Бо қарори мушовараи Вазорати
маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз
01.12 соли 2009, №18/19
тасдиқ
гардидааст.
НИЗОМНОМА
дар бораи бо медалҳои
тилло ва нуқра
мукофотонидани хатмкардагони
муассисаҳои
таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хатмкардагони муассисаҳои
таҳсилоти умумие, ки синфи нўҳумро бо баҳои
аъло хатм карда, ҳангоми таҳсил дар синфҳои даҳ
ва ёздаҳ сазовори баҳои аъло гардидаанд, аттестатсияи
давлатии хатмро бо баҳои аъло супоридаанд ва аз санҷиши
комиссияи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, бо медали тиллои дониши мукаммал
ва шаҳодатномаи намунаи махсус мукофотонида мешаванд.
2. Хатмкардагони муассисаҳои
таҳсилоти умумие, ки синфи нўҳумро бо баҳои
аъло хатм карда, дар давоми таҳсили
синфҳои даҳ ва ёздаҳ сазовори баҳои
аъло гардида, на аз ду фан бештар баҳои чор доранд, ҳамчунин аттестатсияи давлатии хатмро бо баҳои
аъло супорида, аз санҷиши комиссияи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
гузаштаанд, бо медали нуқраи
дониши мукаммал ва шаҳодатномаи намунаи махсус мукофотонида
мешаванд.
3. Хатмкардагони муассисаҳои
таҳсилоти умумие, ки аз рўйи равияҳои
ҷамъиятӣ –гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ
дар тамоми давраи таҳсил аз рўйи фанҳои дар равияҳо пешниҳодшуда баҳои аъло
доранд, аттестатсияи давлатии хатмро аз рўйи равияи интихобкарда бо баҳои аъло
супоридаанд, бо медалҳои тилло ва нуқраи равиявӣ ва шаҳодатномаи
намунаи махсус мукофотонида мешаванд.
4. Довталабоне, ки дар озмун ва мусобиқаҳои
байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори медал ва ҷойҳои
ифтихорӣ гардидаанд, аз тариқи
сўҳбат бо медали тиллои равиявӣ ва шаҳодатномаи
намунаи махсус мукофотонида мешаванд.
5. Довталабони медалҳои
тилло ва нуқраро Шўрои педагогии муассисаи
таълимӣ муайян мекунад. қарори Шўрои педагогии мактаб ва
дигар ҳуҷҷатҳои заруриро Раёсати
(шўъбаи) маорифи вилоят (шаҳр, ноҳия) баъди ташхис ба
комиссияи Вазорати маориф пешниҳод менамояд.
6. Номгўйи ҳуҷҷатҳои довталаби медалҳои тилло ва нуқра,
ки аз ҷониби муассисаи таълимӣ тартиб дода шуда, аз ташхиси Раёсат ва шўъбаҳои маориф (барои ноҳияҳои
тобеи ҷумҳурӣ) гузашта, барои иштирок дар санҷиши
комиссияи Вазорати маориф пешниҳод мегарданд, аз инҳо
иборатанд:
-
аризаи
довталаб (бо ҳусни хатти худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон
додани номи медал ва равияи интихобкарда;
-
тавсиянома
аз тарафи маъмурияти мактаб;
-
қарори
Шўрои педагогии мактаб;
-
қарори Шўрои шўъбаи маориф ҷиҳати
тасдиқи қарори Шўрои педагогии мактаб;
-
корҳои
хаттии санҷишӣ ва ҷавобҳои даҳонии
аттестатсияҳои давлатии хатм бо тақризи комиссияи аттестатсионии муассисаи таълимӣ;
-
санади
ташхисии комиссияи назди шўъбаҳои маориф (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ),
Раёсати маорифи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
-
рўйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ
ва аттестатсияҳои давлатии
синфҳои 10-11, ки бо
имзои директор ва мўҳри мактаб тасдиқ карда шудааст;
-
нусхаи
аслии шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ
(аъло);
-
дафтарҳо
(журналҳо)-и синфии синфҳои 10-11;
-
ҳуҷҷатҳои
тасдиқкунандаи фаъолияти довталаб дар корҳои ҷамъиятӣ
ва беруназсинфӣ ( барандагони стипендияи
Президентӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо,
дорандагони ифтихорномаи раисони шаҳру ноҳияҳо,
ѓолибони даврҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) вилоятӣ ва ҷумҳуриявии
Олимпиадаи фаннии мактаббачагон, ѓолибони даври ҷумҳуриявии
мусобиқаҳои илмӣ, дорандагони сертификати мақоми
вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва
байналмилалидошта ва намунаи маводи дар матбуоти даврӣ нашргардида).
7. ҳамаи ҳуҷҷатҳои
хатмкардагон аз ҷониби Сардори
Раёсат, мудирони шўъбаҳои маориф (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)
дар ҷузвдони алоҳида
баъди як ҳафтаи анҷоми аттестатсияҳои
давлатии хатм ба унвонии комиссияи
Вазорати маориф фиристода мешаванд.
8. Директори мактаб мустақилона
ҳуқуқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои
довталбони медалҳои тилло ва нуқраро ба комиссияи Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
надорад.
9. Дар назди Раёсат (шўъба)- и
маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
тибқи фармони Вазири
маориф комиссия оид ба ташхиси ҳуҷҷатҳо
таъсис дода мешавад.
Комиссия дар мўҳлатҳои
муқарраргардида ҳуҷҷатҳои
довталабонро, ки дар банди 6-и ин ҳуҷҷат нишон
дода шудааст, арзёбӣ менамояд. Дар сурати пурра набудани ҳуҷҷатҳо,
тасдиқ нагардидани баҳои гузоштаи комиссияи аттестатсионии
муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқат накардан ба
меъёрҳои пешбинигардида ҳуҷҷатҳои
пешниҳодгардидаи довталабон баргардонида шуда, тибқи
протоколи комиссия ба расмият дароварда мешавад. Ба таври истисно дар сурати
пайдо шудани шубҳа санҷиши
иловагӣ гузаронида мешавад.
10. Барои гузаронидани санҷишҳои
фаннӣ бо фармони Вазири маорифи ҷумҳурии Тооҷикистон
аз ҳисоби олимони шинохта ва устодони
муассисаҳои олии кишвар комиссияҳои фаннӣ
таъсис дода мешавад.
11. Комиссияҳои фаннӣ натиҷаи санҷишро
аз фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим-
иншо), алгебра ва ибтидои таҳлил (кори хаттии санҷишӣ)
барои довталабони медалҳои
тилло ва нуқраи дониши мукаммал, аз фанҳои забон ва адабиёт (вобаста
ба забони таълим- иншо) барои довталабони медалҳои тилло ва нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва алгебра ва ибтидои таҳлил (кори
хаттии санҷишӣ) барои довталабони медалҳои тилло ва нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ ҷамъбаст намуда, тибқи
протоколи маҷлиси комиссияи
санҷишӣ ба расмият медарорад.
12. Ба
довталабони медали тиллои дониши мукаммал, ки
аз санҷиши фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим),
алгебра ва ибтидои таҳлил (кори хаттии санҷишӣ)
баҳои «5», медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-
гуманитарӣ аз санҷиши
фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим)
баҳои «5» ва довталабони медали
тиллои равияи табиӣ-риёзӣ баҳои «5»
гирифтаанд, барои идомаи санҷиш иҷозат дода мешавад,
13. Довталабони
медали нуқраи дониши мукаммал, ки
аз санҷиши фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим),
алгебра ва ибтидои таҳлил (кори хаттии санҷишӣ)
баҳои «4», медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-
гуманитаӣ аз санҷиши
фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим)
баҳои «4» ва довталабони медали
нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ баҳои
«4» мегиранд, барои идомаи санҷиш иҷозат дода мешавад,
14. Ба довталабоне, ки дар натиҷаи
санҷиш нишондиҳандаи паст (баҳои «2» ва «3») ба
даст меоранд, барои идомаи санҷиш
иҷозат дода намешавад.
15. Довталабони медалҳои тилло ва нуқраи
дониши мукаммал аз фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони
таълим), забони давлатӣ (барои хатмкардагони мактабҳои
таълимашон ѓайритоҷикӣ), забони хориҷӣ
(вобаста ба забони таълим), забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, асосҳои
давлат ва ҳуқуқ, география, алгебра ва ибтидои таҳлил,
геометрия, химия, биология ва физика санҷиши тестӣ (аз ҳар
фан 20 саволӣ) месупоранд.
16. Довталабони медалҳои тилло ва нуқраи
равияи ҷамъиятӣ -гуманитарӣ аз фанҳои
забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим), забони давлатӣ (барои
хатмкардагони мактабҳои таълимашон ѓайритоҷикӣ),
забони хориҷӣ (вобаста ба забони таълим), забони русӣ,
таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ
ва география санҷиши тестӣ
(аз ҳар фан 15 саволӣ) месупоранд.
17. Довталабони медалҳои тилло ва нуқраи
равияи табиӣ-риёзӣ аз фанҳои
алгебра ва ибтидои таҳлил, геометрия, химия, биология ва физика санҷиши
тестӣ (аз ҳар фан 15 саволӣ) месупоранд.
18. Довталабони
медали тиллои дониши мукаммале, ки аз
санҷишҳои тестӣ
зиёда аз 130-140 хол, довталабони
медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ зиёда аз
115-120 хол ва довталабони медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ
зиёда аз 110-115 -и холҳои мавҷударо ба даст меоранд, бо медали тилло сарфароз
гардонида мешаванд.
19. Довталабони
медали нуқраи дониши мукаммале, ки
аз санҷишҳои тестӣ зиёда аз 90-100 хол, довталабони медали нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ
зиёда аз 90-95 хол ва довталабони медали
нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ зиёда аз 80-90 -и холҳои мавҷударо ба даст меоранд, бо медали нуқра
мукофотонида мешаванд.
20. Комиссияи Вазорати
маориф дар асоси протоколи комиссияҳои
фаннӣ лоиҳаи қарори мушовара ва фармони Вазири
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистонро
омода карда, барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод
менамояд.
21. Барои довталабоне,
ки аз натиҷаи кори комиссия
норозианд, имкон дода мешавад, ки дар давоми 3 рўз пас аз анҷоми санҷиш
ба комиссияи апилятсионии Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
муроҷиат намоянд.
22. Натиҷаи
санҷиш барои дарёфти медалҳо тибқи қарори мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Вазири маорифи ҷумҳурии
Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, нусхаи қарор ба
раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шўъбаҳои
маорифи шаҳру
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фиристода мешавад. То гирифтани қарори
мазкур ва фармони Вазири маориф эълон намудани номи ѓолибон қатъиян манъ
мебошад.
23. Раёсату шўъбаҳои
маорифи марбута довталабонро бо қарори
мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурии
Тоҷикистон ва фармони Вазири маориф шинос карда, дар маҷлиси
тантанавӣ бо иштироки падару модарон, намояндаи мақомоти хокимияти
иҷроияи махаллӣ ва фаъолони ноҳия, шаҳр ва вилоят мукофотҳоро месупоранд.
24. Ному насаби
хатмкардагоне, ки сазовори медали тилло ва ё нуқра мегарданд, дар лавҳаи
Фахрии муассисаи таълимӣ насб карда мешаванд.
25. Хатмкардагоне, ки
мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тиллои дониши мукаммал (аз
рўйи ҳамаи фанҳо) хатм мекунанд, дар вақти дохил шудан ба
муассисаҳои олии ҷумҳурии Тоҷикистон
(мувофиқи хоҳишашон) беимтиҳон кабул карда мешаванд.
26. Хатмкардагоне, ки
мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро
бо медали нуқраи дониши мукаммал (аз рўйи ҳамаи фанҳо)
хатм мекунанд, дар вақти дохил шудан ба муассисаҳои олии ҷумҳурии Тоҷикистон (мувофиқи хоҳишашон) бо
тариқи сўҳбат қабул карда мешаванд.
27. Хатмкардагоне, ки
мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро
бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ
хатм мекунанд, дар вақти
дохил шудан ба муассисаҳои олии ҷумҳурии
Тоҷикистон аз рўйи ихисосҳои равияи хатмкарда беимтиҳон қабул карда мешаванд.
28. Хатмкардагоне,
ки мактаби таҳсилоти миёнаи
умумиро бо медали тиллои равияи
табиӣ-риёзӣ хатм мекунанд, дар вақти дохил
шудан ба муассисаҳои олии ҷумҳурии
Тоҷикистон аз рўйи ихисосҳои равияи хатмкарда беимтиҳон кабул карда мешаванд,
29. Хатмкардагоне,
ки мактаби тахсилоти миёнаи умумиро бо медали нуқраи равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ
хатм мекунанд, дар вақти
дохил шудан ба муассисаҳои олии ҷумҳурии
Тоҷикистон аз рўйи ихисосҳои равияи хатмкарда тариқи сўҳбат қабул карда
мешаванд,
30. Хатмкардагоне, ки
мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро
бо медали нуқраи аз рўйи равияи табиӣ-риёзӣ
хатм мекунанд, дар вақти дохил шудан
ба муассисаҳои олии ҷумҳурии Точикистон аз
рўйи ихисосҳои равияи
хатмкарда тариқи сўҳбат қабул
карда мешаванд.
31. Хатмкардагони
мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки бо сабабҳои ба онҳо
вобаста набуда на зиёда аз ду фанро наомўхтаанд ё бо сабаби ҳолати
саломатиашон аз тарафи комиссияи тиббӣ-назоратӣ аз
машѓулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ озод карда шудаанд, ба
гирифтани медалҳои тилло ва нуқраи мувофиқ пешниҳод
карда мешаванд.
32. Корҳои хаттии
хатмкардагон дар аттестатсияи давлатии хатм, билет, протоколҳои
аттестатсияи давлатӣ ва ведомостҳои баҳоҳои
чамъбастӣ, ҳамчунин мавод оид ба мукофотонидан барои дарёфти
медалҳои тилло ва нуқра
то муддати 5 сол дар мактаб нигоҳ дошта мешаванд. Баъд аз ин
ведомостҳои ҷамъбастӣ барои нигоҳ доштан, ба
бойгонии шаҳрӣ (ноҳиявӣ)
супорида шуда, маводҳои дигар бо тартиби муқарраршуда нобуд карда
мешаванд.
33. Хатмкардагони дар
санҷиш ѓолибомада бо пешниҳоди Раёсат ва шўъбаҳои маориф
бо ифтихорномаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурии
Тоҷикистон, раёсату шўъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия ва мактаб қадр карда мешаванд.
Намунаи ифтихорномаҳои
Раёсату шўъбаҳои маорифро Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд