Стандарти
давлатии таҳсилоти томактабӣ
ва
зарурати қабули он
Стандарти
давлатии таҳсилоти томактабӣ (минбаъд
Стандарти давлатӣ) – санади
меъёрии ҳуқуқӣ
буда, талаботи ягонаро барои таҳсилоти томактабӣ аз таваллуд то синни 7- солагӣ
муқаррар менамояд .
Стандарти
давлатӣ – маҷмўи талабот оид ба хизматрасонӣ ва чорабиниҳои таълимӣ, тиббӣ,
ҳуқуқӣ ва ташкилӣ буда, аз тарафи давлат ва дигар субъектҳои манфиатдор
(ҷамъиятҳо, шахсони инфиродӣ ва ѓ.) пешкаш ва амалӣ карда мешавад.
Стандарти
давлатӣ маҷмўи мақсад, вазифаҳо ва мазмуни сатҳи таҳсилот, ҳаҷми ниҳоӣ ҳамчун таълими иловагӣ барои тарбиятгирандагон, сифати дониши онҳо, натиҷаҳои
таълиму тарбия, намудҳои асосӣ, принсипҳо ва қоидаҳои назорати давлатии сифати
таҳсилотро дар кишвар муайян мекунад.
Субъектҳои
таълиму тарбия, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мураббиён
ва волидон вазифадоранд, ки иҷрои стандарти давлатӣ ва инкишофи кўдакони синни
томактабиро таъмин намоянд.
Стандарти
давлатӣ дар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи
миллии тарбия дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия
гардида, ҳадди ақали дониш, қобилият ва маҳорати тарбиягирандагон, инчунин
сифати тарбия ва таълимро дар синну соли гуногун муайян менамояд.
Стандарти
давлатӣ маҷмўи меъёрҳои заруриест, ки дар барномаҳои гуногуни таълимии томактабӣ
бо мақсади рушди таълиму тарбия ва инкишофи кўдакон, тайёр намудани
мутахассисони педагогӣ, инчунин баҳри такомули хизматрасонии таълимӣ барои
кўдакони синни томактабӣ, новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва мақоми иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Стандарти
давлатӣ дар асоси эҳтиёҷи кўдакон талаботи умумиро ба сатҳи меъёрҳои таҳсилоти
томактабӣ, принсипҳои ташкили раванди таълим ва навъи муассисаҳои томактабӣ
муайян менамояд.
Ба асоси
Стандарти давлатӣ қисмҳои зерин дохил мешаванд:
-
мафҳуми психологии синни кўдакӣ ҳамчун марҳилаи инкишофи
синнусолии кўдак, ки таркибу динамикаи худро дорад;
-
хислатномаи иҷтимоиву психологии синни бармаҳали кўдакӣ,
ҳамчун марҳилаи муҳими ҳаёти ў аз айёми таваллуд то 7-солагӣ;
Мафҳуми
омодагии психологии кўдаки 6-соларо ба мактаб ҷиҳатҳои зерин муайян менамоянд:
-
омодагии шахсӣ ҳамчун низоми ташаккулёфтаи мақсадҳо,
рафтори ихтиёрӣ (озодона) ва тасаввуроти маънавӣ:
-
омодагии иҷтимоиву психологӣ барои қабули нақши нави
иҷтимоии хонанда;
-
омодагии зеҳнӣ
ҳамчун ташаккулёбии маҳорати ибтидоӣ дар соҳаи фаъолияти таълимӣ ва инкишофи
идрок;
-
омодагии физиологӣ- дараҷаи инкишофи системаҳои асосии
функсионалии кўдак;
-
омодагии ирода- ташаккулёбии маҳорати банизомдарории
рафтори худ дар фаъолияте, ки ба бартарафкунии монеаҳои дохиливу берунӣ
алоқаманд аст.
1.Дар Стандарти давлатӣ истилоҳ ва муқаррароти зерин истифода шудаанд:
мутобиқшавӣ- мутобиқгардонӣ,одат кардани организм
ба шароитҳои нав;
самтгирӣ-
(ориентация) қобилияти дарки баъзе масъалаҳо ва муҳити атроф;
инкишофи
кўдак - ҷараёни
ташкилшуда ва тўлонии таълим, ки дар давоми он кўдак шаклҳои мураккаби ҳаракат,
андешаронӣ, дарк намудан ва гуфтугў карданро азхуд менамояд;
бозичаҳои
омўзишӣ- бозичаҳо
(лўхтакҳо, пирамидаҳо ва ѓ.) барои инкишофи зеҳнӣ, сенсорӣ ва таълими кўдакон;
таълимоти
инклюзивӣ- раванди
ҳамгироӣ (интегратсия), ки дастрас будани таҳсил барои ҳама ва инкишофи
таҳсилоти умумиро дар бар гирифта, ба талаботи гуногуни кўдакон мутобиқ карда
шудааст;
барномаи
таҳсилоти томактабӣ- барномае,
ки мазмуни таълиму тарбияи томактабиро муайян менамояд;
таҳсилоти
томактабӣ- зинаи аввали
системаи таҳсилоти муттасил барои кўдакони хурдсол ва синни томактабӣ, ки
маҷмўи барномаҳои таълимии муттасили томактабӣ ва шабакаҳои муассисаҳои
томактабии амалкунанда, гурўҳҳои томактабӣ дар хонаҳои кўдакон ва мактаб-
интернатҳо барои кўдакони ятим ва кўдакони бепарастор, хонаҳои кўдакон, синфҳои
пешазмактабӣ, гурўҳҳои томактабӣ дар ташкилотҳои беруназмактабиро дар бар
мегирад;
муассисаи
томактабӣ - муассисаи
таълимие, ки бо мақсади қонеъгардонии дархосту эҳтиёҷоти оила дар нигоҳубини
кўдак, инкишофи мутаносиби онҳо дар асоси арзишҳои умумимаърифатии миллӣ,
тайёрии кўдак ба зинаи аввали тахсилоти миёнаи умумӣ, фароҳам овардани шароит
барои волидон дар идомаи фаъолият ва таҳсил, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ
ташкил карда мешавад. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ таълиму тарбияи кўдакони
синни томактабӣ, ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатии ҷисмонию рўҳӣ, инкишофи
қобилияти фардӣ ва бартараф намудани норасоиҳои инкишофи кўдакони ба ин
эҳтиёҷмандро дар асоси барномаҳои умумӣ ё махсус амалӣ мегардонад;
раванди
педагогӣ- раванди
таълиму тарбияи насли наврас бо мақсади
тайёр намудани шахсони ҳаматарафа интикошёфта, ва бомаданияту соҳибмаърифат
мебошад.
Таълиму тарбия чун раванди фаъолияти якҷояи педагогии калонсолон ва
худинкишофёбии кўдак дар натиҷаи кўшишу ѓайрати ў ва нақши роҳнамоии тарбия ба
роҳ монда мешавад.
нигоҳубин - гузаронидани амалиёти санитарию
гигиенӣ ва солимгардонӣ, ѓизои кўдакон дар муассисаҳои томактабӣ, хонаҳои
кўдакон, мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон;
қобилият - хусусиятҳои фардию психологии шахсият, ки шарти иҷрои
бомуваффақияти ин ё он фаъолият пурмаҳсул ба ҳисоб меравад;
гурўҳҳои
томактабӣ дар хонахои кўдакон, мактаб-интернатҳо барои ятимон ва
бепарасторон – гурўҳҳое, ки назорат,
нигоҳубин, таълиму тарбияи ятимони бепарастормондаи синну соли томактабиро
таъмин менамоянд;
омодагӣ
ба мактаб – маҷмўи
хусусиятҳои морфофизиологӣ ва психологии кўдакони синну соли калони томактабӣ,
ки гузариши бомуваффақияти мураттабро ба таҳсили мактабӣ таъмин менамояд;
тайёрии
пешазмактабӣ - зинаи
ҳатмии системаи таҳсили томактабии ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи он
барномаи тайёрии кўдаки 6-7 сола ба мактаб татбиқ мегардад;
мақсад – тахайюлоти бошууронаи натиҷаҳои
қаблан даркшуда, ки барои ба он ноил
шудан амалҳои инсон равона шудааст;
муносибат - ҳамкории одамон, ки барои мувофиқкунӣ
ва муттаҳид намудани саъю кўшиши онҳо, ба танзими муносибатҳо ва ба даст
овардани натиҷаҳои умумии моддию маънавӣ равон карда шудааст;
таълим – таъсири мақсаднок ва
мунтазам ба таълимгиранда бо мақсади ба ў
додани дониш, маҳорат ва малакаи муайян.
2.Муқаррароти асосии Стандарти давлатӣ
1)Муқаррароти асосии Стандарти давлатӣ инҳоянд:
-
таъмини кафолати инкишофи ҳаматарафаи кўдак;
-
ташкили шароити мусоид барои риояи ҳуқуқҳои кўдак ба
инкишофи ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва дарки муҳити атроф;
-
ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳид намудани кўшиши ҳамаи калонсолон
барои кумак ба нигоҳубини кўдак дар марҳилаҳои гуногуни инкишофёбии ў;
-
эътирофи моҳияти оила ва ҷомеа баҳри беҳбудии саломатии
кўдакон ва ҷалби онҳо ба ҷараёни инкишофи кўдакони синни томактабӣ.
2)Афзалиятҳои стратегӣ – стандарти давлатӣ ба
стратегияи мукаммалгардонии аз ҷиҳати илмӣ санҷидашудаи таҳсилоти томактабие,
ки афзалиятҳои иҷтимоӣ, ташкилӣ, молиявию иқтисодӣ, барномавию методӣ ва
ѓайраро бо ҳам мепайвандад такя намуда, барномаи мукаммали амалиро дар системаи
таҳсилоти томактабӣ дар сатҳҳои гуногун муайян мекунад.
3)Сатҳи иҷтимоӣ –такмили ҳамкории иҷтимоию иқтисодии оила ва соҳаи
маориф, номгўй ва сифати хизматҳои ба кўдакон пешниҳодшуда;
- таъсис ва
инкишофи ташкилотҳое, ки бо назардошти талаботи оила имконияти барои кўдакони
синни томактабӣ хизмат кардан доранд;
- омодагии
пояи таълим ба шаклҳои нави ҳамкорӣ бо оила, ки ба раванди иҷтимоикунонии
кўдак, демократикунонии ҷараёни омўзгорӣ ва муқаррар намудани муносибатҳои
васеи байни омўзгорон, падару модар ва кўдакон равона карда шудаанд.
4)Сатҳи молиявию иқтисодӣ ва корҳои ташкилӣ – манбаи
маблаѓгузории тамоми фаъолияти тарбиявию таълимӣ, хоҷагиву молиявии муассисаҳои
томактабиро маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблаѓи худи муассисон ва
дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳад.
Ташкили шаклҳои нави муассисаҳои томактабӣ:
- ширхоргоҳ
– кўдакистонҳои шакли ҷуброншаванда;
- ширхоргоҳ-
кўдакистонҳои нигоҳубин ва табобатӣ;
- марказҳои
инкишоф бо муҳайё кардани шароитҳои мусоид барои инкишоф ва таҳсилоти кўдакони
синни томактабӣ;
- ширхоргоҳи
хурд, гурўҳҳои кўтоҳмуддат, гурўҳҳои инклюзивӣ ва ѓайра, ки фарогирии кўдакони
синну соли бармаҳалро бо таҳсилоти томактабӣ таъмин менамоянд.
5)Сатҳи барномавию методӣ – таъсис
ва истифодаи усулҳои нави барномавӣ ва методӣ, таъмини фаъолияти муассисаҳои
томактабӣ оид ба тарбия ва инкишофи кўдакони синни томактабӣ.
3.қоидаҳои умумӣ
6)Стандарти
давлатӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, талаботи асосиро ба мазмуни тарбия,
инкишоф ва таълими кўдакон аз рўзи таваллуд то синни 7 - солагӣ муқаррар менамояд.
7)Стандарти
давлатӣ хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва минтақавии ҷумҳуриро
ба эътибор гирифта, сатҳи асосии инкишоф ва таълими кўдакони синни томактабии
кафолатдорро пешбинӣ менамояд, ки он ба ташаккули шахсият, шавқу раѓбат,
суръати дурусти инкишоф ва тарзи ҳаёти кўдак мусоидат мекунад.
8)Стандарти
давлатӣ шароиту имкониятҳоро оид ба дастгирии ҳиссиёти кўдак, тарзи муносибати
калонсол бо кўдак, муҳити инкишофёбию таълим, меъёрҳо ва усулҳои тарбияю
таълими томактабии кўдакон, ки сатҳи омодагии ўро ба мактаб таъмин менамояд,
муайян месозад.
9)Стандарти
давлатӣ чунин амалҳоро пешбинӣ мекунад:
- истифодаи
муносибатҳои нав дар ташкили фаъолияти педагогӣ;
- талаботи
мушаххас нисбат ба мазмун, сатҳ ва сифати он;
-
ҳифз ва таҳкими саломатии кўдак тавассути тадбирҳои
тиббию педагогӣ;
- таъмини
шароит барои ба вуҷуд овардани ҳолати иҷтимоии инкишофи кўдак.
10)
Стандарти давлатӣ дар инкишоф ва таълими кўдакони синни хурд бозиро чун
фаъолияти асосӣ ва пешбарандаи ҷараёни педагогӣ арзёбӣ мекунад.
11)Стандарти
давлатӣ мундариҷаи ҷараёни педагогиро дар шаклҳои гуногуни муассисаҳои
томактабӣ ҳангоми дар онҳо мавҷуд будани муҳити инкишофёбии ашёӣ, мувофиқати таълимию
методии муносибро, ки ба хусусиятҳои синну солии кўдакон мувофиқат мекунад, муайян менамояд. Чунин
муассисаҳо метавонанд марказҳои хурд, гурўҳҳои кўтоҳмуддати истиқомати кўдакон,
муассисаҳои махсусгардонидашудаи томактабӣ, кўдакистонҳо дар хона бошанд, ки бо
мақсади таъмини дастрасии барномаҳои таҳсилоти томактабӣ барои табақаҳои
гуногуни ҷомеа сохта шудаанд.
12)Стандарти
давлатӣ барои ташкили босифати ҷараёни педагогӣ дар гурўҳҳои омодаи томактабӣ,
омўзиши дараҷа ва сифати корҳои таълимию тарбиявӣ дар онҳо пешбинӣ шудааст.
4)Мақсади таълиму тарбияи кўдакони синни томактабӣ
13)Мақсади таълиму тарбияи кўдакони синни томактабӣ иборат аст аз:
-
муҳайё кардани муҳити солим барои инкишофи кўдак;
-
мусоидат ва ташкили мутобиқшавӣ ба таҷрибаи аввалияи
худинкишофёбӣ дар асоси қонеъ кардани талаботи кўдак;
-
ташкили роҳу усули комили инкишофи фардии кўдаки синни
томактабӣ, ки ба худинкишофёбӣ, хештаншиносӣ, худамалкунии ў дар роҳи
манфиатҳои шахсӣ ва ҷомеа мусоидат мекунад.
14)Вазифаҳои
таълиму тарбияи кўдакони синни томактабӣ иборат аст аз:
- ҳифз ва
пурқувват намудани ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳии кўдак;
- ташаккули
қобилиятҳои ҳаётан муҳим ва
мутобиқшавии
иҷтимоии аввлия мутобиқи хусусиятҳои синнусолии кўдакон;
- фароҳам
овардани шароитҳои мусоид барои давраи пурсамари сенсомоторӣ ва сензеитивии
инкишофи нутқи кўдак;
- тарбияи
муносибатҳои мусбат ва ҳисси боварӣ ба худ ва атрофиён;
- инкишофи
эҳсосот ва маънавиёти кўдак;
- фаъолиятнокии
кор бо оила бо мақсади маърифатнокшавии психологию педагогии падару модарон
барои нигоҳубини кўдакони синни хурд ва инкишофу тарбияи онҳо;
- инкишофи
маҳорати нутқӣ ва қобилияти кўдак, инкишофи нерўи эҷодии кўдаки синни калони
томактабӣ;
- ташаккулёбии
малакаҳои фаъолияти таълимӣ ва шавқу раѓбат ба мақсадҳои таълим;
- васеъкунонӣ
ва ѓанигардонии дарки кўдак дар муҳити атроф;
- инкишофи
қобилиятҳои ақлӣ, усулҳо ва воситаҳои фаъолияти маърифатӣ.
5.Соҳаҳои татбиқи Стандарти давлатӣ
15)Стандарти давлатӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, барои истифодаи умум ва
ҳалли чунин масъалаҳо нигаронида шудааст:
- таъмини
доираи васеи мутахассисон бо иттилооти дастрас оид ба таълими кўдакони синни
томактабӣ;
- расонидани
кўмак ба падару модарон барои азхуд кардани дониш ва маҳорати педагогӣ оид ба
тарбияи кўдакони синни томактабӣ;
- навгароии
ҷараёни педагогӣ бо назардошти талаботи рўзафзуни ҷомеа;
- дар
таҷрибаи таълими муассисаҳои томактабӣ ҷорӣ намудани қабули пешакии кўдакони
имконияташон маҳдуд ва ба кўмаки тиббию иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта, таъмини шароити
ниҳоии нигаҳдошти кўдакон вобаста ба маҳалли зист, муҳайё кардани дастгирии
маслиҳатомез барои падару модарон, инчунин омода намудани ҷомеа барои қабули
шахси имконияташ маҳдуд.
16)Стандарти
давлатӣ ба ҳама намудҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакли моликият
ва ташкиливу ҳуқуқиашон тааллуқ дорад.
17)Талаботи
Стандарти давлатӣ барои муассисаҳое, ки ба таҳияи барномаҳои таълими томактабӣ,
курсҳои махсус,китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ машѓуланд, ҳатмӣ мебошад.
6.Гурўҳбандии синнусолии кўдакони синни томактабӣ
18)Асоси гурўҳбандии синнусолиро низомнома оид
ба синну соли психологӣ ҳамчун марҳилаи инкишофи кўдак ташкил медиҳад, ки дорои
сохтор ва ҷараёни инкишофи худ мебошад, инчунин низомнома оид ба вусъатёбии (амплификатсияи)
инкишофи кўдак, алоқомандии ҳамаи паҳлўҳои он ва муносибати махсуси кўдакро ба
муҳити атроф дар ҳар синну сол низ муйян мекунад.
19)ҳамбастагии
кўдак бо муҳити иҷтимоии худ, ки ўро таълиму тарбия намуда, роҳи инкишофи
кўдакро муайян менамояд, ба пайдоиши шаклҳои нави психологии синнусолӣ ва
ҳолатҳои иҷтимоии инкишоф, ки ба ин синну сол хос аст, оварда мерасонад.
20)Ба
самтҳои муҳими инкишофи психикию физиологии кўдакони синну соли томактабӣ
инкишофи ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва эҳсосии кўдак мансуб аст, ки чунин ҳолатҳоро
пешбинӣ мекунад:
- ташаккулёбии
хислатҳои иҷтимоию маънавии кўдак, ки барои худамалкунии шахсият ва мутобиқшавӣ
ба муҳити мактаб мусоидат менамоянд;
- инкишофи
ташаббускорӣ, фаъолияти зеҳнӣ, соҳибихтиёрӣ, маҳорати хештангароии эҷодӣ дар
кўдак;
- ташаккулёбии
салоҳиятнокии иҷтимоию эҳсосии (эмотсионалии) кўдак, ки аз табъи хуши устувор,
боварӣ ба худ, инкишофи назораткунии амалҳои худ, малакаи барқарор намудани
муносибатҳои дўстона бо ҳамсолон, шавқи таҳқиқ намудани ҳолатҳои нав иборат
аст;
- гурўҳҳои
омодагии пешазмактабӣ дар муассисаҳои томактабӣ вобаста ба гурўҳбандии синну
солии кўдак пур карда мешаванд;
21)Ташкили
гурўҳҳои томактабии синну солашон баробар, дар асоси хоҳиши падару модарон,
баҳисобгирии шавқу раѓбати ҳар як кўдак бо дарназардошти мушкилоти хоси тарзи
ҳаёти оила ва ѓ.
7.Гурўҳбандии синнусолӣ ва намудҳои фаъолияти таълимӣ дар
муассисаҳои томактабӣ
22)Дар ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳбандии зерини синнусолӣ, ки хусусиятҳои ҷисмонию
рўҳии инкишофи кўдакро инъикос менамояд, муқаррар карда мешавад.
-
Гурўҳи сину соли бармаҳал-(аз рўзи таваллуд то яксолагӣ);
-
гурўҳи дуюми сину соли бармаҳал (аз 1 сола то 2 сола);
-
гурўҳи якуми хурд – (аз 2 сола то 3 сола);
-
гурўҳи дуюми хурд
– (аз 3 сола то 4 сола);
-
гурўҳи миёна – (аз 4 сола то 5 сола);
-
гурўҳи калон – (аз
5 то 6 сола);
-
гурўҳи омодагӣ ба мактаб
– (аз 6 сола то 7 сола).
23)Вобаста ба гурўҳбандии синну сол дар
муассисаҳои томактабӣ чунин гурўҳҳо ташкил карда мешаванд:
-
гурўҳи тифлӣ (аз 1 сола то 2 сола);
-
гурўҳи якуми хурд
(аз 2 сола то 3 сола);
-
гурўҳи дуюми хурд
(аз 3 сола то 4 сола);
-
гурўҳи миёна (аз
4 сола то 5 сола);
-
гурўҳи калон (аз
5 то 6 сола);
-
гурўҳи омодагӣ ба мактаб (аз 6 сола то 7 сола).
24)Дар
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гурўҳҳои тайёрии пешазмактабӣ барои кўдакони 6-сола
таъсис дода мешаванд.
25)Вазифаҳои асосии Стандарти давлатии омодагии
пешазмактабии кўдакони аз 6 то 7 сола:
- пешниҳоди
талаботи ягона барои интихоби мазмуни тарбияи кўдакони аз 6 то 7- сола бо
назардошти вариантнокӣ ва гуногунхелӣ;
- истифодаи
муваффақият ва донишҳои муосир дар соҳаи инкишофи кўдакон;
- вусъати
нерўи ҷисмонӣ, эҷодӣ, маърифатӣ, ҳиссӣ, ва иҷтимоии кўдакон;
- ворид
кардани инкишофи системаи арзишнок ба ҷараёни таълиму тарбия (муҳаббат ва шавқ нисбат ба маърифат, боварӣ ба қобилияти худ, боадолатӣ);
- ташкил
намудани муҳити бехавфу инкишофёбанда;
- ба қадри
гуногунрангии маданӣ, гендерӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ расидан;
- хислатҳои
инфиродии кўдаконро ба эҳтиёҷоти махсуси онҳо ба эътибор гирифтан;
- -ҳавасмандгардонии
маҳорати кўдаконро истифода бурдан;
- бо
назардошти раѓбати кўдакони дигар муҳайё намудани муҳити мусоид барои
тарбиятгирандагоне, эҳтиёҷоти махсус доранд;
- доир
намудани машѓулиятҳои гурўҳӣ, фардӣ ва зергурўҳӣ бо кўдакон аз ҷумла бо
кўдакони дорои эҳтиёҷоти махсус дар муассисаҳои махсуси таълимии томактабӣ;
- ҳавасманд
гардонидани кўдакон барои андўхтани донишу малака ва маҳорат;
- тарбия ва
таълими кўдакон, омодагӣ ба мактаб
- таҷрибаи
илми психология, ки ба дониши асосҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ ва
намудҳои хоси фаъолияти онҳо (бозӣ, муомилаву гуфтор, фаъолияти бадеию эҷодӣ,
маърифатнокӣ, меҳнат) такя мекунад.
26)Дар
нақшаи асосии таълим дар муассисаҳои томактабӣ давомнокии тахминии фаъолияти
таълимӣ (омўзиш) мутобиқи гурўхбандии синну солӣ муқаррар шудааст. Шакли
ташкили машѓулиятҳоро мураббӣ бо роҳи ҳамгироии ҳатмии фаъолияти бозикунӣ ва
таълимии кўдак муайян мекунад. Дар ин ҳолат машѓулиятҳо барои кўдаконни синну
соли томактабӣ машѓулиятҳо воситаест, ки бояд самти дилхоҳ ва сатҳи инкишофи
кўдаконро таъмин кунад, вале набояд мақсади асосии ҷараёни таълим бошад.
8.Принсипҳои
фаъолияти таълимию тарбиявӣ
27)Солҳои
аввали ҳаёти кўдак хеле муҳим буда, барои инкишофи ў нақши асосиро мебозанд.
ҳамкорӣ
бо кўдак бояд ба рўҳияи мусбат, муносибати хайрхоҳона асос ёбад, ки он дар
муомилоти неки ҷисмонӣ, ҳисси, забонӣ ва ѓайризабонӣ таҷассум мегардад.
28)Муассиаҳои
таҳсилоти томактабӣ ва шахсоне, ки ба нигоҳубину таълими кўдакони синни
томактабӣ машѓуланд, талаботи фардии кўдаконро ба эътибор мегиранд.
29)Муассисаҳои
таҳсилоти томактабӣ ва шахсоне, ки ба нигоҳубин ва таълими кўдакон машѓуланд,
фаъолияташонро ба нақша гирифта, ба мақсади инкишофи ҷисмонӣ, рўҳӣ, қобилияти суханронӣ ва иҷтимоии
кўдакон чорабиниву машѓулиятҳо доир мекунанд.
30)Бо
назардошти самт ва махсусусиятҳои инкишофи кўдак фаъолияти намудҳои таълиму
тарбия ва нигоҳубини онҳо бояд ба принсипҳои зерин асос ёбад:
- ҳамаи
кўдакон лаёқатманду бофаҳманд ва оламеро, ки дар он зиндагӣ доранд, хуб дарк
мекунанд;
- ба худ
кўдакона баҳо додан ҷузъи ҳаётан муҳими инкишофи шахсияти солиму гуногунҷабҳа
ба ҳисоб меравад;
- инкишофи
кўдакон малакаҳои маданӣ, забонӣ, фардӣ ва оилавиро дар бар мегирад;
- тарбияи
бачагону духтарон бо назардошти эҳсоси дақиқи гендерӣ амалӣ гардонида мешавад;
- тамоми
сатҳҳои инкишофи кўдак ба ҳам алоқаманд буда, ба якдигар таъсир мерасонанд;
- кўдакони
синну соли томактабӣ ба воситаи бозиҳои шавқовар ва дарки фаъолонаи муҳити
атроф инкишоф ёфта таълим мегиранд, барои дар чорабинӣ ва машѓулиятҳо иштироки
фаъолона кардан ба онҳо имкон додан зарур аст;
- қобилияти ҳал намудани мушкилиҳо ба
инкишофи кўдак мусоидат мекунад ва ин маҳорат дар натиҷаи бозиҳои ҳаррўза,
машѓулияту машқҳо бояд пайваста такмил ёбад;
- мутахассисони
соҳаи инкишоф ва омўзиши кўдакони синну солашон томактабӣ сатҳи инкишофи фардии
ҳар кўдакро бояд ба эътибор бигиранд;
- натиҷаҳое,
ки ба инкишофи кўдак вобаста мебошанд, бояд ба хусусиятҳои инкишофу камолоти
кўдак асос ёбад;
- ҳамаи
кўдакон тавассути ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн дар оила, бо ҳамсолон ва
калонсолон соҳиби дониш гашта, муайян намудани арзишҳоро дарк мекунанд;
- мураббиён
ё шахсоне, ки хизмати тарбияву нигоҳубини кўдаконро ба ўҳда доранд, дар инкишоф
ва омўзиши онҳо нақши муҳим мебозанд.
31)Муассисаҳои
тахсилоти томактабӣ ва шахсоне, ки ба нигоҳубин ва таълими кўдакони синну соли
томактабӣ машѓуланд, талаботи фардии кўдаконро ба эътибор мегиранд ва
ўҳдадориҳои зеринро иҷро мекунанд:
- манбаъҳоро
интихоб намуда, чорабиниву машѓулиятҳои бозикунӣ мегузаронанд ва андўхтани
таҷрибаи амалиро, ки барои инкишофи ҳаматарафаю пурраи кўдакон имкон медиҳанд,
таъмин менамоянд;
- дастовардҳои
кўдаконро қайд ва
таҳлил менамоянд, натиҷаи мушоҳидаҳоро ҳангоми банақшагирии фаъолияти минбаъдаи
ташкили бозиҳои бачагона, таълим ва инкишофи онҳо истифода мебаранд;
- барои
инкишофи ҳаматарафаи фаъолнокии пешбаранда ва солимгардониий кўдакон шароитҳо
фароҳам меоранд.
32)Номгўйи
машѓулиятҳо: шиносоӣ бо муҳити атроф, инкишофи нутқ, адабиёти бадеӣ, меҳнати
дастӣ, риёзӣ (ҳисоб), мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, расмкашӣ,
таълими савод, бозиҳои омўзишӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ, шиносоӣ бо табиат.
33)Сарбории
миёнаи таълимӣ дар гурўҳҳои томактабӣ иборат аст:
Гурўҳи
тифлии бармаҳал – 8 соат дар як ҳафта
Гурўҳи
хурди якум – 8 соат дар як ҳафта
Гурўҳи
хурди дуюм -10 соат дар як ҳафта
Гурўҳи
миёна -12 соат дар як ҳафта
Гурўҳи
калон -17 соат дар як ҳафта
Гурўҳи
омодагӣ ба мактаб –17 соат дар як ҳафта
34)Намуд ва сохтори муассисаҳои таълимии томактабӣ:
- кўдакистон
дар хона;
- кўдакистонҳои
ҷуброншаванда;
- кўдакистонҳои
парасторию солимгардонӣ;
- синфҳои
пешазмактабӣ дар мактаб.
35)Имконияти
ташкил намудани чунин шаклу сохторҳои нави муассисаҳои томактабӣ барои кўдакони
синни томактабӣ вуҷуд дорад:
- кўдакистонҳои
парасторию солимгардонӣ;
- маркази
инкишофи кўдак;
- гурўҳи
кўтоҳмуддат;
- гурўҳҳои
инклюзивӣ;
- кўдакистонҳои
шакли ҷуброншаванда;
- марказҳои
хурд;
36)Дар
мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар баробари муассисаҳои томактабӣ гурўҳҳои омодагии
пешазмактабиро низ ташкил кардан мумкин аст, ки дар онҳо кўдакони 6-сола таълиму тарбия мегиранд.
37)Муассисаҳои
томактабӣ аз ҷиҳати мансубият, таъйинот ва реҷаи кориашон фарқ мекунанд.
а)аз
ҷиҳати мансубият онҳо метавонанд давлатӣ ва ѓайридавлатӣ (хусусӣ) ва аз ҷиҳати
таъйинот: ба таври умумӣ инкишофёбанда бошанд, масалан:
- кўдакистон
барои кўдакони то 7- сола;
- маркази
томактабӣ бо татбиқи як ё якчанд самти афзалиятноки инкишофи тарбиягирандагон;
- маркази
хурд барои тарбиягирандагон;
- кўдакистон
дар хона барои тарбиягирандагони синну соли гуногун аз ҷумла кўдакони 5 сола;
- гурўҳҳои
пешазмактабӣ дар хонаҳои кўдакон ва мактаб- интернатҳо барои ятимон ва
бепарасторон;
- гурўҳҳои
пешазмактабӣ ва синфҳо барои тарбиягирандагони 6-7 сола намуди ҷуброншаванда:
- ширхоргоҳ-
кўдакистон,
- кўдакистон барои кўдаконе, ки ҷисман ва рўҳан
ноқис мебошанд;
- ҳамаи
намудҳои муассисаҳои инклюзивӣ.
б) ҷиҳати реҷаи корӣ:
- рўзона;
- шабонарўзӣ;
9.Меъёрҳои
салоҳиятнокии кўдакони синни томактабӣ
38)Мазмуну
мундариҷаи нави таҳсилоти томактабӣ муносибатҳои нави ташаккулёбӣ ва инкишофи
шахсияти кўдакро дар бар мегирад, ки қобилияти истифодаи донишу малакаи худро
дар вазъиятҳои гуногуни ҳаётӣ дорад ва дар шакли меъёрҳои асосии салоҳиятнокӣ
ифода меёбад.
а) аз
тарафи кўдак эътироф намудани нигоҳдории саломатӣ ҳамчун яке аз арзишҳои
муҳимтарини мавҷудияти инсон, қобилияти солимгардонии ҷисмии худ ва риояи
қоидаҳои бехатарии фаъолияти зиндагӣ мебошад.
б)
хусусияти робитавӣ - маҳорати барқарор намудани муносибатҳо бо дигар кўдакон,
калонсолон;
в)
хусусияти забонӣ- аз худ кардани меъёрҳои забонӣ аз тарафи кўдак;
г) маърифатӣ- мавҷудияти тасаввуроти
бошууронаи дарки муҳити атроф ва сатҳи қобилиятҳое, ки ба хусусиятҳои психологии
кўдак мувофиқ мебошанд;
д) иттилоотӣ- қобилияти кор кардан
дар фазои иттилоотӣ;
е) хусусияти фардию эҷодӣ ва
инкишофи қобилиятҳои эҷодии шахсият, ки барои шинохти худ ҳамчун шахсият, имкониятҳои
худ ва дарки қобилиятҳои худӣ заруранд;
ж) иҷтимоӣ- аз худ кардани малакаҳои
муҳими ҳаётӣ, ки барои иҷтимоикунии бомуваффақияти кўдак дар коллектив, ҷомеа,
одат кардан ба мактаб ва шароитҳои зудтаѓйиршавандаи ҳаёт заруранд;
з) арзишию маънавӣ- омўхтани дараҷа ва
фаҳмишҳои маънавие, ки ба арзишҳои миллию умумибашарӣ мувофиқанд.
Х. Вазифаҳои тарбияи оилавӣ
39) Дар Стандарти давлатӣ оила ҳамчун
иниститути иҷтимоии ҷамъият баррасӣ мегардад, ки дар он таълиму тарбия ва
тайёрии кўдакон ба мактаб амалӣ карда мешавад. Маҳз падару модар асосгузори
шахсият ва саломатии кўдак буда, дар ў талаботро ба муваффақият ташаккул
медиҳанд.
- 40)
Вазифаҳои тарбияи оилавӣ:
- фароҳам
овардани шароити мусоид барои инкишофи кўдак таъмини ҳифзи иҷтимоию иқтисодӣ ва
психологии ў;
- нигоҳдорӣ, инкишоф ва ба кўдакон додани
арзишҳои миллӣ, анъанаҳои ҷомеа, татбиқи нерўҳои тарбиявию иҷтимоии насли худ
дар оила;
- фароҳам
овардани фазои бароҳати психологӣ,
дастгирии эҳсос (эмоциональная поддержка), ҳисси бехатарӣ ва худро ҳамчун «Ман»
як қисми ҷудонашавандаи оила ҳис намудани кўдак.
- қонеъгардонии
талаботҳои фардии кўдак дар муошират бо наздикони худ ва барқарор намудани
алоқаи зич бо онҳо;
- фароҳам
овардани имкониятҳо барои шиносоӣ бо муҳити атроф, ҳифзи олами маънавии кўдак,
ёрӣ расонидан дар инкишофи нутқ, талаффузи дурусти калимаҳо, шиносоӣ бо калима
ва мафҳумҳои нав;
- инкишофи
сифатҳои маърифатӣ ва кунҷковии ў;
- такмили
малакаю маҳорати фоиданоки амалӣ дар кўдак, ки ба худхизматрасонӣ ва ёрӣ ба
наздикон равон карда шудааст.
41.Волидон
ҳуқуқ доранд, ки дар ташкили раванди педагогии муассисаи томактабии фарзандашон
шарик шаванд.
Х/.Нақши педагог
дар амалишавии Стандарт
42. Вазифаҳои педагог дар тарбияи томактабӣ:
-педагог бояд донишҳои психология томактабӣ, педагогӣ ва
асосҳои педагогикаи коррексиониро дошта
бошад.
педагог
барои сифат ва натиҷаи фаъолияти худ ўҳдадор аст:
- реҷаи
оқилонаи ҳаракатнокии (бозиҳо, ҳаракатҳои рақсӣ, машқҳои ҷисмонӣ ва ѓ.) кўдакро
ташкил диҳад;
- шавқу
раѓбати мустақил будани кўдаконро дастгирӣ намояд;
- доираи
амалҳои мустақилонаи кўдакро бо дарназардошти афзоиши имкониятҳои ў васеъ
гардонад;
- барои
азхудкунии шаклу намудҳои нави амалҳо, мукаммал намудани рафтору муносибатҳо
кўмак расонад;
- фаъолияти
маърифатии ҳар як кўдакро тавсиф менамояд ва раѓбати мушоҳидакорӣ, муқоисаи сифату хусусиятҳои
ашёҳоро инкишоф медиҳад. 43.Дар ҷараёни тарбия педагог бояд ҳисси таҳайюр,
шодӣ, дарк кардани оламро нишон дода, бо саволҳои худ кўдакро ба фикрронӣ ва ба
кашфиётҳои нав водор созад:
- чӣ гуна
инкишоф ёфтани муоширати кўдак бо ҳамсолон, аз ҷумла бойшавии таҷрибаи кўдаконаи онҳоро мушоҳида менамояд;
- кўшиши
кўдакро ба кирдори хуб дастгирӣ намуда, бо ин ба барқароршавии худбаҳодиҳии
мусбии кўдак мусоидат мекунад;
- бозиро
мазмуни ҳаёти кўдак мегардонад, гуногунрангии олами бозиҳоро ба хурдсолон
мекушояд, муҳити бозиро ҳамчун ангезандаи эҷоди мустақилонаи бозӣ дар
ҳамбастагии озоди кўдак бо бозичаҳо, ашё, ашёи ивазкунанда таъсис медиҳад;
- дарки
дурусти ҷараёнҳои оддитарини меҳнатиро таъмин мекунад;
- тарзи
ҳаёти кўдакро ҳангоми бозӣ тавассути муҳити марбутаи ашёиву бозикунӣ, бозичаҳо, ашёи ивазкунанда, мавод барои бозиҳои эҷодӣ ташкил
мекунад;
- намудҳои
амалиёти мутақобиларо дар ҷараёни педагогикаи инсонпарварӣ, яъне ҳамкорӣ, якҷоя
эҷод кардан, таҷрибаи намояндагони маданияту миллатҳои гуногун ва гурўҳҳои
иҷтимоии аҳолиро ба эътибор гирад.
44.Шарти
асосии ташкили раванди таълим ин
ҳамарўза муошират намудан бо ҳар як кўдаки фардӣ ё дар зергурўҳ мебошад.
45.Кори
педагогиро бо кўдак дар муассисаҳои томактабӣ, хонаи бачагон, мактаб-интернатҳо
барои кўдакони ятим ва бепарастор мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи
касбӣ амалӣ менамоянд.
46.Кормандони
педагогие, ки маълумоти педагогии томактабӣ надоранд, дар асоси хулосаи
комиссияи аттестатсионӣ барои кор бо кўдакон роҳ дода мешаванд.
47. Кормандони
педагогии муассисаҳои томактабӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз курси такмили
ихтисос ва бозомўзӣ мегузаранд.
12.Талабот ба раванди педагогӣ аз рўи соҳаҳои маърифатӣ
48.Муайянсозии
унсурҳои асосии инкишофи кўдаки синни томактабӣ барои аниқгардонии панҷ соҳаи
инкишофи ў, аз ҷумла ҳолати ҷисмонӣ,
тарбияи
маънавӣ,
инкишофи фаъолияти дарккунандагӣ, муошират забондонӣ ва своднокӣ, инкишофи эҳсосӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун асос дониста шудааст.
1. Инкишофи
ҷисмонӣ
49) Мақсад:
тарбияи ҷисмонии кўдакон - муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ,
мукаммалзозии ҳаракати кўдак ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ комилан инкишоф додани ба
ҳисоб меравад. Тарбияи ҷисмонӣ барои ташаккулёбии малакаҳои ҳаракатӣ, маҳорат
ва сифатҳои ҷисмонии (чолокӣ, ҳушёрӣ) кўдакони синну соли томактабӣ равон карда
шудааст.
50.Барои
ҳалли ин масъалаҳо ҳатман шароити мусоиди гигиенӣ фароҳам оварда, ташкили реҷаи
дурусти рўз, ѓизои хушсифат, чораҳои обутобдиҳӣ, сайругашт дар ҳавои тоза ва
ѓайраро ба роҳ мондан зарур аст. Тамоми корҳоро оид ба тарбияи ҷисмонии кўдакон
чунон ба роҳ мондан лозим аст, ки онҳо доимо солиму бардам ба воя расанд, бемор
нашаванд, хушбахт бошанд ва дар олами иҳотакунанда мавқеи худро дошта бошанд.
51)
Инкишофи ҷисмонӣ – давраи
солимгардонии ҳаёти кўдак буда, онҳо дар ин вақт хеле серҳаракатанд. Сиҳатии
ҷисмонӣ ба кўдакон имконият медиҳад, ки бо ёрии машқҳои ҷисмонии гуногун сифатхои
устуворӣ, тавоноӣ, боқувватӣ, чобукию чолокӣро дошта бошанд.
52. Саломатӣ
ва ѓамхорӣ ба худ – асоси ба худ ѓамхорӣ кардан буда, гигиенаи шахсии хуб бошад дар худ малакаҳои
ҳаррўзаро ба монанди хоб, оббозӣ,
либоспушӣ ва гигиенаи дандонро инъикос мекунад.
ҳамаи ин
омилҳо гарави саломатии кўдак мебошанд. Муҳим аст, ки кўдак аҳамияти тарзи
ҳаёти солимро дарк намояд.
53. Бехатарӣ- яке аз омилҳои муҳими ҳифзи кўдакон аз
ҳар гуна ҳолатҳои ногувору моддаҳои зараровар мебошад ва дар омўзиши қоидаҳои
бехатарии саломатӣ ба кўдакон ёрӣ расонданро дар бар мегирад. Бачаҳо бояд оид
ба қоидаҳои бехатарӣ ва дастурҳои истифодабарии он дониши хуб дошта, эҳтиёткор
бошанд ва тавонанд, дар ҳолатҳои зарурӣ худро муҳофизат намоянд. Дар кадом
ҳолат ёрӣ талабидан, фарқияти байни бехатарӣ ва хатарро хуб дарк кардани
кўдакон ҳатмист.
2.Тарбияи маънавӣ ва инкишофи кўдакон
54.Мақсад: тарбияи маънавӣ- маҷмўи одату рафтори маънавӣ,гуфтор, ҳис ва дарк
намудани тасаввурот мебошад, ки аз солҳои авали ҳаёти инсон шакл мегирад.
Синну соли томактабӣ- ин давраи муҳими тарбияи маънавӣ ва
ташаккулёбии кўдак мебошад. Калонсол Бо дарназардошти синну соли кўдак шахси калонсол
мазмун, вазифаҳо, усулу воситаҳои таъсиррасониро муайян менамояд. Асоси
маънавиёи кўдакро одатҳои маънавӣ, рафтор ва амалҳое ташкил медиҳанд, ки онҳои кирдору
амали кўдакро ташкил медиҳад, ки онҳоро кўдак аз соли авали ҳаёти ў пайдо
карда, минбаъд мавқеи худро дар муносибатҳои дустанаю меҳрубонона бо атрофиён, ҳурмату
эҳтироми калонсолон, ҳамсолон, мустақил будан, меҳнатдустӣ, ѓамхорӣ ба муҳити
атроф ва дигар сифатҳое, ки ба тарбияи миллӣ хос мебошад.
- ташаккули
малакҳои (фаҳмишҳои) маънавӣ мувофиқи ҳусусиятҳои фардӣ ва синнусолии кўдак; -
- инкишофи
эҳсосҳои маънавӣ, хусусиятҳо ва таѓйирёбии онҳо дар ҳолатҳои гуногун;
- таъсири
ҳиссиёти маънавӣ ба рафтори кўдак;
- тақлид ба
калонсолон;
- омўзиши
таҷрибаи маънавӣ ба воситаи намудҳои фаъолият ба мисли бозӣ, меҳнат, муошират бо калонсолон;
- ташаккули
олами маънавии кўдакон;
-тарбияи
малакаҳои маънавӣ рафтор ва одат;
3. Муошират, забон, саводомўзӣ
56. Омўхтани кўдакон барои истифодаи озодонаи забони модарӣ ҳангоми муоширати бевосита бо одамон дуруст, бехато ва фаҳмо баён намудани фикри худ тарбияи шавқу ҳавас каломи миллии адабӣ,
ѓанигардонии захираи луѓавии кўдакон самти афзалиятноки фаъолияти муассисаи
томактабӣ ба шумор меравад.
57) Амалҳои муҳимтарини ин соҳа чунинанд.
ташкили таҳсил дар самте, ки
талаботи инфиродии кўдак бештар созгор мебошад;
- мақсаднок
ва бомаром гардонидани омўзиш;
- васеъ
намудани луѓати фаъол ва ѓайрифаъоли таркиби луѓавӣ;
- инкишофи
нутқи шифоҳӣ;
- дуруст
баён намудани фикр;
- истифодаи
калимаҳои азхудкардашуда дар ҷумласозӣ;
- қобилияти
пасту баландкунии овозҳо дар калима;
- таҳлили
овозии калима;
- қобилияти
гўш кардан ва фаҳмидани нутқ;
- калима
гуфтан, аз калима ибора, аз ибора ҷумла сохтан;
- расонидани
таъсири мусбат ба нутқи шифоҳӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии кўдакон;
- ташаккули
луѓат, маданияти овозии нутқ, сохти грамматикии нутқ, нутқи мураттаб;
- омўзиши
талаффузи саҳеҳ.
4. Инкишофи иҷтимои ва эҳсосӣ
58) Инкишофи малакаи кўдакон барои
эътироф ва баёни ҳиссиёти худ, дарки ҳиссиёти дигарон ва ба он
ҷавоб додан, ки қисми таркибии инкишофи ҳиссӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Вақте ки
кўдак ба дараҷаи худогоҳӣ расида, ба саволи «ман – кистам?» ҷавоб дода
метавонад, мақсади мураббиро иҷрошуда ҳисобидан мумкин аст.
59) Соҳаи дигари инкишофи ҳиссӣ ин худтаъсирбахшӣ ва боварӣ мебошад, ки дар
он ҳар кас нияти кореро ба анҷом расонидан дорад.
60)Инкишофи эҳсоси дар худ дарк
намудан маҳорати идора ё танзим намудани онҳоро дар бар мегирад. Изҳори эҳсоси
аввалин: шодӣ, ѓазаб, хавф, бадбинӣ, ба ваҷд омадан, даҳшат ва ѓ.
61)Азбаски
инкишофи иҷтимоӣ ва ҳиссии кўдакон бо матнҳо, маданият ва муносибатҳое, ки
кўдакон дар онҳо калон мешаванд ва
онҳоро дарк мекунанд вобастагӣ дорад дар хотири кўдак хуб нақш мебандад,
волидайн ва мураббиёнро лозим аст, ки дар ташаккули мусбати соҳаи иҷтимоӣ ва
инкишофи ҳиссии кўдакон нақши аввалиндараҷа мебозанд.
5.Инкишофи
малакаҳои маърифатӣ
62) Инкишофи қобилияти дарккунии кўдак дар назар
аст:
-инкишофи
доираи ҷаҳонбинии минбаъдаи ҳар як кўдак;
- фароҳам
овардани имконияти инкишофи соҳаи марифатии ҳар як кўдак;
- Ба вуҷуд
овардани ҳолатҳое, ки кўдаконро ба фаъолона истифода бурдани дониш, малакаю
маҳорати худ водор месозанд, дар назди онҳо вазифаҳои боз хам мушкилтар гузорад
ва иродаашонро инкишоф диҳад;
- ба
саволҳои пайдошуда мустақилона ҷавоб ёфтанро водор намояд, ба гузаронидани
санҷишҳо, андешаронӣ, тахмин кардан, савол додан равона кунад;
- соҳиби
асосҳои маълумот дар соҳаҳои гуногун бошад.
- роҳҳои
беҳтари ба кўдакон расонидани донишро бар ўҳда гирад.
Талаботҳои намунавӣ ба мазмуни муҳити инкишофёбии
кўдакони синни томактабӣ
63)Гурўҳҳое,
ки дар он кўдакон ҷойгир карда мешаванд,бояд
аз се ҳуҷраи таркибӣ иборат бошанд:
- ҳуҷраи
хоб, ҳуҷраи бозӣ, ҳуҷра барои гузаронидани машѓулиятҳои инкишофӣ:
64)Дар
тамоми бино реҷаи ҳавоӣ мўътадил риоя
карда мешавад:
- ҳуҷраи
бозӣ-17-21 дараҷа;
- ҳуҷра барои
гузаронидани машѓулият -18-22 дараҷа;
- ҷойи
хоб-16-20 дараҷа;
Рутубати
ҳаво бояд тақрибан 40-60 бошад.
65)Либоси
кўдакон дар ҳуҷраҳо бароҳат буда, ба реҷаи ҳарорат бояд мувофиқат намояд.
66)Дар
гурўҳҳо барои истифодабарии озодонаи кўдакон бояд маводҳои лозимии инкишофи
нутқӣ ва эҷодии кўдакон дастрас бошанд, ҳамагуна шароит барои фаъолияти
инфиродӣ ва якҷояи кўдакон муҳайё гардида, аз ҷумла гўшаҳои танҳонишинӣ
(таҷридӣ) омода карда шаванд.
Дар
гурўҳҳо бозиҳои гуногуни омўзишӣ (маҷмўи бозиҳои гуногуни сюжетдор), бозичаҳои
гуногун барои ташаккулёбии кўдакон дар намудҳои гуногуни фаъолият бояд вуҷуд
дошта бошанд.
ҳуҷраҳои
гурўҳӣ бо мақсади ташкили ҷараёни таълимӣ-тарбиявӣ бо лавозимоти маишӣ-мизҳо,
курсиҳо ва ѓайра бояд таҷҳизонида шаванд.
67) Ороиши
эстетикии гурўҳҳо ба инкишофи бадеӣ ва эҷодии кўдакон мусоидат менамояд
(намоиши нигораҳо, асарҳои эҷодии халқ; намоиши корҳои муаллифии коркунони
муассисаҳои томактабӣ, кўдакон, волидайн). Барои саҳначаҳо ва спектаклҳо,
бозиҳои нақшдор, бозӣ-драмавикунонӣ таҷҳизоту махсусиятҳои гуногун муҳайё карда
шудаанд.
68)Дар
гурўҳҳо гўшаҳои табиат ( набототи хонагӣ ва ҳайвонот) ташкил карда шудаанд. Дар
қитъаҳои замин барои инкишофи ҳаракат (двигательное развитие), инчунин барои
парвариш ва нигоҳубини растаниҳо ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудаанд (боѓ,
обчакорӣ, гулзорҳо, мевазорҳо ва ѓ.).
69) Дар
ҳуҷраҳои бозикунӣ ё дар ҳолати набудани он дар ҳуҷраҳои дигар бояд барои бозӣ
ҷой ҷудо карда шавад ва таҷҳизоти ҳар
гунна бозиҳо вуҷуд дошта бошад.
70)Бозичаҳо
ва маводҳо барои солимии ҷисмӣ бояд бехатар бошанд.
Бозичаҳо
ва маводҳои навхаридашуда пеш аз истифодаи кўдакон бо собун ва оби гарм шуста
мешаванд.
Бозичаҳо
ва маводҳо бояд бехатарии психологиро таъмин намоянд. Онҳо на бояд чунин
амалҳоро водор намоянд:
а) барангехтани кўдак ба амалҳои
таҷовузкорона, рафтори зишт, зўроварӣ;
б) эҳсосоти манфӣ, тарсу ваҳм,
ноустуворӣ, нооромӣ;
Бозичаҳо
ва мавод бояд инкишофи ҳаматарафаи кўдаконро таъмин намуда, чунин хусусиятҳоро
дошта бошанд:
- бисёрфунксионалӣ
(имконияти истифодаи чандирӣ ва вариативӣ дар ҳолатҳои гуногуни бозиҳо, инчунин
мувофиқи сюжети бозӣ ва матлаби кўдак будани онҳо);
- арзиши
омўзишӣ (имконияти истифодабарӣ ба сифати воситаҳои таълим);
- самти
эстетикӣ (барои инкишофи бадеӣ- эстетикии кўдак, ҷалби ў ба ҷаҳони санъат);
- мувофиқати
бозичаҳо ҷинсии кўдак;
- ташкил
намудани муҳити бозӣ дар хона (оила);
71)
Таҷҳизоте, ки барои ҳуҷраи бозӣ муқараршуда бояд устувор мустаҳкам карда шуда
бошад.
72) Муҳити
ташаккулёбии кўдакро мунтазам таѓйир додан зарур аст.
Бозичаҳое,
ки ба кўдак шавқовар нестанд, ба якчанд мўҳлат ѓундошта шуда, дар ҳолати зарурӣ
боз ба бозӣ омода карда мешаванд;
Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти
томактабӣ барои ҳамаи муассисаҳои томактабӣ, гурўҳҳои томактабие, ки дар
хонаҳои кўдакон фаъолият мекунанд, мактаб-интернатҳо барои кўдакони ятим ва
бепарастор, гурўҳҳои пешазмактабӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.