Ба аввал

Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»



Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»    

          Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.

 

                                                                    БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
    Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- адабиёти таълимӣ - асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;
- аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ - муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- аспирант - шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд;
- аттестатсияи хатм - тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ - муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;
- баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият - иҷозатномадиҳии такрорӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии навбатии муассисаи таълимӣ дар шакли муттаҳидшудаи ин амалиёт дар як мӯҳлат;
- бакалавр - шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст;
- барномаи таълимӣ - ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд; 
- интернатура -  ихтисосгирии баъдидипломӣ барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтӣ;
- донишҷӯ - шахсе, ки дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ (бакалавриат, магистратура ва мутахассис) таҳсил менамояд;
- зинаҳои таҳсилот - марҳилаҳои таълиму тарбия, ки давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд;
- китоби дарсӣ - воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро  пайдарҳам ифода менамояд;
- маблағгузории сарикасӣ - маблағгузорие, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад;
- магистратура - дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад;
- мазмуни таълим - сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимие, ки азхудкунии он имкони гирифтани дараҷаи таҳсилот ва ихтисоси муайянро медиҳад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати  давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат ва роҳбарӣ менамояд;
- мақомоти дахлдори давлатӣ - мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатие, ки ваколатҳои муайянеро дар соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
- мактаби (синфи) камнуфус - муассисаи таълимие (синфе), ки дар маҳалҳои камаҳолӣ барои бо таҳсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад;
- маориф - раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки соҳиби дараҷаи муайяни таҳсилот гардидани таълимгирандагонро таъмин мекунад;
- машғулияти инфиродӣ - шакли таълим бо истифодаи тарзҳои гуногуни таълими инфиродӣ, ки ба хонанда ё донишҷӯ дониши иловагӣ медиҳад;
- муассисаи таълимӣ - ташкилоти таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба роҳ монда, як ё якчанд барномаҳои таълимиро амалӣ мегардонад;
- муассисаи таълимии махсус - ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва муҳити махсуси педагогӣ буда, офияти тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдаконеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин менамояд; 
- муассисаи томактабӣ - ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи  аввалия фаро мегирад;
- мутахассис - шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро  соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ имконият дорад;
- натиҷаи таълим - маҷмӯи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ соҳиб мегарданд;
- нақшаи таълимӣ - ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд; 
- низоми маориф - мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд;
- нострификатсия - муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии шахсоне, ки муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳои байналмилалиро хатм кардаанд;
- омӯзгор - шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбия машғул мебошад;
- фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ - фаъолияти омӯзгорие, ки дар муассисаи таълимӣ берун аз вақти корӣ ва ё берун аз муассисаи таълимӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад;
- ординатура (резидентура) - таҳсилоти олии касбии баъдидипломии тиббие, ки аз рӯи ихтисосҳои муайяни тиббӣ зери роҳбарии табиби дараҷаи илмидошта ё табибони пуртаҷриба анҷом дода мешавад;
- сифати таълим - тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад; 
- сифати таҳсилот - маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ;
- стандартҳои давлатии таҳсилот - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту мӯҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;
- тарбия - раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз  ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ; 
- таълим - фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;
- тарбиягиранда - кӯдаке, ки дар муассисаҳои томактабӣ бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст;
- таълимгиранда - тарбиягиранда, хонанда, донишҷӯ, аспирант, шунавандаи муассисаи таълимӣ;
- таҳсилот - раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст;
- таҳсилоти калонсолон - маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кӯмаки он калонсолон қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд;
- таҳсилоти муттасил - дар тӯли ҳаёт гирифтани таҳсилот ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ;
- таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад; 
- таҳсилоти фарогир - барои кӯдакон, новобаста ба  ҷинс, нажод, забон, миллат, эътиқоди динӣ, иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, қобилият, вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот;
- таҷҳизоти таълимӣ - таҷҳизоте, ки дар раванди таълим барои ташаккули дониш, маҳорат, малака, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии таълимгирандагон истифода мешавад;
- раванди таълим - низоми фаъолияти таълимию тарбиявӣ барои расидан ба  мақсадҳои таълим;
- экстернат - омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи хатм дар муассисаҳои таълимӣ. 


           Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.


         Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
2. Давлат барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил равона мекунад. 
3. Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф  ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.
4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
5. Дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.


      Моддаи 4. Принсипҳои  асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;
- қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- бартарии соҳаи маориф дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ;
- ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;
- дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;
- бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;
- муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;
- ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;
- ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;
- ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;
- мустақилияти муассисаҳои таълимӣ;
- раванди муттасили таҳсил;
- мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;
- ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;
- пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;
- ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.


       Моддаи 5. Вазифаҳои Қонуни мазкур
  Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд: 
- таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил;
- фароҳам овардани кафолати ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;
- муқаррар намудани салоҳият, ваколатҳо, вазифаҳо, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;
- муҳайё  намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;
- фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим;
- мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс;
- тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ;
- тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ; 
- дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ.


       Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил
1. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад.
2. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳатмии умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, инчунин дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун ройгон гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот кафолат медиҳад.
3. Ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва дигар нишонаҳо метавонад танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд. 
5. Давлат дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад.
6. Давлат таълимгирандагони болаёқатро дастгирӣ намуда, ба таҳсилоти онҳо кӯмак мерасонад, аз рӯи натиҷаи таълим барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
7. Давлат таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд. 
8. Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад.
9. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҳуқуқи баробар доранд. 
10. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд. 


        Моддаи 7. Забони таҳсил
1. Забони асосии таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мебошад.
2. Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сернуфуси миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи соҳаи маориф, ба забони модарии онҳо гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.
3. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ забони таҳсил бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии хонандагон, синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти онҳо муайян карда мешавад.
4. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмист.
5. Таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.


      Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ
1. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар карда мешаванд, ки аз нишондиҳандаҳои зерин иборатанд:
- ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо;
- ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;
- талаботи асосӣ ба сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон;
- мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилот. 
2. Барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия мегарданд. Барномаҳои таълимӣ аз инҳо иборатанд:
- томактабӣ;
- таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);
- таҳсилоти ибтидоии касбӣ; 
- таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- таҳсилоти иловагӣ;
- таҳсилоти махсус; 
- таҳсилоти калонсолон.
3. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад.
4. Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълимӣ таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ карда мешаванд.
6. Мӯҳлат ва меъёри омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ Қонуни мазкур ва стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд.
7. Дар муассисаҳои таълимӣ барои озмоиши технологияи нави таълим ва ҷорӣ кардани мазмуни нави таълим ба таври таҷрибавӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия карда мешаванд. 
8. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ карда мешаванд. 
9. Дар муассисаҳои таълимии таҷрибавӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба тариқи озмоиш барномаҳои таълимии давлатҳои пешрафта метавонанд истифода шаванд.
10. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ менамояд.

 

                                        БОБИ 2. НИЗОМИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
        Моддаи 9. Сохтори низоми маориф

1. Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:
- стандартҳои давлатии таҳсилот;
- барномаҳои таълимӣ;
- шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;
- мақомоти идоракунии маориф;
- муассисаҳои таълимӣ; 
- субъектҳои раванди таълиму тарбия; 
- муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф;
- иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ;
- воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳо.
2. Дар низоми маориф инчунин сохторҳои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онҳо ба вазифаҳои зерин вобаста мебошанд:
- гирифтани таҳсилот ва таъмини он;
- гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
- тақсимоти ҷойҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
- амалӣ намудани барномаҳои миллии арзёбӣ;
- мусоидат барои иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ;
- мониторинг ва арзёбии дониш аз рӯи вазифаҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Дар низоми маориф метавонанд сохторҳои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста намебошад.


       Моддаи 10. Муассисаи таълимӣ, сохтор ва намудҳои он
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд. 
2. Мақоми муассисаи таълимӣ ва сохтори он аз тарафи муассис (муассисон) муайян гардида, дар оинномаи муассиса тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мегардад.
3. Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
4. Тасдиқ кардан ё тағйир додани мақоми муассисаи таълимӣ дар асоси хулосаи аттестатсияи давлатӣ амалӣ мегардад.
5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд:
- томактабӣ;
- таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);
- таҳсилоти ибтидоии касбӣ; 
- таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ; 
- таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- таҳсилоти иловагӣ;
- таҳсилоти махсус;
- муассисаҳои таълимии дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд. 
6. Намудҳои дигари муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.


     Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ
1. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода  мешавад.
2. Муассисаи таълимии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
3. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
4. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми маҳаллӣ дорад, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
5. Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо қарори муассис (муассисон) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузарад.
6. Муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ба сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимии маҳаллӣ ба сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешаванд.
7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
8. Муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд.
9. Дар сурати барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронидани таълимгирандагонро мувофиқи хоҳиши онҳо ба дигар муассисаҳои таълимии мувофиқ таъмин менамоянд.


         Моддаи 12. Тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ
1. Тартиби бақайдгирии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. 
2. Ҳуқуқи муассисаи таълимӣ барои  пешбурди фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ки оинномаи он пешбинӣ намудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ин муассиса мавриди амал қарор дода мешавад.
3. Ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома дода мешавад. 
4. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маорифро пайдо менамояд.


     Моддаи 13. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ
1. Муассиси (муассисони)  муассисаи таълимӣ инҳо шуда метавонанд:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф; 
- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;
- фондҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
2. Муассис (муассисон) метавонад муассисаи таълимии муштарак таъсис диҳад.
3. Муассиси ҳама намуди муассисаҳои таълимии ҳарбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълими ҳарбии шаҳрвандон мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.


       Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълимӣ
1. Оинномаи муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатест, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим намуда, маълумотҳои зеринро дар бар мегирад: 
- ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми муассиса;
- муассис (муассисон);
- шакли ташкилию ҳукуқӣ;
- маълумот оид ба намояндагиву филиалҳо;
- мақсади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ;
- тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таҳсил, тартиби қабул ва хориҷ намудани таълимгиранда, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳон, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии таълимии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди он;
- тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимӣ бо тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);
- сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи таълимӣ, аз ҷумла тартиби истифодаи объектҳои моликият, манбаъҳои маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ, тартиби ташаккули моликият, намуди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти пулакӣ;
- тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ташкили тарзи идоракунӣ, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандон, шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;
- ҳуқуқу вазифаҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;
- феҳристи санадҳои дохилие, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим менамоянд.
2. Оинномаи муассисаи таълимии давлатӣ бояд мақоми идоракунии дастҷамъӣ, тартиби ташкил ва вазифаҳои онро пешбинӣ намояд.
3. Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро муассис (муассисон) тасдиқ мекунад.


        Моддаи 15. Таълиму тарбияи томактабӣ
1. Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои томактабӣ: ширхоргоҳ, ширхоргоҳ-кӯдакистон, кӯдакистон, мактаб-интернат, хонаи кӯдакон, маркази инкишофи кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. 
3. Барои дар оила ва муассисаҳои томактабӣ таълиму тарбия гирифтани фарзандон падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), баробар бо муассисаҳои томактабӣ масъул мебошанд ва барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ омода намудани онҳо ӯҳдадоранд.
4. Муносибатҳои байни муассисаҳои томактабӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаи тарафайн танзим карда мешавад.
5. Давлат муассисаҳои томактабиро аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ карда, дастрасии хизматрасонӣ, таълиму тарбияи томактабиро барои оилаҳои камбизоат таъмин менамояд.
6. Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим мегардад.


      Моддаи 16. Таҳсилоти умумӣ
1. Таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти умумӣ дар бораи табиат, ҷамъият ва арзишҳои таърихию фарҳангии милливу умумибашарӣ ташкил карда мешавад.
2. Таҳсилоти умумӣ тавассути муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, мактабҳои (синфҳои) камнуфус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. 
3. Синну сол ва мӯҳлати таҳсил дар ҳар зинаи таҳсилотро Қонуни мазкур ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ муайян мекунанд.
4. Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсилот ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ҳатмист.
5. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, фарогир, оилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
6. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосӣ (9-сола) ҳатмист.
7. Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи онҳо сурат мегирад. 
8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ метавонад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонанда дар асоси шартномаи тарафайн пулакӣ бошад.
9. Таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи  хатм ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли аттестатсияи хатмро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар мекунад.
10. Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.
11. Муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст, ки дар бораи хориҷ гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад.
12. Қарори мазкур нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ қабул карда мешавад.
13. Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба муассисаи таълимии дигар гузаронидани чунин хонандагонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамоянд.
14. Таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда ташкил карда мешавад.
15. Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ ба роҳ монда мешавад.
16. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомӯзӣ иҷозатнома доранд, метавонанд дар асоси шартнома хизматрасонии таълимии иловагӣ, аз ҷумла пулакиро ба роҳ монанд.
17. Тайёрии ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
18. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагони ҷинси мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рӯи барномаи таълимие, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиа тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад. 
19. Шаҳрвандон барои таҳсилоти динӣ гирифтан дар муассисаҳои таълимии динӣ ҳуқуқ доранд. Фаъолияти ин муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар асоси иҷозатномае, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф медиҳад, амалӣ карда мешавад. 
20. Гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони то синни 18 танҳо бо ризоияти хаттии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  иҷозат дода мешавад.


        Моддаи 17. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯхтани касбҳои коргарӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон дар заминаи таҳсилоти умумии  асосӣ ва миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи дохил шудан доранд.
2. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар литсейҳои касбӣ - техникӣ ва соҳавӣ, марказҳои таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Таҳсилоти калонсолон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда шуда, он бо гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ ба анҷом мерасад.
4. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил карда мешавад, агар муассисаи таълимӣ оид ба ин навъи фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дошта бошад.
5. Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар курсҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирифтан мумкин аст.
6. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ надоранд, барои касбомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва инчунин ба курсҳои таълимие, ки дар қисми 5 моддаи мазкур зикр гардидаанд, қабул карда мешаванд.
7. Таҳсилоти шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
9. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сохтори худ метавонад намудҳои мухталифи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил намояд.
10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вобаста ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда мешаванд. 


      Моддаи 18. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро доранд.
2. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амалӣ карда мешавад.
3. Баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ба шаҳрвандон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат барои идомаи таҳсил танҳо ба муассисаҳои таълимии соҳаи омӯзгорӣ, тиббӣ ва фарҳангии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, дар ин муассисаҳо баробари таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд.
4. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 4 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқи хусусияти ихтисосашон хатм менамоянд, то  4 сол муқаррар карда мешавад.
5. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
6. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. 
7. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсилро дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои ин шаҳрвандон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.
8. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад филиал, шӯъба, парки технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошад, ки тартиби таъсиси онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.


          Моддаи 19. Таҳсилоти олии касбӣ
1. Таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд.
2. Таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ба онҳо баробаркардашуда амалӣ карда мешавад. 
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва муштарак мешаванд.
4. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси озмун ва шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
5. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартнома пулакӣ таҳсилоти олии дуюм гиранд.
6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо метавонанд дар сохтори худ донишкада, филиал, академияи таълимӣ, коллеҷ, литсейи касбӣ - техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагии таълимию таҷрибавӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.
7. Донишкада ва академияҳо метавонанд дар сохтори худ литсейи касбӣ - техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар сохторҳо дошта бошанд.
8. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббӣ, барои дарёфти тахассуси дараҷаи "бакалавр" на камтар аз 4 сол, "мутахассис"  на камтар аз 5 сол ва "магистр" на камтар аз 2 сол муқаррар карда мешавад.
9. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. 
10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ вобаста ба имконоти моддию техникӣ барои тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд. Кафедраҳои ҳарбӣ ба сохтори  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ шомил мебошанд.
11. Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян мегарданд.


       Моддаи 20. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ инкишоф диҳанд. 
2. Муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо мақсади тайёр кардани мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ташкил карда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии алоҳидае, ки дорои заминаи илмӣ ва моддию техникӣ мебошанд ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, метавонанд зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура (доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) таъсис диҳанд ва вазифаи ходими илмиро ҷорӣ намоянд.
3. Фаъолияти илмӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.


         Моддаи 21. Таҳсилоти иловагӣ
1. Таҳсилоти иловагӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шахс, ҷамъият ва давлат дар асоси барномаҳои иловагии таълимӣ ва хизматрасонии иловагии таълимӣ татбиқ карда мешавад.
2. Таҳсилоти иловагиро шахс дар муассисаҳои таълимӣ ва баъд аз хатми муассисаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ соҳиб шуда метавонад.
3. Таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ амалӣ карда мешавад.
4. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тааллуқ доранд:
- марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон;
- академияҳои хурди илмҳо; 
- қасрҳо, стансияҳо, клубҳои кӯдакон ва наврасон;
- мактабҳои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва рассомӣ;
- курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ;
- хонаҳо,  студияҳои эҷодиёти кӯдакон ва наврасон, лагерҳои варзишӣ ва сайёҳӣ;
- мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакону наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, варзишгоҳҳои кӯдакона; 
- клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист;
- клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон; 
- муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ;
- муассисаҳои таълимии ибтидоии махсуси бадеӣ;
- муассисаҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва дигар муассисаҳое, ки иҷозатномаи дахлдор доранд.
5. Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии намуди муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши таълимгиранда асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шахсон пешниҳод мегардад.
6. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, мутахассисон ва кормандони муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои дахлдори таълимӣ бо мақсади амиқтар намудани дониш ва малакаи касбӣ, азхудкунии касб ва ихтисоси нав амалӣ карда мешаванд.
7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва мутахассисон аз тарафи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон ва ё дар асоси шартнома пулакӣ амалӣ карда мешаванд.
8. Таҳсилоти иловагие, ки таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, метавонад дар асоси шартнома пулакӣ ташкил карда шавад. 
9. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар асоси низомномаи Намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.
      Моддаи 22. Таҳсилоти махсус
1. Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва офияти тиббию иҷтимоии кӯдаконеро таъмин менамояд, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст.
2. Барои кӯдаконе, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории кӯдакона ташкил карда мешаванд.
3. Барои кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ  мебошанд ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имкони таҳсил карданро надоранд, муассисаҳои махсуси таҳсилоти умумӣ, мактаб- интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои таълимии мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти тиббию иҷтимоии ин гуна кӯдаконро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.
4. Кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд, бо ризоияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) метавонанд якҷоя бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоянд ё барои онҳо машғулиятҳои инфиродӣ ташкил карда мешаванд.
5. Кӯдакони гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ дар комиссияҳои тиббию омӯзгорӣ, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд, дар ҳузури падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) аз ташхис мегузаранд. 
6. Барои кӯдакони аз 10-сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд, муассисаҳои таълимии мухталифи махсус, ки офияти тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешаванд. Ба муассисаҳои таълимии мазкур кӯдакон бо қарори суд фиристода мешаванд.
7. Таҳсилоти махсус дар асоси нақша ва барномаи махсус бо истифода аз технологияҳои муосири таълим вобаста ба муайян намудани дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон ҷараён мегирад.
8. Мӯҳлати таҳсилоти махсуси умумии ҳатмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон муайян мекунад.
9. Таҳсилоти касбии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкунандагон мувофиқ мебошад, дар муассисаҳои таълимии махсус ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ташкил карда мешавад.
10. Таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси давлатӣ ройгон аст.


       Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот 
1. Муассисаҳои таълимие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм мегузаранд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд.
2. Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро медиҳанд:
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12));
- шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) - барои шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда касб омӯхтаанд;
- диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр) - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
- намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи моддаи 20 Қонуни мазкур ба хатмкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдор медиҳанд.
4. Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассусӣ - рисолаи илмӣ, маҷмӯи корҳои илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯи ихтисос дода мешавад.
5. Дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи дотсенти кафедра ё дотсент аз рӯи ихтисос, профессори кафедра ё профессор аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи ходими калони илмӣ дода мешавад.
6. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ) пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад. 
7. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои "5" (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои "5" (аъло)  таҳсил намуда, имтиҳони хатмро бо баҳои "5" (аъло)  супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, медали тилло ва аттестати (шаҳодатномаи)  намунаи махсус дода мешавад.
8. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои "5"  (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) имтиҳонҳоро бо баҳои "5" (аъло) супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, лекин аз рӯи на бештар аз ду фан баҳои солонаи "4" (хуб) дошта,  аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии "5" (аъло) доранд ва имтиҳони хатми синфи 11 (12)-ро бо баҳои "5"  (аъло) супоридаанд, медали нуқра ва аттестати (шаҳодатномаи) намунаи махсус дода мешавад.
9. Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-9)-ро бо баҳои "5" (аъло) хатм кардаанд, аттестати (шаҳодатномаи)  аъло дода мешавад.
10. Ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро бо баҳои "5" (аъло) хатм кардаанд, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.
11. Тартиби мукофотонидани хонандагон бо медали тилло ва нуқра ва додани аттестати (шаҳодатномаи) аъло ва дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 
12. Ба хонандагон ва донишҷӯёни дорои рафтори намунавие, ки  муассисаҳои таълимиро бо баҳои аъло хатм кардаанд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус - аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.
13. Тартиби пешниҳод ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус - аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
14. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ инчунин нишони сарисинагӣ дода мешавад, ки намунааш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.
15. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилот, ки бо мӯҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад, шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.
16. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ қайдкардашуда ба амалигардонии фаъолияти касбӣ, аз ҷумла ишғол намудани вазифаҳое, ки барояшон талаботи тахассусӣ ба дараҷаи таҳсилот муқаррар шудааст, ҳуқуқ доранд.
17. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршударо месупоранд, ки онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибор доранд.
18. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро бо мӯҳри худ тасдиқ мекунанд. 
19. Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ мекунад.
20. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳоро шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намуда бошанд ё он давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ё созишномаи дахлдор дошта бошанд. 
21. Нострификатсияи ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳоро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома ё созишнома надоранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.


       Моддаи 24. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ
1. Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тибқи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
2. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор ӯҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд, ба шарте  ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Ин мутахассисон то 3 сол мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд.
3. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро дар хориҷи кишвар  тибқи шартномаи тарафайн хатм кардаанд, ӯҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол фаъолият намоянд.
4. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор мебошанд.
5. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, тибқи фармоиши давлатӣ бесабаб ба ҷойи кори муайяншуда ҳозир намешаванд ё аз кор саркашӣ мекунанд, инчунин қабл аз ба охир расидани мӯҳлат талаботи шартномаи тарафайнро риоя наменамоянд, ӯхдадоранд маблағи барои таҳсили онҳо харҷшудаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонанд. 
6. Мақомот, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки мутахассисони ҷавонро бо роҳхат қабул менамоянд, ӯҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд ва дар сурати набудани эҳтиёҷот ба мутахассис мақомоти дахлдори давлатиро хаттӣ огоҳ созанд.
7. Донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро бо дипломи аъло бо нишони аълочӣ хатм кардаанд, дар интихоби ҷойи кор озоданд ва барои дохилшавӣ ба аспирантура бе навбат роҳ дода мешаванд.


       Моддаи 25. Ташкили раванди таълиму тарбия 
1. Муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбияро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф амалӣ менамоянд.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир дода наметавонанд.
3. Дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон амалӣ карда мешавад. Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст.
4. Дар раванди таълиму тарбия роҳбарони муассисаҳои таълимӣ,  омӯзгорон ва дигар кормандон барои таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, инчунин риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ масъул мебошанд.
5. Муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани санҷишҳои ҷорӣ  ва аттестатсияҳои фосилавӣ сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат ва муайян мекунанд.
6. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот азхудкунии барномаҳои таълимӣ бо аттестатсияи хатм анҷом меёбад.
7. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявии хонандагон ва донишҷӯён таҷрибаомӯзии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Мӯҳлати таҷрибаомӯзии касбӣ дар нақшаҳои таълимӣ нишон дода мешавад.  
8. Барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад, масъул мебошанд. 
9. Аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҷалби таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия новобаста манъ аст.
10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст. 
11. Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббию педагогӣ фаъолият карда метавонанд.

 

                                                   БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
           Моддаи 26. Мақсад ва шаклҳои танзими давлатӣ дар соҳаи маориф

1. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва назорати сифати таҳсилот амалӣ карда мешавад.
2. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф инчунин ба пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нигаронида шуда, сифати таҳсилотро назорат ва идора менамояд.


         Моддаи 27. Идоракунии сифати таҳсилот
1. Идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.
2. Идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегардад.


      Моддаи 28. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф фаъолияти таълимии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба риояи иҷрои талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф амалӣ мегардад.  
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф бо тарзҳои  зерин амалӣ мешавад: 
- иҷозатномадиҳӣ;
- баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;
- аттестатсияи давлатӣ;
- аккредитатсияи давлатӣ;
- назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф. 
3. Назорати давлатӣ бо роҳи назорати ҷорӣ, фосилавӣ ва нақшавӣ амалӣ мегардад.   


        Моддаи 29. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ
1. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маориф тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад. 
2. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи амалӣ намудани барномаҳои таълимиро пайдо менамояд.
       Моддаи 30. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ
1. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.   
3. Дар асоси натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ ба муассисаи таълимӣ шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.
4. Қарор оид ба тасдиқ ё бозхонд намудани  аккредитатсияи давлатӣ дар асоси аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ қабул мегардад. 
5. Муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ё филиалҳои онҳо, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, аз аккредитатсияи давлатӣ бо тартибе, ки барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, мегузаранд.

 

                                                      БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ
         Моддаи 31. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф

1. Идоракунии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти давлатию ҷамъиятӣ дошта, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;
- вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;
- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассис (муассисон) ё бо супориши муассис (муассисон) Шӯрои сарпарастон тибқи низомномаи намунавии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассиса амалӣ менамояд.
4. Дахолати мақомоти идоракунии давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, илмию методӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.


         Моддаи 32. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф инҳо мансубанд:
- муайян ва таъмин намудани рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ;
- таъмин кардани роҳбарии самараноки соҳаи маориф;
- бо пешниҳоди вазорату идораҳо таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои махсуси таълиму тарбия, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои он;
- тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, таъмини онҳо аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи онҳо, мусоидат намудан ба пешрафти муассисаҳо, паркҳои технологӣ ва марказҳои илмие, ки дар сохтори муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд;
- таъсиси марказҳои илмию инноватсионӣ, паркҳои технологӣ;
- ҳамоҳангсозии байнисоҳавии илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади амалӣ намудани консепсияҳо, барномаҳо, лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ, технологию коммуникатсионӣ;
- муайян намудани тартиби додани иҷозатнома, гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимӣ;
- тасдиқи феҳристи касбу ихтисосҳое, ки бо шакли экстернат гирифтани онҳо манъ аст;
- тасдиқи феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ;
- муайян намудани  меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории соҳаи маориф, тартиби маблағгузории буҷетии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор;
- тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот, низомномаҳо дар бораи аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, муайян намудани имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобаста;
- муайян намудани андозаи музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ, меъёрҳо ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо, грантҳо, ҷоизаҳо ва стипендия барои кормандони мазкур, хонандагон, донишҷӯён, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқоне, ки ба вазифаи ходими илмӣ гузаронида мешаванд;
- муайян ва тасдиқ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи маориф;
- тасдиқ намудани тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон;
- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


       Моддаи 33. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф;
- таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи маориф;
- назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
- ба имзо расонидани  шартнома ва дигар санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо тартиби муқарраршуда;
- таҳияи низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва пешниҳод намудани онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ намудани оиннома, дастурамал ва қоидаҳои намунавӣ, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии дахлдорро танзим менамоянд;
- пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ;
- додани иҷозатнома барои амалӣ кардани фаъолияти таълимӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани онҳо;
-тасдиқ ва назорати риояи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот;
- муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот; 
- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини заминаҳои моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо;
- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани андозаи маблағи таҳсил, аз ҷумла маблағи таълими пулакӣ барои муассисаҳои таълимӣ;
- бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмил додани маҳорати касбии мутахассисон тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол мутобиқи низомнома ва қоидаҳои муқарраршуда гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ;
- барои баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол бо тартиби муқарраргардида ташкил кардани аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ;
- тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳогузории маҷмӯӣ ба  фаъолияти муассисаи таълимӣ бо мақсади муқаррар намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҳар 5 сол дар асоси низомномаи дахлдор ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ;
- тасдиқ кардани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ;
- бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони аввал ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мактаб - интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони воҳидҳои сохтории муассисаю дигар ташкилотҳо, ба истиснои  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;
- дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо;
- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян кардани ихтисос ва равияҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ва бозори меҳнат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ бо назардошти имконияти воқеии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ; 
- додани иҷозат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он барои таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва таъсиси вазифаи ходими илмӣ;
- тасдиқ кардани қоидаҳои умумии қабули тарбиягирандагон ва таълимгирандагон ба муассисаҳои томактабӣ, таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва назорати иҷрои онҳо; 
- тасдиқ кардани тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ;
- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ намудани таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ;
- ташкил кардани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;
- бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тасдиқ намудани қоидаҳои ҷойивазкунии роҳбарони мақомот ва муассисаҳои сохтории худ;
- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идоракунии маориф бо муассисаҳои таълимӣ;
- таъмин ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф, маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда;
- назорати раванди таъсис ва фаъолияти марказҳои инноватсионӣ ва паркҳои технологӣ;
- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани дигар ваколатҳо.


       Моддаи 34. Ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд
Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, таҳсилоти махсус ва марказҳои таҳсилоти калонсолон дар сохтори худ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамоянд; 
- бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, муовинони якум ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд; 
- раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори худ таъмин менамоянд;
- нақшаю барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро вобаста ба имконоти молиявӣ амалӣ менамоянд;
- такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва воҳидҳои сохтории худро ташкил ва таъмин менамоянд;
- фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи сохтори худро назорат намуда, аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда онҳоро маблағгузорӣ мекунанд;
- дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, инчунин баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимии сохтори худ ва раванди иҷозатномадиҳӣ ба онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд;
- якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф стандартҳои давлатии таҳсилотро барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии соҳавӣ ё муассисаҳои зертобеи худ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
- ба нашри китобҳои илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ мусоидат менамоянд;
- аттестатсияи омӯзгорон ва кормандони ихтисосҳои (фанҳои) тахассусии муассисаҳои таълимию илмии худро мегузаронанд;
- ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии зертобеи худ роҳхати корӣ дода, бо кор таъмин намудан ва раванди ба кор рафтани онҳоро назорат менамоянд;
- низоми таҳсилоти муттасили касбию тахассусии соҳавии худро муайян менамоянд;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.


      Моддаи 35. Ваколатҳои мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ваколатҳои зеринро доранд:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамоянд, барномаҳои маҳаллии  рушди соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва дигар хусусиятҳо таҳия намуда, амалӣ мегардонанд;
- фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунии маорифро назорат менамоянд;
- муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки мақоми маҳаллӣ доранд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам медиҳанд;
- буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла буҷети соҳаи маориф ва фондҳои дахлдори рушди маорифро ташаккул дода, на камтар аз меъёрҳои ҳадди ақалли аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида меъёрҳои маҳаллии маблағгузории соҳаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф таъмин менамоянд;
- ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани  ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд;
- барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи асосӣ дур нашудани хонандагон тадбирҳо андешида, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот назорат менамоянд;
- аз ҳисоби маблағи иловагии худ барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои маҳаллии маориф шароити мусоид фароҳам месозанд;
- такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро маблағгузорӣ менамоянд;
- тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва ё имтиёзноки тиббӣ таъмин мекунанд;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.


      Моддаи 36. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф
Мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар фаъолияти худ дорои чунин ваколатҳо мебошанд:
- муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, намояндагӣ мекунанд;
- кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таълиму тарбияи онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ зери назорат мегиранд;
- васояту парастории кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) маҳрум мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро ба хонаҳои кӯдакон ё мактаб-интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васӣ ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд;
- мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ таъмин мекунанд;
- аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро гузаронида, ба онҳо дараҷаҳои тахассусӣ медиҳанд;
- фармоиши давлатиро оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар асоси озмун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии маҳаллӣ иҷро мекунанд;
- роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
- ба мақомоти болоӣ дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ ҳисоботи оморӣ пешниҳод менамоянд;
- барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ дур нашудани хонандагон масъул буда, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот таъмин менамоянд;
- фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро зери назорат гирифта, барои ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҷалб намудани онҳо тадбирҳо меандешанд;
- барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар тайёр намудани хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тадбирҳо андешида, омодагии онҳоро якҷоя бо муассисаҳои таълимӣ зери назорат мегиранд;
- оинномаи муассисаҳои таълимии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунанд;
- такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тавассути шабакаи кабинетҳои методӣ ба нақша мегиранд ва ташкил мекунанд;
- муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидоштаро аз аттестатсия мегузаронанд ва ба фаъолияти онҳо баҳо мегузоранд;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.


      Моддаи 37. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи фаъолияти худ ваколатҳои зеринро доро мебошанд:
- барои барҳам додани муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии давлатӣ дар ҳудуди дахлдор ризоият медиҳанд;
- ба беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва шароити моддию маишии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф мусоидат менамоянд;
- дар бобати беҳбудии шароити иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф чораҳо меандешанд;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.


      Моддаи 38. Вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ
1. Муассисаҳои таълимӣ дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон, фаъолияти илмӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ мустақил мебошанд.
2. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- оинномаи худро таҳия намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд мегузаронанд;
- қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимии худро тасдиқ менамоянд;
- нақшаҳои таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳоро тасдиқ менамоянд;
- талаботи иҷозатномаро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ риоя менамоянд;
- дар раванди таълиму тарбия усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ менамоянд;
- аттестатсияи мобайнӣ ва аттестатсияи хатми хонандагон ва донишҷӯёнро гузаронида, сатҳи сифати таълимро назорат менамоянд;
- шаклҳои нави таълим, аз ҷумла таълими кредитиро татбиқ менамоянд;
- такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
- бақайдгирӣ (инвентаризатсия), ҳифз ва нигоҳубини мол, ашё ва таҷҳизоти таълимиро таъмин менамоянд; 
- бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявию пулӣ тадбирҳо меандешанд;
- тарзи ҳаёти солимро дар байни таълимгирандагон тарғиб намуда, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатариро риоя мекунанд;
- барои аз таҳсил дур намондани кӯдакони синни мактабӣ якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти оморӣ ҷамъ намуда, ҷалби хонандагонро ба зинаҳои  таҳсилот назорат менамоянд; 
- ба таълимгирандагони эҳтиёҷманд  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намуда, онҳоро бо маводи зарурӣ таъмин менамоянд;
- хонандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбии кишвар ва хориҷа омода менамоянд;
- ба хонандагон тарзи дурусти интихоби касбро таълим дода, роҳнамоии касбиро ба роҳ мемонанд;
- ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд; 
- сохтор, ҷадвали вазифаю маош, тақсимоти ӯҳдадориҳои вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаи худро тасдиқ менамоянд;
- ба маоши вазифавии омӯзгорони муассисаи худ иловапулиҳо муқаррар намуда, тартиб ва андозаи мукофотпулиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд; 
- омӯзгорон ва дигар кормандони худро ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешбарӣ менамоянд;
- ба заминаҳои моддию техникии муассисаи худ таҳким бахшида, мутобиқи талаботи меъёрӣ бо таҷҳизот ва ашёи таълимӣ таъмин менамоянд; 
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳо ва воситаҳои иловагии моддию молиявиро ҷалб менамоянд;
- фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва тиббиро таъмин ва таҳти  назорат қарор дода, барои беҳтар намудани шароити онҳо тадбирҳо меандешанд;
- ба фаъолияти омӯзгорон, дигар кормандон ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд;
- вазифаҳои дигареро, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст, иҷро мекунанд.
3. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ вазифаҳои дар моддаи мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд. 


       Моддаи 39. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ
1. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо амалӣ мегардад.
2. Роҳбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шӯрои муассиса, роҳбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар роҳбар иҷро менамояд.
3. Роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, махсус ва иловагии давлатӣ бо тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
4. Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.


        Моддаи 40. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ 
1. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо идора карда мешаванд.
2. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо муассисаҳои таълимии давлатӣ баробарҳуқуқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
3. Тарзҳои идоракунии бевоситаи муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассиси (муассисони) онҳо муайян мекунад. 


    Моддаи 41. Худидоракунии муассисаҳои таълимӣ
1. Дар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд.
2. Ба мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ шӯрои муассисаи таълимӣ, шӯроҳои омӯзгорон ва олимон, шӯроҳои истеҳсолию педагогӣ, илмию методӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ, директорон, ректорон, донишҷӯён, аспирантон, сарпарастон, нозирон, ташкилотҳои хонандагон, сохторҳои кумитаҳои кор бо ҷавонон ва занон, кумитаҳои падару модарон, ассотсиатсияҳои падару модарон, омӯзгорон ва ғайра дохил мешаванд, ки номгӯй ва вазифаҳои онҳо бо назардошти низомномаҳои дахлдори намунавии муассисаҳои таълимӣ дар оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ мегарданд.
3. Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон, хонандагон,  донишҷӯён, аспирантон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
4. Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зеринро меандешанд:
- раванди таълиму тарбияро ташаккул дода, иҷрои онро назорат менамоянд;
- фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимиро назорат менамоянд;
- ба беҳтар шудани вазъи молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.


      Моддаи 42. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи маориф
1. Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои илму техника, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ташаккул меёбад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, дастовардҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва фарҳангиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ менамоянд.
3. Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар муассисаҳои илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамоянд.

 

              БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ. МАҚОМИ ОМӮЗГОР
     Моддаи 43. Субъектҳои раванди таълиму тарбия

Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дохил мешаванд:
- таълимгирандагон, коромӯзон, интернҳо, ординаторҳо, докторантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, кормандони соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
- мураббиён, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;
- ходимони илмӣ, кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;
- падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда);
- намояндагони  муассисаву дигар ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд.


     Моддаи 44. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия
1. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия  мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд.
3. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашта таҳсил мекунанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмро бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар муассисаҳои таълимии давлатие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, супоранд.
4. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби ба таври истисно аз як муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти касбӣ гузаштани хонандагон ва донишҷӯён, аз ҷумла ройгон ё пулакӣ будани таълимро, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
5. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд худро аз амали ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ва ё қадру эътиборашонро паст мезананд, ҳифз намоянд.
6. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии давлатиро муассис (муассисон) бо стипендия, ёрдампулӣ, хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тиббию солимгардонӣ ва дигар ёрии моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд.
7. Хароҷоти таҳсили аспирантон, докторантон ва дигар унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
8. Хонандагон ва донишҷӯён ҳангоми таълим ва таҷрибаомӯзии касбӣ бо тартиби муқарраршуда бо ҷойи кор, шароити бехатари меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.
9. Барои шахсони дар муассисаҳои тарбиявӣ ва ислоҳӣ қарордошта, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти идоракунии маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тайёрии касбӣ ва ҳамчунин худомӯзии онҳо шароит муҳайё менамоянд.
10. Хонандагон ва донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома таҳсил менамоянд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои "4" (хуб) ва "5" (аъло) месупоранд, бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронида мешаванд. Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронидани чунин хонандагон ва донишҷӯёнро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
11. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
12. Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ  таҳсил мекунанд, дар мавриди мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии иловагӣ аз ҷойи кор ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳуқуқ доранд.
13. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимӣ метавонад дар доираи имкониятҳои худ барои таълимгирандагон дигар намуди имтиёзҳоро муқаррар намояд.


     Моддаи 45. Стипендия ва дигар пардохтҳои пулӣ
1. Стипендия маблағе мебошад, ки барои хонандагон, донишҷӯён, интернҳо, ординаторҳо ва аспирантони гурӯҳҳои таҳсили рӯзона пардохт карда мешавад.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини стипендия таъсис дода мешаванд:
- стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон";
- стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯён;
- стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантон;
- стипендияи номӣ.
3. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон, донишҷӯён ва аспирантони болаёқат, ки дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ дастовардҳои назаррас доранд, пардохт карда мешавад. 
4. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ пардохт карда мешавад.
5. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешаванд. Стипендияи мазкур барои донишҷӯён вобаста ба дастовардҳояшон дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ таъин карда мешавад.
6. Барои донишҷӯёни соли аввали таҳсил, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, аз аввали соли таҳсил то санҷиши аввал (санҷиши нимсола) стипендияи давлатии академӣ пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
7. Барои донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои I ва II стипендияи давлатии академӣ, новобаста ба натиҷаи таҳсил пардохт карда мешавад.
8. Стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
9. Стипендияи номӣ аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунии маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи мазкурро таъсисдиҳандагони он муайян менамоянд.
10. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, стипендияи давлатии академӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
11. Ба таълимгирандагон дигар пардохтҳои пулӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.


        Моддаи 46. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар соҳаи маориф
1. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳуқуқ доранд:
- барои фарзандони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия ва шакли таълимро интихоб намоянд;
- дар кори мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ иштирок намоянд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;
- манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд;
- барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.
2. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ӯҳдадоранд:
- барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;
- ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳифз намоянд;
- фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ, эҳтироми оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;
- ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд.
3. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон  ӯҳдадоранд, ки бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд. 
4. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) инчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
5. Падару модаре (шахсони онҳоро ивазкунандае), ки ба таҳсили фарзандон монеъагӣ мекунанд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.


    Моддаи 47. Мазмуни мақоми омӯзгор
Мазмуни мақоми омӯзгор вобаста ба хусусиятҳои касбӣ маҷмӯи омилҳои зеринро, ки мақоми омӯзгорро дар ҷамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад:
- қадру қимати касби омӯзгорӣ;
- талабот ба меъёрҳои тайёрии касбӣ ва маҳсули меҳнати омӯзгор;
- дараҷаи эътироф ва дастгирии омӯзгор аз тарафи давлат;
- ҳурмату эҳтироми омӯзгор дар ҷамъият, муассисаи таълимӣ, оила ва байни таълимгирандагон;
- шароити таъминоти моддии омӯзгор;
- ҳолати ҳифзи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии омӯзгор.


       Моддаи 48. Фаъолияти омӯзгорӣ
1. Ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва малакаи зарурии касбӣ доранд, машғул шуда метавонанд.
2. Омӯзгорон давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Дар асоси натиҷаи аттестатсия дараҷаи ихтисоси касбии онҳо муайян карда мешавад.
3. Омӯзгороне, ки амали содирнамудаашон барои минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолифат мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.
4. Омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон дар асоси хулосаи тиббӣ барои фаъолияти омӯзгорӣ мувофиқат намекунад, тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.
5. Омӯзгорон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгориро доранд.
6. Фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ, ки ба гирифтани даромад равона шудааст, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он бояд аз қайди давлатӣ гузарад. 
7. Барои фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ гирифтани иҷозатнома ҳатмӣ нест, аммо бе қайди давлатӣ машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ манъ аст.
8. Пурра кардани ҳайати кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимӣ дар асоси оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълимӣ баста шудааст, муайян карда мешаванд.


     Моддаи 49. Усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ
Фаъолияти омӯзгорӣ бо усулҳои зерин амалӣ мегардад:
- муносибати маҷмӯӣ ба таълим ва тарбия;
- хусусияти башардӯстонаи таълиму тарбия ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон;
- риояи принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ;
- дар назар доштани аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва дигар хусусиятҳои шахсии таълимгирандагон;
- тарбияи таълимгирандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ;
- риояи принсипи муттасилии таҳсилот;
- муносибати эҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ вобаста ба мақсаду вазифаҳои таълим;
- дар асоси дастовардҳои навтарини илм, техника, технология ва фарҳанг такмил додани дониши худ;
- робита бо таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);
- ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои кӯдакон ва наврасон, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.


      Моддаи 50. Ҳуқуқҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳуқуқ доранд:
- шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд; 
- фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва  бозомӯзии худро таҳким бахшанд; 
- барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд; 
- ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;
- шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд; 
- барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.
2. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои дигар ҳуқуқҳое низ мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.


       Моддаи 51. Ӯҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия ӯҳдадориҳои зеринро доранд:
- оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;
- сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;
- азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;
- дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ худро дар канор нагиранд;
- таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд;
- аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд;
- дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд;
- вобаста ба имконот дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони  (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд;
- меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон ва донишҷӯён дар раванди дарс риоя намоянд;
- журнали синфӣ (гурӯҳӣ) -ро дар доираи муқаррарот пур намоянд;
- ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд;
- бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;
- меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд;
- дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд;
- аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд;
- ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд; 
- дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;
- вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;
- маводи нави илмӣ, таълим, методӣ, рӯзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;
- маводи таълимӣ, конспект, нақшаҳои тақвимӣ, лексияҳо ва корҳои санҷишиву озмоишии хаттии худро дар сатҳи касбӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ намоянд;
- барои инкишофи маҳорат ва малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намоянд;
- барои дар озмунҳои (олимпиадаҳои) ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд;
- қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд;
- барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд;
- аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намоянд, онҳоро ба  хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд;
- услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;
- санҷишу имтиҳонҳои қабул ва ҷориро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида гузаронида, дар вақти баҳогузорӣ ба амалҳои субъективӣ роҳ надиҳанд;
- аттестатсияи  хатм ва имтиҳонҳои  хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон баҳои воқеӣ гузоранд;
- рӯзномаи хонандагон ва дафтарҳои санҷишии донишҷӯёнро санҷида, баҳои дар журнал ва варақаи имтиҳонӣ қайдгардидаро ба онҳо гузаронанд;
- дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд;
- иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ,  маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд;
- таълимгирандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;
- ҷалби таълимгирандагонро ба ташкилотҳои хонандагон ва донишҷӯён таъмин карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин,  муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд; 
- корҳои илмӣ, эҷодии адабӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар корҳои таълимгирандагонро роҳнамоӣ намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии онҳо шароит муҳайё намоянд;
- нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепӯшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро  ивазкунанда) -ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;
- нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;
- дар таҳия  ва омода намудани иншо, кори санҷишӣ, корҳои хаттии эҷодиву илмӣ, реферат, кори курсӣ, таҳқиқоти илмӣ, рисола, лоиҳаи дипломӣ ва инноватсионӣ ба таълимгирандагон роҳбарӣ намоянд;
- дафтарҳои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ намоянд.
2. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия масъуланд:
- ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳанд;
- ба хонандагон ва донишҷӯён маслиҳати методӣ ва илмӣ дода, дигар хизматрасонии таълимиро амалӣ намоянд;
- дар вақти корӣ ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълимӣ берун нараванд; 
- қобилияти иҷтимоӣ ва ҷисмонии хонандагон ва донишҷӯёнро ба манфиати шахсӣ истифода набаранд;
- ӯҳдадориҳои роҳбари синф (гурӯҳ) -ро дар доираи меъёрҳои муқарраршуда иҷро карда, бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) робита барқарор намоянд;
- ба намуди зоҳирии худ диққат дода, дар муассисаи таълимӣ либоси тавсиявиро пӯшанд, таълимгирандагонро дар рӯҳияи зебопарастӣ тарбия кунанд;
- ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, қадру эътибори онҳоро паст назананд;
- одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд.
3. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия ӯҳдадорӣ ва масъулиятҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассисаи таълимӣ ва санадҳои дохилии он пешбинӣ намудаанд, ба зимма доранд.


     Моддаи 52. Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор
1. Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. 
2. Дахолати ғайриқонунии мақомоти  давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст.
3. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад.
4. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст.
5. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад.
6. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад.
7. Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо дар асоси  муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз кардан мумкин аст.
8. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.


        Моддаи 53. Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:
- мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;
- ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;
- ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;
- аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;
- барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;
- омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;
- ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;
- барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;
- бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;
- омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; 
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;
- омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд; 
- омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;
- барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.


      Моддаи 54. Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кам бошад.
2. Музди меҳнат ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида барои иҷрои кор ва ӯҳдадориҳои вазифавие, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ шудааст, пардохт карда мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ  набояд сатҳи кафолатҳои меҳнатии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро аз сатҳи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пасттар пешбинӣ намояд.
3. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулии ба музди меҳнат муқарраргардида зам карда мешаванд. Ҳамчунин музди меҳнати омӯзгор аз ҳавасмандгардонии самаранокии меҳнати ӯ вобаста ба таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор, маҳорати омӯзгорию маҳсули меҳнатӣ, дараҷаҳои тахассусии аз натиҷаи аттестатсия гирифтаи омӯзгор ифодаёбанда, унвонҳои илмию фахрии давлатӣ ва иловапулӣ барои корҳои аз меъёри муайяншуда барзиёду иловагӣ иҷронамуда иборат мебошад. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағи ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқаи (дифференсиатсияи) ҷоизи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд. Маблағи сарфагардидаро барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф вобаста ба натиҷаи фаъолияти меҳнатии онҳо, инчунин барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ истифода бурдан мумкин аст, ки тартиби истифодаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.
4. Ба омӯзгорон барои роҳбарии синф, санҷиши корҳои хаттӣ ва лабораторӣ, мудирии кабинетҳои фаннию методӣ ва дигар корҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.
5. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияву маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулӣ муқаррар карда мешаванд. Номгӯи чунин маҳалҳо, андоза ва тартиби пардохти коэффитсиентҳо ва иловапулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
6. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф барои ҳифзи манфиатҳои худ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва фондҳо ташкил намоянд. Фондҳои дастгирии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби саҳмияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд. 
8. Давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи  муассисаҳои таълимии давлатӣ  кафолат медиҳад.

 

                                               БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ 
                                                                         ДАР НИЗОМИ МАОРИФ
            Моддаи 55. Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ
 
1. Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, илмӣ ва хоҷагидорӣ, инкишофи иҷтимоию иқтисодии маорифро маблағи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассис (муассисон) ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳанд.
2. Маблағгузории соҳаи маориф ҳар сол дар  буҷети давлатӣ бо сархати алоҳида зикр гардида, он бо назардошти меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад. Ин меъёрҳо вобаста ба намуд, шакл, зинаҳои таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавӣ ба як таълимгиранда, ба як муассисаи таълимӣ ва ё дар дигар асос муайян карда шуда, бояд барои пурра пӯшонидани хароҷоти ҷории вобаста ба раванди таҳсилот мусоидат намоянд. Тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои маблағгузории хизматрасонии таълимӣ, аз ҷумла маблағгузории сарикасӣ, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Таъмини маблағгузории фаъолияти илмию таҳқиқотии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври ҷудогона дар шакли кӯмаки молиявӣ (субсидияҳо) барои иҷрои мавзӯъҳои нақшавии таҳқиқотӣ бо супориши муассис (муассисон) дар шакли озмун амалӣ карда мешавад.
4. Ба муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди маблағи ҷудокардашуда ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию хоҷагидорӣ дода мешавад. Раванд ва тартиби истифодаи маблағи муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ сурат мегирад. 
5. Фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ дар доираи мақсад ва вазифаҳое, ки дар оинномаи онҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла фармоишҳои давлатӣ, муайян карда мешавад. Муассисаҳои таълимӣ ӯҳдадоранд, ки фармоиши давлатӣ ва фармоишҳоро оид ба фурӯши маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ) дар ҳаҷми на бештар аз фармоишҳои дахлдор иҷро намоянд. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд барои қонеъ гардонидани талаботи худ маҳсулот, кор ва хизматрасониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ харидорӣ намоянд.
6. Муассисаи таълимӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагӣ, аз ҷумла асъориро, бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ ва амалигардонии фаъолияти дигар, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ҷалб намояд.
7. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимӣ инҳо мебошанд:
-даромад аз фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ;
- воридот аз иҷрои кор ва хизматрасоние, ки хусусияти илмӣ ва илмию методӣ доранд;
- тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии мутахассисон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар асоси  шартнома;
- фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба шарте ки  онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълимӣ набошанд;
- пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағе, ки аз ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ ворид мешаванд;
- грантҳо;
- қарзҳои  ташкилотҳои қарзӣ.
8. Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд. Маблағгузории муассисаҳои таълимии  ғайридавлатӣ аз ҳисоби муассис (муассисон) сурат мегирад.
9. Давлат, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, метавонанд муассисаҳои томактабӣ ва таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи  давлатӣ гузаштаанд, дар доираи хароҷоти таълиму тарбияи тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таълимии таҳсилоти  умумии давлатӣ аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намоянд.
        Моддаи 56. Андозбандӣ дар соҳаи маориф
1. Муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  андоз месупоранд, аз андоз озод карда мешаванд ва ё аз дигар имтиёзҳои андозбандӣ истифода мебаранд.
2. Бо мақсади ҷалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хориҷӣ ба соҳаи маориф давлат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунанд, метавонад ҳама гуна имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андозбандӣ пешбинӣ намояд. Тартиб ва андозаи имтиёзҳои мазкурро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.


          Моддаи 57. Ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳои таълимӣ 
1. Молу мулки муассисаҳои таълимиро воситаҳои асосӣ ва гардон, инчунин молу мулки дигаре, ки муассис (муассисон) бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста намудаанд, ташкил медиҳанд. Муассисаҳои таълимӣ молу мулки мазкурро бо тартиб ва шарту шароитҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимӣ молу мулки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташударо тибқи таъиноти вазифавии онҳо истифода мебаранд ва ҳуқуқ надоранд, ки онро ҳамчун воситаи кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои худ ё ӯҳдадориҳои шахсони сеюм, аз ҷумла ба сифати гарав, истифода баранд ва ҳамчунин ҳуқуқ надоранд, ки молу мулки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба даст овардашударо бегона кунанд, ҳамчун қарз диҳанд ё ба таври дигар ихтиёрдорӣ  намоянд.


        Моддаи 58. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ 
1. Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти таълимӣ ва мувофиқ ба  ихтисосҳои дахлдори соҳавӣ фаъолияти таълимии пулакиро ба роҳ монанд. 
2. Фаъолияти таълимии пулакӣ қисме аз фаъолияти таълимии муассисаи таълимӣ мебошад, ки бо фармоиш ва аз ҳисоби фармоишгар дар асоси қарордоди хизматрасонии таълимии пулакӣ ба роҳ монда мешавад. 
3. Иҷрокунанда (муассисаи таълимӣ) тибқи  қарордоди  хизматрасонии таълимии пулакӣ ӯҳдадор мешавад, ки бо супориши фармоишгар бо роҳи амалӣ намудани барномаҳои таълимии дахлдор, барномаҳои тайёр намудани мутахассисони касбӣ талаботи  фармоишгарро (ё шахсро) ба таҳсилот қонеъ гардонад. Фармоишгар ӯҳдадор мешавад, ки маблағи хизматрасонии мазкурро тибқи муқаррарот пардохт кунад ва дар раванди таҳсил фаъолона иштирок намояд. 
4. Муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад маблағи таҳсилро барои хонандагон ва донишҷӯёни дорои дастовардҳои намоёни таълимӣ ё илмӣ, инчунин хонандагон ва донишҷӯёни ба дастгирии иҷтимоӣ ниёздошта кам кунад. Асосҳо ва тартиби кам кардани маблағи таҳсил барои ҳамаи хонандагон ва донишҷӯён набояд хусусияти табъизӣ (дискриминатсонӣ) ва (ё) интихобӣ дошта бошад. 
5.  Маблағи хизматрасонии таълимии пулакӣ бо муассис (муассисон), мақомоти дахлдори идоракунии маориф ва сиёсати зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад.
6. Шакли намунавии қарордод оид ба хизматрасонии таълимии пулакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ  карда мешавад. 
7. Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ  бо  хоҳиши  падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагон ва донишҷӯён таълими иловагии пулакӣ дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.
8. Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мегардад:
- барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд;
- омӯзиши  амиқи  мавзӯи  дарсҳо, агар   чунин   омӯзишро   намуди дахлдори муассисаи таълимӣ муайян накарда бошад;
- дигар намудҳои таълим берун аз стандартҳои давлатии таҳсилот.
9. Ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағи нақд ва ғайринақдӣ аз таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунандаи) манъ аст.
10. Ба омӯзгорони ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ амалӣ намудани фаъолияти пулакии омӯзгорӣ ва дигар намуди фаъолияти тиҷоратӣ, ки қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  манъ  накардааст,  дар   асоси  шартнома иҷозат дода  мешавад. 
11. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартнома хизматрасонии пулакии таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла таълим дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилотро ба роҳ монанд. Муносибати байни муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, таълимгиранда ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо шартномае танзим мегардад, ки дараҷаи таҳсилот, мӯҳлати таълим, андоза ва тартиби пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд.
12. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ фаъолияти тиҷоратӣ ҳисобида  намешавад, ба шарте ки даромад  аз  чунин  фаъолият  пурра  барои пардохти хароҷоти  раванди таълиму тарбия ва такмили он, аз  ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи  таълимии  марбута, сарф  карда шавад.


          Моддаи 59. Ҷуброни зарари аз таҳсилоти бесифат расондашуда
1. Муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст зарари ба таълимгиранда аз таҳсилоти бесифат расондашударо ҷуброн намояд. Зарари аз таҳсилоти бесифат ба таълимгиранда расонидашуда зараре мебошад, ки бо гуноҳи муассисаи таълимӣ дар ҳолати номатлуб иҷро кардани талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, барнома ва нақшаҳои таълимӣ, миқдор ва давомнокии соатҳои таълимии дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда расонида шудааст.
2. Шахсе, ки аз таҳсилоти бесифат зарар дидааст, ҳуқуқ дорад аз муассисаи таълимӣ ҷуброни онро дар шаклҳои зерин талаб намояд:
- таҳсилоти такрорӣ дар ҳаҷми зарурӣ дар ҳамон муассисаи таълимӣ;
- маблағи барои таҳсил пардохтшударо пас гирад.
3. Зарари аз таҳсилоти бесифат расонидашуда дар ҳолати ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тибқи қарори суд ҷуброн карда мешавад.


        Моддаи 60. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ
1. Ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бино, иншоот, коммуникатсия, таҷҳизоти таълимӣ, воситаҳои нақлиёт, қитъаи замин ва дигар молу мулк, ки ба муассисаҳои таълимӣ дахл доранд, дохил мешаванд.
2. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар асоси принсипи афзалиятнокӣ ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида ташаккул меёбад.
3. Воситаҳои нақлиёт, ашё ва таҷҳизоти таълимро ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё аз муассисаҳои таълимӣ берун баровардан манъ аст.
4. Қитъаи замин ба  муассисаҳои таълимӣ барои истифодаи бемӯҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи қитъаи замини ройгон ба муассисаҳои таълимӣ додашуда хилофи таъиноти он манъ аст.
5.  Дар қитъаи замине, ки барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ дода шудааст, сохтани дигар бино ва иншооти ғайрисоҳавӣ манъ аст.


       Моддаи 61. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон
Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълимӣ ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд.


      Моддаи 62. Фондҳои соҳаи маориф
1. Дар соҳаи маориф мумкин аст барои беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия ва такмили он, таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳа, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа, таълимгирандагон фондҳои мухталиф таъсис дода шаванд, ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 
2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи хароҷоти муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешавад. Фонди мазкур инчунин аз манбаъҳои зерин ташаккул ёфта метавонад:
- маблағи хайрияе, ки аз эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даст омадааст;
- маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Фонди таълим барои таъмини талаботи моддӣ ва истеъмолии хонандагон аз оилаҳои камбизоат, дигар намудҳои ёрии моддӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию  маънавӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон сарф карда мешавад.


       Моддаи 63. Эҳсонкорӣ дар соҳаи маориф
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълиму тарбия, манзилгоҳ (хонаҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳо), биноҳои таълимӣ ва ёрирасон сохта, онҳоро бо таҷҳизот, асбобу анҷоми лозимӣ муҷаҳҳаз намоянд, тариқи эҳсонкорӣ китоб, молу мулк ва маблағ хайр намоянд. Барои чунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд, ки тартиб ва андозаи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 
2. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тариқи эҳсонкорӣ муассисаҳои таълимӣ сохта, онҳоро ба моликияти давлатӣ месупоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд. 
3. Муассисаҳои таьлимӣ метавонанд маблағи хайрияи аз ҳисоби эҳсонкорон ба даст омадаро бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникии муассиса, таъсиси фонди таълим ва беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия истифода баранд.


        Моддаи 64. Ҳифзи саломатӣ ва ташкили хӯроки умумӣ дар соҳаи маориф
1. Фаъолияти соҳаи маориф бо назардошти зарурати таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон ба роҳ монда мешавад.
2. Муассисаҳои таълимӣ шароити заруриро, ки ба ҳифз ва таҳкими саломатии таълимгирандагон, инчунин инкишофи ҷисмонии онҳо нигаронида шудааст, муҳайё месозанд. 
3. Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки хӯроки умумии таълимгирандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро мустақилона аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.
4. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар ташкили хӯроки умумии ройгон барои тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хӯроки умумии имтиёзнок барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ кӯмак расонанд.
5. Мақомоти дахлдори давлатӣ ба муассисаҳои таълиму тарбия барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ, инчунин инкишофи ҷисмонии таълимгирандагон ёрии зарурӣ мерасонанд.
6. Барои ташкили хизматрасонии тиббӣ  ва бехатарии шароити таълиму тарбияи таълимгирандагон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти идоракунии тандурустӣ ва ташкилотҳои он, роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул мебошанд.
7. Хизматрасонии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълимгирандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимӣ ройгон аст.
8. Муассисаҳои таълимӣ барои аз ташхиси тиббӣ гузаронидани омӯзгорон маблағи зарурӣ ҷудо менамоянд.

 

                                                                    БОБИ 7. ҲАМКОРИИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ 
                                                                               ДАР СОҲАИ МАОРИФ
         Моддаи 65. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф мақоми мутамаркази тамоми сохторҳои соҳаи маориф дар бахши ҳамкории байналмилалӣ бо муассисаю дигар ташкилотҳои байналмилалии давлатҳои хориҷӣ ва муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
3. Мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ,  муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо муассис (муассисон) ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо муассисаю дигар ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ робита барқарор намоянд.
4. Таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо ба имзо мерасанд, дар мувофиқа бо муассис (муассисон) амалӣ карда мешаванд. 


         Моддаи 66. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ,  дигар ташкилотҳои соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқ ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷӣ дар мувофиқа бо муассис (муассисон) созишномаҳо банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.
2. Муассисаҳои таълимие, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд,  метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳо кушоянд.
3. Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муассисаҳои таълимӣ ворид мешавад, бо ҳуқуқи моликият ба онҳо тааллуқ доранд ё дар ҳуқуқи идоракунии оперативии онҳо қарор мегиранд ва онҳоро бидуни иҷозати муассисаҳои мазкур гирифтан мумкин нест. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф истифода бурда мешавад.
4. Муассисаҳои таълимӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи маориф якҷоя бо ташкилотҳои хориҷӣ метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.

 

                                                                       БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
                      Моддаи 67. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

           Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.


          Моддаи 68. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи маориф" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 345; с. 2005, №12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546; с. 2008, №6,  мод. 465; с. 2009, №3, мод. 81; №5, мод. 336; №7-8, мод. 500; с. 2010, №7, мод. 566; с. 2011, №3, мод. 176) аз эътибор соқит дониста шавад.


       Моддаи 69. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

       Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,

22 июли соли 2013,

№ 1004

 

.