Ба аввал

Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар ҷумҳурии Тоҷикистон



Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар ҷумҳурии Тоҷикистон    

Бо ќарори Хукумати

Чумњурии Тољикистон

аз 30 июни соли 2007

№347 тасдиќ шудааст

 

Н И З О М Н О М А И

намунавии муассисањои таълимии типи

мактаб-интернат дар Љумњурии Тољикистон

 

1. Ќоидањои умумї

1.    Муассисањои таълимии типи мактаб-интернат ташкилоти давлатї ва ѓайридавлатии тањсилоти умумии таълимию тарбиявї буда, дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», санадњои меъёрї-њуќуќии соњаи маориф, њамин Низомнома, Оинномаи муассисаи таълимии типи мактаб-интернати Љумњурии Тољикистон фаъолият менамоянд.

2.    Муассисањои таълимии типи мактаб-интернат мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис, аз нав ташкил ва барњам дода мешавад.

3.    Дар Љумњурии Тољикистон намудњои зерини муассисањои таълимии типи мактаб-интернат (новобаста аз тобеият ва моликият) фаъолият карда метавонанд:

а) муассисаи таълимии типи мактаб-интернат барои кўдакони ятим ва бепарастор. Ин гуна муассисаи таълимї кўдаконеро, ки бесаробон мондаанд, аз падар ва ё модар мањрум гаштаанд (модарон ва падарони якка) ва аз оилањои камбизоат мебошанд, дар асоси роњхати Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба таълиму тарбия бо муњайё намудани љои хоб фаро гирифта, ба онњо гирифтани ин ё он касбро кафолат медињад;

 б) муассисаи таълимии типи мактаб-интернат барои кўдакони имконияти мањдуддошта. Ин гуна муассисаи таълимии давлатї кафолати давлатии ба тањсилот фаро гирифтани кўдакони имконияташон мањдудро, ки дар муассисањои тањсилоти умумї тањсил карда наметавонанд (кўр, кар, шунавоияшон суст, касалињои фалаљ (полиомеилит) таъмин менамояд;

в) муассисаи таълимии типи интернати наздимактабї. Ин гуна муассисаи таълимии давлатї барои гирифтани тањсилоти миёнаи умумии кўдаконе, ки аз мањалњои дур ба тањсил ниёз доранд, дар мањали зисташон мактабњои тањсилоти умумї амал намекунанд ва кўдакони оилањои камбизоат таъсис дода мешавад. Он аз њисоби буљети мањаллї бо ќарори маќомоти њокимияти давлатї таъсис ва барњам дода мешавад;

г) муассисаи таълимии санатории типи мактаб-интернат. Ин гуна муассисаи таълимии давлатї барои гирифтани тањсил ва табобати кўдакон ва наврасоне, ки гирифтори касалињои сил ва дигар намуди касалињои сирояткунандаанд, таъсис дода мешавад;

д) муассисаи таълимии типи интернатии махсус. Ин навъи муассисаи таълимии давлатї њисобида мешавад, ки дорои шароити алоњидаи таълиму тарбия, муњити махсуси омўзгорї буда, офияти (реабилитатсияи) тиббию иљтимої, тањсилу касбомўзии кўдакону наврасонеро, ки ба табобати тўлонї эњтиёљ доранд, гирифтори иллати љисмонї, рўњї мебошанд, ё рафтори онњо барои љамъият хавфнок доранд. Муассисаи зикршуда њамчунин таълиму тарбия, барќароркунии иљтимоии кўдакон ва наврасонеро, ки дар асоси ќарори суд тавассути комиссия оид ба кори ноболиѓон љалб карда шудаанд, фаро мегирад;

е) муассисаи таълимии типи мактаб-интернати хусусї. Ин навъи муассисаи таълимї аз љониби гурўњ ва шахсони алоњида таъсис дода мешавад. Муассисаи таълимии типи мактаб-интернати хусусї барномањои тањсилотро дар сурати доштани иљозатнома (литсензия) амалї менамояд;

ё) муассисаи таълимии типи мактаб-интернати оилавї. Ин навъи муассисаи таълимї аз љониби шахсони алоњида ташкил карда шуда, дар он теъдоди тарбиягирандагон набояд аз 15 нафар зиёд бошад;

ж) хонаи кўдакон барои кўдакони ятиму бепарастор, муассисаи давлатии тарбиявии типи мактаб-интернат буда, барои кўдакони ятим ва бепарастор ташкил карда шуда, шароити тарбия, таълим ва омодагї ба њаёти мустаќилонаи кўдаконро таъмин менамояд.

4.    муассисаи таълимии типи мактаб-интернат сохтори давлатии таълимии соњаи маориф мањсуб ёфта, аз љониби давлат ба шахсони эњтиёљманд гирифтани тањсилот ва таъмин бо љои хобро кафолат медињад;

5.    Дар асоси Низомномаи мазкур муассисањои таълимии типи интернатї низомномаи худро тањия карда, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ќайди давлатї мегузаранд.

6.    Низомномаи мазкур барои фаъолияти муассисањои таълимии типи интернатии оилавї, муассисањои таълимии типи интернатии хусусї ва хонаи кўдакон њамчун намуна ба њисоб меравад.

7.    Маќсади асосии фаъолияти муассисањои таълимии типи мактаб-интернат дар доираи барномаи таълимї, таълиму тарбияро ба манфиати љамъият, давлат, таъмини њифзи саломатї ва муњайё намудани шароит равона кардан мебошад. Он бо маќсади дастгирии кўдакони ятим, кўдакони бесаробонмонда, аз љињати аќлонї заиф, имконияти мањдуддошта ва кўдакони ба тарбияи махсус ниёзманд, таъсис дода мешавад.

8.    Муассисањои таълимии типи мактаб-интернати маќоми љумњуриявидошта бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуда, дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта мешаванд. Дар ин намуди муассисаи таълимї ба ѓайр аз тањсил, барои гирифтани ин ё он касб низ шароит фароњам оварда мешавад.

9.    Принсипи фаъолияти њар як муассисаи таълимии типи мактаб-интернатро Низомномаи њамон намуди мактаб-интернат муайян мекунад.

 

2. Вазифањои муассисањои таълимии

типи мактаб-интернат

 

10.    Вазифањои муассисањои таълимии типи мактаб-интернат аз инњо иборатанд:

-     фароњам овардани шароит барои аз худ кардани барномаи таълимии мактаби тањсилоти умумї ва мактаби тањсилоти ибтидоии касбї ба кўдаконе, ки ба кўмак ва дастгирии давлат (аз љињати тањсил ва љои зист) ниёз доранд;

-     ташаккули имконияти эљодкорї, љисмонї ва бадеии шахсият, заминагузории пояи мустањками ахлоќї ва тарзи њаёти солим, ѓанигардонии тафаккур бо роњи фароњам овардани шароит барои ташаккули шахсияти фардї;

-     тарбияи шањрвандї ва ватандўстї, муњаббат ба Ватан, эњтиром ба муќаддасоти давлатї, эњтироми арзишњои миллї, тоќатнопазирї нисбати њамагуна падидањои зиддиконститутсионї ва зиддиљамъиятї;

-     фароњам овардани шароит барои иштирок дар њаёти љамъиятї-сиёсї, иќтисодї ва фарњангии Љумњурии Тољикистон;

-     шинос намудан бо дастовардњои љањонї ва фарњангии ватанї, омўзиши таърих, урфу одатњои халќи тољик ва халќњои дигар, гуфтугў бо забонњои тољикї, русї, англисї ва забонњои дигар;

-     љорї намудани технологияи нави таълим, пайваст шудан ба шабакаи интернет;

11.    Муассисаи таълимии типи мактаб-интернати маќоми давлатї ва ё хусусидошта баъди гирифтани иљозатнома (литсензия) њуќуќ барои фаъолияти таълимро доро мешавад.

12.    Тартиби додани иљозатнома (литсензия), гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаи таълимии типи мактаб-интернат мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намуди фаъолият» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

13.    Раванди таълиму тарбия дар муассисањои таълимии типи мактаб-интернат мувофиќи Оинномаи ин муассиса муайян карда мешавад. Оинномаро муассис тасдиќ менамояд.

14.    Дар муассисањои таълимии типи мактаб-интернат тањсил аз се зина иборат мебошад: ибтидої, умумии асосї, миёнаи умумї. Хонандагони муассисаи таълимии типи интернатї њуќуќ доранд, ки то синни 18- солагї (11 сол) тањсилоти миёнаи умумиро аз худ намоянд. Ба зинаи сеюми тањсилоти умумї хонандагон бо назардошти хоњиш ва ќобилияту шавќи наврасон ба дараљаи тахассусии хониш ќабул карда мешаванд. Тањсилоти миёнаи умумї бо ќабули имтињонњое, ки маќомоти болоии марбутаи маориф муайян кардааст, ба анљом мерасад.

15.    Дар муассисањои таълимии типи мактаб-интернат барои кўдакони ятим ва бепарастор ва кўдакони дорои ќобилияти мањдуд синфњои махсуси тайёрї ва гурўњњои томактабии 1-2 сола, ки фаъолияти худро дар асоси њуљљатњои меъёрии муассисањои томактабї пеш мебаранд, ташкил карда мешаванд.

16.    Маќомоти мањаллии њокимияти давлатї дар љойњо шароити тањсил ва зисти тарбиягирандагони муассисањои таълимии типи интернатро муњайё карда, ба раванди таълиму тарбия, рушди мунтазам ва заминаи моддию техникии онњо кўмак мерасонад ва фаъолияти онњоро назорат менамояд.

17.    Тарбиягирандагон, маъмурияти муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, кормандони омўзгорї дар якљоягї бо падару модарон (ё шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд), вобаста ба њуќуќу ўњдадорињои худ масъалањои таълиму тарбияи насли наврасро њал менамоянд.

 

3. Хонандагон (тарбиягирандагон)

 Ќабули хонандагон (тарбиягирандагон)

 

18.    Пурра намудани муассисаи таълимии типи мактаб-интернат бо тарбиягирандагоне, ки ба кўмаку дастгирии давлат ниёз доранд, аз тарафи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон бо назардошти роњхати маслињатгоњи љумњуриявии психологї, тиббї ва педагогї, ки оид ба ќабули кўдакон, аз љониби Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шудааст, амалї карда мешавад.

19.    Кўдаконе, ки дар рўзњои таътил, истироњат ва ид дар муассиса мемонанд, дар гурўњи махсуси шабонарўзї муттањид карда мешаванд.

20.    Дар давраи таътили тобистона маъмурияти муассисањои таълимии типи мактаб-интернат дар њамкорї бо масъулини истироњатгоњњои туристї, лагерњои мењнатї, истироњатї ва дигар шакли ташкили истироњат барои тарбиягирандагон (аз рўи имконият) шароити мусоиди истироњат фароњам меоранд.

21.    Аз рўи меъёри барќарор намудани саломатї дар асоси хулосаи маслињатгоњи психологї, тиббї ва педагогї хонандагони мактаб- интернатњои махсус ба мактабњои тањсилоти умумї гузаронида мешаванд.

22.    Хатмкунандагони муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, ки шароити мањдуд доранд, баъди хатми мактаб аз љониби маќомоти таъминоти њифзи иљтимої, комиссияи назди маќомоти мањаллии њокимияти давлатї бо кор таъмин карда мешаванд. Дар интихоби касб ва таъмин бо кор вазъи саломатї ва майлу раѓбати онњо ба инобат гирифта мешавад. Тарбиягирандагони муассисаи таълимии типи мактаб-интернат ва хонаи кўдакон мувофиќи меъёрњои муќарраргардидаи ѓизодињї аз љониби муассис бо хўрока таъмин карда мешаванд.

23.    Ба хатмкунандагони муассисаи таълимии типи мактаб-интернат новобаста аз сохтор ва тобеияташон, пас аз бомуваффаќият хатм кардани муассиса њуљљати намунаи давлатї дар бораи тањсил дода мешавад.

24.    Ба хатмкунандагоне, ки дар муассисаи таълимии типи мактаб-интернат тањсил намуда, барномаи таълимиро аз худ накардаанд, гувоњнома дар бораи тањсил дар муассисаи мазкур дода мешавад.

25.    Кўдакони ятим ва бепарастор барои дохил шудан ба мактабњои олї ва миёнаи махсус аз имтиёзњои барои онњо муќарраргардида истифода мебаранд.

26.    Ба хонаи кўдакон кўдакони зерин ќабул карда мешаванд:

-     кўдакони ятим, ки синну солашон аз 3 то 7-сола мебошанд;

-     фарзандони модарони танњо;

-     кўдакон аз хонањои кўдакони навзод (ширхоргоњ):

-     кўдаконе, ки онњоро шахси дигар ба фарзандї хондааст ва бо сабабњои гуногун аз тарбияи онњо даст кашидааст;

-     кўдакони дорои иллати љисмонї ва аќлї;

27.    Ба муассисањои таълимии типи мактаб-интернат кўдакони зерин ќабул карда мешаванд:

-     кўдакони ятим ва кўдаконе, ки аз сарпарастии падару модар мањрум шудаанд;

-     ба таври истисно фарзандони модарони (падарони) танњо ва камбизоат;

-     кўдаконе, ки вобаста ба шароити њаёту мењнат, саломатии падару модар (ё шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд), ба тарбияи љамъиятї мўњтољанд;

-     кўдакони ятиме, ки аз сарпараст ва ѓамхорї, муњити оила ба таври доимї, ё ин ки муваќќатан мањрум шудаанд;

28.    Ба муассисањои таълимии типи мактаб-интернат барои кўдакони имконияти мањдуддоштае, ки дар мактабњои тањсилоти умумї имконияти хонданро надоранд, кўдакони зерин ќабул карда мешаванд:

-     кўдакони нуќсони љисмонї ва аќлидошта;

-     кўдакони мўњтољи табобати тўлонї буда;

29.    Ба муассисањои таълимии типи интернатии наздимактабї кўдакони зерин ќабул карда мешаванд:

-     кўдакони ятим ва аз оилањои камбизоат;

-     кўдакон аз дењањои дурдаст, ки дар наздикашон мактаб надоранд.

30.    Ќабули кўдакон ба муассисањои таълимии типи мактаб-интернат аз 25 август то 5 сентябр сурат мегирад.

 

4. Раванди таълиму тарбия ва истироњати

тобистонаи тарбиягирандагон

 

31.    Фаъолияти таълимиву тарбиявї, соли хониш ва хусусияти тарбиявии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат, мувофиќи наќша ва барномањои таълимї, ки дар асоси стандартњои давлатии таълим дар соњаи маориф тањия гардидаанд, бо фармони Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон ба роњ монда мешавад.

32.    Давомнокии њафта ва чорякњои хонишро Шўрои педагогї дар мувофиќа бо маќомоти марбута муайян намуда, дар Оинномаи мактаб-интернат нишон медињад.

33.    Тарбияи мењнатии хонандагон дар асоси наќшањо ва барномањои таълимии тасдиќнамудаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, якљояшавии таълим бо мењнати фоидаовари љамъиятї бо назардошти шароитњои мањаллї ва талабот, иштирок дар чорабинињои њифзи муњити зист, кор дар мањфил ва клубњо аз рўи шавќу раѓбат ба роњ монда мешавад.

34.    Иштироки тарбиягирандагон дар намудњои гуногуни корњои тарбиявї, мењнатї, варзишї ва маданию равшаннамої дар асоси принсипњои хоњиш, ташаббус ва соњибихтиёрї ба роњ монда мешавад.

Фаъолияти коллективи (ташкилот) тарбиягирандагон дар асоси худидоракунии хонандагон ба роњ монда мешавад.

Фаъолияти коллективи (ташкилоти) тарбиягирандагон дар асоси худидоракунии хонандагон ба роњ монда мешавад.

Маъмурият, омўзгорони муассисањои таълимии типи мактаб-интернат барои амалї намудани ташаббуси тарбиягирандагон, фаъолнокии ташкилотњои љамъиятии наврасон, шароит фароњам меоранд.

35.    Тарбиягирандагони муассисањои таълимии типи мактаб-интернат метавонанд дар машѓулиятњои мусиќї, бадеї ва варзишии дигар мактабњо, мањфилњо ва сексияњои гуногун, ки аз љониби муассисањои маданї-равшаннамої, беруназмактабї ва варзишї таъсис дода шудаанд, шуѓл варзанд, дар озмунњо, олимпиадањо, спаратакиадањо, намоишњо, азназаргузаронї ва дигар чорабинињои оммавии хонандагон иштирок намоянд.

 

5. Идораи муассисањои таълимии

типи мактаб-интернат

Роњбарият ва коркунони омўзгорї

 

36.    Роњбарии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва њуљљатњои меъёрї-њуќуќї амалї карда мешаванд. Шўрои педагогии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат њамчун маќомоти роњбарикунандаи муассиса буда, њуќуќ ва вазифањои Шўрои педагогии муассисањои таълимии типи интернатиро Оинномаи муассисаи таълимии типи мактаб-интернат муайян менамояд.

37.    Бо маќсади ба анљом расонидани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани мањорати касбї ва эљодии омўзгорону мураббиён, аз рўи тартиби муќарраргардида Шўрои методии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат таъсис дода мешавад.

38.    Њуќуќ ва вазифањои кормандони муассисањои таълимии типи мактаб-интернатро Оинномаи онњо, ки дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаи таълимии Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур тањия мегарданд, муайян мекунад.

 

6. Тартиби ташкил ва расонидани кўмаки тиббию санитарї ба тарбиягирандагон

 

39.    Кўмаки аввалияи тиббию санитарї ба кўдакони дар муассисањои таълимии типи мактаб-интернат истиќоматдошта аз тарафи муассисаи тиббии зертобеъ ва муассисањои тиббии њудуди љойгиршавии онњо ташкил ва расонида мешавад.

40.    Аз тарафи сохторњои масъули тиббї дар асоси наќша ба таври мунтазам кўдакон бо муоинаи тиббию профилактикї фаро гирифта мешаванд.

41.    Намуд ва њаљми корњои табобатию профилактикї дар асоси Оинномаи муассисањо, кўмаки аввалияи тиббию санитарї ба роњ монда мешавад.

42.    Тартиб ва назорати њолати бењдоштї дар муассисањои таълимии типи мактаб-интернат аз тарафи сохторњои назорати давлатии санитарию эпидемиологии њудуди љойгиршавии ин муассисањо ба роњ монда мешавад.

43.    Аз тарафи сохторњои тиббии муассисањои мазкур оид ба вазъи саломатии кўдакон (дар як сол ду маротиба аз ташхиси тиббї гузаронида мешаванд) бо тартиби муайян ба ќайдгирї ва њисоботи омории тиббї бурда мешавад.

 

7. Заминаи моддию техникї, маблаѓгузорї

ва њисобдорї

 

44.    Муассисањои таълимии типи мактаб-интернат барои ташкили раванди таълиму тарбия ва муолиљавию бењдоштї маљмўаи муайяни хонањо, биноњо ва таљњизотро доро мебошанд. Ѓайр аз ин ба маљмўаи биноњои амалкунандаи муассисањои таълимии типи мактаб-интернат инњо дохил мешаванд: хонањо (њуљрањо) барои дарстайёркунї, бењдошти саломатї (гигиенї), ташхиси рўњї (психологї), толори маљлисгоњ, толори кинонамоишдињї, њуљраи тиббї, њуљраи додани либос, њаммом, анборњои хољагии ёрирасон, њуљраи шустану хушккунии либосњо, анборњои сабзавот, хонањои нигоњ доштани маводи хўрока, ошхона ва маводи зидди сўхтор.

45.    Ба муассисаи таълимии типи мактаб-интернат мувофиќи тартиботи муќарраргардидаи муассисањои соњаи маориф маблаѓ људо карда мешавад. Барои муассисаи таълимии типи мактаб-интернат вобаста ба маќоми он дар хазинадории марказии Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ё дар хазинадории шўъбањои молияи дахлдор суратњисоб кушода мешавад.

46.    Тартиби сарфи маблаѓи људокардашудаи буљаи давлатї, таъсис ва сарфи маблаѓњои махсус, ба танзим даровардани фаъолияти молиявї – хољагии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат мувофиќи њуљљатњои меъёрии амалкунанда муайян карда мешавад.

47.    Барои њалли масъалањои фаврии кори муассисањо, таъмини шароитњои зарурї ва инчунин барои ташкили саёњатњо, чорабинињои фарњангию варзишї, њифзи саломатї ва њаёти тарбиягирандагон ба мактаб-интернат мошини хизматї дода мешавад (барои мактаб-интернати маќоми љумњуриявидошта аз њисоби буљаи љумњурї, барои мактаб-интернати маќоми вилоятї ва ноњиявидошта аз њисоби буљаи мањаллї).

48.    Муассисањои таълимии типи мактаб-интернат мувофиќи тартиботи муќарраргардида метавонанд хољагии ёрирасон, устохонањои таълимї-истењсолї ташкил карда, ба ањолї њар гуна хизматњои пулакї расонанд.

49.    Бо маќсади хизматрасонии тиббию бењдоштї ба кўдакони муассисањои таълимии типи мактаб-интернат ёрии тиббї, кори табобатию профилактикї, назорати бењдоштї, баќайдгирї ва њисоботи тиббии кўдакон ба роњ монда мешавад.

50.    Муассисањои таълимии типи мактаб-интернат шахси њуќуќї буда, мўњр бо тасвири Нишони Давлатии Љумњурии Тољикистон, штамп бо номи муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, хонаи кўдакон, инчунин лавњаи муќарраргардида доранд.

 

 

.