Ба ќарори мушовараи
Вазорати маорифи
Љумњурии Тољикистон
аз____декабри соли 2008
тасдиќ шудааст.
Низомномаи литсей дар
Љумњурии Тољикистон
I.Ќоидањои
умумї
1.
Низомномаи литсей дар Љумњурии Тољикистон дар асоси
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Кодекси граждании Љумњурии
Тољикистон, Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии
Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї тањия гардидааст.
2.
Низомномаи мазкур фаъолияти литсейро дар Љумњурии
Тољикистон ба танзим дароварда, њамчун намуна барои литсейњои ѓайридавлатї
(хусусї) низ асос мебошад.
3.
Литсей муассисаи тањсилоти умумиест, ки хонандагонро аз
рўйи малакаю истеъдод ва майлу раѓбаташон ба фанњои табиию риёзї, техникиву
технологї дар асоси озмун интихоб намуда, ба онњо асосњои ташаккули табиат,
ќонунњои ба њам монанди физикию кимиёї, таѓйирёбии љисмњо, назарияњои
математикї, њалли алгебравии муодилањо ва ќойдањои геометриро бо шарњи
масъалањои он, таѓйири моддањо ва бањампайвандии металњоро якљо бо системаи
даврї, инчунин инкишофи бемайлони технологияи информатсионї ва
коммуникатсиониро дар њампайвандї бо масъалањои инсонгарої таълим медињад.
4.
Литсей барномањои таълимии тањсилоти умумии асосї ва
миёнаи умумиро дар асоси Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумї дар Љумњурии
Тољикистон амалї намуда, тайёрии иловагии хонандагонро аз рўи фанњои равияњои
табиї-риёзї ва техникї - технологї таъмин менамояд. Њамчунин метавонад
барномањои тањсилоти умумии ибтидоиро дар сурати таъмини заминањои
моддї-техникї ва захирањои кадрї амалї гардонад.
5.
Литсей њуќуќи шањрвандонро новобаста аз миллат, нажод,
љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої ва молу мулк амалї
карда, масъулияти иљрои барномаи таълиму тарбияро ба манфиати шахс, љомеа,
давлат ба зимма мегирад ва барои рушди њаматарафаи шахсият, аз он љумла ќонеъ
кардани эњтиёљоти ўро ба худомўзї ва гирифтани тањсилоти иловагї таъмин
менамояд.
6.
Маќсади асосии литсей дар доираи азхудкунии барномањои
њатмии тањсилоти умумї, ташаккул додани маданияти шахсии хонандагон, мутобиќ
шудани онњо ба њаёти љамъиятї, замина гузоштан барои интихоби бошууронаи касб
ва минбаъд аз худ кардани барномањои касбии тањсилот, тарбияи хонандагон дар
рўњияи ватандўстї, шањрвандї, мењнатдўстї, зебоипарастї, тањаммул ва
тоќатпазирї, эњтироми њуќуќ ва озодї, муњаббат ба табиат, оила, устод,
ташаккули тарзи њаёти солим иборат аст.
7.
Барномањои таълимии асосї ва иловагии литсей барои њал
кардани масъалањои зерин пешнињод мешаванд:
-
амалї гардонидани барномањои тањсилоти асосї ва миёнаи
умумї бо маќсади мукаммал омўхтани фанњои табиї-риёзї, техникї ва технологї;
-
муњайё кардани шароити мусоид барои инкишофи тарбияи
ахлоќї, љисмонї, эстетикии шахс ва даќиќназар ба воя расидани хонанда;
-
дар сатњи баланд таъмин намудани тайёрї барои аз худ
кардани дониши амалї аз фанњои табиї-риёзї;
-
интихоби касб ва амалї кардани он бо омўзиши амиќи фанњои табиї- риёзї, техникї ва технологї;
-
ташаккул додани малакањои мустаќилият ва фаъолияти
эљодкорї дар соњаи таълими фанњои табиї- риёзї ва техникї ва технологї;
-
амалї гардонидани имконияти тањсилоти босифат аз фанњои
умумитабиї ва умумириёзї ва њамгироии фанњои гуманитарию љамъиятї;
8.
Фаъолияти литсей аз инњо иборат аст:
-
амалї намудани барномањои иловагии тањсилоти касбї доир
ба фанњои табииву риёзї, технологияи информатсионї ва коммуникатсионї;
-
расонидани хадамоти иловагии тањсилот доир ба фанњои
табиї- риёзї, техникї ва тахнологї бо маќсади баланд бардоштани савияи дониши
хонанда дар асоси шартнома (ќарордоди) дутарафа;
-
фароњам овардани шароит барои баланд бардоштани ихтисоси
кормандони литсей;
-
тањияи наќшаю барномањо ва китобњои дарсї, воситањои
аёнї, маводи методї, илмї ва адабиёти ёрирасон;
-
ташкили семинар, конференсия, мусобиќањои илмї ва
олимпиадањо аз рўи фанњои умумитабиї ва умумириёзї;
-
ташкили сексияњои фаннї, студияњои эљодї, клубњои
илмї-ихтирокорї ва гурўњњои тадќиќотї;
9.
Литсей доир ба масъалањои зерин љавобгар аст:
-
иљро накардани вазифањое, ки ба зиммаи он ќонунгузории
Љумњурии Тољикистон гузоштааст;
-
пурра таъмин накардани иљрои барномањои тањсилоти умумї
мутобиќ ба наќшаи таълимї ва љадвали љараёни тањсилот, сифати љараёни тањсилот;
-
њифзи њаёт ва саломатии хонандагон, кормандон дар ваќти љараёни
тањсил;
-
аз рўи амалњои дигаре, ки ќонунгузории љории Љумњурии
Тољикистон пешбинї намудааст.
10.
Гирифтани њамаи зинањои тањсилот, ки дар доираи
барномањои асосии тањсилоти умумї ва Стандарти давлатии тањсилот амал мекунанд.
II. Ташкил
ва фаъолияти литсей
дар Љумњурии Тољикистон
11.
Литсей бо ташаббуси маќомоти давлатии идораи маориф ва
муассис (муассисон) таъсис ёфта, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба
ќайди давлатї гирифта мешавад.
12.
Литсей дар сурати доштани иљозатнома оид ба пешбурди
фаъолияти таълимї амал менамояд. Дар асоси Низомномаи мазкур Оинномаи худро
тањия менамояд, ки аз љониби маќоми давлатии идораи маориф ва ё муассис (
массисон) тасдиќ гардида, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ќайди
давлатї гузаронида мешавад.
13.
Литсей тибќи Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти
умумї таъсис, аз нав ташкил ва барњам дода мешавад. Дар мавриди аз нав ташкил
додан ва барњам додани литсей риояи њуќуќу манфиатњои кормандони хориљшуда
мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон кафолат дода мешавад.
14.
Литсей шахси њуќуќии мустаќил буда, дорои номи худ, мўњр
бо акси нишони давлатии Љумњурии Тољикистон, суратњисоб ва дигар њисобњое, ки
ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар кардааст, мебошад.
15.
Тибќи Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї
муносибати байни маќомоти давлатии идораи маориф, муассис (муассисон) ва литсей, ки Низомномаи мазкур муќаррар
накардааст, дар асоси шартномаи байни онњо сурат мегирад.
16.
Литсей тибќи тартибе, ки Низомномаи намунавии муассисањои
тањсилоти умумї муќаррар кардааст, аз аттестатсия ва акредитатсияи давлатї
мегузарад.
17.
Литсей бо ќарори маќомоти давлатии идораи маориф ва ё
муассис (муассисон) метавонад маќомашро дигар намояд, агар он бар хилофи
ўњдадории муассисаи тањсилоти умумї амал накунад.
18.
Литсей дар ташкилу фаъолияти ассотсиатсия, иттињодия ва
дигар љамъиятњо, ки ба маќсади инкишоф ва мукаммал намудани соња ва сифати
таълим шароит муњайё менамоянд, иштирок менамояд.
19.
Дар литсей Шўрои љамъиятї, Ассотсиатсияи волидайн ва
омўзгорон ва Созмони талабагї таъсис дода мешавад.
20.
Дар литсей ташкил ва фаъолияти њизбњои сиёсї, њаракат ва
ташкилотњои динї манъ аст.
21.
Тибќи Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї
хизматрасонии тиббии хонандагон бо воњидњои кори табибони литсей ё кормандони
тиббие, ки маќомоти тандурустї онњоро ба литсей вобаста кардааст, таъмин
мешавад. Онњо дар ташкил ва гузаронидани
чорабинињои табобатї, пешгирии беморї, риояи меъёрњои санитарию гигиенї,
тартиб ва сифати хўроки хонандагон масъул мебошанд. Литсей вазифадор аст, ки ба
кормандони соњаи тиб шароит муњайё намояд.
22.
Литсей дорои ошхона ва анбори нигоњдории хўрока мебошад,
ки бояд љавобгўи меъёрњои муќарраргардида бошад.
III. Ташкили
љараёни тањсил
23.
Литсей тањсилро дар доираи зинаи дуюми тањсилоти умумии
асосї (мўњлати азхудкунї 5 сол, аз синфи 5 то синфи 9), ё ин ки дар доираи
синфњои 7-9 (мўњлати азхудкунї 2 сол) ва дар доираи зинаи сеюми тањсилоти
миёнаи умумї (мўњлати азхудкунї 2 сол, аз синфи 10 то синфи 11) ташкил
менамояд. Инчунин метавонад зинаи аввали тањсилотро амалї намояд, агар масоњати
таълимгоњ, заминаи моддї- техникї ва захираи кадрї мувофиќат намояд.
24.
Илова ба талаботи Стандарти давлатии тањсилоти умумї
мазмуни тањсилот васеъ карда мешавад ва фанњои иловагї, курсњои факултативї,
шаклњои гуногуни машѓулиятњои беруназсинфї ва фанњо аз рўи интихоб ба Наќшаи
таълимии он дохил карда мешавад.
25.
Литсей аз рўи наќшаю барномањои таълимї ва таќвимии
фардї, ки барои омўзиши амиќи фанњои равиявї ва барои идома додани тањсил ба
мактабњои олї нигаронида шудааст, фаъолият када метавонад.
26.
Хонандагон метавонанд барои омўзиши даќиќ ва инкишофи
сатњи дониш аз рўи наќшаю барномањои таълимии (фардї) таълим гиранд.
27.
Таълим ва тарбия дар литсей бо забонњои тољикї вобаста ба
майлу хоњиши хонандагон ва дигар забонњое, ки моддаи 7 Ќонуни Љумњурии
Тољикистон «Дар бораи маориф» муайян кардааст, љорї карда мешавад.
28.
Тартиби ќабул ба литсей тибќи муќаррароти њуљљатњои
меъёрии амалкунанда, Низомномаи мазкур ва Оинномаи муассисаи таълимї сурат
мегирад.
29.
Ќабули хонандагон тибќи озмун амалї гардида, тартиби он
дар Оинномаи литсей нишон дода мешавад. Озмун хаттї ва шифоњї аз рўи барнома ва
фанњои таълимие, ки дар наќшаи заминавї (базавї)-и таълимї нишон дода шудаанд,
дар се давра дар асоси Дастури ќабули хонандагон ба литсей, ки бо ќарори Шўрои
педпагогї ќабул шудааст, амалї мегардад.
30.
Литсей ба хонандагоне, ки заминаи тайёрии хуб аз фанњои
асосии равиявї доранд, њамчунин ѓолибони олимпиада, озмунњои эљодї,
конференсияњои илмї- амалї мебошанд, барои ќабул афзалият медињад.
31.
Дар литсей тањсил кардани хонандагони сустхон ва бадахлоќ
манъ аст.
32.
Хонандагони литсей њуќуќ доранд, ки новобаста аз шакли
ташкилию њуќуќї ба муассисаи дигари таълимї гузаранд.
33.
Хориљ кардани хонанда аз литсей дар асоси Ќонуни Љумњурии
Тољикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї
сурат мегирад.
34.
Шакли ташкили љараёни тањсилотро дар литсей Шўрои
педагогї муайян менамояд. Он метавонад муќаррарї ё ѓайримуќаррарї бошад.
Давомнокї ва низоми њаррўзаи машѓулиятњо дар љадвали дарсї дарљ мегардад ва он
аз љониби директори литсей тасдиќ карда мешавад. Дарс дар литсей аз соати 8.00
то соати 16.00. тибќи рељаи корие, ќи Шўрои педагогї ќабул кардааст, сурат
мегирад.
35.
Шумораи хонандагон дар њар як синф то 25 нафар муќаррар карда мешавад. Синфњо дар ваќти гузаронидани
машѓулиятњои амалии фанњои забони хориљї, технологияи информатсионї ба ду гурўњ
људо карда мешаванд.
36.
Интихоби низоми бањогузорї, шакл ва тартиби гузаронидани
аттестатсияи фосилавии хонандагон тибќи меъёрњои амалкунанда, Оинномаи литсей
ва ќарори Шўрои педагогї амалї мегардад.
37.
Хонандагоне, ки дар љамъбасти ду чоряк бањои
ѓайриќаноатбахш гирифта, аз санљишњои иловагї намегузаранд, бо ќарори Шўрои
педагогї аз литсей хориљ карда мешаванд.
Дар литсей њар чоряк ва нимсола санљиши хаттию шифоњии иловагї гузаронида
шуда, ќобилияти зењнии хонанда муайян карда мешавад. Тартиби гузаронидани
санљишњо ва тестро Шўрои педагогї ва Шўрои методии литсей муќаррар менамояд.
Дар сурати нагузаштан аз санљишњо, тести иловагї ва барномавї ба Шўрои педагогї
њуќуќ дода мешавад.
38.
Ба хонандагони литсей, ки зинаи дуюми тањсилотро хатм
кардаанд, шањодатнома дар бораи тањсилоти умумии асосї ва ба хонандагоне, ки
дар давоми тањсил ба муваффаќиятњои назаррас соњиб гаштаанд, шањодатномаи аъло
дода мешавад.
39.
Тибќи Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї ба
хонандагоне, ки зинаи сеюми тањсилро хатм мекунанд, шањодатнома дар бораи хатми
тањсилоти миёнаи умумї дода мешавад ва хонандагоне, ки дар рафти тањсил ба
муваффаќиятњои назаррас соњиб мегарданд, мувофиќи талаботи њуљљатњои
амалкунанда барои гирифтани медали тилло ё нуќра пешнињод карда мешаванд.
40.
Тартиби муносибати литсей, хонанда ва падару модаронро
(шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд) шартнома муайян мекунад. Миёни падару модар
(шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд) ва роњбари литсей шартнома (ќарордод) баста
мешавад. Шакли шартнома (ќарордодро) Шўрои педагогии литсей муайян менамояд.
41.
Литсей хонандагонеро, ки дар давоми тањсил ба муваффаќиятњои
назаррас ноил мегарданд, њавасманд менамояд.
42.
Литсей њуќуќ дорад, хизмати иловагии пулакиро тибќи
ќонунгузории амалкунанда љорї намояд. Меъёри пардохти маблаѓро Шўрои педагогии
литсей якљоя бо Шўрои љамъиятї муайян мекунад.
43.
Давомнокии дарс дар литсей 45 даќиќа муќаррар карда
мешавад. Соли хониш 1-уми сентябр оѓоз гардида, 30 июн ба анљом мерасад (бо
назардошти мўњлати имтињонсупорї).
IV. Тарзи
идора дар литсей
44.
Литсей мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи
маориф», моддаи 53-и Кодекси шањрвандии Љумњурии Тољикистон Низомномаи
намунавии муассисањои тањсилоти умумї, Низомномаи мазкур, Оинномаи литсей ва
дигар санадњои меъёрии њуќуќї идора карда мешавад.
45.
Дахолати маќомоти давлатии идораи маориф, муассис ё
муассисон ба љараёни таълим, илм, хољагї ва дигар фаъолияти литсей танњо дар
мавридњои пешбинигардидаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон имконпазир аст.
46.
Маќоми асосии худидораи литсейро Шўрои педагогї ба ўњда
дошта, роњбарии бевоситаи онро директории литсей иљро мекунад.
Шўрои
педагогї илова ба салоњиятњое, ки Низомномаи Шўрои педагогї муќаррар кардааст,
масъалањои зеринро њал менамояд:
-
фаъолияти асосии литсейро муайян мекунад;
-
Ойинномаи литсейро тањия мекунад (ба он таѓйироту илова
ворид менамояд);
-
комиссияњои муваќќатї ё доимї оид ба санљиши самтњои
гуногуни фаъолияти литсейро таъсис медињад ва вазифањои хизматии онњоро муайян
менамояд;
-
рељаи кори литсейро муайян менамояд;
-
самтњои харољоти маблаѓњои ѓайрибуљетиро якљоя бо Шўрои
љамъиятї тасдиќ мекунад;
-
њисоботи директор ва дигар кормандонро мешунавад;
-
кормандони литсейро ба мукофот, тўњфа ва дигар намудњои
њавасмандкунї пешнињод менамояд;
-
тартиботи дохили литсейро муайян ва тасдиќ мекунад;
-
натиљаи тањсилро муњокима намуда, тавсия ва хулосањо
мебарорад;
-
доир ба масъалаи аз литсей хориљ кардани хонандагон
ќарори дахлдор ќабул мекунад;
-
муњокима ва интихоби наќшаю барномањои таълимї, китобњои
дарсї, шакл ва усули методи таълим ва роњњои амалї гардидани онро таъмин
менамояд;
-
доир ба баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон,
ташаббус ва инкишофи эљодї, пањн кардани таљрибаи пешќадами онњо чорањои зарурї
меандешад;
-
самти корњои тадќиќотию таљрибавии литсейро бо дигар
муассисањои тадќиќотї муайян мекунад.
47.
Дар литсей директор роњбар мебошад. Директорро маќомоти
давлатии идораи маориф ва ё муассис (муассисон) ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад.
Директори
литсей илова ба вазифањое, ки барои ў дар Низомномаи намунавии муассисањои
тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон нишон дода шудааст, вазифањои зеринро иљро
мекунад:
- манфиати
литсейро дар маќомоти давлатї ва дигар ташкилоту муассисањо њимоя менамояд;
- ташкили љараёни таълимро ба наќша гирифта,
натиљаи иљрои онро назорат мекунад;
- роњбарони
синфро таъйин мекунад;
- воњидњои
кории литсейро барќарор ва таѓйир медињад;
- ба кор
ќабул ва аз кор озод кардани кормандони педагогї ва хизматрасониро ба ўњда
дорад;
- дар
доираи њуќуќњои ба вай муайяншуда, нисбати маблаѓњо, таљњизот, ашёњои литсей
ѓамхорона муносибат намуда, дар бонк ва муассисањои бонкї суратњисоб мекушояд,
дар њуљљатњои маблаѓї имзо мегузорад, истифодаи дурусти маблаѓњои буљавї ва
ѓайрибуљавиро назорат мебарад.
-
барои њимояи
њуќуќ ва саломатии хонандагон масъул буда, ба сифати таълим љавобгар мебошад.
48.
Барои ташкил кардани корњои илмї- методї дар литсей
кафедрањои соњавї, кабинети методї, клубњои ихтирокорон ва дигар сохторњо
ташкил карда мешаванд, ки онњо дар асоси Низомномаи худ фаъолияташонро ташкил
менамоянд.
V. Њуќуќ
ва вазифањои субьектњои раванди таълим
49.
Субьектњои раванди таълим (хонандагон, падару модарон,
коллективи педагогї) илова ба њуќуќ ва вазифањое, ки барои онњо Низомномаи
намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон муайян намудааст,
чунин њуќуќ доранд:
- њуќуќи
гирифтани таълими инфиродї дар асоси Стандарти давлатии тањсилот;
- мурољиат
намудан ба Шўрои педагогї нисбат ба мушкилот ё мухолифот (аз болои муаллимон ва
дигар кормандони литсей) бо маќсади њаллу фасли он дар доираи Ќонун;
- иштирок
дар худидоракунии литсей;
- озодона
баён кардани фикру аќидаи худ.
50.
Хонанда вазифадор аст:
- талаботи
ќойдањои талабагї ва Низомномаи мазкур, Ойинномаи литсейро риоя менамояд;
- Оинномаи
литсей ва ќоидањои талабагиро риоя намояд;
- бовиљдонона
тањсил карда, иљрои њамаи супоришњое, ки талаботи наќшаю барномањои таълимї
пешбинї намудааст, дар мўњлати муќарраршуда таъмин намояд;
- ба ашёњои
литсей муносибати эњтиёткорона дошта бошад (дар сурати вайрон кардани ашёњои
литсей онњоро падару модарон барќарор менамоянд);
- тарзи
њаёти солимро риоя намояд;
- нисбати
риоя кардани техникаи бехатарї, санитарї-гигиенї масъул бошад;
-
эњтироми њуќуќ ва озодии дигаронро ба љо оварад.
51.
Њуќуќњои падару модарон (шахсоне, ки онњоро иваз
мекунанд) илова ба он њуќуќњое, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи
маориф» нишон дода шудаанд, инњоянд:
-
мурољиат намудан ба Шўрои педагогї ва роњбарият барои
њимояи њуќуќ ва манфиати фарзандон;
-
иштирок дар идораи литсей (Шўрои педагогї, Шўрои методї,
Шўрои љамъиятї, Шўрои сарпарастон);
-
бастани шартнома (ќарордод)- и дутарафа бо роњбари
литсей;
-
мурољиат ба маќомоти дахлдор нисбати беадолатї дар литсей;
52.
Падару модарон (шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд)
вазифадоранд:
-
фароњам овардани шароити мусоиди гирифтани тањсилоти
миёнаи умумии љавобгўи меъёрњо барои фарзандон;
-
таъмини иљрои талаботи Оинномаи литсей;
-
риояи тартиботи дохилии литсей;
-
њамкорї бо Шўрои педагогї, муаллимон, роњбарони синф ва
назорати аз худ кардани барномањои таълимї;
-
расонидани ёрї ба фаъолияти литсей;
-
таъмини фарзандон бо маводи таълимї љињати гирифтани
таълиму тарбия;
53.
Њуќуќњои кормандони педагогии литсей тибќи Ќонуни
Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» амалї мегардад. Илова бар он кормандони
педагогии литсей чунин њуќуќ доранд:
-
ба Шўрои педагогї нисбати масъалањое, ки ба онњо розї
нестанд мурољиати хаттї намоянд;
-
тахассуси касбии худро баланд бардоранд;
-
дар идораи литсей фаъолона иштирок намоянд.
54.
Коркунони педагогї вазифадоранд:
- таъмини
риояи талаботи Оиннома, тартиботи дохилї, фармону дастурњои директори литсей ва
иљрои вазифањои хизматии ба ў вобасташуда;
- эњтироми
њуќуќ ва вазифањои иштирокчиёни раванди љараёни тањсилот;
- таъмин
иљрои барномањои таълимї;
- таъмини
робитаи падару модарон (шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд) бо литсей;
- иљрои
шартномаи мењнатї.
VI.
Моликият ва маблаѓгузории литсей
55.
Литсей мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва
Оиннома дар фаъолияти хољагї ва маблаѓгузорї мустаќил мебошад. Литсей дар
доираи маблаѓњои људокардашуда ва аз дигар сарчашмањо воридшуда мустаќилияти
молиявию хољагї дорад.
56.
Тамоми таљњизотњои литсей моликияти маќомоти иљроияи
њокимияти давлатї ва ё муассис ( муассисон) буда, онњо дар тавозуни литсей
дохил мегарданд ва тибќи шартнома ба литсей вобаста карда мешаванд. Номгўи молу
амвол дар Оинномаи литсей дарљ карда мешавад.
Литсей
њуќуќ дорад, ки таљњизот (амвол)-и ба ў вобасташударо истифода барад.
Бе
иљозати маќомоти давлатии идораи маориф ва ё муассис (муассисон) истифодаи
амволи литсей бо маќсадњои берун аз таълим манъ аст.
57.
Ќитъаи замине, ки барои литсей људо карда шудааст, бе
мўњлат ва ба тариќи ройгон истифода бурда мешавад.
58.
Сарчашмањои маблаѓгузорї ва даромади литсей аз инњо
иборат аст:
-
маблаѓњои буљети љумњуриявї ё мањаллї, муассис ё
муассисон, ки тибќи меъёрњои муќарраргардида људо карда мешаванд, сарпарастон,
хайрияи шахсони њуќуќї ва воќеї, аз њисоби даромади корхонаю ташкилотњо, аз њисоби
таълими иловагии пулакї ва дигар сарчашмањое, ки ќонунгузории љорї муайян
намудааст;
59.
Њаљми сарбории кормандони педагогии литсей тибќи
ќонунгузории мављуда муќаррар карда мешавад.
Ба
директории литсей њуќуќ дода мешавад, ки аз њисоби маблаѓњои иловагї ва дигар
сарчашмањои молиявї омўзгоронро њавасманд гардонад.
60.
Бо маќсади ќонеъгардонии эњтиёљоти истеъдоди эљодї ва
тадќиќотии хонандагон аз фанњои алоњида барои хонандагон дарсњои иловагї ташкил
карда мешаванд. Барои ташкил ва гузаронидани ин дарсњо мутахассисон аз
муассисањои тањсилоти олии касбї дар асоси шартнома даъват карда мешаванд.
Њаљми чунин дарсњо набояд аз 180 соат дар як сол зиёд бошад.
61.
Тартиби пешбарии њисоботи бухгалтерї дар литсей дар асоси
ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба амал бароварда мешавад.
Литсей
дар доираи маблаѓњои барои музди мењнат људогардида метавонад музди мењнатро аз
рўи меъёрњои амалкунанда, аз натиљаи низоми кори њар як омўзгор, њамчунин ба
андозаи маоши хизматї (ставка), мукофотпулии мењнатї ва иловапулї муќаррар
намояд.
VII. Тартиби
идора ва таъмини
њайати
педагогии литсей
62.
Кормандони педагогии литсей тибќи Кодекси мењнати
Љумњурии Тољикистон тариќи озмун ба кор ќабул карда мешаванд.
Ба кори педагогї шахсоне, ки мувофиќи њукми
суд ё нишондоди тиббии рўйхаташон аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон
тасдиќшуда ба фаъолияти омўзгорї машѓул шуданашон манъ карда шудааст, ќабул
карда намешаванд.
63.
Муносибати корманд ва корфарморо шартномаи мењнатї ба
танзим медарорад, ки бояд хилофи Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон набошад.
64.
Бо маќсади дуруст таъмин кардани фаъолияти литсей ва
иљрои вазифањои ойинномавї миёни Тарафњо ўњдадорињо муќаррар карда мешавад.
Тартиби
онро маќоми давлатии идораи маориф ва ё муассис (муассисон) якљо бо директории
литсей муайян менамоянд ва дар Ойинномаи литсей дарљ мегардонанд. Иљрои
вазифањо аз љониби тарафњо њатмї мебошад.
VIII.
Фаъолияти байналмилалии литсей
65.
Литсей мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон,
метавонад бо муассиса ва ташкилотњои хориљї њамкорї намояд.
66.
Фарзандони шањрвандони хориљиро, ки дар Љумњурии
Тољикистон зиндагї мекунанд, метавонад тибќи шартномаи иловагї ба тањсил фаро
гирад.