Ба аввал

Дастури одоби салом дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ



Дастури одоби салом дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ    

 

Дастури

одоби салом дар муассисаҳои таҳсилоти

миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

 

Муқаддима

 

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани одоби муоширати хонандагон ва эҳёи суннати волои гузаштагон дар доираи анъанаҳои миллӣ дастури мазкурро таҳия намудааст. Ин дастур дар роҳи баланд гардидани маърифати муоширати ҳар як хонанда нақши бузургро мебозад.

Дар муассисаи таълимӣ наврасон ва навҷавонон баробари ба даст овардани маълумот, бояд дорои одоби баланд, ахлоқи ҳамида бошанд.

Муҳаббату самимияти худро ба инсони дигар зоҳир намудан бо салом додан ифода мегардад, ки он бояд орӣ аз ҳама гуна кибру ғурур ва дағаливу худнамоӣ бошад. ҳар ду ҷониби мулоқоткунанда, ки вохўрии онҳо бо салом оғоз мегардад, рукнҳои одоби саломро бояд риоя намоянд. Салом гуфтан ва риояи фазилатҳои салом барои хонандагон ҳатмӣ буда, он яке аз рукнҳои олитарини башарият ҳисоб меёбад. Бинобар ин, хонандагон дар ҳама ҳолат барои салом гуфтан ва риоя намудани рукни аввали муошират бояд кўшиш намоянд.

Дар ин синну сол тарбия намудани кўдакон ва омўхтани амалҳои нек ба онҳо барои дар оянда пайравӣ намудан ва идома додани хислатҳои нек замина фароҳам меорад. Яке аз ин рукнҳои одоби салом гуфтан ва риояи меъёрҳои миллии он мебошад. Омўзгорон, устоҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ, касбию ибтидоӣ вазифадоранд, ки ба хонандагон тарзи салом додан ва муошират намуданро омўхта, иҷрои онро талаб намоянд. Ба муносибатҳои байни одамон, устодону омўзгорон тавассути дарсҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои беруназмактабӣ ва беруназсинфӣ бо истифода аз адабиётҳо бо хонандагон кор мебаранд.

Дар ҳамин замина Консепсияи миллии тарбия дар ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтааст. Дар доираи ин ҳуҷҷати муҳим дастуруламал ва дастурҳои тарбиявӣ ба тасвиб расида, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кўдакону наврасон, ки ояндасози ҷомеа мебошанд, чораҳои ҳатмӣ андешида мешавад. ҳамчунин дар ҳамин асос Дастури одоби салом таҳия шуда, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ фиристода мешавад.

Бо назардошти синну сол ва ҳолати равонию маънавии кўдкону наврасон чунин тарзи салом дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ тавсия карда мешавад.

Барои кўдакони боғча ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чунин тарзи салом пешниҳод мешавад:

Барои ин зинаҳои таҳсилот ҳангоми муошират ва вохўрӣ ифодаи мафҳуми «салом» пешниҳод карда мешавад;

Барои хайру хуш кардан баъди ба анҷом расидани дарс тарзи ифодаи «Хайр устоди азиз», «Хайр мураббияи азиз» тавсия дода мешавад;

ҳангоми аз синф баромадани меҳмонон, комиссия ва ё шахси масъули дигар ифодаи «Хуш омадед» дар ин зинаҳои таҳсилот тавсия дода мешавад;

Дар роҳ ва ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ба калонсолон даст пеши бар гирифта «салом» гуфтан тавсия мешавад;

Агар як нафар калонсол бошад метавонад бо овози баланд ва дар сурати якчанд нафар будани калонсолон танҳо даст пеши бар гирифта, бо овози паст «салом» додан тавсия мешавад;

Дар боғча, кўдакистон, боғча-мактаб ва дигар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ хурдсолон ҳангоми ворид шудан ба ин муассисаҳо ба калонсолон, мураббияҳо ва омўзгорон даст пеши сина гузошта, бо овози бурро ва чеҳраи кушод салом медиҳанд;

Дар хонаи бозӣ, синфхона ба мураббиён ва омўзгорони худ даст пеши сина гирифта, бо овози паст салом гуфтани кўдакон тавсия мешавад;

Тарзи баровардани садои «салом» мисли табиати кўдакон ором, форам ва ширину гуворо бояд бошад. Барои дуруст талаффуз намудани мафҳуми «Салом» падару модар, хоҳару бародар, мураббиву омўзгорон ва калонсолон бояд ба кўдакон ёрӣ расонанд.

ҳангоми ба боғча ташриф овардани меҳмонон ва ё комиссия ва ворид шудани онҳо ба синф ва утоқи бозии кўдакон ҳама аз ҷой бархоста, бо чеҳраи кушода қомати худро рост намуда, даст пеши бар мегиранд ва бо як овоз нафасро ба дарун кашида бо як овоз «салом» мегўянд.

Дар вақти салом додан, хандидани кўдакон, дағалона овоз баровардан, пасу пеш гуфтани салом мумкин нест. Баъд аз салом додан хонандагон бо ишораи мураббӣ хомушона дар ҷояшон менишинанд. Чеҳраи кўдакон дар вақти сўҳбат ва ё гуфтугў бо омўзгору мураббӣ ва ё меҳмонони ба синф ва ё утоқи бозии кўдакон воридгардида бояд кушода бошад, ҳангоми саволу ҷавоб рост истодани онҳо шарт аст.

ҳангоми гусели меҳмонон бошад гуфтани «Хуш омадед» кифоя мебошад;

Ифодаи ибораи «Хуш омадед» ҳам бояд бо як овози форам ва якхелаи кўдакон садо диҳад. Ин тарзи хайрухуш бо меҳмононро дар муассисаҳои томактабӣ мураббияҳо омўхта, падару модарон ҳам иҷрои онро ба кўдакон меомўзанд. Баъди анҷоми дарсу машғулият ва аз боғчаву муассисаи таълимӣ берун шудани мураббӣ ва ё омўзгор «Хайр» гуфтани ҳам мураббиву омўзгор ва ҳам кўдакон адаб мебошад.

Вақти аз хоби нисфирўзӣ хестан низ кўдакон ба мураббиёни худ салом мегўянд.

Ин амалро ба кўдакон мураббиҳо омўхта, дар хона ҳам баъди аз хоб хестан салом додан ба падару модар ва бародарону хоҳаронро ташвиқ менамоянд.

Дар вақти хондани «Суруди миллӣ» ба устодон ва донишҷўён дасти ростро пеши сина овардан ва сурудро бо овози баландуро ва хушоҳонг хондан тавсия мешавад.

Дар боғчаву кўдакистон, кўдакистон-мактаб ва дигар намуди муассисаҳои томактабӣ ва барои ҳамаи кўдакони то ҳафтсола як тарзи салом «салом» ва ҳангоми хайру хўш бо мураббӣ ва ё омўзгор гуфтани «Хайр устоди азиз ва ё хайр мураббии азиз» тавсия дода мешавад.

ҳангоми дар муассисаи таълимӣ, утоқи бозӣ ва синф будан бо даст вохўрӣ намудани кўдакон бо мураббӣ ва ё омўзгор, оғўш гирифтану бўсидан ва ё алоҳида салом гуфтани ҳар як кўдак ба мураббӣ ва омўзгор манъ аст.

Навозиш ва меҳрубонона сила намудани сари кўдакон аз ҷониби мураббияҳо иҷозат дода мешавад.

 

Тарзи салом гуфтан дар муассисаҳои асосӣ

ва миёнаи таҳсилоти умумӣ

 

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ давра ба давра боадабтар шуда, рафтор ва гуфтори онҳо хубтар мегардад. Бо назардошти ин бояд хонандагон кўшиш намоянд, ки дар ҳама ҳолат одоби саломро риоя намоянд.

Барои хонандагони мактабҳои асосӣ ва миёнаи таҳсилоти умумӣ мафҳуми «Ассалом» ҳам дар мактаб ва ҳам ҷойҳои ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад.

Ин тарзи байён ҳам барои хонанда ва ҳам барои омўзгор мувофиқ мебошад. ғайр аз ин мафҳуми «Ассалом» ифодагари сулҳу осоиш буда, ҳангоми ифодаи он душворӣ намекашанд ва талаффузи он низ хушоянд мебошад.

Барои хайру хуш кардан баъди ба анҷом расидани дарс тарзи ифодаи «Хайр устоди азиз» тавсия дода мешавад;

ҳангоми аз синф баромадани меҳмонон, комиссия ё шахси масъули дигар ифодаи «Хуш омадед» дар зинаҳои таҳсилот тавсия мешавад.

Пеш аз салом гуфтан иҷрои шартҳои зерин дар синф шарт аст:

Пас аз ворид гардидан ба синф устод китобу ҷузвдонашро болои миз гузошта, пас аз назорати омодагии хонандагон бо овози нарм ва чеҳраи кушод «Ассалом» мегўяд. Шогирдон ҳам бо овози маҳин ва чеҳраи кушода ба устод «Ассалом» гуфта, ҷавоби салом мегўянд. ҷавоби салом набояд боиси озурдагии устод ва ё шогирдон бошад. Дар вақти салом гуфтан омўзгор дастҳояшро ба қад рост гирифта, хонандагон дастҳояшонро пеши бар мегиранд. Дар вақти салом додан хандидан, шухӣ намудан, бо дасту сар ишора намудан ва ё аз ҷой нахеста бо якчанд овоз салом гуфтани хонандагон манъ аст.

Низоми салом доданро ба хонандагон омўзгорон, падару модарон ва бародарону хоҳарон меомўзанд ва иҷрои онро назорат мебаранд.

Вақти ворид гардидани нозирон, роҳбарияти мактаб ва ё омўзгорони дигар ба синф бо ишораи устод хонандагон аз ҷой бархоста, даст ба пеши бар гирифта «Ассалом» мегўянд. Дар сурати аз ҷониби меҳмонон гуфта шудани салом ҳам хонандагон ҷавоби «Ассалом» медиҳанд. Дар ҳар ду мавқеъ ҳам хонандагон бояд одоби салом доданро риоя намоянд.

Дар вақти баромадани меҳмонон ҳама бо як овоз бо ишораи муаллим «Хуш омадед» мегўянд. Вақти гуфтани мафҳуми мазкур ҳам хонандагон бояд даст пеши бар гирифта, одоби баландро риоя намоянд.

Барои ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ мафҳуми хайрбодии «Хуш омадед» тавсия карда мешавад.

Дар дохили нақлиёт, ҷойҳои ҷамъиятӣ аввал хурдсолон даст пеши бар гирифта, ба калонсолон салом медиҳанд.

Дар сурати банд будани калонсолон ба машғулиятҳо ва сари вақт надодани ҷавоби салом дубора такрор намудани салом ва ё ранҷидан аз калонсолон аз рўйи одоб нест.

Новобаста аз шинос будан ва ё набудан ба ҳар як нафар шахси калонсол, ки меҳмони хона мешавад, ба мактаб, маҳалла ва кўчаи назди ҳавлӣ ворид мешавад, бояд «Ассалом» гуянд. Беҳтарин амали неки хонандагон салом додани онҳо мебошад. Барои шарафёб гардидан ба ин амали солеҳ падару модар, омўзгорон ва ҳар як нафар фарди бомаърифати ҷомеа масъул мебошад.

ҳусни маърифати кўдакону калонсолон маҳз салом додан мебошад ва аз ин маърифати баланди инсонӣ ҳар як фард бояд бархурдор гардад.

Дар вақти хондани «Суруди миллӣ» ба устодон ва донишҷўён дасти ростро пеши сина овардан ва сурудро бо овози баландуро ва хушоҳонг хондан тавсия мешавад.

 

Гуфтани салом барои хонандагон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ:

Дар кўчаву хиёбон ҳангоми аз мактаб ба хона рафтан, ҳавлии мактаб, ҷойҳои ҷамъиятӣ хонанда даст пеши бар гирифта «Ассалом» мегўяд. Агар калонсолон пештар салом гўянд, ҷавоби салом додан ва эҳтиромона даст пеши бар гирифтани хонандагон шарт аст;

Дар роҳрав, толори варзишӣ, майдонча ва дохили бинои мактаб аввал хонанда бояд ба омўзгор ва ё шахси калонсол салом гўяд. Даст пеши бар гирифтан ва бо чеҳраи кушода салом гуфтан шарт аст;

Дар синф, толори маҷлисгоҳ ва ё ошхонаи мактабӣ аввал шогирдон салом гуфта, устод ҷавоби салом мегуяд. Дар ин ҳолат ҳам одоби салом ва ё ҷавоб додани салом аз ҷониби хонандагон бояд риоя гардад.

 


Тарзи салом дар муассисаҳои

таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

Дар ин зинаи таҳсилот, ҳам чун зинаи таҳсилоти умумӣ даст пеши бар гирифтан ва бо чеҳраи кушода гуфтани «Ассалом» аз ҷониби шогирдон ва ҷавоб додани «Ассалом» барои устод тавсия дода мешавад.

Дар охири дарс ба ҷавоби «Хайр» гуфтани устод шогирдон дастонашонро ба қадашон рост намуда, боодобона «Хайр устоди азиз» мегўянд. Чунин шакли ҷамъбасти дарс барои ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тавсия мешавад.

Дар вақти хондани «Суруди миллӣ» ба устодон ва донишҷўён дасти ростро пеши сина овардан ва сурудро бо овози баланд, буро ва хушоҳонг хондан тавсия мешавад.

Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба хонандагон ҳангоми салом гуфтан тавсия дода мешавад:

-     дар роҳрав, майдончаи мактаб дар кўча ва гузаргоҳҳо шогирдон ба устодон ва калонсолон «Ассалом» мегўянд;

-     танҳо пас аз даст дароз намудани калонсолон барои вохўрӣ хурдсолон бояд даст дароз намоянд;

-     бо калонсолону аз худ хурдтарҳо низ салом диҳанд;

-     дар вақти салом додан боэҳтиром ва табъи болида вохўрӣ менамоянд;

-     бо калонсолон даст пеши бар гирифта, бо тавозўъ «Ассалом» гўянд;

-     ҳангоми машғул будан ба коре ва ё нишаста бошанд, аз ҷой хеста салом диҳанд;

-     духтарон ҳангоми салом додан бо калонсолон аз ҷой хеста, нимтаъзим намуда салом медиҳанд;

-     бо ҳамсинфон ва аз худ хурдсолон даст дароз намуда, салом намудан тавсия дода мешавад;

-     дар сурати муддати мадид вонахўрдан ва ё аз таътил баргаштан, шогирдон метавонанд бо ҳамдигар оғўш гирифта салом кунанд;

-     писарон якдигарро ба оғўш гирифта, ва ё дасти ҳамдигарро мефишоранд;

-     духтарон якдигарро оғуш гирифта аз пешонии ҳамдигар мебўсанд;

-     ба ҳар як шиносу ношинос салом додан одоб аст;

-     ба хурдсолон салом додан фазилати неки инсонӣ буда, риояи ҳатмии он тавсия дода мешавад;

Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба хонандагон чунин тарзи салом тавсия дода намешавад:

-        нишаста салом додан;

-        бо хотири парешон ва бепарвоёна салом гуфтан;

-        бо падару модар дағалона ҷавоб гуфтани салом;

-        бўсидани писарон ҳамдигарро;

-        аз лабу даҳон бўса намудани духтарон ҳамдигарро ва ё писарон ҳамдигарро;

-        ба саломи аз худ хурдсолон ҷавоб нагуфтан;

-        оғўш гирифта вохўрӣ намудани устодон бо шогирдон ва ё сила намудани сари духтарон аз ҷониби омўзгорон;

-        дароз кашида ва ё бо даҳони пур аз нос ва ё хўрок салом гуфтан;

 

 

 

.