ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон
қАРОР
Правительство
Республики Таджикистан
ПОСТАНАВЛЕНИЕ
аз « 2» сентябри соли 2010 № 416 ш. Душанбе
Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии
муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои
2011-2015
Мутобиқи
моддаи 7 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо,
стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон» ва
бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон бо
технологияи компютерӣ ва омўзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р м е
к у н а д:
1). Барномаи
давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2). Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи маориф татбиқи
Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2011-2015-ро дар доираи Барномаи Миёнамўҳлати Хароҷоти Давлатӣ барои солҳои
2011-2013 ва солҳои минбаъда пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешад.
3). Кумитаи
давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати
рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми таҳияи Барномаи
сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблаҒгузории Барномаи
мазкурро пешбинӣ намоянд.
4). Вазорати
маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон:
- барои таъмиру
истифодабарӣ аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар назди Раёсат,
шўъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказ ва бахшҳои
хизматрасонии компютерӣ таъсис диҳанд;
- якҷоя бо
Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки компютерҳо
муассисаҳои таҳсилоти умумиро то соли 2015 бо хати озоди барқ вуҷуд надорад,
масъалаи таъмини онҳоро бо генераторҳо то соли 2015 ҳал кунад ва баҳри иҷрои
Барномаи мазкур корхонаҳои давлатию Ғайридавлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони
ҳуқуқиро ҷалб намояд;
- ҷиҳати
пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет тадбирҳои
амалӣ андешад;
5). Мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои
СуҒд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо
Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» барои амалӣ
намудани Барномаи мазкур то соли 2015 чораҳои зарурӣ андешанд;
Раиси
ҳукумати ҷумҳурии
Тоҷикистон
Эмомалӣ
Раҳмон
Проект
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Правительства Республики Таджикистан
от «2»сентября
2010 года № 416 г.
Душанбе
Об
утверждении
Программы
компьютеризации общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан на
2011-2015 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О
государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах
социально-экономического развития» и с целью обеспечения общеобразовательных
учреждений Республики Таджикистан компьютерной техникой и глубокого изучения
информационно-коммуникационных технологий, Правительство Республики Таджикистан
п о с т а н о в л я е т:
1). Утвердить
Программу компьютеризации обще-образовательных учреждений Республики
Таджикистан на 2011-2015 годы ( предлагается).
2). Министерству
финансов Республики Таджикистан совместно с министерствами энергетики и промышленности
и образованиям Республики Таджикистан предусмотреть необходимые средства в
Государственном бюджете для реализации данной Программы на 2011-2015 годы.
3). Государственному
комитету по инвестициям и управлением государственного имущества Республики
Таджикистан и Министерство экономического развития и торговли Республики
Таджикистан ежегодно при разработке инвестиционных программ, грантов и основных
строительств предусмотреть финансирования данной Программы.
4). Министерство
образования Республики Таджикистан:
- для ремонта и
использования средств информационной технологии и коммуникация при Управлениях
и отделов образования создать центр компьютерного обслуживания;
- совместно с
Министерством энергетики и промышленности Республики Таджикистан для
эффективного использования компьютеров до 2015 года в случаи решения
финансирования решать вопросы обеспечения общеобразовательных школ с
использованием технических возможностей свободной линией электропередачи и в
регионах, где по нету технической возможности подсоединение свободной линией
электропередачи, генераторами, а также для выполнения данной Программы привлечь
государственные и негосударственные предприятия, организации и юридические
лица.
- с целью
повышения информационных знаний учащихся принять практические меры подключения
общеобразовательных школ к Интернету.
5). Местными
исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанский Автономной
Области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов
республиканского подчинения в сотрудничестве с Министерством образования
Республики Таджикистан, Министерством энергетики и промышленности Республики
Таджикистан и Акционерной открытой холдинговой компании «Барқи тоҷик» до 2015
года принять необходимые меры по реализации данной Программы.
Председатель
Правительства
Республики
Таджикистан Эмомали Рахмон
ФАРМОИШИ
ВАЗИРИ МАОРИФИ ҷУМҳУРИИ ТОҷИКИСТОН
________________________________________________________
аз « 7
» октябри соли 2010 №
2458 ш.
Душанбе
Оид ба амалӣ
намудани қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи
давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2011-2015»
Бо мақсади иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии
муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»
фармоиш медиҳам:
1.
қарори
ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии
компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2011-2015» ба роҳбарӣ гирифта шавад.
2.
Нақшаи
чорабиниҳои Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии
муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» тасдиқ
карда шавад (замима мегардад).
3.
Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили
ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию
методии назди Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таҳсилоти иловагии
назди Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии технологияи
информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои
дарсӣ, илмию методӣ ҷиҳати иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз
2.09.2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои
таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» барои таҳияи
дастурҳои методӣ ва маводҳои иловагии таълимӣ, маҷмўи корҳои амалӣ аз фанни
технологияи информатсионӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсиву дастурҳои
таълимию методӣ тадбирҳои амалӣ андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда моҳе як
маротиба ба Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4.
Ба
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (Ш. Ёрмуҳаммадов) супорида шавад, ки ҷиҳати
таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳо аз фанни технологияи
информатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
5.
Ба
Раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф (Ф.Исмонов)
супорида шавад, барои ба нақша гирифтани маблаҒгузории «Барномаи давлатии
компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2011-2015» тадбирҳои амалӣ андешад.
6.
Ба
шўъбаи маркетинг ва моликият (М.Мирзоев) супорида шавад, ки тақсимоти
компютерҳоро ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери назорат
гирифта, мувофиқи нақша сари вақт онҳоро бо компютер таъмин намояд.
7.
Ба
Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (С.Сафаров)
супорида шавад, ки ҳамкориро бо сардорони раёсат ва мудирони шўъбаҳои маорифи
вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ташкил намудани марказ ва бахшҳои хизматрасонии
компютерӣ дар назди шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи «Барномаи
давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2011-2015» ба роҳ монад. ҳамзамон истифодабарии компютерҳоро зери
назорат гирифта, кори мўътадили марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи
Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои СуҒду Хатлон,
шаҳри Душанбе ва бахшҳои хизматрасонии компютерии назди шўъбаҳои маорифи шаҳру
ноҳияҳоро таъмин намояд.
8.
Ба
шўъбаи низоми ахборотии идоракунии
маориф (М. ҷумахонова) ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ
ва коммуникатсия (С.Сафаров) супорида шавад, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи
Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои СуҒду Хатлон, шаҳри Душанбе ва
шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пайваст намудани
муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет чораҳои зарурӣ андешанд.
9.
Ба
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Ф. Партовов) супорида шавад, ки рафти иҷрои
«Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»-ро зери назорат гирифта, ҳар се моҳ ба
ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
10.
Хадамоти
давлатии назорат дар соҳаи маориф (Х.Зиёев) вазифадор карда шавад, ки
мониторинги сифати дониши хонандагонро аз фанни технологияи информатсионӣ соле
ду маротиба гузаронида, барои баррасӣ ба мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурии
Тоҷикистон пешниҳод намояд.
11.
Ба
сардорони Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои СуҒду
Хатлон, шаҳри Душанбе ва мудирони шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
супорида шавад:
11.1.
Дар
сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии марбута таъсис додани марказ
ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ ва пайваст ба шабакаи Интернетро ҳал ва
фаъолияти онҳоро таъмин намоянд.
11.2.
Дар
асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқкардаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия карда, дар асоси он ташкил ва корҳои
фаҳмондадиҳиро дар байни мудирони шўъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ ба роҳ монанд.
11.3.
Сифати
дониши хонандагонро тибқи нақшаи корӣ мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода, аз
натиҷаи он ҳар нимсола ба Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома
пешниҳод намоянд.
11.4.
Оид
ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳар се моҳ (то 20 охири моҳ) маълумотнома ва
ҳисоботи мукаммал ба Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд (аз рўи
нақшаи замимагардида).
12.
Маркази
таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ (М.Шоев) вазифадор карда
шавад, ки «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии
ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»-ро бо теъдоди 300 нусха чоп ва
дастраси муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ гардонад.
13.
Назорати
иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини аввали Вазири маорифи ҷумҳурии
Тоҷикистон Ф. Раҳимов, муовинони
Вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Маҳмадова ва А. Расулов гузошта шавад.
Вазир А.
Раҳмонов
Бо қарори ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 сентябри соли 2010
№ 416 тасдиқ шудааст.
Барномаи
давлатии
компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии
ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
1.Муқаддима
1). Барномаи
давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2011-2015 (минбаъд Барнома) самтҳои афзалиятноки татбиқи сиёсати давлатӣ
дар соҳаи компютеркунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию
коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумиро муайян
намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим шароит фароҳам меоварад.
2). Татбиқи
Барномаи дар муассисаҳои таълимӣ мазмуну моҳияти таҳсилотро Ғанӣ гардонида,
барои дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфтаи ба
рақобати бозори меҳнат тобовар шароити муносиб фароҳам меоварад.
2. Мазмуни
Барнома
3). Барномаи
мазкур тибқи моддаи 7 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ,
консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии
Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2
декабри соли 2009, №667 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти
ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, №707 «Дар барои Соли маориф ва
фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010» таҳия шудааст.
4). Мақсади
Барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани омўзиши технологияи нави
иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати тайёр
намудани мутахассисон барои қонеъ гардонидани талаботи шахс, давлат ва ҷомеа
мебошад.
5). Вазифаҳои
Барнома таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва
телекоммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотиву
коммуникатсионӣ, диққати ҷиддӣ додан ба фаъолияти эҷодии омўзгорон ва хонандагон,
ба воситаи технологияи компютерии муосир паҳн намудани таҷрибаи пешқадами
педагогӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
6). ҳаҷми
маблаҒҳои молиявии Барнома барои солҳои 2011-2015 ҳамасола ҳангоми банақшагирии
буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мувофиқи солҳо муайян карда мешавад.
3. Таҳлили
вазъи компютеркунонии муассисаҳои
таҳсилоти
умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
7).
Барномаи
компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2008 - 2010, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 №77
қабул шудааст, ба охир расид. Барномаи мазкур барои 3091 мактаби таҳсилоти
умумӣ пешбинӣ шуда, таълими фанни технологияи компютерӣ барои синфи 7 то 11
муқаррар гардида буд.
8).
Дар
давоми солҳои 2008-2010 шумораи мактабҳои умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ 3176 адад зиёд гардида, омўзиши фанни
технологияи компютерӣ дар синфҳои 7-11 ҷорӣ карда шуд, ки ин сабаби иҷро
нашудани Барномаи мазкур гардид. Дар баробари аз ин, муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ бо 28208 адад компютер таъмин карда шуданд, ки он 83 фоизи иҷрои
Барномаро таъмин менамояд.
9).
Дар
Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 192 синфи компютерӣ бо 1662 адад (143 фоиз) компютер таъмин гардид, ки
ба ҳар як компютер 12 нафар хонанда
рост меояд.
10). 1088
мактабҳои умумии асосӣ ва миёнаи умумии вилояти Хатлон дорои 831 синфи
компютерӣ буда, бо 9803 адад (77
фоиз) компютер муҷаҳҳаз мебошанд, ки ба ҳар як компютер 26 нафар хонанда рост
меояд.
11). Муассисаҳои
таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боз ба 3329 адад компютер эҳтиёҷ доранд.
12). Дар
муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти СуҒд 872 синфи компютерӣ бо 9014 (92 фоиз)
адад компютер таъмин карда шудаанд, ки ба ҳар як компютер 22 нафар хонанда рост меояд.
13). Муассисаҳои
таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дорои 158 синфи компютерӣ буда, бо 2368 адад
компютер таъмин карда шудаанд, ки ба ҳар як компютер 27 нафар хонанда рост
меояд.
14). Дар
муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 748 синфи компютерӣ бо
теъдоди 5361 адад компютер фаъолият мекунад, ки ба ҳар як адад компютер 26
нафар хонанда рост меояд.
15). Ин
нишондиҳандаҳо талаботи таълими фанни технологияи иттилоотиро дар муассисаҳои
таълимии вилоятҳои Хатлон, СуҒд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
таъмин карда наметавонад.
16). Нарасидани
компютерҳо ва синфҳои компютерӣ дар баъзе мактабҳо боиси вайрон гардидани
низоми таълими дарсҳои технологияи компютерӣ гардида, хонандагон дар вақти
корҳои амалӣ ба гурўҳҳо тақсим карда намешаванд.
17). Барномаи
мазкур дар самтҳои ҳисоби иқтисодии хароҷот татбиқ мегардад, аз ҷумла:
- тибқи
талаботи Барнома ташкил кардани синфҳои компютерӣ (таъмини барқ, таъмини синфи
компютерӣ бо мизу курсии мувофиқ ба синфҳои компютерӣ, бо асбобҳои мўътадил
нигоҳдорандаи ҳарорати ҳавои синфҳо ва Ғайра);
- таъсиси
марказҳо бахшҳои хизматрасонӣ
18). Дар ҷараёни
компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ аз рўи шумораи мактабҳо тибқи талаботи
Барнома камбудиҳои зиёде мавҷуданд. Дар баробари ин бандҳои алоҳидаи Барнома
иҷро нагардид:
- ташкил
намудани 76 маркази ва бахшҳои таълими хизматрасонии компютерӣ;
- хизматрасонии
техникии синфҳои компютерӣ;
- ба талаботи
техникӣ мувофиқ гардонидани синфҳои компютерӣ;
- маблаҒгузории
воҳидҳои кории марказҳо;
- маблаҒгузории
ташкили синфҳои компютерӣ.
19). Мактабҳои шаҳру
ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба 958 синфи компютерӣ эҳтиёҷ доранд. Дар аксари
шаҳру ноҳияҳо набудани марказҳои махсуси таълимӣ ва мутахассисон боиси он
гардидааст, ки мактабҳои алоҳидаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо компютер таъмин
бошанд ҳам, омўзиши фанни мазкур ба роҳ монда нашудааст.
20). Тибқи
талаботи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.03.2008, №77 оид ба
«Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2010» раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади амалӣ
намудани вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда бо ҷалби захираҳои моддию техникӣ ва
молиявӣ бояд дар навбати аввал барои таъсиси марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ доир ба
тайёр кардани муаллимони асосҳои технологияи иттилоотӣ, иҷрои корҳо вобаста ба
ташкили бахшҳои зерсохторӣ ва барои харидани техникаи компютерӣ чораҳои зарурӣ
меандешиданд.
21). Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии аксари шаҳру ноҳияҳо талаботи дигари Барнома -
ташкили синфҳои компютерӣ ва таъмини онҳо бо барқ, харидории сўзишворӣ барои
истифодаи генераторҳои дизелӣ, ҷиҳозонидани синфҳои компютерӣ, тасдиқ воҳидҳои
кории марказҳои компютерӣ, шўъбаҳои хизматрасонӣ ва Ғайраро ба инобат
нагирифтанд.
22). Бинобар
сабаби дар шаҳру ноҳияҳо таъсис надодани гурўҳҳои хизматрасонии компютерӣ,
таъмин накардан бо барқ, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
ҷудо нагардидани маблаҒҳои зарурӣ, андешида нашудани корҳо барои таъмир ва
барқарор кардани компютерҳо то имрўз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1662 адад компютер ба таъмир эҳтиёҷ дорад.
Кушодани синфҳои компютерии иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амри
талаботи замон гардидааст.
23). Дар
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос, Донишкадаи такмили ихтисоси вилояти
Хатлон, Донишкадаи такмили ихтисоси касбии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,
Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи вилояти СуҒд,
Маркази рушди
таълими Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, кабинетҳои компютерӣ ташкил шуда бошанд ҳам,
онҳо бо техникаи компютерии замонавӣ таъмин нашудаанд. Айни замон таъсиси синфҳои
компютерӣ ва таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
талаботи замон мебошад.
24). Марҳилаи сеюм
Барнома ва иҷрои он ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо навигариҳои илму
техника ва технологияи муосир бевосита шинос гардида, барои омўзиши технологияи
иттилоотию коммуникатсионӣ замина гузорад.
25). Омўзгорони
фанни технологияи иттилоотӣ компютерро ҳамчун воситаи таълимӣ мавриди истифода
қарор дода, фанни мазкурро ба хонандагон дар сатҳи баланд пешкаш карда
метавонанд.
4. Мақсад ва
вазифаҳои Барнома
26). Тибқи нақшаи
Стратегияи миллии рушди ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва
«Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2007-2009» дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани
омўзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин асос тайёр намудани
шахсони ҳамаҷониба инкишофёфта барои қонеъ гардонидани талаботи онҳо, давлат ва
ҷомеа мақсад ва вазифаҳои Барнома иборатанд аз:
- таъмини
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ;
- гузаронидани
корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи нави
компютерӣ дар раванди таълиму тарбия;
- тайёр ва бозомўзии
кадрҳо барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифода ва ҷорӣ намудани
технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ;
- ба шабакаи
Интернет пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ворид
шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ;
- ташкили
системаи ягонаи иттилоотии идоракунии таҳсилоти умумӣ;
- таъмини
манфиатҳои шахсият, давлат ва ҷамъият дар раванди ҷорӣ намудани технологияи
нави компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
5. Самтҳои
асосӣ ва механизми татбиқи Барнома
27). Самтҳои асосӣ
ва механизми татбиқи Барнома инҳоянд аз:
- ба ҳайати
омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омўзонидани усулҳои истифодабарии
технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ;
- ташкили фазои
ягонаи иттилоотию таҳсилотӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмили назорат
ва батанзим даровардани омўзиши технологияи нави компютерӣ;
- таҒйир додани
мазмуни таҳсилот вобаста ба компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- мукаммал
сохтани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини онҳо бо
маводи таълимию методӣ ва технологияи компютерӣ;
- тайёр
намудани омўзгорони технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар муассисаҳои
таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар марказҳои
такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба роҳ мондани курсҳои такмили
ихтисос ва бозомўзии омўзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ;
- таъминоти
таълимӣ ва методии Барнома бо роҳи гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ,
таълимию методӣ,
- татбиқи
Барнома дар давраи солҳои 2011-2015 пешбинӣ шудааст ва он бо технологияи
компютерӣ таъмин намудани тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар бар мегирад.
6. Манбаъҳои
маблаҒгузории Барнома
28). Манбаъҳои
асосии маблаҒгузории Барнома маблаҒҳои буҷети давлатӣ, маблаҒҳои махсуси
ташкилотҳои буҷетӣ, грантҳо ва қарзҳои фондҳои байналмилалии ёрирасон, шахсони
ҳуқуқӣ ва фондҳои хайрия мебошанд.
29). ҳаҷми
маблаҒҳои маблаҒгузории Барнома барои солҳои 2011-2015 ҳамасола ҳангоми таҳияи
Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.
30). МаблаҒгузории
Барнома ба зиммаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи
ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон,
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
гузошта мешавад.
7. Натиҷаи
ниҳоӣ аз амалигардонии Барнома
31). Дар натиҷаи
татбиқи амалии Барнома:
- низоми ягонаи
идоракунии иттилоотӣ дар Вазорати маориф ташкил карда мешавад;
- омилҳои
зарурии ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ барои тайёр намудани кадрҳои
баландихтисоси техникӣ ва технологӣ таъмин мегардад;
- муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ таъмин карда
мешаванд;
- хонандагони
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияи муосир шинос шуда, истифодабарии
онро аз худ мекунанд;
- фаъолияти
таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ инкишоф меёбад;
- баро рушди минбаъдаи
раванди компютеркунонии соҳаи маориф шароити мўътадил фароҳам оварда мешавад;
- муҳити ягонаи
иттилоотии таҳсилот дар соҳаи маориф амалӣ мегардад;
- омўзиш ва
истифодаи технологияи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ боиси инкишофи тафаккури
техникӣ табии хонандагони муассисаҳои таълимӣ мегардад;
- низоми
мониторинг ва дурнамои инкишофи соҳаи таҳсилот таъмин карда мешавад,
8. Иҷрои марҳилаи сеюми
компютеркунонии
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
32). Иҷрои
марҳилаи сеюми компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар давоми панҷ сол
имкониятҳои зеринро ба амал меорад:
- системаи
муосири технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои
технологияи иттилоотии назди Вазорати маориф, раёсат ва шўъбаҳои маорифи
вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ карда мешавад.
- истифодаи
компютерҳо дар таълими фанҳо ва ба воситаи он баланд бардоштани сифати таълим
ба роҳ монда мешавад;
- компютерҳои
корношоями муассисаҳои таълимӣ саривақт таъмир карда мешаванд;
- системаи
ягонаи коммуникатсионӣ (пайваст ба интернет) байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,
раёсату шўъбаҳои маориф ва Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда
мешавад;
- шабакаи
компютерии Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад;
- сабти
электронии китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, филмҳои таълимӣ дар дискҳо таъмин
карда мешавад;
- тайёр кардани
мутахассисони соҳа дар кишварҳои хориҷи дуру наздик тақозои замон мегардад;
- дар марказҳои
таъсисшуда, курсҳои доимоамалкунанда барои омўзгорони фанҳои мухталиф ташкил
карда мешавад;
- иштироки
хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ таъмин мегардад;
- миқдори
компютерҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таносуби 1 компютер ба 15 нафар
хонанда расонида мешавад;
- марказҳои
иттилоотии захираҳои таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил карда
мешавад;
- низоми
муайяни дастгирии методии омўзгорон, бозомўзию такмили ихтисоси омўзгорон,
ҳайати муҳандисӣ ва техникӣ дар соҳаи технологияи муосири иттилоотию компютерӣ
ташкил карда мешавад.
9.Таъминот ва
эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
бо техникаи
компютерӣ то соли 2011
Вилоятҳо,
шаҳру нохияхои тобеи ҷумҳурӣ
|
Шумораи
мактабҳои
асосӣ ва миёна
|
Шумораи
хонандагони
синфи 7-11
|
Шумораи
компютерҳо
|
Шумораи
синфҳои компютерӣ
|
Шумораи
хонандагон ба як компютер
|
Эҳтиёҷот
ба компютер
|
ВМКБ
|
Дарвоз
|
33
|
2426
|
206
|
20
|
12
|
97
|
Ванҷ
|
36
|
3014
|
221
|
30
|
13
|
106
|
Рўшон
|
34
|
2435
|
208
|
32
|
12
|
99
|
ШуҒнон
|
42
|
2945
|
267
|
38
|
11
|
109
|
Роштқалъа
|
33
|
1902
|
188
|
26
|
10
|
93
|
Ишкошим
|
36
|
2910
|
212
|
24
|
13
|
97
|
МурҒоб
|
12
|
1090
|
97
|
7
|
11
|
35
|
ХоруҒ
|
14
|
2410
|
158
|
15
|
12
|
82
|
ҷамъ
|
241
|
19132
|
1662
|
192
|
12
|
718
|
Вилояти
СуҒд
|
Исфара
|
82
|
20955
|
970
|
88
|
22
|
130
|
қайроққум
|
16
|
3313
|
211
|
19
|
16
|
5
|
Конибодом
|
54
|
15947
|
631
|
62
|
25
|
120
|
Хуҷанд
|
46
|
14136
|
753
|
58
|
19
|
65
|
Истаравшан
|
68
|
18827
|
776
|
70
|
25
|
102
|
Панҷакент
|
137
|
21983
|
851
|
97
|
26
|
80
|
Чкаловск
|
9
|
2799
|
138
|
8
|
20
|
8
|
Табошар
|
6
|
933
|
75
|
7
|
12
|
7
|
Айнӣ
|
66
|
7158
|
386
|
62
|
19
|
27
|
Ашт
|
70
|
12612
|
545
|
66
|
23
|
58
|
Ғончӣ
|
63
|
12407
|
572
|
65
|
22
|
62
|
Зафаробод
|
26
|
5129
|
247
|
24
|
21
|
22
|
Мастчоҳ
|
43
|
8119
|
408
|
43
|
20
|
47
|
Спитамен
|
32
|
9606
|
388
|
35
|
26
|
48
|
ҷаббор
Расулов
|
41
|
9932
|
453
|
39
|
22
|
61
|
Бобоҷон
Ғафуров
|
91
|
24584
|
1238
|
88
|
20
|
42
|
Шаҳристон
|
20
|
3577
|
204
|
19
|
18
|
8
|
Кўҳистони
Мастчоҳ
|
30
|
2135
|
168
|
22
|
13
|
9
|
ҷамъ
|
901
|
194152
|
9014
|
872
|
22
|
901
|
Вилояти
Хатлон
|
Кўлоб
|
53
|
18348
|
672
|
40
|
27
|
245
|
Восеъ
|
61
|
15686
|
472
|
32
|
33
|
312
|
Мир
Сайид Алии ҳамадонӣ
|
42
|
12451
|
466
|
40
|
26
|
156
|
Фархор
|
52
|
14843
|
510
|
52
|
29
|
256
|
ДанҒара
|
59
|
11913
|
529
|
37
|
22
|
27
|
Шўрообод
|
40
|
5097
|
274
|
34
|
18
|
10
|
Темурмалик
|
40
|
5788
|
286
|
34
|
20
|
10
|
Мўъминобод
|
47
|
7852
|
335
|
18
|
23
|
79
|
Ховалинг
|
27
|
4281
|
208
|
16
|
20
|
15
|
Балҷувон
|
24
|
2570
|
191
|
24
|
13
|
10
|
қўрҒонтеппа
|
15
|
7940
|
340
|
14
|
23
|
47
|
Вахш
|
55
|
12648
|
388
|
52
|
32
|
244
|
Бохтар
|
59
|
18210
|
545
|
34
|
33
|
365
|
ҷалолиддини
Румӣ
|
59
|
15733
|
425
|
46
|
37
|
361
|
қумсангир
|
43
|
9538
|
369
|
18
|
26
|
108
|
Панҷ
|
40
|
9638
|
406
|
40
|
23
|
76
|
ҷиликул
|
38
|
8478
|
404
|
30
|
21
|
20
|
қубодиён
|
62
|
15569
|
449
|
50
|
35
|
329
|
Шаҳритус
|
45
|
10824
|
353
|
41
|
30
|
188
|
Хуросон
|
48
|
8277
|
452
|
31
|
18
|
10
|
Абдураҳмони
ҷомӣ
|
53
|
11973
|
517
|
36
|
23
|
81
|
Ёвон
|
70
|
17495
|
558
|
52
|
31
|
316
|
Носири
Хусрав
|
19
|
3587
|
220
|
20
|
16
|
10
|
Сарбанд
|
14
|
4125
|
188
|
19
|
21
|
18
|
Норак
|
23
|
4656
|
246
|
21
|
18
|
10
|
ҷамъ
|
1088
|
257520
|
9803
|
831
|
26
|
3329
|
Шаҳри Душанбе
|
Сино
|
48
|
27060
|
888
|
66
|
30
|
462
|
Фирдавсӣ
|
27
|
15890
|
436
|
28
|
36
|
344
|
Шоҳмансур
|
22
|
11973
|
521
|
27
|
23
|
70
|
Исмоили
Сомонӣ
|
25
|
9563
|
375
|
31
|
26
|
95
|
Раёсати
маорифи
ш.
Душанбе
|
1
|
150
|
148
|
6
|
13
|
5
|
ҷамъ
|
123
|
64636
|
2368
|
158
|
27
|
976
|
|
Шаҳру
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
|
Ваҳдат
|
110
|
22456
|
620
|
103
|
36
|
512
|
Тоҷикобод
|
25
|
4090
|
200
|
20
|
20
|
15
|
Варзоб
|
54
|
4819
|
225
|
50
|
22
|
245
|
Тавилдара
|
28
|
1886
|
160
|
16
|
12
|
40
|
Рўдакӣ
|
136
|
25724
|
803
|
124
|
32
|
483
|
Файзобод
|
46
|
7823
|
380
|
43
|
21
|
95
|
Рашт
|
74
|
8556
|
460
|
73
|
18
|
25
|
Нуробод
|
51
|
5824
|
295
|
45
|
22
|
20
|
РоҒун
|
20
|
3402
|
173
|
19
|
19
|
127
|
Турсунзода
|
88
|
23714
|
788
|
70
|
30
|
398
|
Шаҳринав
|
40
|
8692
|
322
|
40
|
27
|
113
|
ҷиргатол
|
41
|
5516
|
260
|
41
|
21
|
15
|
ҳисор
|
111
|
19511
|
675
|
104
|
29
|
301
|
ҷамъ
|
824
|
142013
|
5361
|
748
|
59
|
2389
|
|
|
|
|
|
|
|
ҷамъ
дар ҷумҳурӣ
|
3176
|
677453
|
28208
|
2801
|
24
|
9138
|
|
|
|
|
|
|
|
|
1.
Таъминот ва эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
доир ба пайвастшавӣ ба Интернет то соли 2011
Вилоятҳо,
шаҳру нохияхои тобеи ҷумҳурӣ
|
Шумораи
мактабҳои
асосӣ ва миёна
|
Шумораи
хонандагони
синфи 7-11
|
Нуқтаҳои
Интернет
|
Эҳтиёҷот
ба Интернет
|
ВМКБ
|
Дарвоз
|
33
|
2426
|
-
|
37
|
Ванҷ
|
36
|
3014
|
-
|
38
|
Рўшон
|
34
|
2435
|
-
|
37
|
ШуҒнон
|
42
|
2945
|
-
|
45
|
Роштқалъа
|
33
|
1902
|
-
|
36
|
Ишкошим
|
36
|
2910
|
-
|
39
|
МурҒоб
|
12
|
1090
|
-
|
15
|
ХоруҒ
|
14
|
2410
|
1
|
16
|
ҷамъ
|
241
|
19132
|
1
|
263
|
Вилояти
СуҒд
|
Исфара
|
82
|
20955
|
4
|
80
|
қайроққум
|
16
|
3313
|
1
|
18
|
Конибодом
|
54
|
15947
|
8
|
50
|
Хуҷанд
|
46
|
14136
|
11
|
49
|
Истаравшан
|
68
|
18827
|
2
|
69
|
Панҷакент
|
137
|
21983
|
4
|
136
|
Чкаловск
|
9
|
2799
|
1
|
11
|
Табошар
|
6
|
933
|
-
|
9
|
Айнӣ
|
66
|
7158
|
1
|
68
|
Ашт
|
70
|
12624
|
2
|
71
|
Ғончӣ
|
63
|
12407
|
-
|
68
|
Зафаробод
|
26
|
5129
|
-
|
28
|
Мастчоҳ
|
43
|
8119
|
2
|
44
|
Спитамен
|
32
|
9606
|
1
|
34
|
ҷаббор
Расулов
|
41
|
9932
|
1
|
43
|
Бобоҷон
Ғафуров
|
91
|
24584
|
4
|
90
|
Шаҳристон
|
20
|
3577
|
-
|
23
|
Кўҳистони
Мастчоҳ
|
30
|
2135
|
-
|
33
|
ҷамъ
|
901
|
194152
|
42
|
924
|
|
Вилояти
Хатлон
|
Кўлоб
|
53
|
18348
|
5
|
51
|
Восеъ
|
61
|
15686
|
1
|
63
|
Мир
Сайид Алии ҳамадонӣ
|
42
|
12451
|
-
|
45
|
Фархор
|
52
|
14843
|
-
|
55
|
ДанҒара
|
59
|
11913
|
-
|
62
|
Шўрообод
|
40
|
5097
|
-
|
43
|
Темурмалик
|
40
|
5788
|
-
|
43
|
Мўъминобод
|
47
|
7852
|
-
|
50
|
Ховалинг
|
27
|
4281
|
1
|
29
|
Балҷувон
|
24
|
2570
|
-
|
27
|
қўрҒонтеппа
|
15
|
7940
|
15
|
3
|
Вахш
|
55
|
12648
|
1
|
57
|
Бохтар
|
59
|
18210
|
1
|
61
|
ҷалолиддини
Румӣ
|
59
|
15733
|
-
|
62
|
қумсангир
|
43
|
9538
|
1
|
45
|
Панҷ
|
40
|
9638
|
-
|
43
|
ҷиликул
|
38
|
8478
|
-
|
41
|
қубодиён
|
62
|
15569
|
-
|
65
|
Шаҳритус
|
45
|
10824
|
-
|
48
|
Хуросон
|
48
|
8277
|
-
|
51
|
Абдураҳмони
ҷомӣ
|
53
|
11973
|
1
|
55
|
Ёвон
|
70
|
17495
|
-
|
73
|
Носири
Хусрав
|
19
|
3587
|
-
|
22
|
Сарбанд
|
14
|
4125
|
1
|
16
|
Норак
|
23
|
4656
|
5
|
22
|
ҷамъ
|
1088
|
257520
|
32
|
1132
|
Шаҳри
Душанбе
|
Сино
|
48
|
27060
|
36
|
15
|
Фирдавсӣ
|
27
|
15890
|
18
|
12
|
Шоҳмансур
|
22
|
11973
|
16
|
9
|
Исмоили
Сомонӣ
|
25
|
9563
|
15
|
13
|
Раёсати
маорифи ш. Душанбе
|
1
|
150
|
5
|
1
|
ҷамъ
|
123
|
64636
|
90
|
50
|
|
Шаҳру
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
|
Ваҳдат
|
110
|
22456
|
1
|
112
|
Тоҷикобод
|
25
|
2090
|
-
|
28
|
Варзоб
|
54
|
4819
|
1
|
57
|
Тавилдара
|
28
|
1886
|
-
|
31
|
Рўдакӣ
|
136
|
25724
|
1
|
139
|
Файзобод
|
46
|
7823
|
-
|
49
|
Рашт
|
74
|
8556
|
-
|
77
|
Нуробод
|
51
|
5824
|
-
|
54
|
РоҒун
|
20
|
3402
|
-
|
23
|
Турсунзода
|
88
|
23714
|
1
|
91
|
Шаҳринав
|
40
|
8692
|
1
|
43
|
ҷиргатол
|
41
|
5516
|
-
|
44
|
ҳисор
|
111
|
19511
|
1
|
111
|
ҷамъ
|
824
|
142013
|
6
|
859
|
|
|
|
|
|
ҷамъ дар
ҷумҳурӣ
|
3176
|
677453
|
171
|
3228
|
|
|
|
|
|
|