Ба аввал

Низомнома оид ба фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон



Низомнома оид ба фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон    

 

Бо қарори мушовараи

Вазорати маорифи ҷумҳурии

аз 27.07.2010, №13/3

тасдиқ шудааст.

 

НИЗОМНОМА

оид ба фаъолияти инноватсионӣ

 

Муқаррароти умумӣ

 

1.    Низомномаи мазкур рушди фаъолияти инноватсиониро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мувофиқ будани онро ба Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

1.1.  Фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ин ғанӣ гардонидани инкишофи соҳаи маориф ба воситаи ташкил ва идораи ҷараёни инноватсионӣ мебошад.

1.2.  Навоварӣ (инноватсия) ҳамчун тағйироти мақсаднок муайян карда шуда, ба муҳити рушдкардаистодаи таҳсилоти нави мустаҳкаму устувор ва бардавом ворид мешавад. Зери мафҳуми инноватсионӣ маҷмўи фаъолиятҳо оид ба ташкилу аз худ намудан, истифода ва паҳн кардани навовариҳо фаҳмида мешавад.

1.3.  Зери мафҳуми идораи ҷараёни инноватсионӣ фаъолияти мақсадноки тамоми субъектҳо, ки барои таъмин намудани ташкилёбӣ, устуворӣ, фаъолияти муносиб ва рушди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нигаронида шуда, фаҳмида мешавад.

1.4.  Дар асоснок ва ҷорӣ намудани ин ё он навоварӣ ба таҷрибаи педагогӣ, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ принсипҳои коркардашуда ё дастурҳои консептуалии таҷрибаи инноватсионии мазкурро ба инобат гирифта, мақсад, вазифа, принсипҳои фаъолияти инноватсионии педагогӣ, идоракунӣ ва таҳқиқотиро муайян месозанд.

 

2. Самтҳои афзалиятноки (мақсад, вазифа, шакли ташкилӣ) рушди фаъолияти инноватсионӣ

 

2.1.  Фаъолияти инноватсионӣ аз тарафи коллективи педагогӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳим бо мақсади муносибгардонии ҷараёни таълим ва тарбия, рушди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ равона карда шудааст.

2.2.  Самтҳои фаъолияти инноватсионӣ дар фазои тағйир додани мундариҷа ва сифати таҳсилот (васеъ, чуқур, тағйир додани маводи таълимӣ) ва ҷорӣ намудани технологияи нави таълимии доираи минтақавӣ ва модулӣ қарор дорад.

2.3.  Рушди фаъолияти инноватсионӣ барои ташкил намудан ва инкишофи ташхиси педагогӣ мусоидат менамояд. Ташхис шакли махсуси фаъолияти касбӣ-педагогӣ, соҳаи донишҳои илмию педагогӣ буда, он масъалаҳои муайян намудан ва омўхтани нишонаҳо, ки ҳолатҳои гуногуни тартиботи низоми педагогӣ ва шароитҳои амалӣ намудани он (дар ҳамаи зинаҳо) барои пешбинӣ намудани тамоилҳои имконпазир (бо роҳи ислоҳоти педагогӣ), вайрон намудани тамоюлҳои муқаррарӣ ва рушди онро дида мебарояд.

2.4.  ҷараёни инноватсионӣ зарурияти тарҳрезии стратегӣ ва асосноккунии консептуалии таҷрибаҳои педагогӣ, ки ба сиёсати таҳсилоти умумии мактаб, талаботи иҷтимоӣ, иқтидори кадрӣ, сатҳи таъминоти методӣ комилан мувофиқ аст, ки имконият медиҳад низоми чорабиниҳоро воқеӣ тарҳрезӣ намояд, фаъолияти омўзгоронро ислоҳ намояд, натиҷаҳои ба дастомадаро бе шартҳои аввала муқоиса намояд, рушди таҷрибаи инноватсионии худро на дар муқоиса бо таҷрибаи монанд дар дигар мактабҳо, балки муҳаррики рушди худӣ, инфиродиро назорат мекунад. Дарк кардани муҳаррики инфиродии рушди таҷрибаи педагогӣ имконият медиҳад то механизми беҳтарин муайян карда шавад ва бо ёрии он идора намудани фаъолияти инноватсионӣ амалӣ мегардад.

2.5.  Рушди фаъолияти инноватсионӣ дар ҳудуди (ҳаҷми) муассисаи таҳсилоти умумӣ қисмати муҳими низоми инкишофи пайдарҳамии касбии омўзгорон ва такмили тахассуси кадрҳои педагогӣ мегардад.

2.6.  Самараи амалӣ намудани навоварӣ ба таҷриба аз рўи натиҷаи мобайнии фаъолияти инноватсионӣ ба воситаи низоми ташхиси коркардабаромадаи коллективи омўзгорӣ, муайян карда мешавад.

2.7.  Иттиҳодияҳои лоиҳавӣ, эҷодӣ ва педагогӣ дар доираи амалӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ вазифаи коркард ва амалӣ кардани навовариҳоро оид ба ҳал намудани масъалаҳои муҳими педагогӣ ва идоракунӣ иҷро менамоянд. Инчунин, барои муттаҳид ва якқоя кардани фаъолияти педагогии коллективи омўзгорон, мусоидат менамояд.

 

3. Низоми идоракунии фаъолияти инноватсионӣ

 

3.1.  Мувофиқи Низомнома оид ба Шўрои методии мактаб, ки фаъолияти он ба рушд додани ташаббусҳои педагогӣ ва таълимӣ бо мақсади ташкил намудани муҳити муносиби таълимӣ, ҳал намудани масъалаҳои таъминоти ташкилӣ, илмӣ, маъмурӣ равона карда шудааст. Шўрои методии мактаб барои дастгирӣ намудан ва инкишоф додани ташаббусҳои педагогӣ ва таҷрибаҳои инноватсионӣ масъул мебошад.

3.2.  ҳамоҳангсозони иттиҳодияҳои лоиҳаҳо, эҷодӣ ва педагогӣ аъзои Шўрои методии мактаб мебошанд ва барои тарҳрезии тактики фаъолият дар дохили иттиҳодияи худ ҷавобгар мебошанд ва барои иштироки фаъолонаи омўзгорони ҳавасманд, хонандагон, волидон ва ҷомеа шароит муҳаё месозанд.

3.3.  Маъмурият ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар асоси ташхиси педагогӣ, таҳлили иттилоотӣ дархостҳои иҷтимоии ошкоргардида стратегияи рушди фаъолияти инноватсиониро мувофиқи сиёсати таҳсилоти умумии мактаб кор карда мебароянд.

3.4.  Баҳодиҳии фаъолияти инноватсионии муассисаи таҳсилоти умумӣ аз рўи принсипҳои шафоф ва дастрас метавонанд аз тарафи ташхисгарони сатҳи гуногун: коллективи педагогӣ, маъмурият, намояндагони падару модарон, намояндагони низоми идоракунии маориф, ходимони илм ва ғайра амалӣ карда шавад.

 

4. Механизми ташкил намудани шароитҳои ҳавасманд - гардонӣ барои субектҳои таҷрибаи инноватсионӣ

4.1.  Бо мақсади тафриқаи таҷрибаи педагогӣ, баланд бардоштани мақоми омўзгорони навовар дар коллектив имконияти чоп намудани маводҳои таҳқиқотӣ ва илмӣ, маҷмўи корҳои илмӣ-методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, маводҳои конференсияҳои илмӣ-амалӣ дода мешавад.

4.2.  Маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд намудани омўзгороне, ки дар фаъолияти инноватсионии мактаб фаъолона иштирок менамоянд, масъул мебошанд.

4.3.  Ба омўзгороне, ки дар кори конференсиҳои шаҳрӣ, гурўҳҳои ҳаётан муҳими эҷодӣ, ҷаласаҳои кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолона иштирок менамоянд, барои корҳои таҳқиқотӣ соатҳои иловагӣ дода шуда, барои иштирок дар конференсияҳои гуногуни бонуфуз ва семинарҳо, инчунин курсҳои афзалиятноки такмили ихтисос роҳхат дода мешаванд


 

.