Ба аввал

Низомномаи намунавии муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ҷумҳурии Тоҷикистон



Низомномаи намунавии муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ҷумҳурии Тоҷикистон    

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

u8; А Р О Р

 

аз «____» «____» с. 2009 №______ ш. Душанбе

 

Оид ба тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат

 

Мутобиқи моддаи 28 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:

1)   Низомномаи намунавии муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2)   Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо (шаҳру ноҳияҳо) ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ва бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва технологияи информатсионӣ бо истифода аз сарчашмаҳои иловагии молиявӣва ҷалби соҳибкорону эҳсонкорон тадбирҳои судманд андешанд.

 

 

Раиси

ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон


Бо қарори ҳукумати

ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009

№427 тасдиқ шудааст

 

Низомномаи

намунавии муассисаҳои таълимӣ

барои хонандагони болаёқат

 

1       Муқаррароти умумӣ

 

1.  Низомномаи мазкур фаъолияти муассисаҳои махсус- гардонидашударо барои хонандагони болаёқат дар ҷумҳурии Тоҷикистон(минбаъд-Муассисаи таълимӣ) ба танзим медарорад.

2.  Муассисаи таълимӣ таҳсили хонандагони болаёқатро вобаста ба равияҳои тахассусии интихобнамудаи онҳо таъмин менамоянд. Ба муассисаи мазкур хонандагони болаёқате, ки қобилияти баланди зеҳнӣ, майлу раѓбати махсус ба соҳаҳои муайяни асосҳои илму ҳунар, истеъдод ва ҳунари баланди эҷодӣ доранд, тариқи озмун қабул карда мешаванд.

3.  Вазифаҳои асосии Муассисаи таълимӣ инҳоянд:

а)  ташаккули ҳамаҷонибаи хонандагоне, ки қобилияти баланди зеҳнӣ доранд;

б) ошкор намудан ва инкишоф додани малакаи эҷодии хонандагон;

в)  ташаккули ҷаҳонбинии устувори хонандагон дар асоси донишҳои амиқ ва ҳаматарафаи илмӣ;

г)   талими малакаи худомўзӣ ва фаъолияти илмӣю таҳқиқотӣ;

д) ташаккули заминаҳо барои интихоби бошууронаи касб;

е)  ҷори кардани таълими инкишофёбанда, таълими фардӣ ва тафриқавӣ, таъмини яклухтӣ ва муттассилии таҳсилот;

4.       Муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

5.       Муассисаи таълимӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», амру фармонҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти ҷумҳуриявии идораи маориф, Низомномаи намунавии мазкур ва Оинномаи худ ба роҳ мемонанд.

6.       Муассисаҳои таълимӣ ба чунин равияҳои тахассусӣ ҷудо мешаванд:

а)      гуманитарӣ-ҷамъиятӣ;

б)      техникӣю технологӣ;

в)       табиию риёзӣ;

г)       бадеию эстетикӣ;

д)      варзишӣ;

е)       мусиқӣ ва ѓайраҳо.

Гимназия ва литсейҳо дар доираи равияҳои худ ва ба ҳам наздик амал менамоянд.

Муассисаи таълимӣ дорои имкони таъсиси якчанд равияҳои тахассусӣ мебошад.

7.  Мақсади Муассисаи таълимӣ ҷалби хонандагони болаёқат барои аз худ кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, мукаммал ва васеъ омўхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан ба технологияи информатсионӣ ва комуникатсионӣ, ихтирокорӣ, инчунин омодагии ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.

8.  Усулҳои амалигардонии таҳсилот дар Муассисаи таълимӣ инҳоянд:

а)  ташкили дарсҳои гурўҳӣ, факултативӣ, синфҳои касбӣ, семинар, конфиренсия, мизи мудаввар, озмун ва олимпиадаҳо;

б) ташкили сексияҳои фаннӣ, студияҳои эҷодӣ, клубҳои илмӣ- ихтироъкорӣ ва гурўҳои татқиқотӣ;

9.  Муассисаи таълимӣ амалӣ намудани мақсадҳои номбаршударо дар ҷараёни таълим аз ҳисоби таъмини барномаҳои таълимӣ, илмию методӣ, инчунин иштироки мунтазами коллективҳои педагогӣ дар корҳои таҷрибавӣ таъмин менамоянд.

10.  Муассиси Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Муассиси муассисаҳои таълимии ѓайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ва шахсони алоҳида шуда метавонанд.

Муассисаи таълимӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи хонанда заминаи хуби моддӣ- техникӣ ва имконияти ба даст овардани дониши фаровонро муҳайё месозанд.

Муассисаи таълимӣ дар назди падару модарон, аҳли ҷомеа ва мақомоти соҳаи маориф барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шахс ба гирифтани таҳсилот, интихоби шакли таълим мутобиқи хусусиятҳои синнусолӣ, равонию физиологии кўдакон, сифати таълим ва тарбия тибқи мақсад ва вазифаҳои ба миён гузоштаи муассисаҳои мазкур, дар сатҳи баланд таъмин намудани таҳсилот аз рўи стандарти давлатии муайяншуда масъул аст.

11.  Иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои махсусгардонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

 

2 қабул ба Муассисаи таълимӣ

 

12.  Ба Муассисаи таълимӣ хонандагон аз синфи 5 (дар сурати мавҷуд будани заминаи моддӣ- техникӣ аз синфи 1) дар асоси озмун, аз рўи хулосаҳои ташхиси пурраи психологию тиббӣ, мутобиқати сатҳи умумии инкишофи зеҳнӣ ва қобилиятҳои махсус қабул карда мешаванд.

Озмун барои қабули хонандагон дар се давр гузаронида мешавад:

а)      даври якум - тибқи ташхиси психологӣ;

б)      даври дуюм - аз рўи натиҷаҳои имтиҳонҳои фанни забони модарӣ ва математика (хаттӣ);

в)       даври сеюм - аз рўи натиҷаҳои имтиҳонҳои забони модарӣ ва адабиёт, таърих, забони хориҷӣ ва фанни равияи интихобшуда;

Ѓолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои байналмилалӣ ба Муассисаи таълимӣ бе озмун қабул карда мешаванд.

13.  Тартиби қабул, интиқол ва хатми хонандагон дар асоси Оинномаи муассиса, ки аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявии идораи маориф тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.

14.  Дар назди Муассисаи таълимӣ хобгоҳ таъсис дода мешавад. Хонандагоне, ки дур аз маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур зиндагӣ мекунанд, бо хобгоҳ ва хўроки севақта таъмин карда мешаванд.

15.  Имтиҳонҳои гузариш ва хатм тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии идораи маориф гузаронида мешаванд.

16.  Ба хатмкунандагони Муассисаи таълимӣ шаҳодатномаи намунаи муқарраршуда дар бораи хатми таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, инчунин шаҳодатнома дар бораи гирифтани касб, ки дар давоми таҳсил аз худ кардаанд, бо нишон додани номи Муассисаи таълимӣ дода мешавад.

 

3 Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ

 

17.  Дар Муассисаи таълимӣ ҷараёни таълим аз рўи зинаи таҳсилоти асосӣ (мўҳлати таҳсил 5 сол) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (мўҳлати таҳсил 2 сол) тибқи нақшаю барномаҳои таълимии фардии тасдиқкардаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи асосии Стандарти таҳсилоти умумиро таъмин менамоянд, ташкил карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани заминаи моддӣ- техникӣ ва захираи кадрӣ таълим аз рўи зинаи аввал- ибтидоӣ (синфҳои 1-4) иҷозат дода мешавад.

Нақшаи таълимии Муассисаи таълимӣ аз маҷмўъи фанҳо ва курсҳои таҳсилоти ибтидоии касбии равияи интихобшуда иборат буда, ташаккули зеҳнӣ, ахлоқӣ ва умумикасбии шахсро таъмин менамояд.

18.  Таълим дар зинаҳои Муассисаи таълимӣ чунин ҷараён мегирад:

-     асоси стратегии зинаи аввали таълим дар муассисаҳои мазкур таълими инкишофӣ буда, барои бедор намудани қобилияти инфиродии хонандагон, ташаккули малакаи аввалияи эҷодӣ равона карда мешавад;

-     зинаи дуюми таълим барои таъмини таҳсилоти бунёдии универсалӣ, рушди маҳорату малакаҳои махсус аз рўи фанҳои алоҳидаи равиявӣ дар асоси стратегияи пурзўр кардани мазмуни таҳсилот, корҳои мустақилона, низоми таълими инфиродӣ замина фароҳам меоварад;

-     зинаи сеюми таълим барои таъмини ҳамаҷонибаи таҳсилоти такягоҳӣ, таҳкими равияҳо, интихоби дурусти касб, муайян кардани тахассус ва аз худ кардани маълумоти муосир шароит фароҳам меорад.

19.  Шумораи хонандагон дар синфхонаҳои Муассисаи таълимӣ вобаста ба шароит барои ташкили ҷараёни таълим 25 нафар муқаррар карда мешавад.

ҳангоми омўзиши забони тоҷикӣ, забони русӣ, асосҳои касбу ҳунар, инчунин дар вақти гузаронидани машѓулиятҳои лаборатории фанҳои тахассусӣ хонандагон ба ду гурўҳ ҷудо карда мешаванд. Дар дарсҳои забони хориҷӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ бошад, дар сурати 25 нафар будан хонандагон новобаста аз фанҳои тахассусӣ ба се гурўҳ ҷудо карда мешаванд.

Бо мақсади омўзиши амиқ бо хоҳиши хонандагон гурўҳҳои омўзиши бардавом ташкил карда мешавад.

Барои машѓулиятҳои инфиродӣ ба ин гурўҳҳо омўзгорони мактабҳои олӣ (олимони соҳавӣ), муаллимони навовару эҷодкор даъват карда мешаванд. Ба ин омўзгорон ба андозаи 0,25 сарборӣ (ставка) музди меҳнат муайян карда мешавад. ҳаҷми умумии дарсҳои ба ин шакл муайянгардида набояд аз 1500 соат дар як сол зиёд бошад.

20.  ҷараёни таълиму тарбия дар Муассисаи таълимӣ бо назардошти вазъи саломатии хонандагон амалӣ карда мешавад.

ҳар сол хонандагон аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

21.  Омўзиши барномаҳои таълимии Муассисаи таълимӣ бо супоридани имтиҳонҳои фосилавии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ ба анҷом мерасад.

Шароит ва тартиби гузаронидани имтиҳонҳоро дар мувофиқа бо Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон муассис (муассисон) муайян карда, дар Оиннома дарҷ менамояд.

4 Идораи Муассисаи таълимӣ

 

22.  Идоракунии Муассисаи таълимӣ мутобиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Низомномаи мазкур амалӣ карда мешаванд.

Шакли асосии худидоракунӣ дар Муассисаи таълимӣ Шўрои педагогӣ мебошад. Шўрои педагогӣ дар доираи вазифаҳое, ки дар Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, фаъолият менамояд.

Муассисаи таълимиро директор, ки онро муассис ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад, роҳбарӣ менамояд.

Вазифаҳои директор, муовинони директор ва дигар ҳайати кормандон дар Оинномаи Муассисаи таълимӣ дарҷ мегардад.

5. Маблаѓгузорӣ ва таъмини

ҳуқуқии фаъолияти Муассисаи таълимӣ

 

23.  Маблаѓгузории Муассисаи таълимӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

24.  Манбаъҳои маблаѓгузории Муассисаи таълимӣ аз маблаѓҳои ҷудокардаи Буҷети давлатӣ, грантҳо, маблаѓҳои ихтиёрӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, манбаҳои ѓайрибуҷетӣ, аз он ҷумла хизматрасонии пулакии таълим ва дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории амалкунанда пешбинӣ намудааст, иборат мебошад.

25.  Музди меҳнати роҳбарон, омўзгорон, мураббиён ва дигар кормандони Муассисаи таълимӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

26.  Ба маоши вазифавии директор 25%, ҷонишинони директор ва омўзгорони фанҳои равиявӣ 15% ва ба музди меҳнати дигар кормандон 10% иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

27.  Муассисаи таълимӣ шахси ҳуқуқии мустақил буда, дорои номи худ, мўҳр, суратҳисоб ва дигар ҳисобҳое, ки қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мебошад.

 

6 ҳамкории байналмилалии Муассисаи таълимӣ

28.  Муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад:

а)  оид ба масъалаҳои таҳсилот, илм ва фарҳанг дар фаъолияти байналмилалӣ иштирок намоянд;

б) бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, фондҳои таҳсилотӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилотию илмии хориҷӣ дар бораи ҳамкорӣ, табодули муаллимон ва хонандагон созишнома банданд;

 

7 Аз нав ташкил ва барҳам додани

Муассисаи таълимӣ

 

29.  Аз нав ташкил ва барҳам додани Муассисаи таълимӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

 

 

.