Ба аввал

Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон



Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    

1. Нақши таҳсилот дар рушди ҷомеа

 

1)   Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон, ки рўй ба муносибатҳои нави иқтисоди бозаргонӣ овардааст, ба хотири ҷавобгў будани таълим ва тарбияи насли наврас талаб мекунад, ки таҳсилот бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Дар чунин шароит низоми таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо низоми таҳсилоти давлатҳои мутараққии ҷаҳон мутобиқ кунонида шавад.

2)   Яке аз тадбирҳои ба сатҳи умумибашарӣ наздик сохтани низоми таҳсилот дар ҷумҳурӣ гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти 12-сола) мебошад, ки зарурати он ҳанўз соли 1997 дар Созишномаи ҳамкорӣ оид ба ташкили фазои ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Низомномаи Шўрои ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Консепсияи ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 таъкид шудааст.

3)   Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (минбаъд Консепсия) дар заминаи принсипҳои асосии сиёсати давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот таҳия шудааст. ҳамзамон Консепсия зарурати таҳияи Барномаи мақсадноки давра ба давра гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён мегузорад.

 

2. Таҳсилоти миёнаи умумӣ

ва тамоюли рушди фазои таҳсилот

 

4)   ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ гардонидани стандартҳои худ бо стандартҳои байналмилалии таҳсилот таѓйири сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумиро ба миён гузошта, тадбирҳои зеринро амалӣ  менамояд:

-     омода намудани шаҳрвандон баҳри амалӣ гардидани мазмуни ин Консепсия;

-     гузаштан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, вусъат бахшидан ба пешрафти ҷамъият ва васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоӣ;  

-     ташаккули хусусиятҳои худшиносӣ ва таҳаммулпазирии шаҳрвандон;

-     рушди тафаккури наврасон ва ҷавонон баҳри густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва байналмилалӣ;

-     пурзўр намудани талабот оид ба сатҳи донишандўзии хонандагон;

-     инкишофи низоми муттасили таҳсилот;

-     зиёд намудани мўҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ - давра ба давра гузаштан ба таҳсилоти асосии ҳатмии 10-сола ва миёнаи умумии 12-сола;

-     инкишофи самарабахши таҳсилот ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа;

-     густариш ва рушди робитаҳои ҳамаҷонибаи ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё дар риоя ва иҷрои талаботи фазои ягонаи таҳсилот;

-     ташкили равияҳо ва таҳсили касбӣ мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бодарназардошти махсусиятҳои инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо;

-     татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф;

-     истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таҳсил бо дарназардошти омилҳои психологӣ ва педагогӣ;

-     татбиқи раванди таълим мутобиқи муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ;

-     ба роҳ мондани таълим ва тарбияи насли наврас тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ.

5)   Вобаста ба нуктаҳои зикршуда таҷрибаи як қатор мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла, ИМА, Канада, ҷопон, Фаронса, Испониё, Полша ва ѓайра омўхта шуд, ки дар онҳо низоми таҳсилоти 12-cола амалӣ гардида истодааст. Дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия бошад, таҳсилоти 13-сола, дар ҳолланд таҳсилоти 14-сола амал мекунад. Дар мамлакатҳои назди Балтика, ҳамчунин дар Молдова, Украина, қазоқистон ва Ўзбекистон аллакай таҳсилоти 12-сола ба роҳ монда шудааст.

6)   Омўзиш ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои зикршуда зарурати гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12- соларо дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овардааст.  Барои гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12- сола тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

-     гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии асосии 10-сола;

-     қабул ба синфи 1 аз синни 6- сола;

-     гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумӣ 12-сола;

-     ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбӣ ( дар синфҳои 11 ва 12);

-     минбаъд истифода кардани литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун захираи таълими равиявӣ ва касбӣ дар ҷумҳурӣ.

 


3. Талаботи нави иҷтимоӣ ба низоми нави таҳсилот

 

7)   Соҳибистиқлолии ҷумҳурии Тоҷикистон ва рў овардан ба муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ на танҳо барои рушди иқтисодиёт заминаи хубе фароҳам овард, балки барои инкишоф ва ислоҳоти соҳаи маориф мусоидат намуд. Дар ин замина як қатор дигаргуниҳо дар низоми маориф ба вуҷуд омада, заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким ёфт ва барои беҳтар гардидани соҳаи маориф шароит фароҳам омад. Васеъ гардидани доираи имкониятҳо зарурати таҷдиди сохтор ва мазмуни таҳсилотро ба миён овард, ки ин ба тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкор, навовар ва соҳиби касбу ҳунарҳои гуногуни давр, инчунин ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Дар ин миён маҳз низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд омили асосии расидан ба ҳадафҳои мазкур гардад. Низоми мазкур бо илмҳои замонавӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Он бояд ба қувваи бузурги ҳаракатдиҳандаи мамлакат табдил ёфта, ба сифати таълим мусоидат намояд ва рақобатро миёни хонандагон таъмин гардонад.

8)   Таҳсилот дар чунин шароит пеш аз ҳама барои беҳтар шудани сифати таълим, дуруст аз худ кардани фанҳо, мукаммал гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва дуруст ба даст овардани маълумот, инчунин баҳри муттаҳид гардонидани ҷомеа, нигоҳ доштани фазои ягонаи иҷтимоию фарҳангии мамлакат, баробарии фарҳангҳои миллӣ ва халқиятҳои ҷумҳурӣ, роҳ надодан ба муноқиша ва ихтилофҳои этникию миллӣ, зуҳуроти зўроварию нобаробариҳои иҷтимоӣ нигаронда мешавад.

9)   Низоми нави таҳсилот аз ҳама бештар барои ба даст овардани дониши мукаммали босифат равона шуда, новобаста аз маҳал, миллат, вазъи иҷтимоӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва завқи табиии онҳо баробарҳуқуқии ҷавононро таъмин менамояд. Дар ин ҷода мактаб ҳамчун унсури асосӣ дар тайёр намудани шахсиятҳои ташаккулёфта, дастгирӣ намудани кўдакон, наврасон, ҷавонони болаёқату боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид нақши муҳим мебозад.

 

4. Вазъи кунунии низоми таҳсилот

ва зарурати азнавсозии он

 

10)    Таѓйироти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии солҳои 90 -уми асри XX ва рух додани ҷанги шаҳрвандӣ боиси харобиҳои хоҷагии мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф гардид. Бар асари ин муноқишаҳо мактабҳои зиёд хароб гардида, асбобу анҷомҳои таълимии онҳо корношоям шуданд ва теъдоди зиёди зиёиён, ки қисми муайяни онҳоро муаллимон ташкил медоданд, касби худро тарк намуданд.

Омилҳои мазкур дар тафаккури насли наврас ва волидайни онҳо як навъ дилсардиро нисбат ба мактаб, таълиму тарбия ба вуҷуд овард.

ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдани чунин вазъият аз оѓози солҳои 2000-ум маблаѓгузориро ба соҳаи маориф афзун намуд ва маорифро дар моддаи 3-и қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат эълон намуд ва ѓамхориро ба ин соҳа бештар сохт.

11)    Дар ин асос ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони биноҳои мактабҳо ва таъмиру тармими онҳоро ба нақша гирифта, якчанд қарорҳои дахлдор барои таъмин намудани мактабҳо бо кадрҳои педагогӣ ба тасвиб расонид ва барои чопи китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ маблаѓ ҷудо карда, Барномаи давлатиро оид ба компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тасдиқ намуд, ки онҳо муҷиби рафъ гардидани мушкилоти соҳаи маориф гардиданд.  Дар баробари ин мунтазам баланд бардоштани музди меҳнати омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, инчунин барқарор намудани чанде аз имтиёзҳои онҳо далели равшани дастгирии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

12)    Барои рушди бемайлони соҳаи маориф, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии кормандони соҳаи маориф, азнавсозии усулҳои ташкилӣ - иқтисодии соҳа, гузаштан ба маблаѓгузории сарикасӣ, истифодаи самараноки маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетӣ, таҷдиди сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ сохтани он зарур мебошад.

                

5.Мақсад ва вазифаҳои низоми нави таҳсилот

 

13)    Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф тарбияи шахсияти муосир, донишманд, навҷў ва эҷодкор мебошад, ки мувофиқи талаби замон дар пешрафти ҷомеаи миллӣ ва умумибашарӣ саҳм мегузорад.

14)    Дар раванди азнавсозии таҳсилоти миёнаи умумӣ кулли шаҳрвандон, падару модарон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи  маҳаллии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фаъолона иштирок менамоянд.

15)    Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо ҳалли масъалаҳои зерин зарур мебошад:

-     таъмини кафолатҳои давлатӣ оид ба дастрасии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     дастрасии донишҳои замонавӣ барои муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-      такмили механизмҳои танзимсозии меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ-иқтисодӣ бо мақсади ҷалб ва истифодаи мақсадноки маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетӣ;

-     баланд бардоштани мақому манзалати омўзгор аз тарафи давлат ва ҷомеа;

-       ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилот бо иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа ;

-     мустаҳкам ва устувор намудани робитаи дуҷонибаи мактаб бо оила ва оила бо мактаб;

-     такмили механизми назорати ҷомеа аз болои фаъолияти таълимии муассисаҳои таълимӣ ва омўзгорон;

-     тавассути китобҳои дарсӣ шинос намудани хонандагон бо арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ;

-     ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорони муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи давлатӣ;

-     ба роҳ мондани низоми нави таълим дар асоси талаботи иқтисоди бозаргонӣ, омода сохтани хонандагон ба ҳаёти мустақилонаю эҷодкорона, донишомўзӣ ва худомўзӣ;

-     фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи қобилият ва истеъдоди эҷодии хонандагон;

-     васеъ ба роҳ мондани таълими инфиродӣ, экстернӣ, фосилавӣ, иловагӣ, шабона ва ѓоибона;

-     ба эътибор гирифтани хусусиятҳои миллӣ дар раванди таълиму тарбия;

-     мутобиқ сохтани мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ба талаботи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд;

-     ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар ҷумҳурии Тоҷикистон;

-     таъмин намудани волоияти арзишҳои баробарҳуқуқии миллату халқиятҳо ҳамчун асоси мустаҳкамшавии адолати иҷтимоӣ, дўстӣ, баробарӣ, бародарӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ;

-     ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги экологӣ ва тайёр намудани хонандагон барои воридшавӣ ба фазои иттилоотии таҳсилоти ҷаҳони муосир;

-     ташаккули малакаҳои эҷодии хонандагон ва муҳайё сохтани шароит барои рушди зеҳнӣ ва ақлонии онҳо;

-     ба низом даровардани маблаѓгузории сарикасӣ ва шартномавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     ба роҳ мондани худмаблаѓузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     таъмини мустақилияти молиявию иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     ба роҳ мондани низоми баҳисобгирии хазинадорӣ ва маблаѓҳои ѓайрибуҷетии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     баланд бардоштани ҳисси масъулият ва сатҳи дониши молиявию муҳосибавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     бо мақсади ҷалби маблаѓҳои иловагӣ муҳайё сохтани шароити мусоид дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории молиявӣ ва таъмини шаффофияти онҳо;

-     такмили хизматрасонии таълими иловагии пулакӣ барои хонандагон ва бо ин восита беҳтар сохтани вазъи молиявии муассисаҳои таълимӣ.

16)       Азнавсозии таҳсилот дар сурате амалӣ мешавад, ки соҳаҳои иқтисодиёт, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, падару модар ба таври самаранок ба он ҳамкорӣ намоянд. Бо ин мақсад раванди ҷорӣ намудани таѓйирот ба низоми таҳсилот пайваста ба мардум фаҳмонида мешавад ва фикру мулоҳизаҳои онҳо аз ҷониби масъулини соҳаи маориф, ба хусус роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифта, дар азнавсозии низоми таҳсилот васеъ истифода мегардад.

 

6. Афзалияти сиёсӣ дар соҳаи маориф.

Таъмини кафолатҳои давлатии дастрасии таҳсилоти босифат

 

17)    Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба таҳсил кафолат медиҳад. Вале ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-уми асри ХХ ба раванди таъмини ин кафолатҳо монеа эҷод намуд. Баъдан тавассути қабули як силсила қонунҳо, қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини кафолати ҳуқуқии шаҳрвандон ба таҳсил як қатор тадбирҳо андешида шуданд, ки самтҳои ҷудогонаи онро масъалаҳои зерин ташкил медиҳад:

-     таълими ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ;

-     баробарҳуқуқии шаҳрвандон барои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи ибтидоии касбӣ;

-     гирифтани таҳсилот мувофиқи Стандарти давлатӣ ва Талаботи давлатӣ.

18)    Мазмуни дастрасии таҳсил ҳамчун таъмини кафолати давлатӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

-     ташкили таҳсил бо истифода аз таҷҳизоти таълимӣ - лаборатории ҳозиразамон ва адабиёти таълимӣ;

-     кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои хонанда, бехатарии психологӣ ва ҷисмонии ў;

-     расонидани кўмакҳои иҷтимоӣ - педагогӣ ва психологӣ-педагогӣ ба оила, ташхису муойинаи саривақтии инкишофи ҷисмонӣ ва психологии кўдакон;

-     ѓанӣ гардонидани китобхонаҳои мактабӣ бо адабиёти бадеии нав ва маводи таълимии нав.

19)    Барои татбиқи самараноки кафолатҳои давлатии соҳаи маориф иҷрои тадбирҳои зерин зарур мебошад:

-     дуруст муқаррар намудани аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-     таъмини имкониятҳои баробар барои гирифтани таҳсилоти касбӣ;

-     васеъ ҷорӣ намудани низоми таълими равиявӣ ва касбӣ дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (11-12); 

-     дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шудан ба мактабҳои олӣ;

-     ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» оид ба мавқуф гузоштани даъвати хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ аз хизмати ҳарбӣ;

-     тавассути низоми ахборотии идоравӣ дар соҳаи маориф ба роҳ мондани баҳисобгирии кўдакони синну соли мактабӣ;

-     фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кўдакони деҳот доир ба гирифтани таҳсилоти умумии босифат ва таҳияи тадбирҳои мушаххас оид ба дастгирии онҳо;

-     ба роҳ мондани ташхиси ройгони тиббӣ-психологӣ ва ташкили шароитҳои махсуси таълим дар ҷои истиқомат барои кўдакони ҷисман ё рўҳан носолим ва дар асоси хулосаҳои тиббӣ ҷой кардани онҳо дар муассисаҳои таълимии махсус ва инкишоф додани таълими фарогир (инклюзивӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ барои мўҳлати на камтар аз 5 сол ва дар ҳолати зарурат имконпазирии ворид намудани таѓйирот ба онҳо;

-     муайян намудани таносуби фанҳои таълимӣ (табиӣ, риёзӣ, ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ, тарбияи ҷисмонӣ, меҳнат, санъат, мусиқӣ, суруд ва ѓайра) вобаста ба пешрафти илмию техникӣ ва талаботи иҷтимоию иқтисодии кишвар;

-     вобаста ба талаботи замон дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷой додани таълими равиявӣ, касбӣ ва ташкил кардани таҷрибаомўзӣ дар истеҳсолот.

 

7. Муҳайё намудани шароит барои баланд

бардоштани сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ

 

20)    Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фарогири низоми маҷмўи донишҳо, маҳорату малакаҳо буда, ҳисси масъулияти хонандагонро ташаккул медиҳад. ҳангоми гузариш ба низоми нави таҳсилот барои фаъолияти самарабахши мактаби муосир таҷрибаи ҳафтодсолаи мактаби шўравӣ ва мактабҳои муосири мамлакатҳои ҷаҳон, инчунин арзишҳои беҳтарини таълими силсилаи фанҳои табиӣ-риёзӣ, гуманитарӣ ва бадеӣ - эстетикӣ таҳқиқ мегардад ва онҳо дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ѓанӣ гардонида мешаванд.

21)    Тарбия қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таҳсилот қарор мегирад. Муаллим ҳангоми омўзондани фанҳои таълимӣ новобаста аз  фанни таълимӣ ва равияҳои таълимӣ ба масъалаи инсонгароӣ диққати махсус медиҳад ва дар зеҳни хонанда маърифати ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ маданиятнокӣ ва аз бар намудани арзишҳои баланди ахлоқиро ҷой менамояд. Дар ҳалли масъалаҳои тарбиявӣ оила нақши ҳалкунанда мебозад. Бинобар ин баланд бардоштани сатҳи донишҳои педагогӣ ва психологии падару модар низ аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Дар ин замина таҳияи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон» омили муҳимми амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

22)    Барои гузаштан ба низоми нави таҳсилот ва таъмини таълими сифатнок тадбирҳои зерин амалӣ мегардад:

а)   Дар давоми соли таҳсили 2010-2011 Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Нақшаи таълимии он мураттаб мегардад.

б)   Озмоиши низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ  гузаронида шуда, натиҷаи он аз ҷониби муҳаққиқон таҳлил мегардад.

в)   Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳҳои зерин барои беҳдошти саломатии хонандагон шароит муҳайё карда мешавад:

-     сабук намудани мазмуни таҳсилоти умумӣ;

-     истифодаи усулҳои фаъоли таълим;

-     баланд бардоштани мақоми фанни тарбияи ҷисмонӣ;

-     ташаккули механизми солимгардонии кўдакон ва ҷавонон;

-     беҳтар намудани сифати хўроки хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ;

-     такмили истифодаи давраҳои таътили зимистона ва тобистонаи хонандагон дар робита бо шароити иқтисодии кишвар;

-     истифодаи санъат ҳамчун воситаи ташаккули маънавии шахс;

-     баланд бардоштани нақши фанҳои дақиқ, таърих, ҳуқуқ, забони модарӣ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ барои беҳдошти сатҳи маънавии хонандагон;

-     фаъол намудани нақши фанни технология (таълими меҳнат) ва нақшакашӣ дар тарбияи меҳнатдўстӣ ва тафаккури техникии хонандагон;

-     таъмини мактабҳо бо техникаи компютерӣ, пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон;

-     муҳайё сохтани шароит ҷиҳати касбинтихобкунӣ барои дастгирии психологии ҷавонон, ёрӣ расонидан ба онҳо барои муайян намудани шавқу ҳавас, майлу раѓбат ва имконоти азхудкунии касбҳо;

-     дар соли 2011-2012 ба тариқи озмоиш ба роҳ мондани механизми таҷдиди зинаҳои асосӣ ва болоии таълим;

-     ташкили нақлиёти хизматрасон барои хонандагону омўзгорон дар деҳот;

-     муҳайё сохтани шароит бо мақсади татбиқи барномаҳои таълимии томактабӣ ва ибтидоӣ барои сокинони деҳот;

-     таҳияи заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба таъсиси навъҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ;

-     ҷорӣ намудани барномаи рушди муҳити ягонаи иттилоотӣ дар низоми таҳсилот;

-     рушди таҳсилоти фосилавӣ, экстернӣ;

-     таъмини дастгирии кўдакони болаёқат ва боистеъдод аз ҷониби давлат;

-     таъсиси низоми санҷиши давлатӣ-ҷамъиятӣ ва назорати сифати китобҳои дарсӣ;

-     ташкил намудани озмунҳо миёни муаллифон бо мақсади таҳия ва таълифи маводи босифат ва алтернативии таълимӣ;

-     таъсиси мақомоти махсус ва мустақил барои баҳодиҳӣ ба сифати таълим, ҳамчун омили таъсирбахши баландбардории сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ;

-     ба танзим даровардани муассисаҳои томактабӣ ва бунёди марказҳои таълимии синни томактабӣ дар маҳалҳо.

 

8. Муҳайё намудани шароит барои баланд

бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои

таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ-техникӣ

 

23)    Воқеаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ба низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ-техникии мамлакат зиёни калон овард. Новобаста аз тадбирҳои то имрўз андешидашуда вазъи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҳанўз ҳам ба талаботи замон ҷавобгў нест. Аз ин лиҳоз зарурати ба куллӣ дигар сохтани сохтор, мазмуни таҳсилот ва мутобиқ сохтани он ба талаботи соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ, саноат, хизматрасонии маишӣ, фарҳангӣ ва ѓайра ба миён омадааст.

24)    Омили асосии азнавсозии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инкишофи замонавии иқтисодиёт ва муҳити иҷтимоӣ, инкишофи илм, техника, технология ва бозори меҳнат мебошад.

25)    Бо мақсади таъмини кадрҳои коргарӣ дар ҷумҳурӣ низоми доимоамалкунандаи мониторинги талаботи бозори меҳнат ташкил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин сурат низоми ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгўи таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ таъмин мегардад.

26)    Дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хонандагон мустақилона касбро омўхта, дорои малакаҳои фаъолияти инфиродии меҳнатӣ мешаванд.  Вобаста ба ин зарурати аз нав ба вуҷуд овардани пояи моддӣ-техникӣ ва инфраструктураи муассисаҳои таълимӣ ҳамчун раванди стратегии рушди таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ба миён меояд.

27)    Ба шабакаи ИНТЕРНЕТ ва шабакаҳои иттилоотии маҳаллӣ пайваст намудани муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ ва бо техникаи ҳозиразамони таълимӣ ва иттилоотӣ ҷиҳозонидани онҳо ҳамчун гарави таъмини раванди босифати таҳсил эътироф карда мешавад.

28)    Бо мақсади омодагӣ барои гузаштан ба низоми нави таҳсилот ва ба талаботи он мутобиқ сохтани муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ ташкил ва гузаронидани тадбирҳои зерин зарур аст:

-     шароит фароҳам овардан барои идомаи таҳсил баъди хатми синфи 10 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-     ташкил намудани таҳсилоти касбӣ дар ин зинаҳои таҳсилот;

-     таҳияи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва ба талаботи низоми нави таҳсилот мувофиқ намудани онҳо;

-     таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ барои идомаи таҳсили касбӣ дар ин зинаҳои таҳсилоти мазкур;

-     аз нав аз атестатсия ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ гузаронидани муассисаҳои таълимии ибтидоию миёнаи касбии давлатӣ ва ѓайридавлатӣ;

-     рушди бемайлони таҳсилоти босифати ибтидоию миёнаи касбӣ бодарназардошти афзоиши талабот ба кормандони зинаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-     мутобиқ сохтани фаъолияти муассисаҳои таълимии ибтидоию миёнаи касбӣ ба талаботи бозори меҳнат дар маҳалҳо;

-     таҳияи Консепсияи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ ва робитаи он бо барномаҳои касбии муассисаҳои таълимӣ.

Барои гуштан ба низоми нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ чорабиниҳои зерин тадбиқ мешаванд:

-     пешбинӣ намудани талаботи бозор ва таъсиси хадамоти иттилоотӣ ва шуѓли аҳолӣ;

-     тасдиқи номгўи касбҳо ва ихтисосҳо мутобиқи талаботи бозори меҳнат;

-     азнавсозии сохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ва татбиқи моделҳои он;

-     такмили усулҳои таълим ва ташкили дарс бо истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ;

-     фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон;

-     ҷалби соҳибкорон, корфармоён ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои таҳсилоти касбӣ;

-     таҳияи Стандарти давлатии таҳсилот ва Талаботи давлатӣ бо дарназардошти талаботи замон барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ –техникӣ.

 

9. Рушди муносибатҳои молиявӣ дар низоми нави таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

 

29)    Давлат раванди азнавсозии сохтори маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.     

30)    Муҳимтарин омили тарзи ташаккули молиявии азнавсозии таҳсилот дар ин зинаҳои таълимӣ инҳоянд:

-     ҷорӣ намудани маблаѓгузории меъёрӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаи таҳсилоти миёна, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти таъмини талаботи Стандарти таҳсилот ва шароити мусоиди ҷараёни таълим;

-     таҳияи меъёрҳои ҳуқуқии танзими низоми давлатии қарздиҳӣ ва расонидани ёрии пулӣ ба шаҳрвандони камбизоат, бахусус дар деҳот барои гирифтани таълими ибтидоии касбӣ;

-     ҷудо кардани маблаѓ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо, аз ҷумла аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ, маблаѓҳои махсуси хизматрасонии пулакӣ, фондҳои ёрирасони байналхалқӣ, маблаѓгузории хусусӣ ва дигар маблаҳои ѓайрибуҷетӣ барои азнавсозии таҳсилот ва харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ- лабораторӣ, техникӣ, иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ, рушди китобхонаҳои мактабӣ ва захираҳои иттилоотӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон;

-     истифодаи оқилонаи маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетӣ;

-     таъмини мустақилияти молиявии муассисаҳои таълимӣ ва давра ба давра то 10-15 фоиз ба роҳ мондани худмаблаѓгузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

-     таъмини шаффофият дар фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти молиявии онҳо;

-     -муҳайё сохтани шароит барои ҷалби маблаѓҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ;   

-     муқаррар намудани низоми имтиёзҳо, аз ҷумла аз ҳисоби андозбандӣ;

-     ба роҳ мондани хизматрасониҳои таълимии иловагии пулакӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ҳамчун воситаи қонеъ гардонидани талаботи мардум ба таҳсилот ва таҳкими пояи моддӣ- техникии муассисаҳои мазкур;

-     тақвият ва вусъати тоза бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ;

-     -бунёди марказҳои фарҳангӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ, тиббӣ ва солимгардонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, махсусан дар деҳот;

-     -азнавсозии сохтори муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ, эътибори ҷиддӣ додан ба мазмуни таҳсилот ва сифати тайёрии касбӣ, вобастагии он бо талаботи бозори меҳнат;

-     инкишофи низоми таълими калонсолон ва ба роҳ мондани таҳсилоти муттасили касбӣ;

-     ба муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ ҷалб намудани шахсоне, ки бе ҷои кор мондаанд ва мувофиқи талаби замони бозаргонӣ ба меҳнат омода сохтани онҳо;

-     ҷорӣ намудани силсилаи тадбирҳое, ки татбиқи афзалияти давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ таъмин менамоянд;

-     ташкили низоми пешбинии талаботи минбаъда бо кадрҳои ихтисосманд аз рўи касбу ҳунарҳои маъмулӣ ва дар ин замина пешниҳод кардани дархостҳои давлатӣ ба муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ.

 

10. Таъминоти кадрӣ ва дастгирии онҳо

аз тарафи давлат ва ҷомеа

 

31)    Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи моддии кормандони соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд.

32)    Баланд бардоштани сатҳи ихтисоси омўзгорон ва омодасозии онҳо ба шароити нав аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Аз ин рў, дар доираи «Барномаи мақсадноки давра ба давра гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон» зарурати идома додани  «Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои омўзгорӣ барои солҳои 2011- 2016» ба миён меояд, ки он бояд самтҳои зеринро дар бар гирад:

-     ҳамаҷониба баланд бардоштани мақоми кормандони педагогӣ;

-     ҳамаҷониба ҳавасманд гардонидани кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф;

-     баланд бардоштани маҳорати касбии кадрҳои педагогӣ.

 

11. Баланд бардоштани мақоми кормандони педагогӣ

 

33)    Барои ҳавасманд гардонидани кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф давлат чунин имтиёзҳоро муқаррар менамояд:

-     озодона муайян намудани усули таҳсил ва шаклҳои назорати он;

-     идоракунии раванди таҳсилот, фаъолияти ассотсиатсияҳо, иттиҳодияю созмонҳо, инчунин муайян намудани принсипҳо ва самтҳои сиёсат дар соҳаи маориф;

-     озодона ба даст овардани иттилоот доир ба ҷараёни таълим;  

-     истифодаи ройгони адабиёт аз китобхонаҳои миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, мактабӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳот;

-     дар навбати аввал бо ҷойи зист таъмин намудани омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар доираи имкониятҳои онҳо.

 

12. Дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонии

 кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф

 

34)    Бо мақсади дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонии кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи маориф бояд тадбирҳои зерин амалӣ шаванд:

-     муқаррар намудани иловапулиҳо барои ҳавасмандгардонии кормандон ва муаллимон барои кори бефосила ва босамари педагогӣ аз ҷониби маъмурияти мактаб дар доираи захираҳои молиявӣ ва низоми худмаблаѓгузорӣ;

-     баланд бардоштани маоши омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи ислоҳоти музди меҳнат дар ҷумҳурии Тоҷикистон;

-     ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳот барои ташкили хоҷагии ёрирасон вобаста ба имконот;

-     ҷудо намудани заминҳои киштбоб барои ташкили хоҷагии ёрирасони муассисаҳои таълимӣ;

-     мавқуф гузоштани даъвати ҳарбии хатмкардаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии дорои ихтисоси педагогӣ;

-     такмили низоми таъминоти нафақавии кормандони гуногуни омўзгорӣ;

-     омўхта пешниҳод намудани таклиф оид ба низоми нави хизматрасонии ройгони тиббӣ ва суѓуртаи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф.

 

13. Баландбардории маҳорати касбии кадрҳои педагогӣ

 

35)    Дар ин самт амалӣ сохтани чунин тадбирҳо зарур мешавад:

-     таҳия ва санҷиши амалии моделҳои азнавсозии низоми тайёр кардани кадрҳои педагогӣ дар асоси принсипҳои алоқамандии масъулияти омўзгор дар таълиму тарбия бо истифодаи технологияи инноватсионӣ;

-     таъмини раванди таълим бо теъдоди зарурии кадрҳои педагогӣ ва баланд бардоштани сифати касбии онҳо дар низоми нави таҳсилот;

-     таҷдиди низоми такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;

-     аз тарафи давлат дар 5 сол як маротиба ва дар ҳаҷми муқарраршуда пардохтани давлатии хароҷот барои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;

-     омўзонидани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба кадрҳои роҳбарикунанда ва омўзгорӣ;

-     такмили фаъолияти хадамоти методии мақомоти идоракунии таҳсилот ва ба роҳ мондани он дар асоси принсипҳои ташкили шабакавӣ ва маркетинг;

-     ба роҳ мондани низоми самарабахши омодасозӣ, бозомўзӣ ва аттестатсияи роҳбарони мақомоти идоракунии таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи ҷобаҷогузории кадрҳо.

 

14. Рушди таҳсилот ва баланд бардоштани масъулияти       

мутасаддиён  дар маҳалҳо

 

36)    Раванди азнавсозии таҳсилот пеш аз ҳама татбиқи ду масъалаи муҳим – дастраси умум будани таҳсилот ҳамчун низоми давлатию ҷамъиятӣ ва гузаштан аз усули ҳукмронии марказӣ ба масъулияти тарафайнро (марказ ва маҳал) пешбинӣ менамояд. Ин омилҳо масъулияти роҳбарони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва мактабҳоро баҳри татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф баланд мебардорад ва тадбирҳои зерин амалӣ мегардад:

-     ҷалби ҷомеа дар таҳия, қабул, татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ ва идораи таҳсилот;

-     тибқи тартиби муқарраршуда устувор гардонидани мақоми ҳуқуқии Шўрои сарпарастони муассисаҳои таълимӣ, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар хизматрасониҳои таълими иловагии пулакӣ;

-     ба талаботи замон мувофиқ намудани модели нави идораи низоми таҳсилот ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат дар низоми нави таҳсилот.

37)    Гузаштан ба низоми нави таҳсилот дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ тақозо менамояд:

-     ҷорӣ намудани талаботи ягона баҳри иҷрои дастур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои дастурӣ, кадрӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ доир ба муассисаҳои таълимӣ ва боздоштани фаъолияти онҳо дар сурати риоя нашудани санадҳои амалкунанда;

-     таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо татбиқи  шаклҳои гуногуни қарордодҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва ѓайра;

-     таъмини шаффофияти фаъолият дар самаранок истифода бурдани маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетӣ;

-     дастгирии фаъолияти навоварӣ тавассути ҷалби сармояҳо ба соҳаи маориф;

-     фароҳам овардани шароит барои рушди муассисаҳои таълимии ѓайридавлатӣ ва таъмини назорати сифати иҷрои барномаҳои таълимӣ дар онҳо;

-     тадриҷан гузаштан ба маблаѓгузории сарикасӣ дар низоми таҳсилоти томактабӣ;

-     танзим ва хизматрасониҳои таълимии иловагӣ ва таъмини назорати Шўрои сарпарастон ва падару модарон дар мавриди сарфи маблаѓҳои воридшуда;

-     таъсиси суратҳисобҳои махсус барои таҳсили кўдакони маъюб ва бо ин мақсад ҷалб намудани маблаѓҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарпарастон ва эҳсонкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-     баланд бардоштани масъулияти ҳар як муассисаи таълимӣ дар иҷрои вазифаҳои ойинномавӣ, иҷрои санадҳои  меъёрии ҳуқуқии ҷараёни таълиму тарбия ва Стандарти давлатии таҳсилот.

 

15. Самтҳои асосӣ, марҳилаҳо

ва татбиқи  сиёсати давлат дар низоми нави таҳсилот

 

38)    Азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ маҷмўи тадбирҳоест, ки бо ҷалби фаъолонаи ҷомеа сурат мегирад. Онҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқати он ба талаботи давлатӣ дар мамлакат равона мегарданд. Ин чорабиниҳо дар ду марҳила амалӣ карда мешаванд:

-     -марҳилаи аввал солҳои 2011-2013;

-     -марҳилаи дуюм солҳои 2014-2016.

39)    Дар марҳилаи аввал солҳои 2011-2013 ҳукумати ҷумҳурӣ азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумиро давра ба давра ба роҳ монда, ҳамчун субъекти фаъол дар татбиқи он фаъолона иштирок намуда, барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

40)    Азнавсозии таҳсилот дар робитаи қавӣ бо таҷдиди соҳаҳои дигари хоҷагии мамлакат сурат мегирад ва таҳсили ҳатмии 10- сола ҷорӣ карда мешавад.

41)    Марҳилаи аввали азнавсозии таҳсилот бо раванди устуворгардонӣ ва ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии 10- сола ба анҷом мерасад. 

42)    Дар марҳилаи аввал самтҳои асосӣ ва тадбирҳои нахустини сиёсати давлат ба қисматҳои зерин ҷудо мешаванд:

-     муҳайё намудани ҷойи нишасти иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;

-     бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-     сохтмони мактабҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо;

-     ҷалби инвиститсияи хориҷӣ ва грантҳо барои таҳкими пояи моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ;

-     дарёфти маблаѓҳои иловагӣ барои гузштан ба низоми таҳсилоти ҳатмии 10 – сола дар ҷумҳурӣ;

-     назорати таъмини ҷойҳои нишаст ва таъмиру тармими мактабҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

-     вогузор намудани пардохти маоши кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ихтиёри худи муассисаҳои таълимӣ;

-     гузаштани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба худмаблаѓгузорӣ;

-     андешидани тадбирҳо ҷиҳати тадбиқи маблаѓгузории сарикасӣ дар муассисаҳои томактабӣ;

-     таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, барномаҳо, раҳнамои муаллим ва дигар воситаҳои айёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва техникӣ;

-     таҳия ва қабули санадҳои  меъёрии ҳуқуқии таъсиси муассисаҳои миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо иштироки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

-     назорати барномаҳои давлатӣ ва амалӣ гардидан ва сари вақт маблаѓгузорӣ намудани онҳо дар соҳаи маориф.

43)    Марҳилаи дуюми азнавсозии таҳсилот солҳои 2014-2016- ро дар бар мегирад. Дар ин давра ҳамаи он тадбирҳое, ки дар марҳилаи аввал аз озмоиш гузашта, дар асоси натиҷаҳои ба дастомада дасгирӣ ёфтаанд, пурра бояд татбиқ гардида, моделҳои нави мазмуни таҳсилот, ташкил ва маблаѓгузории он ба роҳ монда шаванд. Дар баробари ин дар ин давра низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ - гузаштан ба таҳсили 12-сола амалӣ мегардад.

44)    Ин тарзи гузариш дар асоси ба инобат гирифтани хусусиятҳои шароити маҳалҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта, барои беҳтар шудани сифати таълим, азбарнамоии дониш, васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинӣ ва бештар соҳиб гардидан ба маълумати касбӣ ва равиявӣ мусоидат менамояд.

45)    Озмоишҳои дар марҳилаи аввал гузаронидашуда пайомадҳои хатарбори иҷтимоии шаклҳои навро аниқ мегардонад ва барои рафъи онҳо дар марҳалаи дуюм механизмҳои дахлдор ба кор бурда мешаванд.

46)    Дар марҳилаи дуюм таъмини молию пулӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо мунтазам барои ҳалли масъалаҳои зерин ривоҷ дода мешавад:

-     бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру тармими иншооти соҳаи маориф;

-     ба нақша гирифтани синфхонаҳои иловагӣ дар маҳалҳое, ки ба ҷойи нишаст ниёз доранд;

-     таъмини мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ барои муассисаҳои таълимии эҳтиёҷманд;

-     амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва стратегияи миллӣ доир ба рушди соҳаи маориф;

-     идомаи таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва дигар воситаҳои айёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ;

-     ҷалби сармояи хориҷӣ, грантҳо ва дигар маблаѓҳо аз ҳисоби соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таҳкими пояҳои моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ;

-     ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва омўзонидани технологияи муосир ба омўзгорон;

-     назорати таъминоти кадрӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ба хусус деҳаҳои дурдаст ва пайдо кардани роҳҳои ҳавасмандгардонӣ барои ин табақаи омўзгорон;

-     таъмини кабинетҳои фаннии мактабҳо бо лавозимоти зарурӣ ва муҳайё сохтани шароит барои гузаштан ба таҳсилоти равиявӣ ва касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ;

-     таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва бо истифода аз масоҳати холӣ ташкил намудани синфҳо дар ин зинаҳои таҳсилот.

47)    Дар ин марҳила коркарди тарзҳои идораи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки бо мақсади эҷоди моделҳои нав дар таҳсилот сурат мегиранд, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин моделҳо вобаста ба талабот ва шароити маҳалҳо таҳия мегарданд.

48)    ҳамзамон, дар ин марҳила ҷомеа, корхонаҳо, оилаҳо, ташкилотҳои худидоракунандаи маҳалҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо нақши бештар ва муҳимтарро иҷро менамоянд. Фаъолияти зарурии ҷомеаро бо ду роҳ ба даст овардан мумкин аст:

-     якум, пайваста афзудани даромадҳои пулии оила, корхонаҳо ва буҷети маҳал имконият медиҳад, ки муассисаҳои таълимӣ аз тарафи онҳо чӣ дар шакли маблаѓгузории буҷетӣ ва чӣ дар шакли вақфи сармоягузорӣ ҳар чӣ бештар дастгирӣ меёбанд;

-     дуюм, такмили тарзҳои шаффофи идоракунии таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ шаклҳои бештари фоидаовари дастгирии ҷомеа ва назоратро ба миён меоварад.

49)    Дар панҷсолаи дуюм (солҳои 2016-2020) аввалин натиҷаҳои азнавсозии таҳсилот аниқ мегарданд, ки онҳо чунин мебошанд:

-     дар натиҷаи азнавсозии молиявӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ аз ҷиҳати моддию техникӣ хуб таъмин мешаванд.

-     сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ баланд гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбии тоҷик ба сатҳи умумиҷаҳонӣ наздик мегардад.

-     сатҳи шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷомеа паст гардида, ҷинояткории дар байни ҷавонон ва бепарастории кўдакон ҷиддан пешгирӣ карда мешавад.

-     бо роҳи баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф мушкилоти иҷтимоии онҳо ҳал гардида, ҳайати омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби ҷавонон мукаммал мешавад.

-     дар натиҷаи устуворгардонии пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ мутобиқати онҳо ба бозори меҳнат меафзояд ва онҳо рақобатпазир мегарданд. Ин омил сабаби ҷалби сармояҳои нав мегардад.

 

16. Таҷдиди низоми нави таҳсилот

ва тарзи назорати сифати он

 

50)    Таҷдиди низоми нави таҳсилот ва назорат аз болои  сифати он иҷрои корҳои зеринро тақозо мекунад:

-     қабули Стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ва дар ин асос таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии нав;

-     ташкили озмоиши мазмуни нави таҳсилот, содда кардани он бо назардошти талаботи шахс ва замони муосир;

-     муҳайё сохтани шароити таълими равияҳо дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ;

-     такмили тарзи аттестатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ва назорати сифати таълим;

-     таҷдиди мазмуни таҳсилот;

-     беҳтар намудани самаранокии таҳсилоти умумӣ;

-     тобовар гардондани таҳсилот ба рақобати бозори ҷаҳонӣ;

-     мутобиқ намудани мазмуни таҳсилот ба манфиати давлат, ҷомеа ва шахс;

-     таъмини робитаи ногусастании мазмуни таҳсилот бо ҳаёт.

 

51)    Принсипҳои асосии мазмуни нави таҳсилот аз инҳо иборат мебошанд:

-     бо назардошти хусусиятҳои педагогӣ ва психологии мазмуни таҳсилот ҷорӣ кардани ҳаҷми фишурдаи маводи омўзиш дар мактаби асосӣ ва маводи нисбатан мураккаб дар синфҳои болоӣ;

-     инсондўстӣ, яъне дар ҷараёни таҳсилот фаро гирифтани фарҳанги миллӣ, аҳамияти беҳдоштӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, зебопарастӣ, муоширатӣ ва технологӣ;

-     мазмуни бунёдӣ доштани таҳсилот, яъне фарогирии дастовардҳои маданию таърихии инсоният ва расонидани ёрии амалӣ дар ташаккули хонандагон;

-     мутобиқати мазмуни донишҳои омўхташаванда бо хусусияти қобилияти инфиродӣ донишандўзии хонандагон;

-     мушаххас гардонидани мазмуни таҳсилот бо назардошти синну соли хонандагон;

-     дар асоси принсипҳои ҳамгироӣ ташаккул додани тасаввуроти хонандагон дар бораи ягонагии олам.

52)    Мазмуни низоми нави таҳсилот силсилаи донишҳои илмии зеринро фаро мегирад: филологӣ, ҷомеашиносӣ, риёзӣ-технологӣ, табиатшиносӣ, санъат, тарбияи ҷисмонӣ.

53)    Мазмуни силсилаи фанҳои номбурда тавассути таълими фанҳои зерин амалӣ мегардад: забони модарӣ, забони давлатӣ, алифбои ниёгон, забони русӣ, забони хориҷӣ, адабиёти тоҷик, адабиёти халқҳои ҷаҳон, таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, ҳуқуқи инсон, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, алгебра, геометрия, технологияи информатсионӣ, технология ( таълими меҳнат), химия, физика, биология, география, санъати тасвирӣ, суруд ва мусиқӣ, маърифати ислом, омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ.

54)    Мазмуни фанҳои таълимӣ дар низоми нави таҳсилот дар натиҷаи таѓйир ёфтани равияҳои илм таҷдиди назар мегардад. Ин таѓйирот метавонад чунин бошад:

-     ворид намудани таѓйирот ба маводҳои нави таълимӣ вобаста ба дастовардҳои илмии соҳа ва муҳити зист;

-     ба барномаҳои таълимӣ ворид намудани фаслҳо ва мавзўъҳои нав вобаста ба талаботи замон;

-     аз нав тақсим намудани маводи таълимӣ байни зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот.

 

17. Такмили сохтор ва афзудани маблаѓгузорӣ ба таҳсилот

 

55)    Ташкили сохтор

Мактаби 12-сола бар асоси даврабандии рушди шахсият ташкил меёбад. Мазмуни он ба навъҳои фаъолияти тарбиявию таълимӣ, ки ба синну сол робита дорад, вобаста мебошад. Мувофиқи ин тақсимот дар синну соли кўдакон давраҳои зерин муқаррар мешавад: ширхорагӣ, (то 1 солагӣ), синни бармаҳали кўдакӣ (1-3 солагӣ), синни томактабӣ (3-5-солагӣ), синни хурди мактабӣ (6-10-11 солагӣ), синни миёнаи мактабӣ (11-16 солагӣ), синни навҷавонӣ (16-18 солагӣ).

56)    Сохтори таҳсилоти умумии 12-сола се зина дорад:

-     зинаи якум – таҳсилоти ибтидоии умумӣ (синфҳои 1-5). қабул ба синфи якум аз 6-солагӣ оѓоз мегардад. Давомнокии таҳсил 5 сол.

-     зинаи дуюм – таҳсилоти асосии умумӣ (синфҳои 6-10). Давомнокии таҳсил 5 сол.

-     зинаи сеюм – таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфҳои 11-12). Давомнокии таҳсил 2 сол.

57)    Барои гузаштан ба таҳсилоти 12- сола тадбирҳои зерин зарур мебошад: 

-     таъмини маблаѓгузории буҷетӣ бо назардошти афзалияти соҳаи маориф.

-     ҳамасола дар мамлакат афзудани маблаѓҳои буҷетӣ, аз ҷумла дар доираи барномаҳои мақсаднок, ки барои рушди таҳсилот – харидории таҷҳизот ва захираҳои иттилоотӣ, такмили ихтисоси омўзгорон, маблаѓгузории сарикасӣ, таҷрибаҳои инноватсионии озмоишӣ равона мешаванд.

-     барҳам додани қарзҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар натиҷаи иҷро накардани нақшаҳои буҷетӣ ва хизмати маишӣ пайдо мешаванд.

 

18. Тақвияти самти иҷтимоии таҳсилот

 

58)    қабули тадбирҳои давлатӣ бар зидди рафторҳои ношоистаи наврасон ва ҷавонон ва аз байн бурдани қашшоқии иҷтимоии онҳо.

59)    Таъмини ҳифзи иҷтимоии кўдакону ҷавонон аз оилаҳои камбизоат, маъюб, ятимон ва бепарасторон.

60)    Ташкили низоми кредитии давлатӣ дар соҳаи маориф барои маблаѓгузории таҳсилоти кўдакони оилаҳои камбизоат бо мақсади гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ.

61)    Васеъ намудани доираи инкишофи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо мақсади бештар фаро гирифтани кўдакон аз оилаҳои камбизоат.

 

19. Дастгирии ҳамаҷонибаи мактабҳои деҳот

 

62)    Бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими мактабҳои деҳот ва таҳким бахшидани пояҳои моддию техникии онҳо яке аз афзалиятҳои ин Консепсия ба шумор меравад. Барои иҷрои он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблаѓ ҷудо намудан пеш меояд.

 

20. Таъмини мустақилияти иқтисодии

муассисаҳои таълимӣ

 

63)    ҷалби сармояҳо тавассути ворид намудани таѓйирот ба қонунгузории ҷории ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули дигар ҳуҷҷатҳое, ки маблаѓгузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба соҳаи маориф ё ёрии беѓаразона ҳавасманд мегардонанд.

 

21. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ,

дастгирии давлатӣ ва сатҳи касбии кормандони соҳаи маориф

 

64)    Зиёд намудани маоши кормандони педагогӣ ва такмили роҳҳои додани иловаҳо ба омўзгорон барои натиҷаҳои хуби кор ва фаъолияти бисёрсолаи бефосила дар муассисаи таълимӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон.

65)    Такмили низоми таъмини нафақапулӣ ба категорияҳои гуногуни кормандони педагогӣ, суѓуртакунӣ, ташхиси ройгони тиббӣ ва иҷтимоии онҳо.

66)    ҳалли масъалаи аз даъват ба сафи қувваҳои ҳарбӣ боздоштани мутахассисони ҷавон ва омўзгорон дар давоми фаъолияти онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонаҳои кўдакон, мактаб-инернатҳо ва муассисаҳои ибтидоии касбӣ дар сурати мавҷуд будани аккредитатсияи давлатӣ.

 

22. Амалӣ гардидани Консепсия

ва натиҷаи он дар рушди кишвар

 

67)    Амалӣ гардидани Конепсияи мазкур барои гузаштан ба низоми нав дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ ва миёнаи касбию техникӣ замина фароҳам оварда, дар ҷумҳурӣ тарзи нави таълимро ҷорӣ менамояд ва барои наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ шароит ба вуҷуд меовард.

68)    Натиҷаи ин гузариш барои беҳтар шудани сифати таълим ёрӣ расонида, барои бештар маълумот гирифтани хонандагон имкон фароҳам меоварад ва ҷалби духтарон ва писаронро ба таҳсил таъмин намуда, доираи ҷаҳонбинӣ, истеъдод, малака ва маҳорати онҳоро барои дарёфти асосҳои илми муосир бештар мегардонад ва онҳоро дар рўҳияи инсонгароӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия менамояд ва ба дараҷаи инсони комил расонида, барои интихоби касб ва муайян кардани ояндаи худ раҳнамоӣ менамояд.


 

.