Бо
қарори мушовараи Вазорати
маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз²31² октябри соли 2009, №16/23
тасдиқ
гардидааст.
НИЗОМНОМАИ
намунавии
интернати наздимактабӣ
дар ҷумҳурии Тоҷикистон
- қоидаҳои
умумӣ
1. 1. Муассисаҳои
таълимии типи мактаб-интернат ҳамчун қисми таркибии муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ ташкилоти давлатӣ ва ѓайридавлатии таҳсилоти
умумии таълимию тарбиявӣ буда, дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни)
ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», санадҳои
меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф,
Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар ҷумҳурии
Тоҷикистон, ҳамин Низомнома, Оинномаи муассисаи таълимии
типи мактаб-интернати ҷумҳурии Тоҷикистон
фаъолият менамоянд.
2. Муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ мутобиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам
дода шуда, имкон доранд дар назди худ муассисаи таълимии типи интернати
наздимактабӣ ташкил кунанд. Ин гуна муассисаи
таълимии давлатӣ барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии
кўдакони ятим ва онҳое, ки аз маҳалҳои дур ба таҳсил
ниёз доранд, дар маҳали зисташон мактабҳои таҳсилоти
умумӣ амал намекунанд ва кўдакони оилаҳои камбизоат
таъсис дода мешавад.
3. Муассисаи таълимии типи
интернати наздимактабӣ низ сохтори давлатии таълимии соҳаи
маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби давлат ба шахсони эҳтиёҷманд
гирифтани таҳсилот ва таъмин бо ҷои хобро кафолат медиҳад;
4. Интернати наздимактабӣ
объекти иҷтимоии инфраструктурӣ барои кўдакон буда, ташкилу
амалӣ кардани фаъолияти онро дар назди мактаб (минбаъд-интернати
наздимактабӣ) ҳуҷҷатҳои
меъёрию ҳуқуқии ба тасвибрасидаи зерин ба танзим
медароранд: Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон,
қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти
умумӣ, Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи
мактаб-интернат дар ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои
мушовара ва фармонҳои Вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. 5. Интернати наздимактабӣ
барои таъмини кафолати соҳиб шудан ба таҳсилот, баланд
бардоштани сифати таълиму тарбия ва маърифати мактаббачагон, ҳифзи
саломатии онҳо ташкил карда мешавад. Он дар тамоми ҷараёни соли таҳсил
барои кўдаконе, ки аз дурии то 7-9
км ба мактаб
меоянд, ташкил карда мешавад.
6. Интернати наздимактабӣ
дар мувофиқа бо Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
7. Интернати наздимактабӣ
бояд бевосита наздик ба мактаб ташкил карда шавад ва соҳиби хобгоҳ,
биноҳои муносиб, таҷҳизоту инвентари хоҷагӣ
бошад.
8. Майдони
интернати наздимактабӣ бояд ба талаботҳои санитарию гигиенӣ
мувофиқат карда, барои як нафар хонанда масоҳати хобгоҳ
на камтар аз 3-4 метри мураббаъ, ошхона-0,79 метри мураббаъ, ҳуҷра
барои машѓулият ва фароѓати кўдакон-0,5 метри мураббаъ муқаррар гардад.
II. Тартиби қ;абули хонандагон ба интернати наздимактабӣ
9.
қабули
хонандагон ба Интернати наздимактабӣ дар асоси аризаи хаттии падару
модар (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), аз ҷониби
директори мактаб (аз 1 июн то 15 август) сурат ирифта, ба тариқи
истисно то 5 сентябр давом мекунад. Анҷому ҷамъбасти қабулро
директори мактаб бо фармони муассисаи таълимӣ расмӣ
мекунад.
10. Аз Интернати наздимактабӣ
рафтани хонандагон низ бо фармони директори мактаб (бо нишон додани сабабҳои
рафтани онҳо) расмӣ карда мешавад.
Дар ҳолатҳои
зарурӣ қабули хонандагон ба Интернати наздимактабӣ
метавонад дар ҷараёни соли таҳсил сурат гирад.
III. ҳуқуқ
ва вазифаҳои хонандагоне, ки дар интернати наздимактабӣ
истиқомат мекунанд
11. ҳангоми
таҳсил ва истиқомат дар Интернати наздимактабӣ ба
хонандагон ба таври ройгон (аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ)
хўрок, кати хоб, рахти хоб ва сарулибос дода шуда, барои истифодаи умум (бо
сачоқ, собун, дандоншўяк, ҷевон, оина, дастпўшак ва ѓ)
таъмин карда мешаванд. ҳамзамон
падару модар низ метавонанд дар маблаѓгузории фаъолияти интернати наздимактабӣ
саҳм гиранд.
12. Барои хонандагоне, ки дар
интернати наздимактабӣ истиқомат мекунанд аз рўи меъёрҳои амалкунандаи мактаб-интернатҳо,
аз ҳисоби маблаѓҳои падару модар ва ҳамчунин аз ҳисоби
маблаѓҳои буҷетӣ маводи хўрока дода мешавад.
ҷиҳати
арзонӣ ва дастрасии маводи хўрока барои хонандагон, Интернати
наздимактабӣ аз маҳсулоти майдончаи таълимӣ-таҷрибавии
мактаб, ки ба даст меоварад, истифода карда метавонад. Бо қарори
комиссияи мактабӣ имтиёзҳо ба хонандагон, аз қабили
хўроки бепул, ки ба сметаи мактаб ворид кардаанд, аз ҳисоби маблаѓҳои
буҷетӣ дода мешавад.
13. Расонидани хизмати тиббӣ
ба хонандагоне, ки дар Интернати наздимактабӣ таҳсил ва
истиқомат доранд, ба зиммаи муассисаи тиббӣ гузошта
мешавад.
14. Хонандагоне, ки дар интернати
наздимактабӣ таҳсил ва истиқомат мекунанд,
вазифадоранд, ки реҷаи муқарраргардидаи маъмурият, қоидаҳои
тартиботи дохилии меҳнатро риоя намоянд, дар корҳои ҷамъиятии
мактаб иштирок кунанд.
Бо назардошти қоидаҳои
санитарии амалкунанда кори худхизматрасонӣ, беҳдошти вазъи
санитарии биноҳои истиқоматӣ ва атрофи онҳоро
ба тартиб дароранд ва назорат кунанд. Истифода бурдани тарбиягирандагони
интернати наздимактабӣ дар иҷрои, корҳое ки ба ҳаёту саломатии онҳо
хатар доранд, роҳ дода намешавад.
15. Хонандагони интернати
наздимактабӣ дар маҷлиси умумии муассисаи таълимӣ
Шўрои интернатро, дар ҳайати сардорони хобгоҳҳо,
намояндагони комиссияҳои
таълимӣ, маишӣ-маданӣ, хоҷагӣ
ва санитарӣ интихоб мекунанд.
16. Сардорон ва ёрдамчиёни онҳо бо роҳбарии мураббиён дар хобгоҳ,
ошхона навбатчигӣ ташкил карда, худхизматрасониро назорат, реҷаи
зидди сўхторро риоя мекунанд.
IV.ҳуқуқ
ва вазифаҳои кормандони интернати наздимактабӣ
17. Директори
муассисаи таҳсилоти умумие, ки дар назди он муассисаи таълимии типи
интернати наздимактабӣ фаъолият мекунад, ҳамзамон директори
муассисаи таълимии типи интернати наздимактабӣ ҳисобида
мешавад. Директор
бевосита роҳбарии мактаб, интернат ва хобгоҳро таъмин
мекунад. Барои ташкили корҳои тарбиявӣ бо истиқоматкунандагони
он маъсулият дорад. Дар бораи ҳифзи ҳаёт ва саломатии тарбиягирандагони
Интернати наздимактабӣ тадбир меандешад. Хўрок ва фароѓати онҳоро
ташкил ва таъмин мекунад.
18. Директори муассисаи таҳсилоти умумие, ки дар назди он
муассисаи таълимии типи интернати наздимактабӣ фаъолият мекунад дар мувофиқа бо Раиси ноҳия аз ҷониби мудири маориф
таъйин карда мешавад.
Директори муассисаи таҳсилоти умумие, ки дар назди он
муассисаи таълимии типи интернати наздимактабӣ амал мекунад ва мақоми шаҳрӣ (вилоятӣ) дорад, дар мувофиқи
бо Раиси шаҳр (вилоят) аз ҷониби Сардори Раёсати маорифи шаҳр
(вилоят) таъйин карда мешавад.
Фаъолияти мураббиҳо,
муаллимон ва роҳбарони синфро ҳамоҳанг сохта,
назорат менамояд. Тибқи қонунгузорӣ кормандони
Интернати надимактабиро ба кор таъин ва аз кор озод мекунад. Ташкил ва назорати
мустақилонаи кори таълимии хонандагонро ба зиммаи ҷонишинаш
оид ба кори таълим гузошта метавонад
19. Директори мактаб, муовин,
сармураббӣ ва мураббиҳои интернатро интихоб ва ба вазифа
таъин мекунад. Ба вазифаҳои хизматии мураббиҳо инҳо
мансубанд: дар вақтҳои фориѓ аз дарс бо кўдакон
корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ
бурда, бо онҳо корҳои мустақилона ташкил
мекунанд. Дар тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ ва дигар
масъалаҳои мансуб ба фаъолияти онҳо, ёрии амалӣ
мерасонад.
20. Сармураббӣ
ҳамзамон мудири хобгоҳи муассисаи таълимии типи интернати
наздимактабӣ ҳисобида шуда, ба мураббиёни интернати наздимактабӣ
ёрии методӣ расонида, фаъолияти шабонарўзии онҳоро назорат
мекунад. Хонандагони дар интернати наздимактабӣ истиқоматдоштаро
ба чорабиниҳои умумимактабию корҳои берунсинфӣ,
машѓулиятҳо, маҳфилу сексияҳо ҷалб
менамояд.
21. Мудири хоҷагии мактаб
роҳбарию назорати корҳои хоҷагию
худхизматрасониро дар интернати наздимактабӣ ва бехатарии зидди
сўхторро дар биноҳои он таъмин карда, барои таъмири саривақтӣ,
хўроки гарми хонандагон тадбирҳо меандешад. Корҳои хоҷагидории
интернати наздимактабиро назорат мекунад.
22. Мураббиҳо барои
сифати корҳои тарбиявӣ бо хонандагон, риояи реҷаи
кори мактаб ва мустаҳкам кардани саломатӣ, дуруст истифода
бурдани маводу воситаҳои боарзиш ва таҷҳизот,
ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд, масъуланд. Мураббиҳо
вазифадоранд мунтазам бо муаллимон, роҳбарони синф, падару модари
хонандагон дар робита ва ҳамкорӣ
бошанд. Дар тартиб додани номгўи маводи хўрока иштирок мекунанд ва сифати
хўрокро месанҷанд.
Мураббиҳо аз рўи нақшаи тасдиқнамудаи директори
мактаб фаъолият мекунанд.
Дар назди директор аз кори худ ҳисобот
медиҳанд. Мураббиҳо аъзои шўрои педагогӣ
мебошанд.
23. ҳуқуқ
ва вазифаҳои кормандони хизматгузории (техникии) интернати
наздимактабиро дар асоси қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат
директор муайян мекунад.
24. Воҳидҳои
кории интернати наздимактабӣ бо назардошти меъёрҳои намунавӣ
муқаррар карда мешаванд. Тамоми кормандони интернат дар асоси
шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул карда мешаванд.
Дар давраи таътил онҳо барои корҳои омодагӣ ба
тайёрӣ ба соли нави таҳсил истифода бурда мешаванд.
V. Маблаѓҳ;ои интернати наздимактабӣ
25. Маблаѓҳои интернати
наздимактабӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ,
маблаѓҳои падару модар, хоҷагии ёрирасони мактаб ва
майдончаи таълимӣ-таҷрибавии
мактаб-интернат ташкил меёбанд.
26. Барои нигоҳдории
интернати наздимактабӣ дар мактаб ҳамасола сметаи баромаду
даромадро директор тартиб медиҳад. Сметаро мақомоти маҳаллии
идораи маориф тасдиқ мекунад.
VI.
Баҳисобгирӣ
ва ҳисобот
27. Соле як маротиба ҳисобот дар бораи кори интернати наздимактабӣ
ба шўъбаи маориф пешниҳод карда мешавад.
ҳисоботи молиявии
интернати наздимактабӣ аз рўи намунаи махсус
тартиб дода шуда, ва дар мўҳлати муқарраршуда супорида
мешавад, ки асосаш ин аст:
а)
Китоби баҳисобгирии хонандагон-истиқоматкунандагон дар интернати наздимактабӣ;
б) Китоби бақайдгирии
молу амвол, воситаҳои таълимӣ
28. Тартиби баҳисобгирии
муомилот, хўроки хонандагон дар интернати наздимактабӣ дар асоси
Дастуруламал дар бораи тартиби баҳисобгирии муомилот алоқаманданд
сурат мегирад.
Интернат мўҳри
худро надорад ва аз мўҳри муассисаи таълимии дар назди он
фаъолияткунанда истифода мекунад.