Бо фармоиши Вазири маорифи
ҷумҳурии Тоҷикистон аз
30. 08. 2010, № 2083
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ
пур кардани Шаҳодатнома дар
бораи хатми
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
1) Тартиби мазкур дар асоси банди
30-и Низомномаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби пур
кардани Шаҳодатнома дар бораи хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро муқаррар
менамояд.
2) Бланкаҳои Шаҳодатнома ва
варақаи илова (табели ҷамъбасти баҳо), дастӣ ва бо ранги сиёҳ (туш, ручкаи
рангаш сиёҳ ё гелӣ) аз тарафи чап бо забони тоҷикӣ ва аз тарафи рост бо забони
русӣ пур карда мешавад.
2) Дар асоси шиноснома ва ё
Шаҳодатнома дар бораи таваллуд дар Шаҳодатнома ва варақаи илова ба он (табели
ҷамъбасти баҳо) ному насаб ва номи падари хатмкунандае, ки барномаҳои таълимии
муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро аз бар намудааст, навишта мешавад.
3) Дар бланкаи Шаҳодатнома баъд
аз сабт намудани ному насаб ва номи падари хатмкунанда, рўз, моҳ, сол ва ҷойи
таваллуд (рўзу сол бо рақамҳо ва моҳ бо
ҳарфҳо), соли хатм ва номи расмии муассисаи таълимие, ки Шаҳодатнома дар бораи
таҳсилотро медиҳад, навишта мешавад.
4) Номи муассисаи таълимӣ бояд бо
навиштаҷоте, ки дар Низомнома ва мўҳр омодааст, якхела бошад.
5) Дар сурате, ки номи расмии
муассисаи таълимӣ маълумоти пурраро оид ба ҷойи ҷойгиршавии муассисаро дошта
бошад (деҳа, шаҳр, ноҳия, вилоят) дар ин сурат номи нуқтаи аҳолинишин бинобар
сабаби такрор ёфтан навишта намешавад.
6) Дар сурате, ки дар номи расмии
муассисаи таълимӣ ҷойи ҷойгиршавии муассиса нишон дода нашуда бошад, дар ин
мавриди маълумоти зарурӣ илова карда мешавад (номи аниқи нуқтаи аҳолинишине, ки
муассисаи таълимӣ дар он ҷойгир аст).
7) Дар вақти навиштани нуқтаи
аҳолинишин кўтоҳ кардани калимаҳои зерин иҷозат дода мешаванд;
- шаҳр – ш.
- ноҳия – н.
8)
Дар
варақаи илова ба Шаҳоданома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (табели ҷамъбасти
баҳо) баҳоҳои ҷамъбастии ҳамаи фанҳои таълимие, ки дар асоси барномаи таълимӣ
хатмкунанда аз бар намудааст, гузошта мешавад.
9)
Инчунин
дар варақаи илова ба Шаҳодатнома (табели ҷамъбасти баҳо) аз фанҳое, ки
хатмкунанда имтиҳони хатмкунӣ супоридааст, бо нишон додани фан, баҳои гирифта
навишта мешавад.
10) ҳамзамон, агар хатмкунанда аз
рўи дараҷаи муайянкардашуда оид ба ягон ихтисос, барномаҳои курсҳои
факултативиро омўхта бошад ва дар олимпиадаҳо иштирок карда бошад, сол ва ҷойи
дар олимпиада ишѓол кардааш нишон дода мешавад.
11) Дар варақаи илова ба
Шаҳоданома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ (табели ҷамъбасти баҳо) танҳо
баҳоҳои ҷамъбастии фанҳои таълимие, ки дар асоси барномаи таълимӣ хатмкунанда
аз бар намудааст, гузошта мешавад.
12) Дар варақаи илова ба
Шаҳодатнома (табели ҷамъбасти баҳо) номи фанҳои таълимӣ дар асоси номи фанҳои
таълимие, ки дар нақшаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, ки аз тарафи
Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, навишта мешавад.
13) Номи фанҳои таълимие,
хатмкунанда бо сабаби саломатӣ аз онҳо озод карда шудааст, дар варақаи илова ба
Шаҳодатнома (табели ҷамъбасти баҳо) дарҷ
карда намешаванд.
14) Номи ҳар фанни таълимӣ дар як
сатр бо ҳарфи калон навишта шуда, рақам гузошта намешавад.
15) Баъзе номҳои фанҳои таълимиро
кўтоҳ кардан мумкин аст.
16) Баҳоҳои фанҳои таълимӣ бо
рақамҳои арабӣ ва дар қавс бо ҳарф (мисол 5-(аъло), 4-(хуб), 3-(қаноатбахш)
навишта мешавад. Навиштани «нахондааст» ва ё «аз санҷиш гузашт» роҳ дода
намешавад.
17) Дар варақаи илова ба Шаҳодатнома
(табели ҷамъбасти баҳо) силсила ва рақами Шаҳодатнома (дар болои кунҷи рост)
навишта мешавад.
18) Дар Шаҳодатнома ва варақаи
илова рўз, моҳ ва соли (рўзу сол бо рақамҳо ва моҳ бо ҳарфҳо) супоридани
Шаҳодатнома дар бораи таҳсилот навишта мешавад.
19) Дар варақаи илова Шаҳодатнома
(табели ҷамъбасти баҳо) дар сатрҳои холи аломати « Z» гузошта мешавад.
20) Шакли таҳсил дар Шаҳодатнома
дар бораи таҳсилот дарҷ карда намешавад.
21) Дар Шаҳодатнома дар бораи
таҳсилоти миёнаи умумӣ ва варақаи илова (табели ҷамъбасти баҳо) роҳбари
муассисаи таълимӣ, муовини роҳбар оид ба таълиму тарбия, роҳбари синф ва на
камтар аз ду омўзгор бо ранги сиёҳ (туш, ручкаи рангаш сиёҳ ё гелӣ) имзои худро
мегузоранд.
22) Дар сурати муваққатан набудани
роҳбари муассисаи таълимӣ ба ҷойи роҳбари муассисаи таълимӣ иҷрокунандаи
вазифаи роҳбар, ки бо фармон асоснок карда шудааст, бе гузоштани ҳарфҳои «И.В.» ва аломати «\» имзои худро мегузорад.
23) Дар Шаҳодатнома дар бораи
таҳсилоти умумии асосӣ ва варақаи илова (табели ҷамъбасти баҳо) бошад роҳбари
муассисаи таълимӣ ва се нафар омўзгорон имзо мегузоранд.
24) Шаҳодатнома ва варақаи илова
(табели ҷамъбасти баҳо) бо муҳри мудаввари муассисаи таълимӣ тасдиқ карда
мешавад. Мўҳр бояд равшан ва ҳарфҳои он хоно бошад.
25) Шаҳодатнома ва варақаи илова
(табели ҷамъбасти баҳо) бо диққат пурра карда мешавад. Дар сурати пайдо гаштани
камбудиҳои ислоҳнашаванда, оид ба аз эътибор соқит намудани Шаҳодатнома санад
тартиб дода шуда Шаҳодатномаи дигар навишта мешавад.