Бо қарори мушовараи
Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29.09 соли 2012 № 3/22
тасдиқ шудааст.
Низомномаи Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои
табиӣ-риёзӣ
1. Қоидаҳои умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
1.2. Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ
(минбаъд Олимпиада) зери назорати вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукоти
олимпиадаи мазкур буда (минбаъд Кумитаи
тадорукоти Олимпиадаи
даставӣ), ҳайати онро вазири
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳод ва тасдиқ менамояд.
1.3.
Ҳадафҳои асосии гузаронидани
Олимпиада:
- баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
ба омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ;
- шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти
нави илмҳои табиӣ-риёзӣ ;
- ташаккули тафаккури
мантиқии хонандагон, бедор
намудани шавқу завқи онҳо дар
ҳалли масъалаҳои мураккаби фанҳои
табиӣ-риёзӣ, баёни озодонаи
фикр, аз худ намудани технологияи информатсионӣ;
- истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи
муосир;
- муайян намудани хонандагони болаёқат, ки ба
омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ шавқу завқ доранд, ташвиқи хонандагон
дар интихоби касб;
- ҷалби
хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
ба олимпиадаҳои байналмилалӣ;
- ҷалби
устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони
муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти
олии касбӣ оид ба расонидани ёрии методӣ ба
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва
муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;
2. Ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни Олимпиада
2.1.
Олимпиада аз фанҳои табиӣ - риёзӣ барои
ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ду давр гузаронида
мешавад:
Даври якум
(минтақавӣ) дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи
ҷумҳурӣ;
Дар даври дуюм
(ҷумҳуриявӣ) теъдоди муайяни хонандагони синфҳои
8-11 ширкат меварзанд. Аз
риёзӣ: математика - 3 нафар, физика - 3 нафар, технологияи
информатсионӣ - 3 нафар;
-
табиӣ: химия- 3 нафар, биология - 3 нафар.
2.2. Дар даври якуми Олимпиада хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои 8, 9, 10 ва 11 бо пешниҳоди
шӯъбаҳои маорифи шаҳру
ноҳияҳо иштирок менамоянд.
2.3 Шумораи иштирокчиёни даври якумро тибқи дархости шӯъбаҳои маорифи
шаҳру ноҳияҳо, Кумитаи тадорукоти вилоятҳо ва
шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи
ҷумҳуриро Маркази ҷумҳуриявии
кор бо мактаббачагони
шоиста муайян мекунанд.
2.4. Дар даври дуюми Олимпиада
(ҷумҳуриявӣ) хонандагони синфи 8, 9, 10 ва 11, ки холҳои баландро сазовор шудаанд, иштирок менамоянд. Шумораи иштирокчиёни даври дуюм дар асоси банди 2.1-и ҳамин Низомнома
сурат мегирад.
2.5. Даври дуюми Олимпиада бо иштироки дастаҳои зерин гузаронида мешавад:
- дастаи шаҳри Душанбе – риёзӣ 9 нафар, табиӣ- 6 нафар;
- дастаи вилояти Хатлон - риёзӣ 9 нафар, табиӣ- 6 нафар;
- дастаи вилояти Суғд -
риёзӣ 9 нафар, табиӣ- 6 нафар;
- дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- риёзӣ 9 нафар, табиӣ-6 нафар;
- дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - риёзӣ 9 нафар, табиӣ-6 нафар.
2.6. Дар даври дуюми Олимпиада
(ҷумҳуриявӣ) дастаҳо мувофиқи талаботи
банди 2.1 дархост пешниҳод карда метавонанд.
2.7.
Дастаҳо ба шарте ба даври
дуюми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ)
роҳ дода мешаванд, ки Кумитаи тадорукоти
марбута то 1-уми январба унвонии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи
ҷумҳуриявӣ ҳисобот ва дархост дар бораи гузаронидани Олимпиада (Замимаи 1
ва 2 ), нусхаи фармоиш оид ба гузаронидани даври якуми Олимпиадаро пешниҳод намоянд.
Роҳбарони
дастаҳо 1- нафарӣ аз ҳисоби кормандони
раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри
Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин
карда мешаванд.
2.8. Иштирокчиёни Олимпиада ҳуқуқ доранд:
- бо натиҷаи корҳои худ шинос
шаванд;
- дар сурати розӣ набудан аз
натиҷаи санҷиш, метавонанд ба комиссияи координатсионӣ муроҷиат намоянд.
3. Тартиби гузаронидани
Олимпиада
3.1.
Олимпиада зери назорати Кумитаи тадорукоти гузаронида мешавад. Кумитаи тадорукоти даври дуюми
(ҷумҳуриявӣ) Олимпиада тибқи фармоиши
вазири морифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали
моҳи октябр барои
ҳар сол таъсис дода мешавад.
3.2. Даври якум
(минтақавӣ) нимаи дуюми
моҳи октябр бо истифода аз маводи
тасдиқкардаи Кумитаи тадорукоти
марбута гузаронида мешавад. (Кумитаи тадорукот аз тарафи раёсати маорифи вилоятҳо,
шаҳри Душанбе ва шаҳру
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
аз тарафи Маркази
ҷумҳуриявии кор бо
мактаббачагони шоистаи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи октябр
тасдиқ карда мешавад).
3.3. Даври дуюм
(ҷумҳуриявӣ) аввали моҳи ноябр бо истифода
аз маводи тасдиқкардаи Кумитаи
тадорукоти Олимпиадаи
ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. (Кумитаи тадорукот аввали моҳи октябр тасдиқ карда мешавад).
3.4.
Хароҷоти хизматрасонии маданӣ-маишӣ
ва тиббии иштирокчиёни Олимпиадаи даври 1-ум (минтақавӣ) аз ҳисоби раёсати маорифи вилоятҳо,
шаҳри Душанбе ва шаҳру
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.
3.5.
Ҷойи баргузории даври
дуюми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаро Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи
ҷумҳуриявӣ, даври якумро раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи
ҷумҳуриро Маркази ҷумҳуриявии
кор бо мактаббачагони
шоистаи назди Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3.6. Масъулияти ташкил ва гузаронидани даври якум
(минтақавӣ) ба зиммаи раёсати
маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва даври дуюми
Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) ва якуми шаҳру ноҳияҳои тобеи
ҷумҳурӣ ба зиммаи Маркази ҷумҳуриявии кор
бо мактаббачагони шоиста гузошта мешавад
4. Кумитаи тадорукоти Олимпиада
4.1.
Роҳбарии умумӣ барои омодагӣ ва ташкилу гузаронидани
ин Олимпиада ба зиммаи Кумитаи
тадорукоти Олимпиадаи мазкур, ки бо
фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузошта мешавад.
Ба ҳайати
Кумитаи тадорукот кормандони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар мутахассисон шомил мешаванд.
4.2. Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ вазифаҳои зеринро доро мебошад:
- дар олимпиадаи минтақавӣ назоратро
таъмин намуда, ба ташкилу гузаронидани даври ҷумҳуриявии Олимпиада бевосита
роҳбарӣ менамояд;
-
ҳангоми ташкил ва гузаронидани даврҳои Олимпиада шаффофият
ва амиқияти илмию методиро таъмин ва назорат менамояд;
-
ҳайати доварони даври
дуюми Олимпиадаро
тасдиқ менамояд;
- тартибу меъёрҳои ба кори хонандагон
баҳо доданро муайян менамояд;
-
натиҷаи даврҳои Олимпиадаро таҳлил ва ҷамъбаст карда, маълумотномаро
ба вазири маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- масъалаи хизматрасонии маданӣ-
маишӣ ва тиббии
дастаҳоро ба роҳ монда, барои иҷрои вазифаҳои назариявӣ ва амалӣ шароит
фароҳам меоварад;
- дар интихоби усули маводи санҷишӣ таклиф
пешниҳод менамояд;
- барои ҳар як фанни таълимии Олимпиада ҳайати доваронро
таъсис медиҳад;
- маводи санҷишии Олимпиадаро
бо ҳайати доварон дар
рӯзи баргузории Олимпиада муайян
мекунад;
- дар
ҳамкорӣ бо доварон
натиҷаҳоро ҷамъбаст намуда, тарзи мукофотонидани
ғолибонро муқаррар менамояд;
- комиссияи координатсиониро таъсис медиҳад;
-тавассути воситаҳои ахбори омма тарғиби васеи рафти баргузорӣ ва
натиҷаҳои Олимпиадаро ба роҳ мемонад.
5.
Шартҳои Олимпиада
5. Олимпиада
аз фанҳои:
- риёзӣ
(математика), физика, технологияи
информатсионӣ;
- табиӣ
(химия, биология) аз рӯй ду супориш
сурат мегирад:
- супориши якум: ҳалли мисолу масъалаҳо;
- супориши дуюм: ҳалли
супоришҳои тестӣ (аз ҳар фан 50 савол).
Барои иҷрои супориши
якум 5 соат ва супоришҳои тестӣ 2 соати
астрономӣ вақт ҷудо карда мешавад.
6. Комиссияи координатсионӣ
6.1.
Ҳайати доварони фаннии
Олимпиада, дар навбати худ, комиссияи
координатсионӣ ба ҳисоб мераванд.
6.2.
Натиҷаи корҳои иштирокчиён дар ҷойи
баргузории Олимпиада овезон
карда мешавад.
7. Ҷамъбасти натиҷаҳои Олимпиада
7.1.
Олимпиада аз рӯйи натиҷаҳои ниҳоии балҳо
(холҳо) муайян карда мешаванд.
Барои ғолибони Олимпиада
(дастаҳо) як ҷойи 1, як ҷойи 2 ва
як ҷойи 3 муқаррар карда мешавад.
7.2. Иштирокчиёни даври дуюми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ), ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро
ишғол мекунанд, бо
туҳфаи хотиравӣ, медали рамзӣ ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
7.3.
Ғолибони даври дуюми
Олимпиада ҳуқуқи иштирок кардан дар
даври интихобӣ барои иштирок дар Олимпиадаҳои байналмилалиро
доранд.
7.4. Муаллимони мактабҳое, ки хонандагони онҳо дар даври дуюми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада
ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуданд, бо Ифтихорномаи
Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
7.5.
Кумитаҳои тадорукот сардорони
раёсат, мудирони
шӯъбаҳои маориф, аъзои
фаъоли кумитаҳои тадорукот
ва доваронро бо тартиби муқарраргардида
ба мукофот пешниҳод менамоянд.
8.
Маблағгузории Олимпиада
8.1. Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориҳои зеринро ба зимма мегирад:
-
хароҷоти рафти тайёрӣ ва
гузаронидани даври дуюми Олимпиада;
-
маблағҳои барои хизматрасонии
маданӣ – маишӣ ва тиббӣ,
тӯҳфаҳои хотиравӣ, тайёр намудани медал, Ифтихорнома, нишони
сарисинагӣ (бейҷик), хариди мукофот, маводи конселярӣ,
ба сафари хизматӣ фиристодани аъзои Кумитаи тадорукоти
Олимпиада;
-
маблағҳои барои таҳиягарони саволу масъала, чопи матн ва
тарҷумаи онҳо бо забонҳои дигар;
- ҷойи хоб, музди меҳнати аъзои Кумитаи тадорукот
ва доварон.
8.2. Мутасаддиёни даври дуюми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) сметаи хароҷотро то моҳи октябр
ба Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Ҳисобот ва
маводи даврҳои якуму дуюми Олимпиада ба муҳлати 5 сол
дар Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони
шоистаи назди Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта
мешаванд.