«Тасдиќ
мекунам»
Вазири
маорифи
Љумњурии
Тољикистон
_________
А. Рањмонов
27
декабри соли 2009
№ 23/49
Низомномаи
гимназия дар
Љумњурии Тољикистон
1.Қоидаҳои умумї
1.1. Гимназия як навъи муассисаи тањсилоти умумї буда, дар
асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Кодекси граждании Љумњурии
Тољикистон, Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии
Тољикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї дар Љумњурии
Тољикистон фаъолият менамояд.
1.2. Гимназия
таълим ва омўзиши асосњои фарњанг, таърих, адабиёт, мусиќї, забонњои модарї ва
хориљиро ба таври васеъ ба роњ монда, хонандагонро бо масъалањои умдатарини
инсонгарої, умумибашарї, инчунин аз худ намудани суннатњои миллї ва дарки
муњимтарин муаммоњои љамъиятшиносї ва инсоншиносї љалб менамояд.
1.3. Гимназия
хонандагонеро, ки ќобилияти баланди зењнї ва майлу раѓбати хос ба фанњои
гуманитарї –љамъиятї доранд, дар асоси озмун ќабул менамояд.
1.4. Гимназия
њуќуќи шањрвандонро новобаста аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи
сиёсї ва вазъи иљтимої дар се зинаи тањсилот амалї карда, масъулияти иљрои
барномаи таълиму тарбияро ба манфиати шахс, љомеа, давлат ба зимма гирифта,
барои ташаккули њаматарафаи хонанда, аз љумла ќонеъ гардондани эњтиёљоти ўро ба
худомўзї ва гирифтани тањсилоти иловагї таъмин менамояд.
1.5. Гимназия
талаботи Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумиро риоя намуда, шакл, метод,
усулњои фаъоли таълимро тадбиќ менамояд ва хусусияти синнусолї, ќобилият, шавќи
хонандагон ба талаботи муњофизати њаёт ва саломатии онњоро њангоми љараёни
таълим ба инобат мегирад.
2. Маќсад ва вазифањои
гимназия
2.1. Маќсад ва
вазифањои гимназия аз инњо иборатанд:
- дар
доираи азхудкунии барномањои њатмии тањсилоти умумї ташаккул додани маданияти
шахсии хонандагон ва мутобиќ намудани онњо ба њаёти иљтимої ва љамъиятї;
- фароњам
овардани шароити мусоид барои ташаккули њамаљонибаи хонандагон ва ќонеъ
гардонидани талаботи онњо ба тањсилоти иловагї;
- тарбия
намудани хонандагон дар рўњияи мењнатдўстї, зебоипарастї, тањаммул ва
тоќатпазирї, эњтироми њуќуќу озодї, муњаббат ба табиат, Ватан, оила, устод ва
ташаккули тарзи њаёти солим;
- таъмини
таълими њаматарафаи хонандагон њангоми интихоби васеи фанњои гуманитарї ва
љамъиятї, омўзиши амиќи онњо;
- дар
хонандагон ташаккул додани муносибати эљодї ва тањсил тавассути шаклњои
гуногуни дарс, машѓулиятњои факултативї ва фаъолияти гуногунљабњаи
беруназдарсї;
- мукаммал
гардонидани мазмуни тањсилот, демократикунонии раванди таълиму тарбия;
- гуманитарикунонии
мазмуни тањсилот тавассути аќидаи шахсияти аз љињати зењнї ва ахлоќї
ташаккулёфта;
- -ошкор
намудан ва ташаккул додани ќобилиятњои зењнї, ташкилотчигии хонандагон;
- инкишофи
ќобилияти эљодкорї, истифодаи техника ва технологияи муосир;
- таъмини
мувофиќати талаботи байналмилалї дар амалї намудани барномањои таълимии умумии
дорои мазмуни мураккаб барои хонандагони дорои ќобилияти баланди зењнї;
- замина
гузоштан барои интихоби бошууронаи касб ва минбаъд аз худ кардани барномањои
касбии тањсилот;
- ба
хатмкунандагон додани маълумоти њамаљонибаи ба шароити моддию иќтисодї ва
маданияти миллию љањонї мутобиќшуда;
3.
Фаъолияти гимназия
3.1. Гимназия
дар фаъолияти худ вазифањои зеринро ба амал мебарорад:
- амалї
намудани барномањои тањсилоти миёнаи умумї дар дараљаи баланди мураккаб;
- фароњам
овардани шароити максималї барои инкишофи аќлонї, ахлоќї, љисмонї ва эстетикии
кўдак;
- ташаккули
мавќеи шањрвандї, муњаббат ба Ватан ва оила, муносибати эњтиромона ба мероси
маънавї ва фарњангї;
- дар
хонандагон ташаккул додани дараљаи дониши љањони муосир ва зинањои таълими
муњити ягонагии воќеии олам, мутобиќати шахсият ба њаёт дар љомеа;
- расонидани
хадамоти иловагии тањсилот доир ба
фанњои љамъиятї- гуманитарї бо маќсади баланд бардоштани савияи дониши хонанда дар
асоси шартномаи дутарафа;
- ташкили
сексияњои фаннї, студияњои эљодї, клубњои илмї- ихтироъкорї ва гурўњњои
тадќиќотї;
- ташкили
семинар, конференсия, мусобиќањои илмї, озмун
ва олимпиадањо;
- фароњам
овардани асосњо љињати интихоби бошуурона ва азхудкунии касб;
- фароњам
овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани ихтисоси кормандони гимназия;
- тањияи
наќшаю барномањо, китобњои дарсї, воситањои айёнї, маводи методї, илмї ва
адабиёти ёрирасон;
- расонидани
ёрии иљтимої-психологї ва педагогї ба хонандагон;
- ба роњ
мондани тањсилоти фарогир;
- гузаронидани
ташхиси педагогї, тестї, маслињати логопед.
3.2. Гимназия
доир ба масъалањои зерин масъул аст:
- иљро
накардани вазифањое, ки ба зиммаи он ќонунгузории Љумњурии Тољикистон вогузор
намудааст;
- дар њаљми
пурра таъмин накардани иљрои барномањои таълимї мутобиќ ба Наќшаи таълимї,
љадвали љараёни таълим, сифати тањсилоти хонандагон;
- њифзи
њаёт ва саломатии хонандагон, кормандон дар раванди таълиму тарбия;
- риоя
накардани њуќуќу озодињои хонандагон ва кормандон;
- аз рўи
амалњои дигаре, ки ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст.
4. Ташкили фаъолияти гимназия
4.1. Гимназия бо ташаббуси маќомоти љумњуриявии
идораи маориф ва сохторњои он дар вилоятњо, шањру ноњияњо таъсис ёфта, мутобиќи
ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ќайди давлатї гирифта мешавад.
4.2. Гимназия баъди
гирифтани иљозатнома (литсензия) њуќуќи бурдани фаъолияти таълимї ва соњибиятро
ба имтиёзњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои муассисањои таълимї
муќаррар кардааст, пайдо мекунад.
Дар асоси
Низомномаи мазкур Оинномаи худро тањия менамояд, ки аз љониби маќомоти давлатии
идораи маориф ва ё муассис (муассисон) тасдиќ гардида, мутобиќ ба ќонунгузории
Љумњурии Тољикистон аз ќайди давлатї гузаронида мешавад.
4.3. Гимназия
мутобиќи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон таъсис ва барњам дода мешавад.
Дар мавриди аз нав ташкил додан ва барњам додани гимназия риояи њуќуќу
манфиатњои кормандони хориљшуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон
кафолат дода мешавад.
4.4. Гимназия баъди аз ќайди давлатї гузаштан
соњиби маќоми шахси њуќуќї шуда, фаъолияти молиявию хољагї бурда метавонад.
4.5. Гимназия
тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз аттетатсия ва аккредитатсияи давлатї
мегузарад.
4.6. Гимназия
баъди гирифтани аккредитатсияи давлатї. њуќуќ пайдо мекунад, ки ба
хатмкунандагон њуљљати давлатии намунаи махсус дар бораи дараљаи тањсилот
дињад.
4.7. Фаъолияти
гимназия аз рўи принсипњои демократї ва гуманистї, дастрасї, афзалияти арзишњои
умумибашарї, њаёт ва саломатии инсон, шањрвандї, инкишофи озодонаи шахс,
мустаќилият ва хислати дунявии тањсилот сохта мешавад.
4.8. Гимназия
дар фаъолияти худ бо Ассосиатсияи падару модарон, Шўрои љамъиятї ва дигар
созмонњое, ки ќонунгузорї муќаррар кардааст, њамкорї менамояд.
4.9. Гимназия
бо ќарори маќомоти давлатии раёсати маориф, муассис (муассисон) метавонад
маќомашро дигар намояд, агар он бар хилофи ўњдадории муассисаи тањсилоти умумї
амал накунад.
4.10.
Дар гимназия бо ташаббуси муассис ва падару модарон Шўрои
љамъиятї, Ассосиатсияи волидон ва омўзгорон ва Созмони талабагї таъсис дода
мешавад.
4.11.
Дар гимназия њуќуќи ташкил ва фаъолияти њизбњои сиёсї ва
ташкилотњои динї манъ аст.
4.12.
Тибќи Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї
хизматрасонии тиббии хонандагон бо воњидњои кории табибони гимназия ё
кормандони тиббие, ки маќомоти тандурустї онњоро ба гимназия вобаста кардааст,
таъмин мешавад. Онњо дар ташкил ва гузаронидани чорабинињои табобатї, пешгирии
беморї, риояи меъёрњои санитарию гигиенї, тартиб ва сифати хўроки хонандагон
масъул мебошанд. Гимназия вазифадор аст, ки ба кормандони соњаи тиб шароит
муњайё намояд. Гимназия дорои ошхона ва анбори нигањдории хўрока мебошад, ки
бояд љавобгўи меъёрњои муќарраргардида бошад.
5. Тартиби
ќабул, хориљ ва аттестатсияи хонандагон дар гимназия
5.1. Илова ба
меъёрњое, ки дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи
намунавии муассисањои тањсилоти умумї омадааст, тартиби ќабул, хориљ ва аттестатсияи
хонандагон ба таври зайл сурат мегирад:
5.2. Тартиби
ќабул ва хориљи хонандагон дар гимназия тибќи муќаррароти њуљљатњои меъёрии
амалкунанда, Низомномаи мазкур ва Оинномаи муассисаи таълимї амалї карда
мешавад. Гимназия хонандагонро аз рўйи майлу раѓбат ва малакаю истеъдод дар
асоси озмун ќабул менамояд. Дар мувофиќа бо маќоми давлатии идораи маориф ва
муассис (муассисон) гимназия њуќуќ дорад, ки ќоидањои ќабули озмунро дар
синфњои 1-4 муќаррар намояд, њамчунин тартиби ќабули озмунро дар синфњои 5-11
эълон намояд.
5.3. Ќабули
хонандагон тибќи озмун, дар асоси пешнињоди Комиссияи педагогї- психологї-тиббї
оид ба инкишофи зењнии кўдак ва омодагии он ба омўзиши сатњи баланд амалї карда
мешавад. Тартиби он дар Оинномаи гимназия нишон дода мешавад. Озмун хаттї ва
шифоњї тибќи фанњое, ки дар Наќшаи таълимии намунавии муассисањои тањсилоти
умумї нишон дода шудааст, дар се давр амалї мегардад.
5.4. Барои
тањсил дар синфи 1 бо назардошти пешнињоди падару модарон (шахсоне, ки онњоро
иваз мекунанд) кўдакони 7 –сола ё онњое, ки то охири моњи декабр ба синни 7
медароянд, дар асоси пешнињоди Комиссияи педагогї- психологї- тиббї ќабул карда
мешаванд.
5.5. Ќабул ба
гимназия (синфи 5-11) барои гирифтани тањсилоти миёнаи умумї дар асоси
пешнињоди Комиссияи педагогї-психологї-тиббї оид ба инкишофи зењнии кўдак ва
омодагии вай ба омўзиши сатњи баланд, ба роњ монда мешавад. Њангоми ќабул ба
гимназия диќќати асосї ба вазъи саломатии кўдакон ва набудани мухолифати тиббї
ба машѓулиятњои муттасили мењнати зењнї дар барномањои сатњи мураккаб дода
мешавад.
5.6. Ба
хонандагоне, ки заминаи тайёрии хуб аз фанњои асосии равиявї доранд, њамчунин
ба ѓолибони олимпиада, озмунњои эљодї, конференсияњои илмї- амалї њангоми ќабул
ба гимназия афзалияти бештар дода мешавад.
Њангоми ќабул ба гимназия ба хонандагоне, ки
ќаблан дар дигар гимназияњо тањсил мекарданд ва мањалли зисташон иваз
гардидааст, иљозат дода мешавад.
5.7. Маъмурияти
гимназия њуќуќ дорад, ки дар сурати набудани љойи нишаст, аризаи шањрвандонро
барои ќабул ба гимназия рад намояд. Дар сурати беасос рад намудани аризаи
шањрванд барои тањсил дар гимназия, хонанда, падару модар (шахсоне, ки онњоро
иваз мекунанд) метавонанд ба Комиссияи ихтилофї, ки дар назди Раёсат ва
шўъбањои маориф ташкил карда шудааст, мурољиат намоянд.
5.8. Хонандагон
њуќуќ доранд, ки аз гимназия ба дигар муассисаи тањсилоти умумї новобаста аз
шакли ташкилию њуќуќї ва моликият дар доираи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон
гузаранд.
5.9. Хориљ
намудани хонандагон аз гимназия дар асоси пешнињоди хулосаи тиббї оид ба
саломатии хонандагон, дар њолати иљро накардани талаботи тањсили гимназї, бо
ќарори Шўрои педагогї бо гузаронидан ба муассисаи тањсилоти умумї сурат
мегирад.
5.10.
Хонандагоне, ки дар 2 чоряк бањои ѓайриќаноатбахш
мегиранд ва аз санљишњои иловагї низ намегузаронад, бо ќарори шўрои педагогї
хориљ карда мешаванд.
5.11.
Ќабул ва тањсили хонандагони бадахлоќ дар гимназия манъ
аст.
5.12.
Дар сурати норозї будани падару модар аз натиљаи
аттестатсияи хонандагон оид ба дараљаи омодагии онњо ба аз худкунии барномањои
тањсилоти умумї, Комиссияи мустаќили аттестатсионї, ки дар назди Раёсат ва
шўъбањои маориф ташкил карда шудааст, натиљаи аттестатсияро дида мебарояд.
5.13.
Гимназия дар шакл, тартиби гузаронидани аттестатсияи
фосилавии хонандагон мустаќил буда, он тибќи меъёрњои амалкунанда, Оинномаи
гимназия ва ќарори Шўрои педагогї амалї мегардад.
5.14.
Њангоми беморї ва аз худ накардани барномањои таълимї, бо
назардошти муваффаќиятњои доштаи хонанда дар солњои гузашта барои тањсили
такрорї ба ў иљозат дода мешавад.
5.15.
Ба хонандагони гимназия, ки зинаи дуюми тањсилотро хатм
кардаанд, шањодатнома дар бораи тањсилоти умумии асосї ва ба хонандагоне, ки
дар давоми тањсил ба муваффаќиятњои назаррас соњиб гаштаанд, шањодатномаи аъло
дода мешаванд.
5.16.
Тибќи Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї,
ба хонандагоне, ки зинаи сеюми тањсилотро хатм мекунанд, шањодатнома дар бораи
хатми тањсилоти миёнаи умумї дода мешавад. Хонандагоне, ки дар рафти тањсил ба
муваффаќиятњои назаррас соњиб гаштаанд, мувофиќи талаботи њуљљатњои амалкунанда
барои гирифтани медали тилло ё нуќра пешнињод карда мешаванд.
5.17.
Гимназия вазифадор аст, ки таълимгирандагон ва падару
модарони онњо (шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд)-ро бо њуљљатњои меъёрии њуќуќї
ва Оиннома шинос намояд.
6.
Ташкили љараёни
тањсил дар гимназия
6.1. Гимназия, љараёни
тањсилро мутобиќи равияњои барномањои тањсилоти умумї ба воситаи се зинаи
таълим таъмин менамояд:
ü Зинаи якум –
тањсилоти ибтидої (мўњлати азхудкунї 4 сол, аз синфи 1 то 4 );
ü Зинаи дуюм-
тањсилоти умумии асосї (мўњлати азхудкунї 5 сол, синфњои 5-9);
ü Зинаи
сеюм-тањсилоти миёнаи умумї (мўњлати азхудкунї 2 сол, синфњои 10- 11);
6.2. Илова ба талаботи
Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумї мазмуни тањсилот васеъ карда мешавад
ва фанњои иловагї, курсњои факултативї, шаклњои гуногуни машѓулиятњои беруназсинфї
ва фанњо аз рўи интихоб ба Наќшаи таълимии он дохил карда мешаванд.
6.3. Гимназия вобаста ба
талаботи хонандагон, падару модарон (шахсоне, ки онњоро иваз менамояд) аз рўи
наќшаю барномањои таълимї ва таќвимии фардї, ки ба омўзиши амиќи фанњои равиявї
барои идома додани тањсил ба мактабњои олї нигаронида шудааст, фаъолият карда
метавонад.
6.4. Забони тањсил
мутобиќи моддаи 7 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» муайян карда
мешавад.
6.5. Шакли ташкили
љараёни тањсилро дар гимназия Шўрои педагогї муайян менамояд. Давомнокї ва
низоми њаррўзаи машѓулиятњо дар љадвали дарсї дарљ мегардад ва он аз љониби
директори гимназия тасдиќ карда мешавад.
6.6. Њангоми тањияи
љадвали дарсї маъмурият талаботњои ба маќсад мувофиќи педагогї, меъёрњои
санитарї- гигенї ва принсипњои сарфаи ваќти нињоии хонандагонро ба инобат
мегирад.
6.7. Дарс дар гимназия
аз соати 8.00 то соати 16.00 тибќи рељаи корие, ки Шурои педагогї ќабул
кардааст, сурат мегирад.
6.8. Давомнокии дарсњо
дар гимназия барои хонандагони синфи 1-ум 35 даќиќа ва барои хонандагони
синфњои 2- 11 45 даќиќаи академї муќаррар карда мешавад. Соли хониш 1-уми
сентябр оѓоз гардида, 30 июн ба анљом мерасад (бо назардошти мўњлати
имтињонсупорї).
6.9. Шумораи
хонандагон дар њар синф то 25 нафар муќаррар карда мешавад. Хонандагон дар
ваќти гузаронидани машѓулиятњои фанњои равиявї, забони русї, забони хориљї ва
технологияи информатсионї тибќи банди 29-и Низомномаи намунавии муассисањои
тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон ба гурўњњо људо карда мешаванд. Људо
намудани хонандагон дар машѓулиятњои фанњои дигар њангоми мављуд будани
маблаѓњои зарурї бо ќарори Шўрои омўзгорон амалї карда мешавад.
6.10.
Гимназия њуќуќ дорад, ки хизмати иловагии пулакиро тибќи
ќонунгузории амалкунанда љорї намояд. Меъёри пардохти маблаѓро Шўрои педагогии
гимназия якљоя бо Шўрои љамъиятї муайян мекунад.
6.11.
Дар гимназия њар чоряк ва нимсола санљиши хаттию шифоњии
иловагї гузаронида шуда, ќобилияти зењнии хонанда муайян карда мешавад. Тартиби
гузаронидани санљишро Шўрои педагогї ва Шўрои методии гимназия муќаррар
менамояд.
6.12.
Тартиби муносибати гимназияро бо хонанда, падару модар
(шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд) шартнома (ќарордод) муайян мекунад. Миёни
падару модар (шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд) ва роњбари гимназия шартнома
(ќарордод) баста мешавад. Шакли
шартома (ќарордод)- ро Шўрои педагогї муайян менамояд.
6.13.
Гимназия
метавонад њангоми таълими фанњои равиявї ва ё омўзиши амиќи фанњо давомнокии
дарсњоро аз тариќи љуфт муайян намояд.
Љињати таъмини ёрии педагогї-психологии раванди таълиму
тарбия дар гимнзаия хизматрасонии психологї ташкил карда мешавад.
6.14.
Гимназия њуќуќ дорад бо муассисањои тањсилоти олї оид ба
масъалањои ташкил, мазмун ва таъмини љараёни таълиму тарбия шартнома бандад.
6.15.
Бо маќсади ќонеъгардонии эњтиёљоти истеъдоди эљодї ва
тадќиќотии хонандагон аз фанњои алоњида барои хонандагон дарсњои иловагї ташкил
карда мешаванд. Барои ташкил ва гузаронидани ин дарсњо мутахассисон аз
муассисањои тањсилоти олии касбї дар асоси шартнома даъват карда мешаванд.
Њаљми чунин дарсњо набояд аз 180 соат дар як сол зиёд бошад.
6.16.
Барои ба роњ мондани корњои илмї - методї дар гимназия
кафедрањои соњавї, кабинетњои методї, клубњои ихтирокорон ва дигар сохторњо
ташкил карда мешаванд, ки онњо дар асоси Низомномаи худ фаъолияташонро ташкил
менамоянд.
7. Тарзи идора дар гимназия
7.1. Гимназия мутобиќи
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Кодекси граждании Љумњурии
Тољикистон, Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї, Низомномаи
мазкур, Оинномаи гимназия ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї идора карда мешавад.
Идоракунии гимназия
аз рўи ѓояњои барномавии маќсадноки банаќшагирї ва тањлили системанок ба роњ
монда мешавад. Сохтори ташкилии идоракунї бояд њамаи зинањо, сатњ, доираи рушди
гимназия ва фаъолияти онро бо фарогирии њар як аъзои коллектив дар љараёни
худидоракунї таъмин намояд.
7.2. Дахолати маќомоти
идораи маориф, муассис (муассисон) ба љараёни таълим, илм, хољагї ва дигар
фаъолияти гимназия танњо дар мавридњои пешбинигардидаи ќонунгузории Љумњурии
Тољикистон имконпазир аст.
7.3. Маќоми асосии
худидораи гимназияро Шўрои педагогї ба ўњда дошта, роњбарии бевоситаи онро
директори гимназия иљро мекунад.
7.4. Шўрои педагогии
гимназия метавонад навбатї ё ѓайринавбатї бошад. Он на камтар аз як маротиба
дар 1,5 – 2 моњ (дар њолатњои зарурї ба таври ѓайринавбатї) даъват карда
мешавад. Њайати Шўрои педагогии гимназия бо фармони директор
тасдиќ карда мешавад. Шўрои
педагогї масъалањои зеринро њал менамояд:
- фаъолияти
асосии гимназияро муайян менамояд;
- Оинномаи
гимназияро тањия ва ќабул мекунад (ба он таѓйир ва иловањо ворид месозад);
- самтњои
харољоти маблаѓњои ѓайрибуљавиро якљоя бо Шўрои љамъиятї тасдиќ мекунад;
- њисоботи
директор ва дигар кормандонро мешунавад;
- кормандони
гимназияро ба мукофот, тўњфа ва дигар намудњои њавасмандкунї пешнињод менамояд;
- тартиботи
дохилии гимназияро муайян ва тасдиќ мекунад;
- натиљаи
тањсилро муњокима намуда, тавсия ва хулоса мебарорад;
- доир ба
масъалаи аз гимназия хориљ кардани хонандагон ќарори дахлдор ќабул мекунад;
- муњокима
ва интихоби наќшаю барномањои таълимї, китобњои дарсї, шакл ва усулу методњои
таълим ва роњњои амалї гардидани онњоро таъмин менамояд;
- доир ба
баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон, ташаббус ва инкишофи эљодї, пањн
кардани таљрибаи пешќадами онњо чорањои зарурї меандешад;
- самти
корњои тадќиќотию таљрибавии гимназияро бо дигар муассисањои тадќиќотї муайян
мекунад.
7.5. Роњбарии
бевоситаро дар гимназия директор ба зимма дорад.
7.6.
Директори гимназияи маќоми
љумњуриявидоштаро Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, директори гимназияњои
маќоми мањаллидоштаро Раёсат ва шўъбањои маориф ва муассисаи ѓайридавлатї ва
хусусиро муассис (муассисон) таъин ва озод менамоянд.
7.7. Директори
гимназия илова ба вазифањое, ки дар Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти
умумии Љумњурии Тољикистон нишон дода шудааст, вазифањои зеринро иљро мекунад:
- дар назди
падару модар (шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд), давлат, љамъият ва муассис
барои фаъолияти гимназия ва фаъолияти худ мутобиќи уњдадорињои вазифавї,
шартномаи мењнатї, дигар шартномањо ва Оинномаи гимназия масъул мебошад;
- љараёни
таълимро ба наќша гирифта, натиљаи иљрои онро назорат менамояд;
- воњидњои
кории гимназияро барќарор ва таѓйир медињад;
- мудирони
кафедрањои соњавї, кабинети методї ва роњбарони синфро таъин мекунад;
- кормандони
педагогї ва хизматрасониро ба кор ќабул ва аз кор озод менамояд;
- манфиати
гимназияро дар маќомоти давлатї ва ташкилоту муассисањо њимоя менамояд;
- дар
доираи њуќуќњои ба вай муайяншуда, нисбати маблаѓ, таљњизот, ашёњои гимназия
ѓамхорона муносибат намуда, дар бонк ва муассисањои бонкї суратњисоб мекушояд,
дар њуљљатњои маблаѓї имзо мегузорад, истифодаи дурусти маблаѓњои буљавї ва
ѓайрибуљавиро назорат мебарад.
8. Њуќуќ
ва вазифањои субъектњои
раванди
таълиму тарбия
7.1.
Субъектњои раванди таълиму тарбия (хонандагон, кормандони
соњаи педагогї, падару модарон (шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд) илова ба
њуќуќ ва вазифањое, ки барои онњо Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти
умумии Љумњурии Тољикистон муайян намудааст, чунин њуќуќ ва вазифањоро доранд:
7.2. Хонандагон њуќуќ
доранд:
- дар асоси
Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумї њуќуќи гирифтани таълими инфиродиро
доранд;
- ба Шўрои
педагогї нисбат ба мушкилот ва мухолифоти пайдошуда бо маќсади њаллу фасл
мурољиат менамоянд;
- дар
худидоракунии гимназия иштирок менамоянд;
- озодона
андеша ва аќидаи худро баён менамоянд.
7.3. Хонандагон
вазифадоранд:
-
ќоидањои
талаботи талабагї, Низомномаи мазкур ва Оинномаи гимназияро риоя намоянд:
-
бовиљдонона
тањсил карда, иљрои њамаи супоришњоеро, ки талаботи наќшаю барномањои таълимї
пешбинї намудааст, дар мўњлати муќарраршуда таъмин намоянд;
-
эњтиёткорона
ба ашёњои гимназия муносибат намоянд (дар сурати вайрон кардани ашёњои
гимназия, падару модар онњоро барќарор менамояд);
- тарзи
њаёти солимро пеша намоянд;
- нисбати
риоя кардани техникаи бехатарї, санитарї-гигиенї масъул бошанд;
- эњтироми
њуќуќ ва озодии дигаронро ба љо оваранд.
Фаъолиятњои зерин аз љониби хонандагон манъ
аст:
8.4. Љалби
хонандагони гимназия бе розигии онњо ва падару модарон (шахсоне, ки онњоро иваз
менамоянд) ба мењнате, ки дар барномаи таълимї пешбинї нашудааст;
8.5. Љалби
маљбурии хонандагон барои дохил шудан ба ташкилотњои љамъиятї-сиёсї,
ташкилотњои динї, њаракат ва њизбњо, њамчунин љалби маљбурии онњо ба фаъолияти
ин ташкилотњо ва иштирок дар маъракањои таблиѓотї ва њаракатњои сиёсї.
8.6. Падару
модарон (шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд) њуќуќ доранд:
- барои
њимояи њуќуќ ва манфиати фарзандонашон ба Шўрои педагогї ва роњбарият мурољиат
намоянд;
- дар
идоракунии гимназия иштирок намоянд (Шўрои педагогї, Шўрои љамъиятї, Шўрои
сарпарастон);
- бо
гимназия созишномаи дутарафа банданд;
- ба
маќомоти болої нисбати беадолатї дар гимназия мурољиат намоянд;
8.7. Волидайн
(шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд) вазифадоранд:
- барои
гирифтани тањсилоти миёнаи умумии љавобгўи меъёрњо ба фарзандон шароити мусоид
фароњам оваранд;
- иљрои
талаботи Оинномаи гимназияро таъмин намоянд;
- тартиботи
дохилии гимназияро риоя кунанд;
- њамкориро
бо Шўрои педагогї, муаллимони алоњида, роњбари синф барќарор намуда, масъалаи
аз худ кардани барномањои таълимии фарзандонашонро назорат намоянд;
- ба кору
фаъолияти гимназия ёрї расонанд;
- барои
бомуваффаќият гирифтани таълиму тарбияи фарзандон онњоро ба маводњои таълимї
таъмин намоянд;
- зарари
моддии бо гуноњи фарзандашон расонидашударо барќарор намоянд.
8.8. Кормандони
педагогї њукуќ доранд:
-
мустаќилона
варианти барномањои таълимиро интихоб намуда, шакл, метод ва усулњои таълиму
тарбияро муайян намоянд;
-
нисбати
ќарору фармонњои роњбарият, ки бо онњо розї нестанд, ба Шўрои педагогї хаттї
мурољиат намоянд;
- тахассуси
касбии худро баланд бардоранд;
- дар
идоракунии гимназия фаъолона иштирок намоянд.
8.9. Коркунони педагогї
вазифадоранд:
-
талаботи
Оиннома, фармону дастурњои директори гимназия, иљрои вазифањои хизматии ба ў
муайяншударо таъмин намоянд;
- њуќуќ
ва вазифањои иштирокчиёни раванди таълиму тарбияро эњтиром кунанд;
- рафти иљрои барномањои таълимиро таъмин намоянд;
- робитаи
падару модаронро (шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд) бо гимназия барќарор
намоянд;
- иљрои
шартњои шартномаи мењнатиро таъмин намоянд.
9.
Моликият ва маблаѓгузорї дар гимназия
9.1. Гимназия мутобиќи ќонунгузории
Љумњурии Тољикистон ва Оиннома дар фаъолияти хољагї ва маблаѓгузорї мустаќил
мебошад.
9.2. Гимназия дар доираи
маблаѓњои људокардашуда ва аз дигар сарчашмањо воридшуда мустаќилияти молиявию
хољагї дорад. Сарчашмањои асосии маблаѓгузории гимназияро маблаѓњои буљетї,
шахсони воќеї ва њуќуќї, маблаѓњои хусусї ва ѓайрибуљавї ва дигар сарчашмањое,
ки ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат намекунанд, ташкил медињад.
9.3. Њаљми
сарбории кормандони педагогии гимназия тибќи ќонунгузории мављуда муайян карда
мешавад.
9.4. Тамоми
таљњизотњои гимназия моликияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва ё муассис
(массисон) буда, онњо дар тавозуни гимназия дохил гардида, тибќи шартнома ба
гимназия вобаста карда мешаванд. Номгўи молу амвол дар Оинномаи гимназия дарљ карда
мешавад.
9.5. Бе иљозати маќомоти
идораи маориф ва ё муассис (муассисон) истифодаи амволи гимназия бо маќсадњои
берун аз таълим манъ аст.
9.6. Ќитъаи замине, ки барои гимназия људо карда
шудааст, бе мўњлат ва ба тариќи ройгон истифода бурда мешавад.
9.7. Сарчашмањои
маблаѓгузорї ва даромади гимназия иборатанд аз:
- маблаѓњои
буљети љумњуриявї ва мањаллї, муассис (муассисон), ки тибќи меъёрњои
муќарраргардида људо карда мешаванд;
- сарпарастон,
хайрияи шахсони воќеї ва њуќуќї аз њисоби
даромади корхонаву ташкилотњо, аз таълими иловагии пулї ва дигар сарчашмањое,
ки ќонунгузории љорї муайян намудааст.
9.8. Ба
директори гимназия њуќуќ дода мешавад, ки аз њисоби маблаѓњои иловагї ва дигар
сарчашмањо омўзгоронро њавасманд гардонад.
9.9. Тартиботи
пешбарии њисоботи муњосибавї дар гимназия дар асоси ќонунгузории Љумњурии
Тољикистон ба амал бароварда мешавад.
10.
Тартиби ташкили
шароити
фаъолияти
кормандон ва њаќќи мењнат
10.1.
Кормандони
педагогии гимназия тибќи Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ва тариќи озмун ба
кор ќабул карда мешаванд.
10.2.
Ба
кормандони педагогї шахсоне, ки мувофиќи њукми суд ё нишондоди тиббии
рўйхаташон аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќшуда ба фаъолияти
омўзгорї машѓул шуданашон манъ карда шудааст, ќабул карда намешаванд.
10.3.
Муносибати
корманд ва корфарморо шартномаи мењнатї ба танзим медарорад, ки бояд мухолифи
Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон набошад.
10.4.
Гимназия
метавонад шартномаро бо омўзгорон дар Шўрои педагогии гимназия бо мўњлати
пешакї муќарраргардида тибќи пешнињоди Комиссияи аттестатсионї ё тибќи Кодекси
мењнати Љумњурии Тољикистон бекор намояд. Аттестатсияи муаллимонро Комиссияи
аттестатсионии гимназия, ки Шўрои педагогї дар асоси Низомнома интихоб
намудааст, мегузаронад.
11. Фаъолияти байналмилалии гимназия
11.1.
Гимназия,
мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, метавонад бо муассиса ва ташкилотњои
хориљї робитањои њамкорї дошта бошад.
11.2.
Гимназия
фарзандони шањрвандони хориљиеро, ки дар Љумњурии Тољикистон зиндагї мекунанд,
метавонад ба тањсил фаро гирад.
');