Ба аввал

Тартиби қабули хонандагон ба литсейҳо (мактабҳо, гимназияҳо)-и Президентии хонандагони болаёқат.



Тартиби қабули хонандагон ба литсейҳо (мактабҳо, гимназияҳо)-и Президентии хонандагони болаёқат.    

Бо қарори мушовараи Вазорати

маорифи x6;умҳурии Тоҷикистон

аз 30.09, 2010, № 14/4

тасдиқ гардидааст.

 

ТАРТИБИ

қабули хонандагон ба литсейҳо (мактабҳо, гимназияҳо)-и Президентии хонандагони болаёқат.

 

1.Муқаррароти умумӣ

 

1.   Тартиби қоидаҳои қабули хонандагон ба литсейҳо (мактабҳо, гимназияҳо)-и Президентии хонандагони болаёқат (минбаъд Тартиби) дар асоси Кодекси граждании ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат дар ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи литсей дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи гимназия дар ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2.   ҳангоми қабул хонандагон, падару модари онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ба Оинномаи муассисаи таълимӣ, қоидаҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа шинос карда мешаванд.

3.   ҳангоми қабул риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба таҳсил, ки қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, риоя гардида, озод ва шаффоф будани кори комиссияи қабул ва додани баҳои ҳаққонӣ ба маҳорат ва дониши дохилшавандагон таъмин карда мешавад.

4.   Хонандагон ҳуқуқ доранд, ки дар сурати азхуд накардани барномаҳои таълимии шакли мураккабдошта тибқи талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлатҳои дилҳоҳ барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ озодона гузаранд.

5.    Шумораи синфҳо дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба микдори хонандагони аз озмун гузашта ва шароитҳои амалигардонии раванди таълим ва бо назардошти меъёрҳои санитарӣ ва талаботи литсензионӣ муайян карда мешавад.

 

2. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳо

ва баргузории санҷишҳо

6.       қабул ба муассисаи таълимӣ баъди интишори расмии озмун дар воситаҳои ахбори омма (радио, телевизион ва рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ) 15 рўз қабл аз оѓози қабул аз тарафи муассис сурат мегирад.

7.       қабули ҳуҷҷатҳо ба комиссия аз рўи аризаи шахсии падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо мақсади муайянсозии имконияти хонанда дар азхудкунии барномаҳои таълимии сатҳи баланддоштаи мураккаб гузаронида мешавад.

8.       Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани қабул дар муассиса бо фармони директор комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Тартиби кор, мўҳлат, тарзи баргузории комиссияи қабул ва аъзои он тибқи Низомномаи комиссияи қабул, ки онро муассис тасдиқ намудааст, сурат мегирад.

9.       Ба падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо дар шакли муқарраргардида забонхат дар бораи қабули ҳуҷҷатҳо дода мешавад.

10.  қабули хуҷҷатҳо дар дафтари шакли муқарраргашта, ки саҳифаҳояш рақамгузорӣ шуда, ресмонбанд ва бо мўҳри муассиса тасдиқ гардидааст, қайд карда мешаванд.

11.  Дар рўзи ба охиррасии қабули ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раиси комиссияи қабул ва ё котиби комиссияи қабул қайди махсус оид ба анҷом расидани қабули ҳуҷҷатҳо гузошта мешавад.

12.  Дар муддати на бештар аз як ҳафта аз рўзи ба қайдгирии ҳуҷҷатҳо комиссияи қабул дар бораи роҳ додани дохилшаванда ба санҷишҳо, дар бораи тартиби иштироки ў ба озмун қарор қабул мекунад ва дар ин бора хабар медиҳад.

13.  ҳангоми қабул ҳуҷҷатҳои дохилшавандагоне, ки дар варақа (табел)-и пешрафташон баҳои 3 «қаноатбахш» мавҷуд аст, қабул карда намешавад.

14.  Маводҳои санҷишҳои дохилшавӣ (корҳои хаттӣ, тестҳо ва ѓайра) ҳар сол тартиб дода мешаванд ва на дертар аз ду ҳафта то оѓози санҷишҳои дохилшавӣ аз тарафи муассис дар мувофиқа бо Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

15.  Котиби комиссияи қабул ба корҳои хаттӣ ва маводҳои тестӣ рамзгузорӣ мекунад ва баъдан корҳои хаттӣ барои санҷиш ба ҳайати доварон пешниҳод карда мешавад.

16.  Санҷиши корҳои хаттӣ дар бинои муассисаи таълимӣ аз тарафи аъзоёни комиссияи санҷишӣ, ки бо пешниҳоди Раиси комиссияи қабул аз тарафи сарвари муассиса тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

17.   ҳангоми ба охир расидани санҷиши дохилшавӣ аз фанҳои муқарраргардида корҳои хаттӣ ба котиби комиссияи қабул супорида мешавад. Шахсоне, ки корҳои хаттиро дар мўҳлати муқарраргардида ба охир нарасонидаанд, онро дар шакли нотамом месупоранд.

18. Дохилшавандагоне, ки аз шарти дуюм баҳои «2» ва ё «3» гирифтаанд, тибқи пешниҳоди комиссияи қабул аз идомаи иштирок дар санҷиши минбаъда маҳрум карда мешаванд.

19.  Маъмурияти муассиса бо хоҳиши дохилшавандагон барои хонандагоне, ки ба санҷишҳои даври дуюм ва сеюм роҳ дода шудаанд, курсҳои 5-6 рӯзаи омўзишӣ ташкил мекунад. Баъд аз гузаштани курс хонандагон имтиҳони даври дуюмро месупоранд.

20.  Натиҷаи санҷишҳои дохилшавӣ (баҳои дохилшавандагон) дар рўзи дигар эълон карда мешавад.

21.  Шахсоне, ки ба санҷишҳои дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок наомадаанд, дар рафти аттестатсия аз иҷрои санҷишҳо ихтиёран даст кашидаанд ва ё баҳои ѓайриқаноатбахш гирифтаанд, ба муассисаи таълимӣ қабул карда намешаванд.

22.  Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани санҷишҳо ва шиносоии падару модар ба корҳои хаттии дохилшавандагон дар назди комиссияи қабул комиссияи аппелятсионӣ ташкил карда мешавад. Тартиби кори комиссияи аппелятсионӣ тибқи Низомномаи комиссияи қабул, ки онро муассис тасдиқ намудааст, сурат мегирад

23.  Корҳои хаттии дохилшавандагон дар варақаҳои шахсии пешниҳодгардида нигоҳдорӣ гардида, корҳои хаттии шахсоне, ки аз озмун нагузаштаанд баъд аз як соли ба анҷом расидани санҷишҳо тибқи пешниҳоди директор нобуд карда мешаванд.

24.   Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолати набудани ҷойи холӣ (барои синфҳои 6, 7, 8, 9 ва 11) қабули шаҳрвандро рад намоянд.

Агар литсейҳои (мактабҳо, гимназияҳои) Президентӣ барои хонандагони болаёқат тибқи литсензия ва иҷозатнома имкони қабулро аз синфи якум дошта бошанд, тартиби қабул ба синфҳои ибтидоӣ ба таври зайл аст:

 


3. Тартиби қабул ба синфи 1

 

25.  Ба синфи якум кўдакон тибқи боби 2,банди 27-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои мухолифи тиббӣ (гирифтории иллатҳои ҷисмонӣ ва рўҳӣ ) надоранд, қабул карда мешаванд.

26.  Раиси комиссияи қабул ба синфи якумро ҷонишини директор оид ба таълим дар синфҳои ибтидоӣ роҳбарӣ мекунад.

27.  Натиҷаи қабул дар ҷаласаи ҷамъбастии комиссия барасӣ гардида, тибқи фармони директор ба расмият дароварда мешавад.

28.   Ба комиссияи кабул падару модари хонанда (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

-     ариза ба номи директори муассиса аз ҷониби падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд),

-     нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи яке аз падару модар,

-     маълумотномаи тиббии хонанда, бо қайди он ки ў имконияти таҳсил дар мактабро дорад,

-     2 дона расми 3х4,

29.  Бо мақсади муайян намудани омодагиии кўдакон барои таълим бо розигии падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) сўҳбати равоншинос ва омўзгор бо кўдак гузаронида мешавад.

30.  Миқдори синф ва рўихати хонандагон ба маълумоти падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) то 25-уми июл расонида мешавад.

31.  Дар ҳолати будани ҷойҳои холӣ дар моҳи август (даҳаи аввал) озмуни иловагӣ гузаронида мешавад.

32.  қабул ба синфи якум дар ҳолатҳои зерин имконият надорад:

-          дар сурати набудани ҷойҳои холӣ,

-          дар ҳолати мавҷуд будани иллатҳои ҷисмонию рўҳии кўдак, ки аз тарафи марказҳои саломатӣ ва маслиҳатхонаҳои тиббӣ-педагогӣ ба тавсиб расидааст.

-          хулосаи равоншинос оид ба омода набудани кўдак барои таҳсил дар ин намуди муассисаҳо

33.  Дар сурати будани ҷойҳои холӣ тибқи пешниҳоди директори муассисаи таълимӣ дар моҳи август (даҳаи аввал) озмуни иловагӣ барои қабули хонандагон барои синфҳои 2, 3 ва 4 тибқи маводҳои омода намудаи қомиссияи қабул гузаронида мешавад.

Агар литсейҳо (мактабҳо, гимназияҳои) Президентӣ барои хонандагони болаёқат имкони аз зинаи ибтидоӣ қабул карданро надошта бошанд, метавонанд аз зинаи дуюм, тибқи тартиби зайл амал намоянд:

 

4. Тартиби қабул ба синфи 5

 

34.    Ба синфи 5 хонандагоне, ки таҳсилоти умумии ибтидоиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гирифта, барномаҳои мактаби ибтидоиро бомуваффақият аз худ намудаанд ва се давраи озмунро бомуваффақият гузаштаанд, қабул карда мешаванд.

35.   Миқдори синфҳои 5 ва шумораи ҷойҳои холиро маъмурияти муассиса аз ҳисоби хатмкунандагони синфҳои 4 то 20 –уми май муайян мекунад ва тариқи воситаҳои ахбори омма барои қабул озмун эълон меамояд.

36.   ҳангоми қабул ба зинаи дуюми таҳсил майли хонанда ба таълими равиявӣ (касбӣ) ба назар гирифта мешавад.

37.    Раисии комиссияи қабул ба синфи 5-умро ҷонишии директор оид ба таълим дар синфҳои 5-9 тибқи фармони директори муассиса роҳбарӣ мекунад.

38.    Дар ташкили синфҳои 5-ум талаботи зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

-     дараҷаи тайёрии хонандагон ба азхудкунии барномаи таълимии сатҳи муайян ва вазъи саломатии онҳо;

-     хоҳиши падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд);

-     имкониятҳои муассиса (бо кадрҳо, синфхонаҳо, адабиёти таълимию методӣ ва базаи моддию техникӣ таъмин будан).

39.        Озмун дар се давра гузаронида шуда, қабули хонандагон аз рўи хулосаи ташхиси пурраи психологию тиббӣ, мутобиқи сатҳи умумии инкишофи зеҳнӣ ва қобилиятҳои махсус ба роҳ монда мешавад . Раисии комиссияи қабул ба синфи панҷумро ҷонишии директор оид ба таълим дар синфҳои 5-8 роҳбарӣ мекунад.

-     давраи якум - тибқи ташхиси психологй 30-40 дақиқа;

-     давраи дуюм - аз рўи натиҷаҳои санҷишҳои фаннӣ: забони модарй (диктант- 1 соат) ва кори хаттӣ аз математика (2 соат);

-     даври сеюм- санҷиши тестӣ.

40.   Тестҳои қабули хонандагон ба синфи 5 аз 50-60 савол иборат буда, бо забони тоҷикӣ дар доираи фанҳои таълимие, ки нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ гардидааст, пешниҳод мешаванд. Барои ҳар як саволи тестӣ ба хонандагон аз 1 то 2 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад.

41.  Натиҷаи қабул дар ҷаласаи ҷамъбастии комиссия баррасӣ гардида, тибқи фармони директор ба расмият дароварда мешавад ва баъди 1 рўзи анҷоми санҷишҳо ба диққати падару модарон(шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) ва дохилшавандагон расонида мешавад. .

42.  Дар сурати будани ҷойи холӣ тибқи пешниҳоди директори муассисаи таълимӣ дар моҳи август (даҳаи аввал) озмуни иловагӣ барои қабули хонандагон барои синфҳои 6,7,8 ва 9 тибқи маводҳои омода намудаи қомиссияи қабул (барои ҳар синф дар алоҳидагӣ) гузаронида мешавад.

43.  Барои хонандагоне, ки ҳангоми санҷишҳо холҳои зарурии дохилшавиро ба даст наёварда, хоҳиши таҳсил дар чунин муассисаро доранд бо хоҳиши падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) синфҳои шартномавӣ ташкил карда мешавад. Шарт, миқдори маблаѓи шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро муассис муайян намуда, дар Оинномаи муассисаи таълимӣ нишон дода, бо Вазорати маориф мувофиқа менамояд.

44.   Шумораи синфҳои шартномавӣ дар зинаҳои 2 ва 3 танҳо як адад иҷозат дода мешавад.

Ба зинаи сеюм довталабон вобаста ба мавҷуд будани ҷойҳои холӣ, дар асоси талаботи зайл қабул карда мешаванд:

5. Тартиби қабул ба синфи 10

 

45.    Ба синфи 10 хонандагоне, ки таҳсилоти умумии асосиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гирифта, дорои шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби умумии асосӣ мебошанд ва се давраи озмунро бомуваффақият гузаштаанд, қабул карда мешаванд.

46.    қабул ба зинаи сеюми таҳсилот бо назардошти мавҷуд будани ҷойҳои холӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

47.   Раисии комиссияи қабул ба синфи 10-умро ҷонишини директор оид ба таълим дар синфҳои 10-11 тибқи фармони директори муассиса роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати комиссия муаллимони донишкадаҳои олии касбӣ, ки муассиса ба онҳо шартнома доранд низ варид карда мешаванд

48.   Барои қабул ба синфи 10 ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

-     аризаи хонанда ва ё падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунад) –и дохилшаванда;

-     нусхаи шиноснома (шаҳодатнома дар бораи таваллуд), - маълумот дар бораи дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намудани волидайн;

-     нусхаи аслии шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумии асосӣ;

-     ҳуҷҷатҳои тиббӣ;

-     маълумотнома оид ба вазъи саломатии падару модар (дар алоҳидагӣ);

-     2 дона расми 3х4;

49.    Дар интихоб ва қабул хонандагони зерин имтиёз доранд:

-     ѓолибони олимпиадаҳои фаннии мактаббагон аз фанҳои таълимӣ, озмун ва мусобиқаҳои илмии байналмилалӣ;

-     хонандагоне, ки берун аз нақшаи таълим аз курсҳои махсус гузашта, сертификат гирифтаанд;

-     хонандагоне, ки мактаби таҳсилоти умумии асосиро бо баҳои «аъло» хатм намудаанд.

50.    Озмун дар се давр гузаронида шуда, қабули хонандагон аз рўи хулосаи ташхиси пурраи психологию тиббӣ, мутобиқи сатҳи умумии инкишофи зеҳнӣ ва қобилиятҳои махсус ба роҳ монда мешавад .

-     даври якум - аз рўи натиҷаҳои санҷишҳои фаннӣ: забони модарй (диктант- 1 соат), забони хориҷӣ (диктант- 1 соат) ва кори хаттӣ аз фанни алгебра (2 соат);

-     даври дуюм- санҷиши тестӣ.

51.   Санҷишҳои дохилшавӣ аз тариқи озмуни тестӣ дар ду давр баргузор гардида, саволу супоришҳо аз фанҳои забони модарй, русй, риёзӣ, ҷуғрофия, таърих дарбар мегирад. Санҷиш ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни тестӣ (имтиҳони дохилшавй) тавассути компютер анҷом меёбад.

52.   Тестҳои қабули хонандагон ба синфи 10 аз 100-120 савол иборат буда, бо забони тоҷикӣ дар доираи фанҳои таълимие, ки нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ гардидааст, пешниҳод мешаванд.

53.   Барои ҳар як савол 4 ҷавоб пешниҳод мешавад, ки яке аз онхо дуруст аст. Хонанда варақаи тестӣ ва варианти саволҳои санҷиширо гирифта меомўзад ва ҷавоби дурустро пайдо карда, дар варақаи махсус , ки онро комиссияи қабул муайян намудааст, қайд мекунад.

54.   Ҷавоби дуруст дар варақаи махсус ба шакли зерин пур карда мешавад: (А) ) () (D).

55.    қабули хонандагон ба муассисаи таълимӣ дар асоси қарори комиссияи қабул аз тарафи директор анҷом дода шуда, ба падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекнуанд) иттилоъ дода мешавад.

56.    Эҳтиёҷмандоне, ки ба хобгоҳ ниёз доранд ва дур аз маҳалли муассисаи мазкур зиндагӣ мекунанд дар вақти кабул бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

 

.