аз 3 майи соли
2006 № 197 ш.
Душанбе
Мутобиқи
моддаи 41 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади тақвияти
ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони
соҳаи маориф ва ҷалби
онҳо ба фаъолияти омўзгори
ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1.
Барои се соли аввали фаъолияти омўзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омўзгори ҳастанд
ва дар намудҳои гуногуни
мактабҳои таҳсилоти умуми кор мекунанд, аз 1 январи соли
2007 имтиёзҳои зерин муайян
карда шаванд:
- бенавбат ҷудо кардани қитьаи
замини барои сохтмони хонаи истиқомати;
- дар ноҳияҳои кўҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо
ҷудо кардани қитъаи замин барои боѓдори
ва полезкори;
- додани қарзҳои имтиёзнок
барои хариди чорвои калони шохдори
ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи
занбўри асал.
2.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлати дар якҷояги бо
Кумитаи давлатии заминсозии ҷумҳурии Тоҷикистон
масъалаи ҷудо намудани
қитъаи заминро мувофиқи имтиёзҳои
муқаррарнамудаи банди 1 ин қарор ҳал намоянд.
3.
Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон
дар якҷояги бо Бонки
миллии Тоҷикистон ва
Бонки давлатии «Амонатбонк» тартиби додани қарзҳои имтиёзнокро
тибқи банди 1 ин қарор таҳия ва
тасдиқ намоянд.
Раиси ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон Э.
Раҳмонов