарёфт гардидани парвандаи шахсии хатмкунанда, протоколи комиссияи имтиҳонотӣ ва китоб барои
ҳисоб ва сабти ҳуҷҷат
дар бораи таҳсилот ва
асос оид ба хатми муассисаи таълимӣ
ба арзкунанда замима ба Шаҳодатнома супорида мешавад.
24) Асоси хатмкунии
муассисаи таҳсилоти умумӣ тибҚи
маълумотҳои зерин аниҚ карда мешаванд:
-
гувоҳии
хатии на камтар аз се нафар омўзгоре, ки дар синфҳои хатмкунанда
дарс гузаштааст, роҳбар
ва ё муовини роҳбари
муассисаи таҳсилоти умумӣ оид
ба корҳои таълиму тарбия;
-
нусхаи Шаҳоданома, ки тибҚи тартиби муҚарраршуда
тасдиҚ карда шудааст;
-
дигар
ҳуҷҷатҳои тасдиҚкунанда оид ба хатми муассисаи
таълимӣ (протоколи Шурои
омўзгорон, фармони роҳбари
муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумӣ оид ба Қабул, аз синф ба синфгузаронӣ ва
хатми муассисаи таҳсилоти
умумӣ ва ѓ.)