фармоиши
ВАЗИРИ МАОРИФИ ҷУМҳУРИИ ТОҷИКИСТОН
аз
«____»_____соли 2007 №_____ ш. Душанбе
оид ба
тасдиқ намудани Низомномаи Шўрои
ҷамъиятии
муассисаҳои таълимии таҳсилоти
умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси сархати
3-и моддаи 36 ва 42-и қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва банди 4-и моддаи
50-и Кодекси граждании ҷумҳурии Тоҷикистон
фармоиш:
1.
Низомномаи Шўрои ҷамъиятии
муассисаҳои таълимии таҳсилоти
умумии ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима
мегардад).
2.
Ба Идораи таҳсилоти умумии Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
супорида
шавад, Ки Низомномаи мазкурро дар муддати як моҳ аз қайди
Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон
гузаронид.
3.
Ба сардорони идораҳои маорифи вилоятҳо,
шаҳри Душанбе ва мудирони
шўъбаҳои
маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурї
супорида шавад, Ки дар ташкил намудани Шўрои ҷамъиятї
мусоидат намоянд.
4.
Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи
муовини аввали Вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
Ф. Хушвахтов гузошта шавад.
Вазир А. Раҳмонов
Бо фармони Вазири маорифи
ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18.07.2007, №666
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Шўрои ҷамъиятии
муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ҷумҳурии
Тоҷикистон
БОБИ 1. Муқаррароти умумї
1.
Шўрои ҷамъиятии муассиаҳои таълимии
таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
(минбаъд Шўро ном бурда мешавад) тибқи банди 4-и моддаи 50 Кодекси
граждании ҷумҳурии Тоҷикистон,
сархати 3-и моддаи 36 ва моддаи 42 –и қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсис дода
шудааст.
2.
Шўро яке аз шаклҳои худидоракунии муассисаҳои
таълимии таҳсилоти умумї буда, дар беҳтаршавии идоракунии
онҳо саҳм мегирад.
3.
Мақсади асосии Шўро аз
дастгирї ва ҳимояи ҳуқуқи кўдакони
синни мактабї иборат буда, дар мустаҳкам кардани базаи моддї-техникии
муассисаҳои таълимї саҳм гирифта, мувофиқи шароит
кормандони муассисаҳои таълимиро аз ҷиҳати моддї
дастгирї менамояд.
4.
Шўро ташкилоти ѓайрисиёсї буда, дар фаъолияти худ қонуни
ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,
Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумї,
Низомномаи Шўрои сарпарастон, Кумитаи падару модарон, Низомномаи мазкур, санадҳои
дигари соҳаи маориф ва қарорҳои ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистонро ба
инобат мегирад.
5.
Шўрои ҷамъиятї шахси ҳуқуқи
буда, мўҳри худро дорад ва аз қайди давлатї гузаронида
мешавад.
Ба ҳайати
Шўро шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон,
муассисаҳо, корхонаҳои давлатию ѓайридавлатї, хоҷагиҳо,
ташкилотҳо, ширкатҳои хусусї, шаҳрвандони хориҷї
дохил шуда метавонанд.
6.
Ташаббускорони ташкили Шўрои ҷамъиятї
худи падару модарон, кормандони корхонаҳо, хоҷагиҳо,
ширкатҳо, ташкилотҳои ҷамъиятї муҳаррирони
ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳои вилоятї, шаҳру
ноҳия ва шахсони алоҳида якҷоя бо сардорони идораҳои
маорифи вилоятҳо, мудирни шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва директорони мактабҳо
шуда метавонанд.
Сардорони
идораҳо, мудирони шўъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои
таълимї вазифадоранд, ки барои фаъолияти шўроҳои марбута шароити
мусоид фароҳам оваранд.
Аъзоёни Шўрои ҷамъиятии мақоми вилоятидошта
раисони шўроҳои ҷамъиятии ноҳияҳо (шаҳрҳо),
шаҳрї (ноҳиявї) раисони Шўрои ҷамъиятии мактабҳо
(кумитаи падару модарон) ва ба Шўрои мактабї роҳбарони кумитаи падару
модарони синфҳо шомил мегарданд.
7.
Шўрои ҷамъиятии вилоятї корї шўроҳои
ноҳиявиро роҳбарї намуда, ба мақомоти давлатии
вилоят масъалаҳои ҳалталаби (проблемаҳои)
муассисаҳои таълимии ноҳияро пешниҳод менамояд.
Шўрои ҷамъиятии ноҳиявї ба Шўрои ҷамъиятии
мактабҳо роҳбарї карда, масъалаҳои (проблемаҳои)
ҳалталаби онҳоро дар сатҳи мақомоти
давлатии ноҳия ҳаллу фасл менамояд.
Шўрои ҷамъиятии мактаб барои беҳтаршавии
сифати кори муассисаҳои таълимї фикру андешаҳоро ба роҳбарияти
муассисаҳои таълимї пешниҳод манзур менамояд.
8.
Шўрои вилоятї раис ва котиби худро аз ҳисоби
раисони Шўрои шаҳру ноҳияҳо, Шўрои ноҳиявї
раис ва котибро аз ҳисоби раисони кумитаи падару модарони муассисаҳои
таълимї ва Шўрои мактабї раис ва котиби Шўрои муассисаи таълимиро аз ҳисоби
раисони кумитаи падару модарони синфҳои муасисаҳои таълимї
интихоб менамоянд.
БОБИ 2. ҳуқуқ ва
вазифаҳои Шўрои ҷамъиятї
9.
Барои ҳалли масъалаҳои оинномавии худ
Шўро ҳуқуқҳои
зеринро дорад:
- дар муҳокимаи
ташкили таълими иловагии пулакї (барои муассисаҳои таълимии давлатї),
механизми пардохти ҳақи таълим (барои муассисаҳои
ѓайридавлатї), сметаи даромаду хароҷоти муассисаҳои
таълимии мазкур иштирок мекунад;
- ташкилу
такмили ҷараёни таълимро тақвият дода, барои таъмину рушди
он маблаѓҳои ѓайрибуҷавиро ҷалб менамояд;
- равия,
шакл андоза ва тартиби истифода бурдани маблаѓҳои ѓайрибуҷавї,
аз он ҷумла барои масъалаи расонидани ёрї ба таълимгирандагон аз оилаҳои
камбизоат ва бепарастор, ҳимоя ва ҳавасманд кардани
хонандагони болаёқат, муаллимонро дида мебарояд;
- қарордодҳои
муассисаи таълимї ва волидайнро бо муассис (муассисон) дида мебарояд, роҷеъ
ба даровардани таѓйироту иловаҳо ба онҳо таклиф пешниҳод менамояд;
- дар бораи
даровардани таѓйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои
муассисаҳои таълимї, ки ташкили ҷараёни таълимро ба танзим
медароранд тавсия ва таклифҳои худро ба мақомоти болоии соҳаи
маориф пешниҳод менамояд;
- ҳаҷми
маблаѓгузориро дар қарордодҳои байни муассисаи таълимї ва
бо падару модарони (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) хонандагону
тарбиятгирандагон роҷеъ ба расонидани хизмати иловагии пулакї, аз он ҷумла
хизмати таълими пулакиро дар муассисаҳои таълимии ѓайридавлатро дида
мебарояд;
- зарурат ва
намуди сару либоси мактабиро (тибқи шароити маҳал ва либоси ягона) муқаррар мекунад.
10.
Вазифаҳои Шўро аз инҳо
иборат аст:
-
харҷи маблаѓҳои ѓайрибуҷавии
ба муассисаҳои таълимї воридшударо назорат мекунад;
-
дар таъмини мактабҳо бо
китобҳои дарсї, маводи таълимї, таъмири биноҳои таълимї,
ворид намудани маблаѓҳо барои дастгирии муаллимон ва таъмири биноҳои
мактаб саҳм мегирад;
-
имтиёзҳое, ки ба хонандагон ва омўзгорон қонунгузории
ҷумҳурии Тоҷикистон муайян
кардааст, назорат мекунад;
-
дар ташкил ва тарѓиб намудани фаъолияти муассисаҳои
таълимии давлатї ва ѓайридавлатї саҳм мегирад;
-
дар таҳияи буҷет ва сметаи хароҷоти
маблаѓҳои муассисаҳои ѓайридавлатї ва хадамоти иловагии
пулакии муассисаҳои таълимии давлатї тибқи имкониятҳои
муассисаҳои таълимї иштирок менамояд;
-
ба пардохти маблаѓи ҳаққи
таълим тибқи дараҷаи донишу маълумоти хонандагон, ки
муссисаҳои таълимї таъмин менамоянд, ба роҳбарияти муассисаҳои
таълимї таклифҳо пешниҳод менамояд;
-
бевосита дар фаъолияти муассисаи таълимї (гузаронидани
аттестатсия, аккредитатсия, ҳимояи ҳуқуқї
ва иҷтимоии муассисаи мазкур, ҷиҳозонидани
кабинетҳо) иштирок менамояд;
-
барномаҳои тадқиқотиро, ки
ба самтҳои беҳтаршавии фаъолияти муассисаҳои
таълимї мусоидат мекунанд, дастгирї (маблаѓї) менамояд;
-
ба мақомоти болоии соҳаи маориф
масъалаҳои ҳалталаби муассисаҳои таълимиро пешниҳод
менамояд;
-
дар ташкил ва гузаронидани намоишҳо, фестивалҳо,
ҷамъомадҳои падару модарон ва ҳал намудани
масъалаҳои марбута ҳисса мегузорад;
- дар матбуот, барномаҳои телевизионї баромадҳо ташкил
намуда, ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таълимиро
оид ба сарфи маблаѓҳои ѓайрибуҷетї, кўмакпулиҳои
башардўстона ва дигар маблаѓҳои ба хазинаи мактаб воридгардида, дараҷаи
дониши хонандагон ва ѓайра, мешунавад;
- дар такмил додани базаи моддию техникии муассисаи таълимї, ободонии биноҳо ва атрофи он кўмак мерасонад.
БОБИ 3. Идоракунии Шўрои ҷамъиятї.
11.
Шўрои ҷамъиятї (дар ҳар як зина)
коргузории худро дорад. Онро котиби Шўро таъмин
мекунад. Онҳо нақшаи чорабиниҳо
таҳия намуда, иҷрои онҳо баъди расмї шуданашон
назорату таъмин карда мешаванд.
12.
Шўро дар таҳияи барномаи дурнамои рушди соҳаи
маориф дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо
ва муассисаҳои таълимї иштирок мекунад.
13.
Мақоми болоии Шўрои ҷамъиятї
(вилоятї) маҷлиси умумии Шўрои вилоятї буда, дар як сол ду маротиба
гузаронида шуда, масъалаҳои зеринро мавриди баррасї қарор
медиҳад:
-
ҳисоботи раисони шўроҳои ҷамъиятии ноҳиявиро мешунавад;
-
ба Оинномаи Шўрои ҷамъиятї
таѓийрот ворид менамояд;
-
муроҷиатномаи беҳтаршавии сифати кори
муассисаҳои таълимиро қабул менамояд;
-
интихоби роҳбарияти Шўрои
ҷамъиятии вилоятиро дида мебарояд;
-
қарори Президиумро дар бораи қабул
намудани аъзои нави Шўрои ҷамъияї тасдиқ
менамояд;
-
нақшаи дурнамои фаъолияти Шўрои
ҷамъиятиро муҳокима карда, тасдиқ менамояд;
-
дар таъсис додани гурўҳи корї оид ба таклифҳои
Президиум нисбати беҳтар кардани фаъолияти Шўро
(дар ҳама сатҳ) саҳм мегирад;
14.
Президиуми Шўро аз ҳисоби
муассисон таъсис дода мешавад. Вай ҷаласаҳои худро дар ду
моҳ як маротиба мегузаронад.
Президиум
барои се сол интихоб карда мешавад.
15.
Маҷлиси Шўрои ҷамъиятии
ноҳиявї дар ду моҳ (дар ҳар як чорияк) як
маротиба гузаронида мешавад. Дар он вазъияти таълиму тарбия дар муассисаҳои
таълимї шунида мешавад. Сарфи маблаѓҳо мавриди муҳокима қарор
мегирад.
Барои беҳтаршавии
сифати кори муассисаҳои таълимї ба идораю шўъбаҳои маориф,
ба ҳукуматҳои марбута таклифҳо пешниҳод
менамояд.
Маҷлисҳои
Шўрои муассисаҳои таълимї дар давоми як моҳ
як маротиба гузаронида мешаванд. Дар он пардохти маблаѓ ва сарфи онҳо,
маблаѓҳои хайрия, ҳаққи таълим санҷида
мешаванд.
Илова ба
вазифаҳои дар боло нишондодашуда ҳисоботи директорони
муассисаҳои таълимї, роҳбарони синфҳоро
мешунавад. Барои беҳтаршавии фаъолияти муассисаи таълимї тавсияҳо
медиҳад.
Кўдакони
камбизоатро зери назорат гирифта, барои беҳтаршавии зисту зиндагии онҳо
чораҳо меандешад. Ба кормандони муассисаҳои таълимї оид ба
беҳтаршавии имконияти зисту зиндагониашон чораҳои мушаххас
меандешад. Механизми амалї гардонидани фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии
вилоятї, шаҳрї (ноҳиявї) ва
мактаби дар Оинномаи онҳо дар шакли мушаххас инъикос меёбад.
16.
Оинномаи Шўрои ҷамъиятї
(дар асоси Низомномаи мазкур таҳия карда мешавад).
а)
Оинномаи Шўрои ҷамъиятии вилоятї масъалаҳои
зеринро дар бар мегирад:
-
ташаббускорони ташкили Шўрои ҷамъиятии
вилоятї, суроѓаи ҷойи кори Шўро ва аъзоёни он нишон дода шуда, ҳудуди
фаъолияташ муайян карда мешавад;
-
мақсади ташкил шудани Шўро
дар сатҳи вилоят;
-
ҳуқуқ ва вазифаи шўроҳои
ҷамъиятии ноҳияҳо ва
муассисаҳои таълимї;
-
намунаи қарордоди (шартнома) байни муассисаи
таълимї ва падару модарон;
-
усулҳои идоракунии Шўрои
ҷамъиятї;
-
заминаи моддї-техникии муасисаҳои
таълимии ноҳияҳо;
-
механизми расонидани кўмакпулиҳо ба муассисаҳои
таълимии ноҳия.
б)
Оинномаи Шўрои ҷамъиятии ноҳиявї
масъалаҳои дар боло нишон дода шударо аз рўи проблемаҳои
дар ноҳия мавҷуд буда, дохил намуда таҳия
менамояд.
в) дар
Оинномаи Шўрои мактабї илова ба масъалаҳои
дар боло нишон дода шуда саволҳои зерин илова карда мешаванд:
-
ҳамкории Шўро бо
муассисаи таълимї;
-
усулҳои мустаҳкам намудани заминаи
моддї-техникии муассисаҳои таълимї;
-
ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти
давлатї баровардани масъалаҳои хоҳиши хонандагон ва
муаллимони муассисаи таълимии мазкур;
-
харидорї ва дастрас намудани китобҳои дарсї ба
китобхонаи муассисаи таълимї;
-
усулҳои дастгирї намудани хонандагони муассисаҳои
таълимї;
-
муқаррар намудани мукофотҳо ба
хонандагони пешқадам ва муаллимони эҷокор;
-
ҷалб намудани мутахассисони баландихтисос ба
муассисаи таълимї;
-
ҷудо намудани маблаѓ барои аз курсу семинарҳо
гузаронидани муаллимон ва дастгирии иҷтимоии онҳо;
-
номгўи гузаронидани чорабиниҳои гуногун вобаста
ба дастгирии муассисаи таълимї;
-
усулҳои ташкили чопи китобҳои дарсї
ва бадеї;
-
омўхта ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам.
БОБИ 4. Заминаи
моддию техникии Шўрои ҷамъиятї
17.
Дар сурати пеш аз мўҳлат рафтани аъзоёни Шўро (раисону котибони шўроҳои вилоятї, шаҳрї,
ноҳиявї ва мактабї), Шўро маҷлисҳои ѓайринавбатї
гузаронида, аъзоёни навро (раисон, котибон) интихоб менамояд.
18.
Шўро фаъолияти худро тибқи нақшаи корї
ба анҷом мерасонад (вилоятҳо–солона, шаҳру ноҳиявї–кварталї,
мактабї - ҳармоҳа).
19.
Шўро маҷлисҳои худро бо қабули
қарор расмї менамояд. қарор бо овоздиҳии кушода
кабул карда мешавад. қарор ҳамон вақт дуруст
мебошад, ки дар маҷлис аз 3/2 ҳиссаи аъзоёни он иштирок
дошта бошанд ва ба тарафдории қарор аз ним зиёд аъзоён овоз диҳанд.
20.
Маблаѓҳои хайрияи ҳаққи
таълими аз тарафи падару модарон, шахсони алоҳида ба суратҳисоби
муассисаи таълимї воридшударо, Шўрои ҷамъиятї
ба бонкҳо месупорад.
21.
Ба
мақсади расонидани ёрии тиббї ба хонандагон ва муаллимон, таъмири
биноҳои таълимї Шўрои ҷамъиятї аз ҳисоби
суратҳисоби худ маблаѓҳои заруриро дар асоси ҳуҷҷатҳои
пешниҳодшуда, сарф мекунад.
22.
Сарфи
маблаѓҳо тибқи сметаи хароҷот ба сари ҳар
як хонанда аз рўи ведомост ба кормандони муассисаи
таълимї ҳаққи меҳнат дода мешавад.
23.
Директори
муассисаи таълимї нисбати хароҷоти маблаѓҳои воридшуда дар
моҳи август дар назди Шўрои ҷамъиятии
муассисаи таълимї ҳисобот медиҳад.