Бо қарори ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 02. 07 с. 2009
№ 387 тасдиқ
карда шудааст.
Низомномаи
намунавии муассисаҳои таҳсилоти
умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар ҷумҳурии Тоҷикистон
1. қоидаҳои
умумӣ
1.
Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти
умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Кодекси граждании ҷумҳурии
Тоҷикистон, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти
умумии ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон
3-апрели соли 2007, №171 тасдиқ гардидааст, таҳия карда
шудааст.
Низомномаи
намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ
(хусусӣ) фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ
(хусусӣ)-ро ба танзим медарорад. Муассис
(муассисон) дар асоси Низомномаи мазкур Оинномаи муассисаро таҳия
менамояд.
2.
Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ
(хусусӣ) (минбаъд Муассиса) дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни)
ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни
ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,
Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии
соҳаи маориф, Низомномаи мазкур ва Оинномаи худро ба роҳбарӣ
мегирад.
3.
Муассиса ҳамчун қисми таркибии соҳаи
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ салоҳият
дошта, дар амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон
ба таълим, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинс, забон, миллат, муносибати
нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию махсусиятҳои касбу
кор, мазҳаб ва муносибатҳои дин вазифаҳои зеринро
ҳал менамояд:
а)
ба хонандагон додани таҳсилоти миёнаи умумӣ
мутобиқ ба талаботҳои меъёрҳои давлатӣ
ва байналмилалии таълим, таъмини малакаҳои меҳнатӣ
ва касбӣ, рушди қобилияти эҷодии инфиродӣ,
сатҳи фарҳангӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;
б)
таъмин намудани таҳсилот ва ҳимояи
хонандагон аз ҳама гуна маҳдудиятҳо дар соҳаи
таълиму тарбия;
в)
фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи
шахсияти хонанда, тарбия намудани қобилияту истеъдод, ташаккули ҷаҳонбинии
саршор аз ғояҳои сулҳдўстӣ,
ватанпарварӣ, риоя намудани арзишҳои донишу малакаҳои
зарурӣ дар бораи табиат, ҷамъият, инсон ва заҳмати
ў, мусоидат кардан ба қонеъсозии дархости миллию фарҳангии ҷомеа,
ташаккули тафаккури эҷодии ҷавонон, дарки мавқеи
шаҳрвандӣ ва тарбияи омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона, меҳнат
ва ҳифзи Ватан.
4.
Муассиса барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳои
шахс вобаста ба шаклу намуди интихобнамудаи қобилияту истеъдод, лаёқатмандӣ,
ҳифзи саломатии кўдак, сифатнок аз худ намудани барномаҳои
таълимӣ, ки бо меъёрҳои стандарти давлатии таҳсилот
ё стандартҳои байналмиллалӣ мувофиқ мебошад,
масъулият дорад.
5.
Дар Муассиса фаъолияту сохторҳои ҳизбҳои
сиёсӣ, ҳаракат ва ташкилотҳои динӣ иҷозат
дода намешавад. Бо хоҳиши хонандагон созмонҳои талабагиро
таъсис додан мумкин аст.
6.
Таҳсил дар доираҳои таълимии таҳсилоти
умумӣ, тибқи стандартҳои ягонаи давлатии таҳсилот
ва стандартҳои байналмиллалӣ ҷорӣ карда
мешавад.
2.Ташкили
фаъолияти Муассиса
7.
Муассиса бо ташаббуси муассис (муассисон) таъсис дода
мешавад.
8.
Муассиса танҳо пас аз дарёфти иҷозатнома
ҳуқуқи амалӣ сохтани фаъолияти
таълимиро дорад.
9.
Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони Муассиса дар
асоси «қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони
Раёсат ва шўъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ томактабӣ ва таҳсилоти иловагии ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3
апрели соли 2006, № 122 тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.
10.
Гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсия ва додани иҷозатномаи
Муассиса дар асоси қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.02.2003 таҳти №54 «Дар
бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии
муассисаҳои таълимии ҷумҳурии Тоҷикистон»
ва Низомнома дар боари аттестатсияи мактабҳои таҳсилоти
умумӣ, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазоарти
моарифи ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
11.
Таъсис, аз навташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии
Муассиса дар асоси қонунгузории граждании ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
12.
Муассиса метавонад дорои филиалҳо бошад, вале
филиалҳои он шахси ҳуқуқӣ
шуда наметавонанд.
Роҳбарони филиалҳоро
муассис таъин менамояд.
13.
Шумораи синфҳо ва
теъдоди хонандагонро дар ҳар як синф тибқи талаботи қоидаҳои
санитарӣ-гигиенӣ ва меъёрҳои муқарраргардида
муассис муайян мекунад.
14.
қоидаю шароити қабули хонандагонро ба
Муассиса муассис муайян карда, дар Оинномаи муассисаҳои мазкур
инъикос менамояд.
Ба синфи
якум кўдакони 7- сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба
синни 7 медароянд, қабул карда мешаванд. Кўдакони 6-сола фақат
баъд аз ташхиси комиссияи тиббӣ- педагогӣ ба синфи якум қабул
карда мешаванд.
15.
Муассиса кушодани гурўҳҳои тайёрӣ
(боғча) ва бо дархости падару модарон ( шахсоне, ки онҳоро
иваз менамоянд), гурўҳҳои рўзаш
бардавомро ташкил карда метавонанд.
16.
Хизматрасонии тиббиро дар Муассиса муассис ташкил
менамояд.
17.
ҳамкории байни муассиси Муассиса ва Раёсати
маорифи марбута дар асоси шартнома сурат мегирад.
3. Раванди таълиму тарбия
18.
Муассиса ҷараёни таълиму тарбияро мувофиқи
савияе, ки дар барномаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ
шудааст, амалӣ мегардонад.
Зинаи
якум-таҳсилоти ибтидоии умумӣ (мўҳлати таҳсил
4-сол)
Зинаи
дуюм-таҳсилоти умумии асосӣ (мўҳлати таҳсил
5-сол)
Зинаи
сеюм-таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ (мўҳлати таҳсил
2 сол).
Зинаҳои
таълим метавонанд мустақилона ё якҷоя амал намоянд.
Функсия ва
вазифаҳои зинаҳои таълимиро Низомномаи намунавии муассисаҳои
таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
муайян мекунад.
19.
Муассиса вобаста ба ташкили дараҷаи сатҳи
дониш дар интихоби маводи таълим ва шаклу методҳо озод аст.
20.
ҷараёни таълим дар Муассиса дар асоси нақшаи
таълимии Муассиса, ки дар асоси нақшаи намунавии тасдиқкардаи
Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
бо назардошти хусусиятҳои муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ
(хусусӣ) таҳия карда шудааст, сурат мегирад.
Муассиса
реҷаи кориашро барои ҳафта дар асоси нақшаи кори
солонаи худ муайян мекунад.
Илова ба
фанҳои ҳатмии Нақшаи
таълимӣ бо хоҳиши хонанда, бо мақсади амалӣ
гардонидани шавқу қобилият ва имкониятҳои шахсии
онҳо, муассис таълими фанҳои иловагиро (соатҳои
иловагӣ) ҷорӣ карда метавонад.
Сарборӣ
ва тартиби гузаронидани машғулиятҳои хонандагон дар
Оинномаи Муассиса дар асоси талаботи санитарӣ-гигиенӣ
инъикос карда мешавад.
21.
Муассиса дар интихоби низоми баҳогузорӣ,
шакл, тартиб ва санҷишҳои фосилавӣ мустақил
буда, механизми онро муассис дар Оинномаи муассиса нишон медиҳад.
22.
Дар Муассиса корҳои тарбиявӣ дар
асоси Консепсияи миллии тарбия дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №94
тасдиқ шудааст, бо назардошти майлу хоҳиш, ҳусни
таваҷҷўҳ, шавқу
завқи хонандагон, эҳтироми тарафайн, ҳамкории
талабаву омўзгор ташкил карда мешавад.
23.
Давомнокии таътилҳо дар давоми соли хониш 30 рўзи тақвимӣ буда, таътили тобистона аз
рўзи анҷоми соли таҳсил ва хатми имтиҳонот то 31
август давом мекунад, таътили тирамоҳӣ 8 рўз
(аз 1 ноябр то 8 ноябр), зимистона 10 рўз (аз 1 январ то 10 январ) ва баҳорӣ
12 рўз (аз 20 март то 31 март) муқаррар карда мешавад.
24.
Дар мавридҳои зарурӣ тағйир
додани вақту мўҳлати таътил бо иҷозати Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
сурат мегирад. Барои хонандагони синфи якум як ҳафтаи таътили иловагиро
муассис дар давоми соли хониш дар мувофиқа бо падару модарони
хонандагон муайян менамояд.
4.ҳуқуқ
ва вазифаҳои субеъктҳои
раванди
таълиму тарбия
25.
Субеъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои
таълимии мазкур хонандагон, тарбиягирандагон, мураббиён, омўзгорон ва дигар
кормандони соҳаи омўзгорӣ, падару модарон, муассисон, шаҳрвандони
алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ
иштирок мекунанд, мебошанд.
26.
Тартиби қабули хонандагон, коркунони педагогӣ
ва дигар кормандони Муассиса тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муассис муайян мекунад ва дар Оинномаи
муқаррар менамояд. Муассис вазифадор аст, ки падару модарон (шахсоне,
ки онҳоро иваз менамоянд) ва хонандагонро ба мазмуни Низомномаи
мазкур шинос намояд.
27.
Хонандагон дар Муассиса ҳуқуқ
доранд: мувофиқи меъёри пардохти маблағ аз рўи стандартҳои фаннӣ дониш талаб
намоянд, аз китобхона, толорҳои варзишӣ, лабораторияҳо
истифода баранд, хадамоти маърифати иловагиро истифода бурда, эҳтироми
шаъну шарафи худро ҳимоя намуда, дар озмунҳо, мусобиқаҳои
варзишӣ аз номи муассисаи таълимӣ баромад кунанд.
28.
Тартиби аз синф ба синф гузаронидани хонандагонро муассис
дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии
ҷумҳурии Тоҷикистон ба
роҳ мемонад.
29.
Азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти
умумӣ дар се зина бо супоридани имтиҳонҳо хотима
меёбад.
Имтиҳонҳои
давлатии (ҷамъбастии) хатмкунандагон дар асоси ҳуҷҷатҳои
расмии таҳия ва тасдиқкардаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва гузаронида мешавад.
30.
Имтиёзҳои иловагӣ, аз қабили
додани стипендияҳои ҳавасмандкунӣ, кўмакпулиҳо ва хотири ҳавасманд намудани кормандонро муассис
муайян мекунад ва дар Оиннома инъикос менамояд.
31.
ҳуқуқ
ва вазифаҳои падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз
менамоянд), дар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян карда
мешаванд.
ҳуқуқ
ва вазифаҳои иловагиро муассис муайян карда, ба Оинномаи муассиса
ворид менамояд.
32.
Ба кори педагогӣ шахсоне таъин карда мешаванд,
ки дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, ҳуҷҷати
расмии ба соҳа мувофиқ ва тасдиқгардида дошта
бошанд.
Дар
Муассиса ба фаъолияти педагогӣ шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят
ва ё амалҳое, ки фаъолияташон аз рўи хулосаи
комиссияи тиббӣ манъ шудааст, роҳ дода намешаванд.
33.
Муносибати корманд бо Муассиса дар асоси шартномаи (қарордоди)
меҳнатӣ ба низом дароварда мешавад (шартҳои он
дар қарордод нишон дода мешаванд).
ҳуқуқ
ва вазифаҳои корманди Муассисаро муассис дар асоси қонуни ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян менамояд.
34.
ҳаҷми сарбории таълимии кормандони
педагогиро муассис муайян намуда, тартиби онро дар Оинномаи худ нишон медиҳад.
35.
Корманди Муассиса ба талаботи квалификатсионии (таснифот)
муассисаи мазкур бояд мувофиқ бошад ва вазифадор аст, ки талаботи
Низомномаи мазкур ва шартномаи дутарафаи байни волидайн (шахсоне, ки онҳоро
иваз менамоянд) ва муассисро иҷро намояд.
5.Идоракунии
Муассиса
36.
Муассиса мутобиқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи
намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Низомномаи мазкур идора карда мешавад.
Идоракунии
бевоситаи муассисаи таҳсилоти мазкурро муассис ё ба супориши он Шўрои педагогӣ, ки онро директор роҳбарӣ
мекунад, иҷро менамояд.
Вазифаҳои
хизматии директор ва тартиби дохилиро муассис муайян карда, ба вазифа таъин ва
аз вазифа озод кардани онро дида мебарояд.
37.
ҳуқуқ ва вазифаҳои
Шўрои педагогӣ ва директорро муассис дар доираи Низомномаи Шўрои
педагогӣ, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти
умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
муайян менамояд ва дар Оинномаи худ инъикос менамояд.
38.
Бо мақсади инкишофу такмили ҷараёни
таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва
камолоти эҷодии муаллимон, омўхтан, ҷамъбаст ва паҳн
намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои
таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ)
Шўрои методӣ ташкил карда мешавад. Барои
кори якҷояи ҷамъиятӣ ва муассиса Шўрои ҷамъиятӣ ташкил карда шуда,
фаъолияти он тибқи Низомномаи Шўрои ҷамъиятӣ
сурат мегирад.
6.Низоми ҳуқуқии
Муассиса
39.
Муассиса шахси ҳуқуқӣ
буда, соҳиби суратҳисоби бонкӣ мўҳр ва штампи бо номи худ, нишона ва дигар атрибутҳо,
дорои фонди марказонидашуда ва захиравӣ мебошанд ва ҳуқуқи
баромад карданро аз номи муаасисаи таълимӣ дар судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
дорад.
40.
Барои фаъолияти худ ва ҳалли масъалаҳои
Муассиса ҳуқуқи зеринро дорад:
а)
ба амал баровардани фаъолияти таълиму тарбия, хоҷагӣ
ва дигар намудҳои фаъолият;
б)
дар ихтиёри худ доштани таҷҳизотҳо,
инвентар, моликияти маданӣ тиббӣ ва солимгардонӣ,
варзишӣ ва дигарҳо;
в)
ба иҷора гирифтани биноҳо, таҷҳизотҳои
корхонаҳое, ки истифода бурда намешаванд;
г)
харидорӣ намудани корҳои илмии татқиқотшуда
ва ғайраҳо;
д)
барои харидорӣ кардани таҷҳизотҳо,
лавозимоти лабораторӣ, намоишдиҳӣ талабнома пешниҳод
намояд;
е)
аз бонкҳо, корхонаҳо
ва ташкилотҳо, аз шахсони алоҳида, ҳамаи
намуди кредитҳоро гирифта метавонад;
ж) ж) барои
сохтмони биноҳои муассисаи таълимӣ гирифтани замин.
з)
тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ
бо ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ
аз номи худ шартномаҳо банданд, намоиш, озмунҳо, лоиҳаҳо ва дигар намуди чорабиниҳоро гузаронад.
7.Фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии
Муассиса
41.
Муассиса барои баҳисобгирии фаъолияти молиявӣ,
ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ ҷорӣ
намуда, ба фаъолияти он ҷавобгар аст.
Тартиби ҳисоботи
муҳосибавӣ ва оморӣ тибқи қонунгузории
мавҷуда ба низом дароварда мешавад.
42.
Муассиса ба Раёсати маорифи марбута маълумоти оморӣ
пешниҳод менамояд.
Назорати ҷараёни
таълиму тарбияро мутобиқи моддаи 29 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» раёсатҳо
ва шўбаҳои маорифи марбута амалӣ мегардонад.