Ба аввал

Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2015



Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2015    

Бо қарори Ҳукумати


Мундариҷа


I. Шиносномаи Барнома …………………………………………………... 3
II. Пешгуфтор ……………………………………………………………… 4
III. Таҳлили вазъи соҳаи маориф…………………………………………. 4
IV. Мақсад ва вазифаҳои Барнома ………………………………………. 16
V. Механизм ва самтҳои асосии татбиқи Барнома …………………... ....17
VI. Захираҳои зарурӣ ва манбаи маблағгузорӣ ………………………... 20
VII. Натиҷаҳои мунтазира аз татбиқи Барнома ………………………...... 21

 

I. Шиносномаи Барнома

Номи Барнома

Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Асосҳо барои таҳия

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2007, №166 тасдиқ шудааст.

Таҳиягар

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад

Таъмини шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон, ҷомеа ва бозори меҳнат ба таҳсилоти босифат бо роҳи таъсиси механизмҳои нави институтсионалии танзим дар соҳаи маориф.


Вазифаҳо

Барои ноил шудан ба мақсадҳои пешбинишуда бояд вазифаҳои зайл амалӣ карда шаванд:
-
баланд бардоштани самарабахшии низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф;
-такмили таъминоти методӣ ва кадрии соҳаи маориф;
-беҳбуди заминаи моддию техникии соҳаи маориф;
-такмили механизмҳои иқтисодӣ дар соҳаи маориф.

Захираҳои зарурӣ ва манбаи маблағгузорӣ

Манбаи асосии маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инвеститсияҳо ва маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ иборат мебошанд. Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.09.2006с., № 409) барои солҳои дахлдор анҷом дода мешавад.

Натиҷаҳои мунтазира

Дар натиҷаи татбиқи Барнома:
-
низоми самарабахши идоракунӣ дар соҳаи маориф таъсис дода мешавад, ки ташаккули касбию салоҳиятнокии шахсиятро таъмин менамояд;
-барои гирифтани таҳсилоти хушсифат ва рақобатпазир, ки ба натиҷаҳо нигаронида шудааст, шароит фароҳам оварда мешавад;
-гузариш ба модели бисёрзинавии тайёр кардани мутахассисон: бакалавриат, магистратура ва докторантура таъмин мегардад;
-низоми мониторинг ва ояндабинии рушди соҳаи маориф, инчунин низоми миллии арзёбии сифати таҳсил таъсис дода мешавад;
-
дастгирии давлатӣ ва такмили механизмҳои ҳавасмандгардонии меҳнати кормандони педагогӣ тақвият меёбад;
-механизмҳои нави маблағгузории маориф таҳия карда мешавад;
-фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи маориф суръат меёбад.


Мӯҳлати татбиқ


Солҳои 2010–2015

 

II. Пешгуфтор

Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 (минбаъд – Барнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2007с., №166) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунҳо ва низомномаҳо таҳия гардидааст. Барнома афзалият ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.
Зарурияти таҳияи Барномаи мазкур вобаста ба тағйироти куллӣ ба миён омадааст, ки ба баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҳалли мушкилотҳои дар шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ дар назди соҳаи маориф гузошташуда нигаронида шудааст.

III. Таҳлили вазъи соҳаи маориф

Гузариши Тоҷикистон ба муносибатҳои нави иқтисоди бозаргонӣ дарки назариявии натиҷа ва сабақҳои ислоҳоти доиргардида, омӯзиши проблемаҳои бамиёномада ва дарёфти роҳҳоеро тақозо мекунад, ки ба ислоҳоти нисбатан беосеби ҳамаи соҳаҳои фаъолияти давлат мусоидат менамояд.
Ҳалли муваффақонаи вазифаҳои пешниҳоднамудаи Барнома мутобиқи принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ ва демократикунонии ҷомеа тағйироти назарраси соҳаи маорифро тақозо менамояд.
Барои таъмини таҳсилоти хушсифат, баробар дастрас будани он барои ҳамаи шаҳрвандон бояд бозсозии институтсионалии ҳамаи зинаҳои маориф дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд бо бозори меҳнат анҷом дода шавад.
Вобаста ба ин нақш ва аҳамияти соҳаи маориф, захираҳои инсонӣ ҳамчун омили сатҳи рушди ҷомеа, иқтидори иқтисодӣ ва амнияти миллии кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Таҳаввулот дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба маориф таъсир расонида, аз он зудамалӣ, додани посухи дахлдор вобаста ба воқеияти давраи нави таърихӣ ва мувофиқат ба эҳтиёҷоти рушди иқтисодиро талаб менамояд.
Таҳлили вазъ дар соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад, ки проблемаҳои асосии бахш аз инҳо иборатанд:
-
номукаммалии низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф ва нерӯи заиф, ки дар маҷмӯъ ба нокифоягӣ ва истифодаи ғайрисамарабахши захираҳо дар соҳа ва иштироки нокифояи бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои таҳсилотӣ зоҳир мегардад;
-
таназзули сифати таҳсил вобаста ба сатҳи пасти музди меҳнати муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, нарасидани муаллимон ва тахуссуси нокифояи ҳайати омӯзгорон, махсусан омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар деҳот;
-усули кӯҳнаи таълим ва маводи таҳсил;
-фарсудашавӣ ва нокифоягии ҷойгирнамоии инфраструктураи физикии муассисаҳои таълимӣ;
-нарасидани маводи таълимӣ ва адабиёт оид ба фанҳои алоҳида;
-мушкилоти дастрасии таҳсил барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва аз нигоҳи иҷтимоӣ ниҳоят осебпазири аҳолӣ, пурра фаро нагирифтани духтарон ба таҳсилоти миёнаи умумӣ;
-интиқоли маҳдуди барқ имкон намедиҳад, ки машғулият оид ба омӯзиши асосҳои кор бо компютер гузаронида шавад;
-ҷалби нокифояи аҳли ҷомеа ба идоракунии мактабҳои таҳсилоти умумӣ;
-баҳисобгирии нокифояи банақшагирии тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ барои ақаллиятҳои миллӣ.
Соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро дар бар мегирад (ниг. ба Ҷадвали1).

Дараҷаи таҳсилот

Давомнокии таҳсил

Синну сол

Муассисаи таълимӣ

Таҳсилоти томактабӣ

1-3,
3-6

1-6 (7)

Боғчаҳои бачагон/кӯдакистон

Таҳсилоти умумӣ:
• ибтидоӣ
• умумии асосӣ
• миёнаи умумӣ

11 сол
4 сол
5 сол
2 сол

7-18
7-11
11-16
16-18

Мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсейҳо

Таҳсилоти касбӣ:
• ибтидоӣ
• миёна
• олӣ

1-4 сол
2-4 сол
4-6 сол

аз синни16
аз синни16
аз синни 17 (18)

Литсейҳо, марказҳо, техникумҳо, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо
Донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо

Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ

3-4 сол

 

Аспирантура, докторантура

Таҳсилоти иловагӣ

 

 

 

 


1. Таҳсилоти томактабӣ


Таҳсилоти томактабӣ зинаи аввали низоми таҳсилот маҳсуб меёбад. Муассисаҳои таҳсилот ва тарбияи томактабӣ вазифадоранд масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакони синну соли томактабӣ ва омодасозии онҳоро ба мактаб ҳал намоянд. Рушди муассисаҳои томактабӣ ниҳоят зарур аст, ки дар он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолона иштирок намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 соли охир миқдори муассисаҳои томактабӣ 77 адад кам гардид. Агар дар соли 1997 он 562 адад бошад, пас то соли 2008 он 485 муассисаҳои томактабиро ташкил медиҳад (ниг.Ҷадвали 2). Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ниҳоят паст буда, аз теъдоди умумии кӯдакони фарогирифта, дар ҷумҳурӣ 7 фоизро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаҳо

 

 

Солҳо

 

 

 

 

 

 

 

 

1997

2000

2001

2002

2003

2004

2005

2006

2007

2008

Миқдори муассисаҳои томактабӣ

562

502

501

496

494

493

486

485

482

485

Теъдоди кӯдакон (ҳаз. наф.)

61,6

53,4

57,8

59,7

62,9

61,8

61,9

61,2

60,8

57,5

 

Ба ҳисоби миёна фарогирии муассисаҳои томактабӣ ба 87% баробар аст. Мутобиқи маълумоти солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои томактабӣ 4517 нафар мураббиён фаъолият менамуданд (аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии идоравӣ), ки дар онҳо 26,8% дорои таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 51,6% - дорои таҳсилоти миёнаи махсус, 4,8% - дорои таҳсилоти олии нопурраи омӯзгорӣ, 16,8% - дорои таҳсилоти миёна мебошанд. Эҳтиёҷот ба мураббиён дар солҳои 2008-2009 362 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳиссаи хароҷоти ҷории муассисаҳои томактабӣ дар буҷети давлатӣ дар соли 2008 0.60 фоиз буда, дар буҷети умумии бахши маориф ба 3.20% баробар аст.
Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва таълимию методии тарбияи томактабӣ таъсис дода мешавад. Муассисаҳои томактабӣ корҳои худро оид ба тарбия ва таълим мутобиқи барнома ва воситаҳои таълимии мураббиён («Роҳнамои мураббӣ») дар сатҳи дахлдор ба роҳ монда, фаъолият менамоянд.
Бо вуҷуди ин дар низоми тарбияи томактабӣ як қатор муаммоҳо мавҷуданд. Дар кӯдакистонҳои амалкунанда мебел, асбобу ашёи варзишӣ, фонди китобхонаҳо, бозичаҳо, воситаҳои аёнии таълим кӯҳнаю фарсудаанд. Вобаста ба кадрҳои идоракунанда ҷиҳати назорати фаъолияти муассисаҳои томактабӣ низ мушкилот мавҷуданд. Маоши вазифавии мураббиён ба музди меҳнати омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ баробар карда шудааст, ки бо вуҷуди ин аз маоши кормандони соҳаҳои истеҳсолӣ паст аст. Таъминот бо озуқа ва нигаҳдошти санитарию гигиении муассиссаҳои томактабӣ дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарор дорад.
Дар маҷмӯъ таҳсилот ва тарбияи томактабӣ бо фарогирии теъдоди ками кӯдакони аз як то ҳафтсола дар кӯдакистонҳо тавсиф мегардад.

2. Таҳсилоти миёнаи умумӣ

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳсилоти нӯҳсола ҳатмӣ буда, барои гирифтани таҳсилоти миёнаи пурра 11 сол дар назар дошта шудааст. Таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон бо афзоиши миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мувофиқан афзоиши на он қадар назарраси теъдоди хонандагон тавсиф меёбад (Ҷадвали 3).
Дар соли таҳсили 2008-2009 дар ҷумҳурӣ 3817 муассисаҳои таҳсилоти умумии амал мекунанд, ки 3810 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона аз онҳо 609 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, 762 адад муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, 2203 адад муассисаҳои таҳсилоти миёна, 84 адад гимназия, ки аз ҷумла 18 адад ғайридавлатӣ, 51 адад литсей, аз инҳо 7 адад ғайридавлатӣ, макатаби хусусӣ 9 адад, мактаб-кӯдакистон 8 адад ва 7 адад муассисаҳои таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз миқдори умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 43 адад муассиса баъд аз гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ ба филиал табдил дода шудаанд.

 

Нишондиҳандаҳо

 

 

 

Солҳо

 

 

 

 

 

 

 

1997

2000

2001

2002

2003

2004

2005

2006

2007

2008

Миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

3484

3557

3649

3684

3701

3731

3761

3789

3801

3817

Теъдоди хонандагон (ҳаз. нафар)

1374

1504,4

1560

1619,4

1641,7

1655

1663,5

1672,7

1690,6

1690,5

Мушкилоти асосии соҳаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз нарасидани ҳайати омӯзгорон ва сатҳи пасти омодагии тахассусии онҳо, мавҷуд набудани шароити муайяни таълим дар бинои мактабҳо, нокифоягии мебел ва таҷҳизоти зарурӣ дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи таҳсилоти умумӣ иборат аст, ки вобаста ба он зарурати таҷдиди сохтори (реструктуризатсияи) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва махсусро ба миён меорад.
Дар соли таҳсили 2008-2009 дар ҷумҳурӣ 96127 нафар омӯзгорон фаъолият намуда, 61% дорои таҳсилоти олӣ, 6% дорои таҳсилоти олии нопурра, 26,5% дорои таҳсилоти миёнаи махсус ва 6,3% омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ буданд. Танҳо дар соли 2008 10803 нафар омӯзгорон корро тарк намуданд, ки сабаби асосии он паст будани музди меҳнат мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2008 проблемаи ниҳоят шадиди аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаю биноҳои маъмурӣ баровардани мактабҳо мавҷуд буд. Зеро вазъ нишон медиҳад, ки 136 мактаб барои 656 синф бо 15744 ҷойи нишаст дар хонаҳои шахсӣ, 101 мактаб барои 544 синф бо 13693 ҷойи нишаст – дар вагонхонаҳо ҷойгир буда, ҳамзамон 284 мактаб барои 2018 синф бо 49405 ҷойи нишаст дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, 208 мактаб таъмирталаб буда, 75 мактаб барои 40808 ҷойи нишаст сохтмонашон нотамом боқӣ мондааст.
Мактабҳои деҳот нисбат ба мактабҳои шаҳрҳо бештар мустақил буда, ба имкониятҳои иқтисодии вилоят ё ноҳия такя мекунанд. Ин раванд ҳам дорои ҷанбаи мусбӣ ва ҳам манфӣ мебошад. Зеро вазъ дар вилоят ва ноҳияҳои гуногун, махсусан вобаста ба имконоти иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Аз ин рӯ зарурати таҳияи стратегияҳои минтақавӣ барои ҳалли проблемаҳои зикргардида дар маҳалҳо ба миён меояд.

3. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Бо қабули Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.11.2002с., №419), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» (аз 22.04.2003с., №21) ва «Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015» (қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 03.06.2006с., №227) амалан давраи нави эҳёи соҳаи маориф ва эътирофи аҳамияти иҷтимоию иқтисодии он оғоз ёфт.
Вобаста ба ин ҳамаи унсурҳои асосии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба ислоҳоти бунёдӣ ва рушди босуръат эҳтиёҷ доранд. Тавре ки дар Консепсияи давлатии ислоҳоти низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ муқаррар гардидааст, мақсади ислоҳоти соҳа аз таъсис ва таъмини босуботи механизми нисбатан муносиб ва судманди тарбияи кадрҳои боихтисос мутобиқи сохтор ва мӯҳтавои эҳтиёҷоти бозори меҳнат иборат мебошад.
Омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва литсейҳо ба тарбияи ҷавононе машғуланд, ки таҳсилоти макотиби умумии асосӣ ё таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намудаанд. Таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва литсейҳо ройгон - аз ҳисоби буҷети давлатӣ, инчунин дар асоси шартнома пулакӣ мебошад. Хонандагон бо хӯроки ройгони якдафъаина ва толибилмони омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ ва кӯдакони ятим бошанд бо хӯроки 3-дафъаина ва сару либос таъмин карда мешаванд. Таҳсил вобаста ба касб сурат мегирад. Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат тағйири самти ихтисос анҷом дода мешавад.


Ҷадвали 4.

 

Нишондиҳандаҳо

 

 

 

Солҳо

 

 

 

 

 

 

 

1997

2000

2001

2002

2003

2004

2005

2006

2007

2008

Миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

72

72

73

75

73

72

71

72

68

68

Теъдоди хонандагон (ҳаз. нафар)

26,0

24,4

25,3

25,2

23,9

24,2

25,0

23,5

20,9

21,2

Дар кишвар 68 муасиссаи таҳсилоти ибтидоии касбию техникӣ амал мекунад (соли 2008), ки дар он 21243 хонандагон /донишҷӯён сабақ мегиранд (ниг. Ҷадвали 4). Таносуби ҳайати хонанда/омӯзгор+устои таълими истеҳсолӣ ба 9,5/1 баробар аст.
Нокифоягии шадиди устоҳои омӯзиши истеҳсолӣ ва сатҳи пасти тахассусии омӯзгорон ба мушоҳида мерасад; ихтисосҳо ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат нестанд; норасогии адабиёти таълимию методӣ ва таҷҳизот низ мушкилоти мубрам ба ҳисоб меравад. Корфармоён ва дигар шарикони иҷтимоӣ ба ташаккули фармоиш ҷиҳати омодасозии мутахассисони техникӣ ва хизматрасон камтар ҷалб шудаанд. Механизми ҷалби воситаҳои бахши хусусии иқтисодиёт ба ташкили таҳсилоти касбӣ ва тарбияи кадрҳо вуҷуд надорад. Механизми амалкунандаи ташкили раванди таълим бо бесамарии иқтисодӣ, мавҷуд набудани воситаҳои судманди идоракунӣ ва назорат тавсиф меёбад.
Вобаста ба ин мӯҳтавои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ташкили раванди таҳсилоти умумӣ бояд аз нигоҳи баланд бардоштани самарабахшии иқтисодӣ, таъмини фасеҳӣ ва ҳаддалимкон наздик сохтани он ба эҳтиёҷоти сифатии бозори меҳнат, бо дарназардошти имконоти иқтисодии кишвар таҳти таҷдиди назар қарор дода шавад.

4. Таҳсилоти миёнаи касбӣ

Дар муддати 17 соли Истиқлолияти кишвар дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти моҳиятан муҳим ба миён омад. Дар муқоиса ба соли таҳсили 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 10 адад ва теъдоди хонандагон бошад тақрибан 15 ҳазор нафар афзоиш ёфт. Як қатор техникумҳо ва омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳо табдил дода шудаанд, ки зинаи аввали таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад. Сол то сол миқдори коллеҷҳо афзоиш меёбад. Айни замон (солҳои 2008-2009) дар Тоҷикистон 50 муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ (25 коллеҷ, 3 техникум ва 22 омӯзишгоҳ) фаъолият доранд, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти касбиро татбиқ менамоянд (ниг. Ҷадвали 5). Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар вилоятҳо чунин ҷойгир шудаанд: 11 адад дар ш. Душанбе, 15-Вилояти Суғд, 10-Вилояти Хатлон, 13-ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 1-ВМКБ. Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 34380 нафар донишҷӯён иборат буда, раванди таълимро 3209 нафар омӯзгорони штатӣ ва омӯзгорони соатбайъ таъмин менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 477 нафар омӯзгор намерасад.

Ҷадвали 5.

Нишондиҳандаҳо

 

 

 

Солҳо

 

 

 

 

 

 

 

1997

2000

2001

2002

2003

2004

2005

2006

2007

2008

Миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

44

53

50

50

56

56

50

48

49

50

Теъдоди хонандагон (ҳаз. нафар)

19,9

25,3

23,8

25,1

29,0

29,6

31,8

32,4

34,0

34,3

Мутобиқи натиҷаи қабул барои солҳои таҳсили 2008-2009 сатҳи довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла ба тариқи шартномавӣ кам гардид, махсусан байни аҳолии деҳот вобаста ба вазъи молиявиашон.
Яке аз сабабҳои таназзули сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ паст будани музди меҳнати омӯзгорон ва маблағгузории нокифояи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Аз ин рӯ, дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тақозо мегардад.
Вазъи ҷории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ асосан бо заминаи таълимии ҳам аз нигоҳи физикӣ ва ҳам аз нигоҳи маънавӣ фарсуда тавсиф мегардад. Аксари таҷҳизотҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Дар солҳои охир амалан барои харидории таҷҳизоти наву муосир ҳеҷ сармоя равона нашудааст. Мавҷуд набудани китобҳои дарсии замонавӣ ва айёниятҳо ва воситаҳои таълимӣ боиси бад шудани раванди таҳсил мегардад. Нақшаҳои ягонаи такягоҳии таълимӣ вобаста ба ҳар кадом самтҳои ихтисос таҳия карда нашудааст.
Низоми баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорон амалан инкишоф намеёфт ва омӯзгорон имконияти дониш ва малакаи касбию омӯзгории худро такмил додан надоштанд.
Мутаасифона, дар солҳои охир музди миёнаи меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ нашудааст ва маоши омӯзгор имрӯз ба 76 сомонӣ баробар аст.
Муаммои асосие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба мушоҳида мерасанд, ин нарасидани омӯзгорон ва сатҳи пасти омодагии касбии онҳо мебошад. Нокифоягии адабиёти таълимию методӣ, номутобиқатии ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат низ чунин мушкилот ба ҳисоб меравад. Ҳалли саривақтии муаммоҳои мазкур ба рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ мусоидат хоҳад кард.

5. Таҳсилоти олии касбӣ

Таҳлили рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии кишварҳои мутараққии ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад, ки шакли сезинавии тайёр намудани кадрҳо ниҳоят паҳнгардида ва эътирофшуда, ба мисли бакалавриат, магистратура ва докторантура, ки ба низоми кредитии таълим асос ёфтааст, ба ҳисоб меравад. Гузаштан ба чунин низоми таҳсил ниҳоят самарабахш буда, ки талабот ба мутахассисонро дар шароити зуд тағйирёбандаи бозори меҳнат таъмин менамояд.
Таҷрибаи андӯхтаи донишгоҳҳои пешбари ҷаҳон нишон медиҳад, ки рушди таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ зарурати таъсиси ҳамкории мутақобилаи муассисаҳои таҳсилоти олиро бо соҳаҳои рақобатпазири иқтисодиёт тақозо менамояд, ки дар онҳо ҳамзамон метавонад ҳам барномаҳои таълимӣ ва ҳам ҷорӣ намудани барномаҳои инноватсионӣ дар бахши воқеии истеҳсолот анҷом дода шавад. Чунин амалияи робитаи мутақобилаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон васеъ паҳн гардидааст ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят зарур аст.
Низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2009) дорои 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ - аз ҷумла 13 донишгоҳ, 12 донишкада, 3 академия, ки дар тобеи онҳо 5 филиал, 1 шӯъба ва 1 комплекси ягонаи таълимӣ мебошад. Теъдоди донишҷӯёни ин муассисаҳоро 156182 нафар ташкил медиҳанд (ниг.Ҷадвали 6). Сол то сол теъдоди донишҷӯён меафзояд. Теъдоди умумии омӯзгорон солҳои 2008-2009 ба 7940 нафар баробар буда, аз онҳо танҳо 4,6% (366) нафар профессорон, андаке бештар 5,1% (407) докторони илм ва 22,4% (1777) номзади илм мебошанд.

Ҷадвали 6.

Нишондиҳандаҳо

 

 

 

Солҳо

 

 

 

 

 

 

 

1997

2000

2001

2002

2003

2004

2005

2006

2007

2008

Миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

25

29

31

33

35

35

30

30

28

28

Теъдоди хонандагон (ҳаз. нафар)

76,7

77,7

84,3

96,6

107,6

118,4

132,4

146,2

154,3

156,2

Ҳамзамон паст гардидани талаботи баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва филиалҳои сершумори онҳо нисбат ба сатҳи омодагии довталабон ва донишҷӯён ҳангоми нарасидани нерӯи кадрӣ ва моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ боиси таназзули сифати тарбияи кадрҳо мегардад. Ин зарурати такмили заминаи меъёрии ҳуқуқиро дар самти тақвияти талабот ба таъминоти кадрӣ ва асосҳои моддию техникии муассиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ тақозо менамояд.
Тайёр кардан вобаста ба ихтисосҳои самти маҳдуд, ки дар муассиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавҷуд аст, танҳо ба соҳаҳои босубот ва истеъмолкунандагон нигаронида шудааст, ки хоси иқтисодиёти нақшавӣ мебошад. Тайёр намудани кадрҳо, махсусан дар сатҳи маҳаллӣ рушди минбаъдаро тақозо менамояд. Нарасидани адабиёт ва воситаҳои таълимӣ оид ба ихтисосҳои техникӣ, аграрӣ, тибб, технологӣ ва байторӣ ба забони давлатӣ эҳсос карда мешавад. Адабиёти таълимӣ, таълимию методӣ ва илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавҷуданд, ба навсозӣ эҳтиёҷ доранд. Заминаи моддию техникии аксар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ниҳоят фарсуда аст.

6. Таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Мутобиқи маълумоти охирини солҳои 2008-2009 теъдоди умумии аспирантон 775 нафарро ташкил медиҳад. Аз 131 нафар аспирантони хатмкунанда танҳо 12 нафар ҳимоя карда, аз 25 нафар докторантҳо дар соли 2008 танҳо 2 нафар дараҷаи илмии докторро соҳиб шуданд, ки натиҷаи самарабахшии пасти низоми мавҷудаи тарбияи кадрҳои илмӣ мебошад. Усул ва шакли таҳсил бошад дар ҳамаи самтҳои маориф тӯли чандин даҳсолаҳо бетағйир боқӣ мондааст.
Барномаҳои таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ имкон намедиҳанд, ки сифати тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ идора карда шавад. Масъулияти роҳбарони илмӣ (машваратчиён), муассисаҳои таълимӣ вобаста ба натиҷаҳои таҳсили аспирантон ва докторантҳо дар сатҳи паст қарор дорад.
Иштироки ташкилотҳои илмӣ дар раванди таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ он қадар назаррас нест. Фарқият байни мазмуни таҳсил ва вазъи илми муосир имкон намедиҳад, ки гузариши мукаммал аз тарбияи мутахассис ба тарбияи мутахассиси татқиқотчӣ сурат гирад, то тавонанд ғояҳои нави илмиро эҷодкорона дарк намуда, пешбарандаи технологияҳои навин бошанд ва равандҳои технологии замонавиро идора кунанд.

7. Бозомӯзӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони
соҳаи маориф

Теъдоди кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ки соли 2007 ҷиҳати таълими ду фан ва бештар аз онро тариқи бозомӯзӣ гузаштаанд, 10591 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди омӯзгороне, ки соли 2007 тахассуси худро баланд бароштаанд, 16800 нафар мебошанд.
Соли 2008 Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 148 курсҳои баланд бардоштани сатҳи ихтисосро барои 3099 кормандони соҳаи маориф, 15 курс барои директорон ва муовинони директорони мактабҳо бо фарогирии 257 нафар ва 35 семинарҳои мақсаднок бо фарогирии 875 омӯзгорони фанҳои мухталиф доир намуд. Мушкилоти асосӣ аз маблағгузории нокифояи курсҳои такмили ихтисоси кормандони бахш, инчунин хариди адабиёти методии муосир, воситаҳои таълимӣ ва аёнӣ, таҷҳизоти таълимӣ иборат аст.
Курсҳои сайёри такмили ихтисос вобаста ба мавҷуд набудани маводи методӣ ва таълимӣ дар маҳалҳо на чандон самараи хуб медиҳанд.
Мубодилаи таҷриба бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳалли масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф заиф мебошад. Механизмҳои судманди ҳавасмандгардонии моддию маънавии андӯхтани донишу малакаи нав аз ҷониби роҳбарон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ нокифоя буда, технологияҳои тренингии муосири таълим, ки ба фаъолияти амалӣ нигаронида шудааст, суст татбиқ мегардад.

8. Маблағгузории маориф


Сиёсати иқтисодӣ ва молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзалиятҳое асос ёфтааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2007с., №166) ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2007с., №167) ифода ёфтаанд. Бахши маориф яке аз самтҳои афзалиятноки рушду хароҷоти давлатӣ буда, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими теъдоди омӯзгорон, сарбории таҳсилот ва музди меҳнати омӯзгорон тадбирҳо меандешад ва механизми маблағгузории сарикасиро татбиқ мегардад, ки ба беҳбудии вазъи молиявии муассисаҳои маориф мусоидат менамояд.
Дар чанд соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди назари афзалияти маблағгузорӣ бо мақсади кӯмак ҷиҳати пешрафти тамоми бахши маориф, бо ҳифзи афзалияти таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-11), тадбирҳои муҳим андешид. Дар натиҷа маблағгузории бахш афзоиш ёфта, солҳои охир ҳиссаи маориф дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 3,5% дар соли 2005 то 4,7% дар соли 2008 афзоиш ёфт. Ҳаҷми маблағгузории соҳа бо дарназардошти барномаҳои сармоягузорӣ ва воситаҳои махсус дар соли 2008 ба 691,2 млн. сомонӣ баробар буд, ки аз он 562 млн. сомонӣ аз маблағи буҷети давлатӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҷмӯъ дар 5 соли охир буҷети маориф беш аз 4 маротиба афзуда, барои соли 2009 маблағи 1,139 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст (ниг.Ҷадвали 7).

Ҷадвали 7


Нишондиҳандаҳои асосии хароҷоти давлатӣ барои маориф
дар солҳои 2007-2009.

 

2007

 

2008

 

2009

Соҳаи маориф

Буҷет

воқеӣ

Буҷет

баҳодиҳӣ

нақша

Хароҷоти умумӣ барои маориф, миллион сомонӣ

506

524

691

691

1 139

Бо фоиз нисбат ба ММД (%)

5.3

4.89

4.7

4.22

4.93

Бо фоиз нисбат ба хароҷоти умумӣ (%)

15.8

12.64

15.4

14.03

17.67

Хароҷот барои маориф (бе БCД ва воситаҳои махсус), миллион сомонӣ

428

437

604

604

957,5

Бо фоиз нисбат ба ММД (%)

4.5

4.08

4.1

3.69

4.39

Бо фоиз нисбат ба хароҷоти умумӣ (%)

22.1

15.3

19.35

19.35

19.48

Хароҷоти ҷорӣ, миллион сомонӣ

389

351.17

535

525.39

787,4

Бо фоиз нисбат ба хароҷоти умумӣ (%)

22.9

18.6

20.9

20.51

21.8

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, № 409 «Дар бораи татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2007 инҷониб маблағгузории соҳаи маориф дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ бо дарназардошти самтҳои афзалиятноки рушди он анҷом дода мешавад.

Рушди маблаѓгузории маориф дар солњои 2005-2009

IV. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсади асосии Барнома аз таъмини шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон, ҷомеа ва бозори меҳнат ба таҳсилоти босифат, бо роҳи таъсиси механизмҳои нави институтсионалии танзим дар соҳаи маориф, таҷдиди сохтор ва мӯҳтавои маориф, рушди самти бунёдӣ ва амалии барномаҳои таълимӣ, ташаккули таҳсили муттасил иборат мебошад.
Барои ноил шудан ба мақсадҳои мазкур бояд вазифаҳои зайли стратегӣ ҳал карда шаванд:
- такмили самарабахшии низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф;
- такмили таъминоти методӣ ва кадрии соҳаи маориф;
- беҳбуди заминаи моддию техникии соҳаи маориф;
- такмили механизмҳои иқтисодӣ дар соҳаи маориф.
Ҳар кадом вазифаҳои Барнома дорои хусусияти маҷмӯӣ буда, ба татбиқи якчанд самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, аз ҷумла:
- таъмини дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба таҳсилоти хушсифат;
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти низоми миллии маориф дар асоси демократикунонии минбаъдаи идоракунии маориф;
- таҷдиди сохтори низоми таҳсилоти касбӣ ва тарбияи кадрҳо мутобиқи тавсияҳои Таснифоти байналмилалии стандартии маориф;
- таъсиси модели сезинавии маҷмӯии мукаммали тарбияи кадрҳо (бакалавриат – магистратура – докторантура), ки ба низоми ҷамъшавандаи кредитии таҳсилот асос ёфтааст;
- тарбияи мутахассисони баландихтисос, ки метавонанд вазифаҳои касбиро дар шароити иттилоотонии ҷомеа ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави илмӣ таъмин намоянд;
- фароҳам овардани низоми арзёбии сифати таҳсил;
- такмили таъминоти таълимию методӣ ва илмии раванди таҳсил;
- таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф;
- таъсиси механизмҳои ҷалби захираҳои бахшҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил;
- баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгорон, такмили таъминоти молиявӣ ва кадрии соҳаи маориф, омодасозии менеҷерҳои соҳаи маориф.
Ноил гардидан ба мақсадҳо ва ҳалли вазифаҳои Барнома аз ҳисоби таҳия, тасдиқ ва татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.

V. Механизм ва самтҳои асосии татбиқи Барнома

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷараёни татбиқи Барномаро ҳамоҳанг месозад;
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия менамояд, ки барои татбиқи Барнома заруранд;
- ҳар сол тибқи тартиби муқарраргардида оид ба дақиқ намудани иқдомҳо ва чорабиниҳои минбаъда ва дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории самтҳои афзалиятнок пешниҳод таҳия менамояд.
- ҳар сол оид ба рафти татбиқи Барнома маърӯза омода месозад.
Самтҳои асосии татбиқи Барнома ба самтҳои афзалиятноки ҳар як зинаи таҳсилоти соҳаи маориф мувофиқ гардонида мешавад.

1. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти томактабӣ

Такмил додани низоми музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои таълимии томактабӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи он;
ҷалби бештари кӯдакон синни соли томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ;
зина ба зина дида баромадани меъёри хароҷот, ки барои бо хӯрока таъмин намудани як кӯдак дар як рӯз ҷудо шуда ва таъмини молиявии он;
ҷудо кардани маблағ барои таъмир ва барқарорсозии бинои муассисаҳои таълимии томактабӣ;
таъмини муассисаҳои таълимии томактабӣ бо адабиёти кӯдакона, асбобу анҷоми илмию методӣ ва воситаҳои аёнӣ.
таҳкими заминаи моддию техникӣ ва иҷтимоии муассисаҳои томактабӣ дар деҳот;
ифтитоҳи синфҳои мавсимии тарбиявӣ (дар давраи тобистон) дар заминаи муассисаҳои амалкунандаи таҳсилоти умумӣ;
таҷдиди назари иштироки падару модарон дар маблағгузории таъминоти кӯдакон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ.

2. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти миёнаи умумӣ

Такмили механизми меъёрии (сарикасии) маблағгузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ;
такмил додани низоми музди меҳнати кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи он;
аз сентябри соли 2010 гузаштан ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола, аз соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ гузашта ва ба ин васила ҳамроҳ шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ;
тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи маориф;
ташкили ҳуҷраҳои методӣ ва лабораторӣ;
таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони забони рӯсӣ, забонҳои хориҷӣ ва воситаҳои аёнию дидактикӣ;
такмили омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ ва арабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
таъмиру, таҷдиди мактабҳои амалкунанда, инчунин сохтмони мактабҳои нав ба ивази мактабҳое, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгир мебошанд;
таҷҳизонидани мактабҳо бо мебел ва асбобу анҷоми техникӣ;
таъмини хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо таоми гарм дар мактаб;
ҷорӣ намудани таҳсилоти инклюзивӣ ва рушди он.

3. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти махсус

Зина ба зина дида баромадани меъёри хароҷот, ки барои бо хӯрока таъмин намудани як кӯдак дар як рӯз ҷудо шуда ва таъмини молиявии он;
таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилоти махсус;
таъмини тайёр намудан ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои омӯзгорӣ дар низоми муассисаҳои махсусгардонидашуда;
таъмин бо адабиёт ва таҷҳизоти махсус барои кӯдакони нобино, камбин ва ношунаво;
ҷорӣ намудани таҳсилоти инклюзивӣ ва рушди он.

4. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти иловагӣ

Давра ба давра аз байн бурдани фарқият дар пардохти музди меҳнат барои роҳбарони кружокҳо оид ба омӯзиши амиқи фанҳои мактабӣ;
гузариши давра ба давраи маҳфилҳои худфаъолияти бадеӣ ба ҳисоби хоҷагӣ.

5. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Таҷдиди назари мӯҳтавои таҳсил ва ташкили раванди таълим;
давра ба давра компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
такмили асосҳои таълимии методӣ, моддию техникӣ, таълимию истеҳсолӣ ва илмии рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
рушди муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ ва шарикии иҷтимоӣ;
таҷдиди назари низоми музди меҳнати кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
давра ба давра ҷорӣ намудани низоми омӯзиши эҳтиёҷот дар бозори меҳнат ва ворид намудани тағйирот ба миқдор ва сохтори тарбияи мутахассисон;
гузариш ба азнавташкилдиҳӣ ва муносибгардонии шабакаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тавассути муттаҳидсозӣ.

6. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти миёнаи касбӣ

Таҷдиди назари низоми музди меҳнати кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
давра ба давра компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
такмили асосҳои таълимии методӣ, моддию техникӣ ва илмии рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ;
беҳбуди заминаи моддию техникӣ аз ҳисоби нашри адабиёт ва хариди таҷҳизоти илмию лабораторӣ;
таҷдиди назар ва такмили номгӯи ихтисосҳо мутобиқи эҳтиёҷоти бозори меҳнат.

7. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти олии касбӣ

Таҳия ва омӯзиши механизми ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот;
ҷамъбасти натиҷаҳои озмоишии ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҷрибавии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо мақсади минбаъд паҳн намудани он дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои методӣ, ки гузариш ба низоми бисёрзинагии соҳаи таҳсилот ва таълими технологияи кредитиро таъмин менамояд;
ворид намудани тағйироти дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", ки гузариш ба низоми нави таҳсил, демократикунонии маориф, фароҳам овардани мустақилияти бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низоми имтиёзотро барои оилаҳои камбизоат, серфарзанд, маъюбон, кӯдакони ятим инъикос менамояд, фароҳам овардани шароити баробар ҷиҳати рақобат байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
ташкил ва гузаронидани тренингҳои таълимӣ барои ҳайати проффесорону омӯзгорон оид ба асосҳои технологияи нави таълим;
такмили идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
такмили нерӯи кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

8. Самтҳои афзалиятноки иттилоотонии таҳсилот

Такмил додани системаи иттилоотии идораи соҳаи маориф;
коркарди системаи идоракунии иттилоотии муттаҳида, ки фарогири омори маориф ва маълумоти дигар вазоратҳо ва идораҳо (молия, тандурустӣ, меҳнат ва ғайра) мебошад;
коркарди системаи идоракунии иттилоотии муассисаи таҳсилотӣ;
такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба раванди таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти соҳаи маориф;
минбаъд низ копютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёна барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонии таъминот бо техникаи компютерӣ;
васл намудани муассисаи таълимӣ ба шабакаи Интернет;
таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар ҳамаи самтҳои маориф;
фароҳам овардани марказҳои захираҳои иттилоотии таълимӣ дар минтақаҳо ва портали таълимии вазорат;
таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёна бо нашрияҳои таълимии электронӣ мутобиқи барномаҳои таълимӣ;
ҷорӣ намудани низоми иттилоотии мониторинг, таҳлил ва идоракунии муассисаҳои маориф.
Татбиқи самтҳои зикргардида баланд бардоштани сифати таҳсилро аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба раванди таълим ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар асоси маълумоти саҳеҳи мониторинг ва таҳлили вазъи маориф таъмин менамояд;

9. Самтҳои афзалиятноки низоми арзёбии сифати таҳсил

Анҷом додани арзёбии институтсионалии сифати таҳсил дар ҳамаи сатҳҳои он;
ҷорӣ намудани расмиёти арзёбии дохилӣ ва берунаи сифати таҳсил ва дастовардҳои таълимии хонандагон;
таҳияи низоми нишондиҳандаҳои таҳсил;
такмили воситаҳои стандартишудаи восита ва усулҳое, ки сатҳи дастовардҳои таълимии дониши хонандагонро муайян менамояд;

таъсиси инфраструктурае, ки арзёбии сифати таҳсилро анҷом медиҳад;
баланд бардоштани талаботи тахассусӣ нисбат ба мансабҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои соҳаи маориф.
Барои арзёбии берунаи муассисаҳои таҳсилот расмиёти иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия, акредитатсияи тести муттамарказ ва тадқиқотҳои мустақими мониторингӣ пешбинӣ карда мешавад.
Арзёбии дохилӣ дар шакли худбаҳодиҳӣ (худатестатсия), назорати ҷории дараҷаи таҳсил ва арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагонро пешбинӣ менамояд, ки дар муассисаҳои таълимӣ анҷом дода мешавад.
Тести муттамаркази хонандагон дар заминаи вазифаҳои стандартишуда, ки дар Маркази миллии тестӣ таҳия гардидааст, анҷом дода мешавад.
Назорати давлатии дастовардҳои таълимии хонандагон дар шакли тести муттамарказ баъди хатми ҳар як зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 4, синфҳои 9 (10), 11), дар курсҳои хатмкунандаи коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад.

VI. Захираҳои зарурӣ ва манбаи маблағгузорӣ

Манбаи асосии маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, сармояҳо ва маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ иборат мебошад. Маблағгузории Барнома дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ барои солҳои дахлдор анҷом дода мешавад.

VII. Натиҷаҳои мунтазира аз татбиқи Барнома

Бо назардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2007, №166) ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2004, №86) низоми муттаҳидаи (унификатсияшудаи) идоракунии маориф ташкил гардида, ҳамзамон эҳтиёҷоти афзояндаи ҷомеа ба инобат гирифта мешавад.
Дар низоми тарбияи томактабӣ:
фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад;
заминаи моддию техникии муассисаҳои томактабӣ қисман барқарор карда мешавад;
оид ба рушди муассисаҳои томактабӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва асосҳои илмию методӣ таҳия карда мешавад.
Дар таҳсилоти миёна:
принсипҳои ташкили таҳсил ва нақши хонанда тағйир ёфта, он аз «бадастоварандаи» пассиви донишу малака ва таҷриба ба субъекти фаъоли раванди таҳсил табдил меёбад;
хадамоти методӣ бо роҳи барқарорсозии ҳуҷраҳои методии назди шӯъбаҳои ноҳиявии маориф такмил хоҳад ёфт;
технологияҳои нави омӯзгорӣ, иттилоотӣ ва ҳифзи саломатии вобаста ба таҳсил ҷорӣ карда мешавад;
ҳар сол тақрибан 20% кормандони маориф тахассуси худро баланд мебардоранд;
миқдори кампютер дар мактабҳо дар соли 2015 бо таносуби 1 компютер барои 15 хонанда афзоиш меёбад;
сохтмони мактабҳои деҳот дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозӣ, аз хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгир шудаанд», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08 с.2008, №436 тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Дар низоми таҳсилоти махсус:
фарогирии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд тавсия хоҳад ёфт.
Дар низоми таҳсилоти иловагӣ:
машғулияти кӯдакони ноболиғ берун аз таҳсил бештар идома хоҳад ёфт;
иштироки хонандагон дар иттиҳодияҳо ва маҳфилҳо вобаста ба ҳавасмандӣ афзун мегардад;
теъдоди кӯдакони дорои ахлоқи ношоям, кам мешавад.
Дар таҳсилоти касбӣ:
ҷиҳати ҷалби бахши воқеии иқтисодиёт барои ташкили тарбияи кадрҳои касбӣ асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад;
дастрасии таҳсилоти касбӣ барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва ҷомеа афзоиш ёфта, эътибори он баланд мегардад;
робитаҳои низоми таҳсилоти техникӣ ва касбӣ бо корфармоён ва субъектҳои бизнеси хурду миёна таҳким ёфта, самараи ҳамкории субъектҳои шарикии иҷтимоӣ афзун мегардад;
адабиёти нави таълимӣ, таълимию методӣ, воситаҳои таълим таҳия мегарданд, ки ҷавобгӯи талаботи муосири корфармоён мебошанд;
низоми кредитии таҳсил ҷорӣ гардида, мутаносибии барномаҳои таълимии таҳсилоти техникӣ ва баъди таҳсилоти миёнаи касбӣ бо барномаҳои таҳсилоти олӣ таъмин карда мешавад;
истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим тавсеа меёбад;
миқдори компютерҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ба таносуби 1 компютер барои 15 нафар хонанда расонида мешавад;
низоми мусоидат ҷиҳати бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, такмили ихтисос (аз ҷумла рушди тарбияи мақсадноки қарордодӣ), низоми ташаккули омодагӣ ба худмуайянкунии касбӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани фаъолияти худӣ таъсис дода мешавад;

заминаи моддию техникии муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти техникӣ ва касбӣ таҳким хоҳад ёфт;
Дар низоми таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисахои таҳсилоти олӣ барои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба раванди Болония шароит фароҳам оварда мешавад.
Дар натиҷаи баланд бардоштани талаботи тахассусӣ нисбат ба таъминоти кадрӣ ва моддию техникии муассисаҳои олии касбӣ шабакаҳои муассисаҳои таълимии олии гражданӣ ва филиалҳои он ба танзим дароварда мешавад.
Ҳамасола то 100 номгӯй адабиёт, воситаҳои таълимию методӣ ва маҷмӯии таълимии методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардида (аз
ҷумла 70% бо забони давлатӣ), беш аз 300 номгӯй адабиёти хориҷӣ, аз ҷумла вобаста ба предметҳои барномаҳои нави таҳсилотии магистратура ва барномаҳои доктории Ph.D харидорӣ хоҳад шуд. Адабиёти таълимӣ нисбат ба ихтисосҳои афзалиятнок, пеш аз ҳама самтҳои техникӣ, технологӣ, аграрӣ, тиббӣ, байторӣ ва омӯзгорӣ тақсим карда мешавад.
Давра ба давра табдилдиҳии аспирантура, докторантураи анъанавӣ ба докторантураи Ph.D анҷом дода шуда, гузариши пурра ба низоми сезинагии тайёр намудани кадрҳо (бакалавриат, магистратура ва докторантура) таъмин карда мешавад. Қабули ҳамасола мутобиқи барномаҳои нав дар асоси фармоиши давлатӣ ба магистратура беш аз 2000 нафар ва ба докторантура Ph.D – 100 нафарро ташкил хоҳад дод. Дар заминаи панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тарбияи докторони Ph.D дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешрафтаи хориҷии таҳсилоти олии касбӣ, ки барномаҳои аккредитатсияшудаи докторӣ доранд, марказҳо таъсис дода мешаванд.
Такмили Низоми иттилоотии идоракунии маориф ва таъсиси низоми нави мониторинги маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маълумоти оморӣ, иттилоот оид ба сифати таҳсил асос ёфтааст, мусоидат хоҳад кард.
Низоми миллии арзёбии таҳсил имкон медиҳад, ки сифати дониш таввасути имтиҳонҳои маҷмӯӣ баррасӣ гардад ва низоми миллии мониторинги сифати таҳсил таҳия карда шавад. Воситаҳои обективии арзёбии беруна ва дохилии сифати таҳсил таъсис дода шуда, давра ба давра дараҷабандии муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ карда мешавад. Низоми миллии арзёбии сифати таҳсил имкон медиҳад дар бораи самарабахшии соҳаи маориф иттилооти объективӣ ба даст оварда, стратегияи рушди маориф ба нақша гирифта шавад. Ҳамзамон масъулияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунандаи маориф оид ба натиҷаҳои таълим баланд бардошта шуда, асосноксозии иштирокчиёни раванди таълим ва таҳсилоти муттасил таъмин мегардад, ҷиҳати рафти натиҷаҳои манфӣ тадбирҳо андеша мешавад. Оид ба натиҷаҳои ҳар як соли таълимӣ дар хусуси вазъи маориф маърӯзаи миллӣ нашр хоҳад шуд.

 

.